Танзими муносибатҳои зану мард аз нигоҳи либоспӯшии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ

Танзими муносибатҳои зану мард аз нигоҳи либоспӯшии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ

Ҳадиси сиюм

Аз Ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

مَنْ جَرَّ ثَوْبَهُ خُيَلَاءَ لَمْ يَنْظُرِ اللَّهُ إِلَيْهِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَقَالَتْ أُمُّ سَلَمَةَ فَكَيْفَ يَصْنَعُ النِّسَاءُ بِذُيُولِهِنَّ قَالَ يُرْخِينَ شِبْرًا قَالَتْ إِذًا تَنْكَشِفُ أَقْدَامُهُنَّ قَالَ فَيُرْخِينَهُ ذِرَاعًا لَا يَزِدْنَ

«Худованд рӯзи қиёмат ба касе, ки аз рӯи такаббурӣ либосашро дар замин кашола карда мегардад, нигоҳ намекунад!» Сипас Умму Салама пурсид: «Занон бо домани либоси худ чӣ кор кунанд?».  Он ҳазрат (с) фармуданд: «Бигзор онро аз зону як ваҷаб поён кунанд». Умму Салама гуфт: «Пас пойҳояшон боз мешавад.  Он ҳазрат (с) фармуданд: «Бигзор, аз зону ба чени оринҷ поён кунанд, на бештар».

Дар ҳадис возеҳу равшан гуфта шудааст, ки либоси болопӯшак ва ё  ҷилбобе, ки зан аз болои либоси хонагӣ мепӯшад, бояд то поён  оварда, пойҳояшро пӯшонад. Агар пойҳо бо ҷӯроб, чулки ё пойафзол пӯшонида шуда бошанд, ин тавр пӯшондан ба шартҳо мувофиқат намекунад  ва наметавонад нишон диҳад, ки либоси болопӯшак то дарозии лозима поён карда шудааст. Дар чунин ҳолат, яъне вақте, ки пойҳоро бо ҷўроб ва пойафзол пӯшида бошанд, ҳоҷат ба пўшидан намемонад, вале амри то поён дароз кардани ҷилбоб ё либоси болопӯшак бояд иҷро шавад. Бо ибораи дигар, ҷилбоб бояд ба таври ошкоро дароз бошад ва нишон диҳад, ки он либоси ҳаёти иҷтимоӣ аст, ки зан дар ҷомеа  онро мепўшад».

Аз гуфтаҳои дар боло мо бояд чиро биомӯзем:

Аз сабаби набудани халифаи мусулмонон, яъне касе, ки кори мусулмононро бар асоси Қуръону суннат пеш мебарад, ба далели мавҷудияти расонаҳои гумроҳкунандае, ки даъвои пайравӣ ба Ислом доранд, вале дар асл ба қонунҳои он риоя намекунанд ва ҳақиқатро дар миёни мардум пинҳон медоранд, бахусус дар байни занон,  либосе шабеҳи шариат паҳн мешавад, вале дар асл чунин нест. Сухан дар бораи нимрӯймолҳое меравад, ки ба нимрӯймолҳои насрониву яҳудиёни муосир ва занони дунявӣ шабоҳат дорад.  Мутаассифона, духтарони мо пӯшидани чунин нимрӯймолро дар баробари шим, ҷинси танг, юбка  қабул карданд. Онҳо инчунин ба пӯшидани куртаҳои тунуки шаффоф шурӯъ карданд.  Пӯшидани ин гуна чизҳо, инчунин пӯшидани нимрӯймол хилофи дини мост, зеро Ислом занро ӯҳдадор кардааст, ки либоси болопӯшак танг ва шаффоф набошад, то ранги бадан намоён нагардад, яъне он набояд дар зери либос намоён бошад, пӯшидани либосҳои кушодро фармуд, то бунияи занро дидан имконият надошта бошад. Либоси зан набояд бо ранг, дурахшонӣ ва ороиши ба худ ҷалб кунанда бошад. Тамоми масъулият ва гуноҳи пӯшидани чунин либос бар дӯши инҳост:

— ба худи занҳо

— ба падару модаре (Аллоҳ гуноҳи онҳоро авф кунад ва ба роҳи рост ҳидоят намояд), ки ба чунин либоспӯшии духтар беэътиборӣ мекунанд

— ба хонаҳои мӯд, ки чунин либосро омода мекунанд

— ба ВАО ки пӯшидани чунин либосро ташвиқ менамоянд

— ба касоне, ки пӯшидани чунин либосро дар ҷомеа оммавӣ мекунонанд

 

Аз китоби «Панчоҳ ҳадис дар бораи сиёсати шариат», муаллиф Исмат Авни Салими Ҳаммурӣ

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads