Татбиқи системаи ҷазо
12.07.2021
Қутайба ибни Саид аз Оиша (р) ривоят карда гуфт:
أَنَّ قُرَيْشًا أَهَمَّهُمْ شَأْنُ الْمَرْأَةِ الْمَخْزُومِيَّةِ الَّتِى سَرَقَتْ فَقَالُوا مَنْ يُكَلِّمُ فِيهَا رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالُوا وَمَنْ يَجْتَرِئُ عَلَيْهِ إِلَّا أُسَامَةُ حِبُّ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَكَلَّمَهُ أُسَامَةُ فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَتَشْفَعُ فِي حَدٍّ مِنْ حُدُودِ اللَّهِ ثُمَّ قَامَ فَاخْتَطَبَ فَقَالَ أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّمَا أَهْلَكَ الَّذِينَ قَبْلَكُمْ أَنَّهُمْ كَانُوا إِذَا سَرَقَ فِيهِمُ الشَّرِيفُ تَرَكُوهُ وَإِذَا سَرَقَ فِيهِمُ الضَّعِيفُ أَقَامُوا عَلَيْهِ الْحَدَّ وَايْمُ اللَّهِ لَوْ أنَّ فَاطِمَةَ بِنْتَ مُحَمَّدٍ سَرَقَتْ لَقَطَعْتُ يَدَهَا
«Рӯзе Қурайш ба қазияи як зане аз Бани Маҳзум машғул шуд, ки дуздӣ карда буд. Баъзеҳо мегуфтанд: «Кӣ дар бораи ӯ бо Расули Худо (с.а.в) сӯҳбат мекунад?» Дигарон гуфтанд: «Чӣ касе ба ин кор ҷуръат мекунад, ҷуз Усома [ибни Зайд] дӯстдоштаи Расули Худо (с.а.в.)?!» Ва Усома (р) ба сўи Ӯ (с.а.в) рафта, бо нияти тарафгирӣ дархост намуд, ки Расули Худо (с.а.в.) фармуданд: «Оё дар ҳақиқат барои лағви яке аз ҳадди1 Аллоҳ талаб менамоӣ?!». Сипас аз ҷояшон бархоста ба мардум рўй оварданд ва бо хитоб гуфтанд: «Эй мардум! Касоне, ки пеш аз шумо буданд, ба ҳалокат расиданд, ки чун бузургвор дуздӣ мекард, ӯро вомегузоштанд [бар ӯ ҳаддро татбиқ накарданд] ва чун нотавон дуздӣ мекард, бар ӯ ҳаддро татбиқ мекарданд. Савганд ба Худо, агар Фотима духтари Муҳаммад дуздӣ мекард, дасти ӯро мебуридам».2
Уммат ба имом байъат мекунад, ки ӯ низоми муҷозотро пурра татбиқ менамояд, аз ин рӯ набудани имом боиси лағви низоми ҷазо ва поймол шудани ҳуқуқ мегардад.
Пас бо лағви муҷозоти дуздӣ мардум аз молу мулки худ маҳрум мешаванд, зеро ҳеҷ омили боздоштани дуздон вуҷуд надорад; бо бекор кардани ҷазо барои зино дар байни мардум як кори зишт паҳн мешавад. Ин рӯйхатро метавон ба муддати хеле тӯлонӣ идома дод, зеро набуди адолати Ислом, иҷро нашудани тамоми шариат, бахусус низоми муҷозот дар зери сояи Давлати Исломӣ боиси паҳн шудани ин ҳама мешавад. Аммо Давлати Исломӣ бояд тамоми қонунҳои исломро, ки аз ақидаи исломӣ бармеояд, хоҳ дар соҳаи иқтисод, низоми иҷтимоӣ, ҳам дар муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайра амалӣ намояд.
Қонунҳои Исломӣ ба ғамхории корҳои одамон нигаронида шудаанд, ки шароитҳои зиндагии шоистаи аҳолӣ, маориф, хизматрасонии тиббӣ, амнияти онҳоро фароҳам оваранд ва ин ҳама пеш аз татбиқи низоми муҷозот бояд амалӣ шавад.
Аҳамияти мавҷудияти имоме, ки низоми ҷазоро амалӣ мекунад ва ҳуқуқи мардумро ҳимоя мекунад, бо суханони Паёмбар (с.а.в.) тасдиқ шудааст:
حَدٌّ يُعْمَلُ فِي الْأَرْضِ خَيْرٌ لِأَهْلِ الْأَرْضِ مِنْ أَنْ يُمْطَرُوا أَرْبَعِينَ صَبَاحًا
«Татбиқи як ҳадд барои мардум беҳтар аз борони бомдодии чиҳил рӯз аст».3
Аз китоби «Панчоҳ ҳадис оид ба сиёсати шаръӣ», аз Исмат Авнӣ Салим ал-Ҳаммурӣ.
- Шарҳи муҷозоти Шаръӣ
- «Саҳиҳ» Муслим.
- «Саҳиҳу Сунанӣ ибни Моҷа» Албонӣ.
Ҳадис Шариат