Ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ — истисмори халқҳо
23 ЯНВАРЯ 2022
Самиа Сулуху Ҳасан дар давоми камтар аз як сол ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Танзания омада, барои мамлакат тахмин 3 миллиард доллар аз Бонки Ҷаҳонӣ (қарзхои имтиёзнок ва кӯмаки фондӣ), аз Хазинаи Байналхалкии Асъор ва Бонки тараккиёти Африка қарз гирифт.
Масъуд Муслим, Раиси дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Танзания, дар шарҳи худ менависад: “Ҳамаи ниҳодҳои молии байналмилалӣ, хоҳ Бонки Ҷаҳонӣ ва хоҳ Сандуқи Байналмилалии Пул, хоҳ Бонки Рушди Аврупо, Чин ё Африқо, табиатан капиталистӣ буда, барои нафъи Африқо ва мамлакатҳои тараққиёбанда пешбинӣ карда нашудаанд. Барномаҳои онҳо барои истисмор кардани мардум ва таҳмил кардани сиёсати онҳо тарҳрезӣ шудаанд, масалан, барномаҳои ислоҳоти сохторӣ, ки ба мардум танҳо бесарусомонӣ ва харобии иқтисодӣ овардаанд. Айни замон қарзҳои фоизнок барои неомустамликадорон, ба монанди Иёлоти Муттаҳида, Аврупо ва Чин яке аз воситаҳо мебошад. Онҳо бо роҳи қарз додан мехоҳанд, ки бо баракати ҳукмрони мамлакатҳои тараққиёбанда захираю сарватхои бузурги Африқоро ба даст оваранд. Аз ин қарзҳо бештар мардуми бенаво зарар мебинанд, ки маҷбуранд аз тариқи андоз қарзи давлатро пардохт кунанд”.
Дар шарҳ ҳамчунин омадааст: «Баъзе кишварҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода аз сабаби натавонистани пардохти саривақтии қарзҳои бузурги берунӣ инфрасохторҳои ҳаётан муҳимро аз даст медиҳанд. Барои ин, ҳамчун мисол Замбия, Уганда, Шри-Ланка ва бисьёр мамлакатҳои дигарро мисол овардан мумкин аст.
Дар хотима таъкид мешавад: «Мамлакатҳои тараққиёбанда, аз чумла Танзания бояд дарк кунанд, ки ба ҷаҳон идеологияи одилонаи Ислом лозим аст, ки вай ба ҷои кирдорхои истисморгарона муносибатҳои софдилонаи иқтисодиро барпо мекунад. Ҳаногоми вуҷуди Давлати Хилофат Ислом тамоми ҷаҳон ва инсониятро аз ҳама занҷири капитализм наҷот медиҳад.
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
01/12/2022