Таъмини об, хӯрок, либос ва манзил барои ҳар як шаҳрванд.
Паёмбари Худо (с.а.с) саъй мекарданд, то тобеони давлати исломиро бо об таъмин кунанд, зеро об манбаи нерӯи ҳаёт аст.
Аҳмад ва Насоӣ аз Аҳнаф ибни Қайс нақл мекунанд, ки Расули Худо (с.а.с) фармуданд:
مَن يَبْتَاعُ بِئْرَ رُومَةَ غَفَرَ اللَّهُ لَهُ
«Ҳар кӣ чоҳи Румро харад, Худованд гуноҳҳои ӯро мебахшад.»1 Ин чоҳ аз они яҳудӣ буд. Усмон ибни Аффон (р) онро харид ва сипас назди Паёмбар (с.а.с) омада гуфтанд:
ابْتَعْتُهَا بِكَذَا وَكَذَا
«Ман чоҳро ба фалон нарх харидам.» Расул (с.а.с) гуфтанд:
اِجْعَلْهَا سِقَايَةً لِلْمُسْلِمِينَ وَأَجْرُهَا لَكَ
«Онро барои мусалмонон манбаи об гардонед ва шумо барои он подош хоҳед гирифт.»2
Таъмини ҳар фарди ҷомеа бо ғизо, либос ва манзил вазифаи ҳоким аст. Ин чизҳо дар Ислом ниёзҳои асосие дониста мешаванд. Ҳар як узви ҷомеаи Давлати исломӣ бояд бо он таъмин карда шаванд, то пеш аз ҳама камбизоатӣ дар ҷомеа пешгирӣ гардад, агар камбизоатӣ мавҷуд бошад, пас онро аз байн бардошта шавад. Таъмини ғизо, либос ва манзил итоати фармони Худои таъоло дониста мешавад. Аллоҳи Таъоло мефармояд:
وَالْوَالِدَاتُ يُرْضِعْنَ أَوْلَادَهُنَّ حَوْلَيْنِ كَامِلَيْنِ ۖ لِمَنْ أَرَادَ أَن يُتِمَّ الرَّضَاعَةَ ۚ وَعَلَى الْمَوْلُودِ لَهُ رِزْقُهُنَّ وَكِسْوَتُهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ ۚ لَا تُكَلَّفُ نَفْسٌ إِلَّا وُسْعَهَا ۚ لَا تُضَارَّ وَالِدَةٌ بِوَلَدِهَا وَلَا مَوْلُودٌ لَّهُ بِوَلَدِهِ ۚ وَعَلَى الْوَارِثِ مِثْلُ ذَٰلِكَ
“Модароне, ки мехоҳанд шир доданро ба фарзандони худ комил созанд, ду соли тамом ширашон бидиҳанд. Хӯроку либоси он ба ваҷҳе матлуб (урфи мардум) бар ӯҳдаи соҳиби фарзанд аст ва ҳеҷ кас беш аз қудраташ таклиф намешавад. Набояд ҳеҷ модаре ба хотири фарзандаш зиёне бубинад ва ҳеҷ падаре ба хотири фарзандаш. Ва вориси падар низ чунин бар ӯҳда дорад. Ва агар падару модар бихоҳанд, бо ризоят ва мушоварати якдигар фарзандашонро аз шир бозгиранд (яъне пеш аз ду сол), муртакиби гуноҳе нашудаанд. Ва ҳар гоҳ бихоҳед касе дигарро ба шир додани фарзандатон гиред, агар музде некӯ бипардозед, гуноҳе нест. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки ӯ ба коре, ки мекунед, биност!” (2:233)
أَسْكِنُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ سَكَنتُم مِّن وُجْدِكُمْ
«Ҳар ҷо ки худ сукунат кунед, онҳоро низ ба қадри тавоноии худ маскан диҳед.» (65: 6).
Инчунин, Паёмбар (с.а.с) фармуданд:
أَلَا وَحَقُّهُنَّ عَلَيْكُمْ أَنْ تُحْسِنُوا إِلَيْهِنَّ فِي كِسْوَتِهِنَّ وَطَعَامِهِنَّ
«Ҳуқуқи занони шумо ба шумост, ки онҳоро хуб пӯшед ва ғизо диҳед.»3
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ниёзҳои асосии камбизоатон ғизо, либос ва манзил мебошанд. Ҳама эҳтиёҷоти дигар ба ҷуз ин, ашёи боҳашамат ҳисобида мешаванд.”4
Аз китоби «Панҷоҳ ҳадис оид ба сиёсати Шариат», аз Исмат Авни Салим ал-Ҳаммурӣ.
- «Сунан» -и Ан-Насоӣ. Албанӣ дурустии онро тасдиқ кард.
- «Сунан» -и ан-Насоӣ. Албонӣ саҳеҳ будани онро тасдиқ кард.
- «Сунан» -и Ибни Моҷа. Албонӣ саҳеҳ будани онро тасдиқ кард.
- «Низоми иқтисодӣ» -и Такиёуддини Набҳонӣ.