Таъзия
Аз зиндони режими диктатори золим Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои тӯлонӣ алайҳи Ислом ва мусулмонон, ҳамчун душмани ин дину уммат, меҷангад, як шаҳиди дигар баромад. Раҳмон аз замони ба қудрат расиданаш, ба мубориза алайҳи дини Ислом ва арзишҳои он, ба хусус алайҳи мусулмононе, ки бори даъвати исломиро бар дӯш доранд, идома медиҳад.
Диктатор Эмомалӣ, дар мубориза бо Ислом ва мусалмонон, аз Ислом Каримови хунхор, раисҷумҳури пешини Узбекистон, як қадам ҳам ақиб намемонад. Аз дидани он, ки бедории исломӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҷараён дорад ва дидгоҳҳои исломӣ ва арзишҳои он дар ҷомеа чӣ тавр паҳн мешаванд, ӯ бедорхоб гашт. Дар натиҷа, Раҳмони истибдодгар ба зиндонкунии барандагони даъват ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ, тамдиди ҷазо бо иттиҳоми бардурӯғ ва маҳв кардани мӯъминон шурӯъ кард.
Рӯзи 11-уми июл, дар зиндони Эмомалии золим, бародарамон Абдулҳамидов Собирҷон Шамсиддинович шаҳид шуд. Бародари мо якуми марти соли 1962 дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вазъи пасти имрӯзаи мусалмононро, инчунин, дар натиҷаи сиёсати истибдодӣ, ки ҳокимони гумошта барои муқобила бо Ислом ва мусулмонон пеш гирифтаанд, аз риояи озодонаи дини худ нотавон мондани мусалмононро дида, ӯ ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ин мушкилот шурӯъ кард, то ба онҳо хотима гузорад.
Пас аз ошноӣ бо афкори Ҳизб-ут-Таҳрир, ки фаъолияти мабдаӣ ва сиёсии худро дар Тоҷикистон пеш мебарад, бародарамон соли 2000-ум, бо ҳадафи азнавсаркунии ҳаёти исломӣ ва раҳо кардани мусалмонон аз занҷири куфр, узви Ҳизб гардид. Бародари шарифамонро на маломати маломаткунанда ва на таҳдиди золим боздошта натавонист. Саъю кӯшиши ӯ дар роҳи даъват аз назари режими диктатор махфӣ намонд. Режими диктатор барои эҷод кардани монеа байни ҷомеа ва даъвати ӯ, соли 2005 бародари моро бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир ба 4 соли зиндон маҳкум кард. Аммо бародари мо, ҳатто баъди озод шуданаш дар соли 2009, аз хидмат ба динаш даст накашид. Пас аз 13 моҳ, моҳи майи соли 2010, ӯ дубора боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ даъвати худро ҳатто ҳангоми дар боздошт буданаш низ қатъ накард. Соли 2014, ҳангоми адои мӯҳлати ҷазо дар маҳбаси рақами 6–уми ноҳияи Ваҳдат, алайҳи ӯ ва 12 нафар ҳамроҳонаш бо иттиҳоми “идомаи даъват” парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва дертар ҳамаи онҳоро ба мӯҳлатҳои боз ҳам тӯлонитари зиндон маҳкум карданд. Абдулҳамидов Собирҷон бо ин парвандаи ҷиноӣ ба 21 соли зиндон маҳкум шуда, ба колонияи ислоҳии дорои шароити вазнин, воқеъ дар вилояти Қӯрғонтеппа интиқол ёфт.
Вазъияти вазнини маҳбасхона ва муносибати ғайриинсонии кормандони он ба саломатии бародарамон таъсир расонд. Ба ӯ ёрии тиббии лозимӣ расонда намешуд, гарчанде ки ӯ ба он сахт эҳтиёҷ дошт. Илова бар ин, шароити зиндагӣ дар зиндон хеле вазнин буд. Хешовандони ӯ борҳо ба мақомоти зиндон муроҷиат карданд, ки ӯро бинобар синну сол ва саломатиаш ба ҷои дигар интиқол диҳанд. Аммо онҳо ҷавоб доданд: “Мо бо зиндониёни бо ин модда маҳкумшуда коре карда наметавонем”.
Дар натиҷаи бемориҳои доимӣ ва шароити вазнини нигаҳдошт дар зиндон, бародарамон Абдулҳамидов Собирҷон 11 июли соли 2022 ба сӯи Офаридгораш реҳлат кард. Ҳангоме ки Абдулҳамидов Собирҷон даргузашт, ӯ 60 сол дошт ва 13 соли дигари мӯҳлати ҳукми ноодилонааш боқӣ монда буд.
Аз Аллоҳи Бахшандаву Меҳрубон мепурсем, ки ҳама азобу уқубат барояш каффорат, мағфират дар рӯзи Қиёмат гардад ва Аллоҳ Собирҷонро бо неъматҳои биҳишти ҷовидонааш мукофотонад.
Мо ба аҳли оила ва наздикони бародарамон ҳамдардии амиқ изҳор намуда, ба талафот ва андӯҳи ҷуброннопазир шарик мешавем. Аллоҳ бар ивази сабри ҷамилашон онҳоро подош диҳад. Бигзор пас аз душвориҳо сабукӣ биёяд.
Албатта, марги ҳар як мусалмон, бахусус бародари мо, ки бори гарони даъватро бар дӯш дошт, моро сахт андӯҳгин мекунад ва бо вуҷуди ин ҳама, мо ҷуз он суханоне, ки Аллоҳро розӣ мекунонанд, чизе намегӯем:
الَّذِينَ إِذَا أَصَابَتْهُمْ مُصِيبَةٌ قَالُوا إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ
«Албатта, мо аз они Аллоҳ ҳастем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем» [2:156]
Ҳизбут-Таҳрир – Тоҷикистон