Талафоти се фарзанд

Талафоти се фарзанд

Ҳамроҳ бо Ҳадиси Шариф

Бародарони азиз, Шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи «Ҳамроҳ бо Ҳадиси шариф» истиқбол мекунем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Дар шарҳи Имом Нававӣ, дар тафсири Саҳеҳ Муслим,  дар мавзӯи «Оё барои насиҳати занон (дар дин) рӯзи махсус таъин карда шавад?» ҳадис омадааст:

Одам аз Шуайб, аз Ибни Асбаҳонӣ, аз Абусолиҳ ривоят кардааст, ки Абӯ Саиди Худрӣ гуфтаанд:

قَالَتِ النِّسَاءُ لِلنَّبِىِّ، صلى الله عليه وسلم، غَلَبَنَا عَلَيْكَ الرِّجَالُ، فَاجْعَلْ لَنَا يَوْمًا مِنْ نَفْسِكَ. فَوَعَدَهُنَّ يَوْمًا لَقِيَهُنَّ فِيهِ، فَوَعَظَهُنَّ وَأَمَرَهُنَّ، فَكَانَ فِيمَا قَالَ لَهُنَّ: مَا مِنْكُنَّ امْرَأَةٌ تُقَدِّمُ ثَلاَثَةً مِنْ وَلَدِهَا إِلاَّ كَانَ لَهَا حِجَابًا مِنَ النَّارِ. فَقَالَتِ امْرَأَةٌ وَاثْنَيْنِ، فَقَالَ: وَاثْنَيْنِ

«Рӯзе занҳо ба Паёмбар (с) гуфтанд: «Мардҳо ба мо фурсат намедиҳанд, ки бо Шумо сӯҳбат кунем, пас барои мо  бо ихтиёри худ рӯзе ҷудо кунед». Ва Эшон (с.а.с.) ба онҳо ваъда доданд, ки рӯзе вохӯранд, ва ҳамчунин ба таълим додан ва ба онҳо амри маъруф кардан шурӯъ намуданд. Аз ҷумла, Расули Худо (с) ба онҳо фармуданд: «Агар се фарзанди шахсе аз шумо бимирад,  онҳо ҳатман (шуморо) аз дўзах муҳофаза мекунанд». Як зан пурсид: «Агар ду фарзанд бошад? Гуфтанд: «Ду фарзанд инчунин».

Вақте Саҳр вафот кард, хоҳараш Ҳансо, ки шоир буд  барои ӯ чунон гиря кард, ки чашмонаш хира шуд ва нобино гашт. Ғаму ғуссаи ӯ бузург буд ва ӯ тоқат карда натавонист. Баъд ғамгинии худро бо шеър чунин ифода кард.

Чашмонат сурх ё худ тамоман нобино шуданд,

Ашк мерехт, ки хона холӣ буд.

Чашмони ман, ёди ман аз ӯ ҳастанд,

Ашк чун дарё равон шуд барои азизи ман.

Ӯ пас аз пазируфтани Ислом фикру ақида ва ҷаҳонбинии худро ба куллӣ дигар кард, Ислом ба ӯ мафҳумҳо, оромӣ ва сабру таҳаммул бахшид. Ӯ чаҳор писарашро ба ҷанг дар роҳи Худо фиристод. Ачибтараш он аст, ки вакте  хабари шахид шудани хамаи писаронаш ба ӯ расид, вай нола ва гиря накард, баръакс оромона ва дилпурона гуфт: «Сипос Худоеро, ки маро бо ин шарафманд кардааст, аз Аллоҳ металабам, ки моро зери раҳмати худ ҷамъ оварад». Ҳансо Ҳадиси дар боло зикршудаи Паёмбари Худо (с)-ро ҳамин тавр фаҳмид. Саволе ба миён меояд, пас аз он ки имрӯз заъифӣ, душманӣ ба марг, ва муҳаббат ба дунё дар Уммат ворид шуд, ин мафҳумҳоро дар Уммат кӣ мепарварад? Бешубҳа, танҳо Давлати Исломӣ ва Халифа қодиранд бори дигар назари дурусти зиндагиро эҳё кунанд.

Ё Аллоҳ! Замони Хилофати Солеҳро, ки ҳукуматаш бо усули нубувват сурат мегирад, битезон. Ин Хилофат тамоми мусалмононро муттаҳид месозад ва Умматро аз ранҷ озод мекунад. Худоё, заминро бо раҳмати Худ равшан кун! Омин!

Бародарони азиз, то дафъаи дигар дар барномаи мо «Ҳамроҳ бо Ҳадиси шариф». Аллох нигахбонатон бошад. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

 

Абӯ Марям

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads