Тамоми масъулиятҳои Уммат бар дӯши ҳоким аст
Ҳадиси шонздаҳум
«Ба мо Қутайба… аз Ибни Умар (р), ӯ аз Расули Худо (с) нақл карданд:ِ
«Оё ҳар яки шумо парастор нестед ва аз ҳар яки шумо аз зердастонатон пурсида намешавед? Амир сарпарасти мардум аст ва аз зердастони худ ҷавобгар мебошад. Мард сарпарасти хонаводаи худ аст ва аз зердастонаш ҷавобгӯ мебошад. Зан нигаҳбони хонаи шавҳар ва фарзандони ӯ аст ва аз зердастонаш ҷавобгӯст. Ғулом омили моли хоҷаи худ аст ва масъули он мебошад. Оё ҳар яки шумо омил нестед ва ҳар яки шумо аз зердастонатон пурсида намешавед?» [1]
Абӯ Ямон ба мо… аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) нақл намуд, ки аз Расули Худо (с) шунидам, ки фармуданд:ِ
«Ҳар яки шумо парастор ҳастед ва аз ҳар яки шумо аз васояташ пурсида мешавад. Имом сарпарасти мардум аст ва ӯ аз зердастонаш масъул мебошад. Мард сарпарасти хонаводаи худ аст ва аз он масъул мебошад. Зан ҳомии хонаи шавҳар аст ва ӯ аз он масъул мебошад. Ғулом нигаҳбони моли хоҷаи худ аст ва масъули он мебошад».[2]
Калимаҳо аз қабили «ҳоким», «амир», «султон», «имом» ба як маъноянд: касе, ки бар асоси Ислом корҳои умумии тобеонашро ба ӯҳда дорад ва масъули онҳост.
Абӯбакр (р) хуб медонист, ки вазифаи ҳоким чист. Аз Абӯ Ҳурайра (р) ривоят шудааст:ُّ
«Чун Расули Худо (с) даргузаштанд, Абӯбакр халифа шуд ва баъзе аз арабҳо ба куфр баргаштанд, Умар ибни Хаттоб ба Абӯбакр (р) рў оварда гуфт: «Чӣ тавр бо ин мардум ҷанг мекунед? Ҳол он ки, Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «То он даме, ки одамон гувоҳӣ надиҳанд, ки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ бо ҷанг кардан бо онҳо фармуда шудам. Ҳар кӣ ин суханро бигӯяд, молу ҷони худро аз ман ҳифз мекунад». Абӯбакр (р) дар посух гуфт: «Савганд ба Худо, албатта, бо касоне, ки намозро аз закот ҷудо мекунанд, меҷангам, зеро аз мол закот гирифтан ҳақ аст. Савганд ба Худо, агар аз чанбарҳои[3] шутуре, ки ба Паёмбари Худо (с) дода буданд, ба ман надиҳанд, ман бо онҳо меҷангам! Пас аз он Умар гуфт: «Савганд ба Худо, ки худи Худо ба Абӯбакр (р) фикри ҷангро илҳом кард ва ман фаҳмидам, ки ин тасмим дуруст мебошад«.[4]
Умар ибни Хаттоб низ маънои калимаи «ҳоким»-ро хуб дарк карда, чунин гуфтааст: «Агар (дар замони ҳукмронии ман) гӯсфанди гумшуда дар соҳили Фурот бимирад, эътимод дорам, ки Худованди мутаъол дар рӯзи қиёмат аз ман дар бораи ин гӯспанд мепурсад».[5]
Ҳамчунин дар бораи Умар ибни Абдулазиз ривоят аст, ки рўзе ҳамсараш Фотима назди ў омад ва ўро гирён дид. Фотима сабаби гиряашро пурсид, ки дар посух Умар ба ӯ гуфт: Кори уммат ба ман вогузор шудааст! Дар бораи камбизоатони гурусна, беморони бечора, ятимону бевазанон, бечорагон, асирон, пиронсолон, оилаҳои камбизоати серфарзанд ва амсоли инҳо, ки дар гӯшаву канори кишвар қарор доранд, фикр мекунам. Ман медонам, ки Худованд дар рӯзи қиёмат аз ман талаб хоҳад кард ва рақиби ман ба ҷуз онҳо Муҳаммад (с) хоҳад буд. Тарсидам, ки дар муноқиша бо ӯ далеле оварда наметавонам. Ба худам раҳмам омад ва барои ҳамин гиря мекунам”.[6]
Аз китоби «Панчоҳ ҳадис дар бораи сиёсати шариат». Муаллиф Исмат Авнӣ Салими Ҳаммурӣ.
[1] — Саҳеҳи Муслим
[2] — Саҳеҳи Бухорӣ
[3] — Дар ин ҷо ишораи он аст, ки ҳатто хурдтарин ҳуқуқи шариат ба моликият сарфи назар карда намешавад.
[4] — Саҳеҳи Бухорӣ
[5] — «Ҳилятул авлиё»-и Абӯ Нуайм
[6] — «Ал Бидоя ва Ниҳоя»-и Ибни Касир 9/217