Таъсири қувваи рӯҳонӣ
01.01.2022
Шахсро ба иҷрои амал қувваҳои дохилӣ бармеангезанд. Бинобар ин, характер ва дараҷаи таъсири ин қувваҳоро фаҳмидан лозим аст. Барои чӣ одамон рафторҳои гуногун мекунанд? Чаро баъзе одамон метавонанд корҳои бузургро анҷом диҳанд, дар ҳоле ки дигарон онро наметавонанд?
Чунон ки гуфтем, қувваҳои ботинӣ одамро ба амал тела медиханд. Чӣ қадаре ки ӯ қуввати зиёд дошта бошад, ҳамон қадар ӯро ба амал тела медиҳанд. Миқдори коре, ки шахс иҷро мекунад, ба қуввае, ки ӯ дорад, мутаносиб аст. Аммо, ин қувваҳо дар шахсҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Касе дорои қувваи ҷисмонӣ аст, ки он дар ҷисми ӯ ифода ёфтааст ва ӯ онро барои қонеъ кардани эҳтиёҷҳояш ҳамчун восита истифода мебарад. Баъзеҳоро қувваҳои моралӣ бармеангезанд, ки ба сифатҳои муайян табдил меёбанд. Баъзеи дигар аз ҳисоби қувваҳои рӯҳонӣ, ки дар шуури шахс тавассути вобастагии ӯ бо Офаридгор ё эҳсосот пайдо мешаванд, ҳаракат мекунанд, мавҷудияти он ё ҳарду дар як вақт мешавад. Ҳар кадоми ин се қувва ба фаъолияти инсон таъсири гуногун доранд. Қувваи ҷисмонӣ заифтарин таъсир дорад ва қувваи маънавӣ аз қувваи ҷисмонӣ бештар таъсир мерасонад. Аммо нерӯи рӯҳонӣ бошад, он аз ҳама таъсирбахш ва натиҷанок аст. Аз ин рӯ, чунин мешуморанд, ки таъсири қувваи ҷисмонӣ маҳдуд аст ва мавҷудияти он омили ба амал телакунанда намешавад. Вақте ки одам ба муқобили душман ҷангидан хоҳад, ба қувваи ҷисмонии худ баҳо дода, захираҳои моддиро ҷустуҷӯ мекунад. Агар қувваю восита ёбад, ба ҷанг медарояд, вагарна ақибнишинӣ мекунад.
Баъзан вай дарк мекунад, ки қувваташ барои торумор кардани душман басанда аст, аммо дар айни замон гумон мекунад, ки нотавон гоҳе бар тавонотар ғолиб меояд ва ин боиси тарсу ҳарос мешавад. Ё гумон мекунад, ки қувваи худро фақат барои беҳбудии худ ва ё баланд бардоштани сатҳи зиндагонии худ сарф кардан лозим аст ва он гоҳ ӯ аз ҳамроҳ шудан ба ҷанг даст мекашад. Мубориза бо душман чизест, ки одам одатан аз он канорагирӣ намекунад. Аммо агар барои ин танҳо ба нерӯи ҷисмонӣ ва моддии худ такя кунад, ангезааш заъиф мешавад. Вайро дар андешидани чорае дудила мекунад, гарчанде ки вай қобилияти торумор кардани душманро дорад. Аммо баъзе сабабҳо боиси тарсончакӣ ё беамалии ӯ мешаванд.
Дар мавриди нерӯи маънавӣ бошад, он аввал дар нафси одам ба иҷрои ягон амал ҷараёни майлро бедор мекунад, сипас ба қувваҳои мавҷуда қонеъ нашуда, ӯро барои пайдо кардани қувваи кофӣ барои иҷрои амали пешбинишуда тела мекунад. Баъзан он метавонад шахсро водор кунад, ки амалро бо ҷидду ҷаҳд бештар аз қувваи ҷисмонӣ анҷом диҳад. Ва баъзан ӯро водор мекунад, ки бо қувваҳои мавҷуда иҷро кунад. Дар ҳар сурат, он аз имконоти ҷисмонӣ ва моддӣ бештар бармеангезад. Монанди шахсе аст, ки мехоҳад бо душманаш биҷангад, то аз ҳукмронии ӯ раҳо шавад ё интиқом бигирад ё машҳур шавад ва ё нотавонҳоро дифоъ кунад.
Дар ин маврид вай нисбат ба шахсе, ки барои тӯъмае, ё мустамликакунӣ ва ё баҳри манфиати хукмронӣ мубориза мебарад, бештар ангеза дорад. Сабаби ин дар он аст, ки қувваи маънавӣ ангезаи бо мафҳумҳои аз ғариза болотар алоқаманд буда, қаноатмандии муайянро тақозо мекунад. Ангезаҳои маънавӣ одамонро водор мекунанд, ки барои ба даст овардани тӯъмаҳои кофӣ, имкониятҳои бештар пайдо кунанд. Аз ин рӯ, қувваи маънавӣ аз ғариза ва қувваҳои моддӣ бартарӣ дорад. Яъне қувваи теладиҳандаи маънавӣ аз нерӯи ҷисмонӣ болотар аст.
Ҳар як мамлакати ҷаҳон кӯшиш мекунад, ки дар қӯшунҳои худ, дар баробари пур кардани қувваҳои моддӣ қувваи маънавиро низ мустаҳкам кунад.
Дар мавриди қувваи рӯҳӣ бошад, он нисбат ба нерӯи маънавӣ ва моддӣ ба инсон сахттар таъсир мерасонад, зеро он аз огаҳии инсон бо робитаи ў бо Офаридгори ҳама чиз ва Офаридгори ҳама нерӯҳо бармеояд. Огоҳии рӯҳӣ, эҳсосот ва робитаи ҳаяҷономез бо Худованд инсонро водор месозад, ки амалеро бо нерӯе, ки Офаридгор тақозо мекунад, ба ҷо оварад, на ба қувваи мавҷуда ва на бо қуввае, ки ба даст оварда метавонад. Дар ин ҷо фарқе нест, ки он чӣ гуна талабот аст, яъне бо қувваҳои ӯ баробар аст, аз онҳо бартар аст ё на.
Талаби Офаридгор метавонад инсонро ба талафоти ҷон расонад. Аммо шахс ба ҳар ҳол амалро иҷро мекунад, ҳатто агар сарфи қувваи дар ӯ мавҷуд набуда талаб шавад ва ё қуввае, ки ӯ онро ба даст оварда натавонад ҳам.
Аз ин рӯ, қувваи рӯҳонӣ нисбат ба дигар қувваҳо таъсирбахштар аст.
Аммо агар ин нерӯи рӯҳӣ танҳо дар натиҷаи ҳаяҷон ва эҳсосот ба вуҷуд омада бошад, пас хавфе вуҷуд дорад, ки дар натиҷаи бартарӣ кардани дигар ҳаяҷон ва эҳсосот қувваи рӯҳӣ заиф гашта он тағйир меёбад. Ин замон инсон метавонад амали хато ва иштибоҳомезро анҷом диҳад. Ин амали ӯ аз амали қувваи рӯҳӣ телакарда фарқ мекунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки нерӯи рӯҳӣ бояд натиҷаи огоҳии фикрӣ ва эҳсоси иртиботи инсон бо Офаридгор бошад. Он гоҳ ин қувва қавӣ мешавад ва он шахсро ба иҷрои амали хосташуда тела медиҳад, ки ба талабот мувофиқ аст. Вақте ки қувваи рӯҳӣ пайдо мешавад, аз қувваи маънавӣ асаре боқӣ намемонад, зеро инсон танҳо аз қувваи рӯҳӣ дуруст барангехта мешавад.
Бо душман на ба хотири тӯъма ва на баҳри ғурур аз пирӯзӣ, балки танҳо барои он меҷангад, ки Аллоҳ онро талаб кардааст. Ин ҷо фарқ надорад, ки ғаниматро ба даст меорад ё не, ба ифтихори пирӯзӣ ноил мегардад ё не. Дар хусуси қувваи ҷисмонӣ ва моддӣ бошад, мегӯем, ки онҳо фақат восита мешаванд, на қувваи пешбаранда.
Ислом дар мусулмон нерӯҳои рӯҳонӣ ба вуҷуд меорад, ҳарчанд зуҳуроти онҳо моддӣ ва ё ахлоқӣ бошад ҳам, зеро дар ин дин рўҳ асоси тамоми ҳаёт дониста мешавад. Ақидаи Исломӣ — асоси зиндагии мусалмон, ҳалолу ҳаром — миқёси аъмоли ў ва кӯшиш баҳри ризогии Худованд — ҳадафи асосӣ мебошад. Мусулмон бояд тамоми аъмоли хурду калонашро бо дарки вобастагӣ бо Аллоҳ мувофиқи фармону боздоштҳои Ӯ анҷом диҳад. Огоҳии фикрӣ ва пайванди боэҳсос бо Худо пояест, ки зиндагии мусалмон бар он асос ёфтааст.
Ин нерўест, ки ўро ба иҷрои ҳар амали хурду калон водор месозад ва ҳамин рўҳияест, ки дар ҳама корҳояш вуҷуд дорад. Дараҷаи қудрати рӯҳонӣ ба дараҷаи огоҳӣ ва эҳсоси робита бо Аллоҳ мутаносиб аст. Аз ин рӯ, мусалмон бояд танҳо бо нерӯи рӯҳӣ барангехта шавад, зеро ин ганҷи бепоён, сирри комёбӣ ва зафар аст.
Аҳмад ат-Тараблуси
Журнали «Ал-ваъй», раками 4
23.09.1987
Ислом.