Тағйир додани зиштӣ — бо зуҳури фаъолият мешавад

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Тағйир додани зиштӣ — бо зуҳури фаъолият мешавад

26.12.21

Ислом иҷоза намедиҳад, ки як мусалмон ғайрифаъол (пассив) ва зери таъсири ҳодисаҳои рухдодаистода бимонад. Баръакс, Ислом мехоҳад, ки мусулмон бо он чӣ дар атрофаш аст, мусбӣ муносибат кунад.

Дар рафти муомила кобилияти кор ва эҷодкории ӯ бояд зоҳир гардад. Ислом тарғиб мекунад, ки мусулмон бонуфуз бошад, барои воқеъро мувофиқи биниш ва хоҳиши Худованди мутаъол шакл додан қодир бошад.

Матнҳои Қуръону Суннат бо рӯҳияи фаъолияти мусбӣ ғизо гирифта шуда, мусулмонро ба ҳаракату эҷод, шахсияти тавоно, барои бардошта бурдани бори бар дӯшаш гузошта, бори Рисолати бовар карда супурдашуда – Ислом водор месозад. Дар Куръон, дар як қатор оятҳо дар бораи рӯҳияи фаъоли мусбӣ ёдрасҳоро ёфтан мумкин аст:

وَلَا تَهِنُوا وَلَا تَحْزَنُوا وَأَنتُمُ الْأَعْلَوْنَ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ

Сустӣ макунед ва андӯҳгин мабошед, зеро агар имон оварда бошед, шумо ғолиб ҳастед.”  (3:139)

Худованд мӯъминонро чун дар рӯзи Уҳуд яке кушта ва нафари дигаре захмӣ шуд, тасаллӣ дод, онҳоро аз нотавонӣ ва ноумедӣ наҳй кард:

وَلَا تَهِنُوا “Сустӣ накунед…”  Ӯ Таъоло инчунин аз сабру устуворӣ, ки дар паси он пирӯзӣ ҳаст, ёдовар шуд:

وَكَأَيِّن مِّن نَّبِيٍّ قَاتَلَ مَعَهُ رِبِّيُّونَ كَثِيرٌ فَمَا وَهَنُوا لِمَا أَصَابَهُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَمَا ضَعُفُوا وَمَا اسْتَكَانُوا ۗ وَاللَّهُ يُحِبُّ الصَّابِرِينَ(۱۴۶) وَمَا كَانَ قَوْلَهُمْ إِلَّا أَن قَالُوا رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَإِسْرَافَنَا فِي أَمْرِنَا وَثَبِّتْ أَقْدَامَنَا وَانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ(۱۴۷) فَآتَاهُمُ اللَّهُ ثَوَابَ الدُّنْيَا وَحُسْنَ ثَوَابِ الْآخِرَةِ ۗ وَاللَّهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ(۱۴۸)

“Чӣ басо паёмбароне, ки худодӯстони бисёр ҳамроҳи онон ба ҷанг рафтанд ва дар роҳи Худо, ҳарчӣ ба онҳо расид, сустӣ накарданд ва нотавон нашуданд ва сар фуруд наёварданд ва Худо сабркунандагонро дӯст дорад. Суханашон ҷуз ин набуд, ки мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, гуноҳони моро ва зиёдаравиҳои моро дар корҳо биёмурз ва моро собитқадам гардон ва дар баробари кофирон ёрӣ кун». Худо подоши инҷаҳонӣ ва подоши неки онҷаҳониро ба онҳо арзонӣ дошт ва Худо накӯкоронро дӯст дорад!” (3:146-148)

Аз Ҳузайфа ва ӯ аз Паёмбар ﷺ  ривоят кардааст:

لَا تَكُونُوا إِمَّعَةً تَقُولُونَ إِنْ أَحْسَنَ النَّاسُ أَحْسَنَّا وَإِنْ ظَلَمُوا ظَلَمْنَا وَلَكِنْ وَطِّنُوا أَنْفُسَكُمْ إِنْ أَحْسَنَ النَّاسُ أَنْ تُحْسِنُوا وَإِنْ أَسَاءُوا فَلَا تَظْلِمُوا

«Онҳое, ки мегӯянд: «Агар мардум некӣ кунанд, мо ҳам некӣ мекунем ва агар зулм кунанд, ситамкор хоҳем буд». Худро ба он одат кунон, ки агар одамон некӣ кунанд, ту ҳам некӣ кун ва агар бадӣ кунанд, ту дар адолат устувор бош”1.

Аз Абӯҳурайра ривоят мешавад, ки Расули Акрам ﷺ  фармудаанд:

اَلْمُؤْمِنُ الْقَوِيُّ خَيْرٌ وَأَحَبُّ إِلَى اللَّهِ مِنَ الْمُؤْمِنِ الضَّعِيفِ وَفِي كُلٍّ خَيْرٌ احْرِصْ عَلَى مَا يَنْفَعُكَ وَاسْتَعِنْ بِاللَّهِ وَلَا تَعْجَزْ وَإِنْ أَصَابَكَ شَيْءٌ فَلَا تَقُلْ لَوْ أَنِّي فَعَلْتُ كَذَا لَمْ يُصِبْنِي كَذَا وَلَكِنْ قُلْ قَدَّرَ اللَّهُ وَمَا شَاءَ فَعَلَ فَإِنَّ لَوْ تَفْتَحُ عَمَلَ الشَّيْطَانِ

«Мӯъмини қавӣ дар назди Худо беҳтар ва дӯстдоштаттар аст аз мӯъмини заиф, вале дар ҳар яки онҳо хайре ҳаст. Дар ҳар коре, ки ба ту фоида меорад, устувор бош, аз Аллоҳ ёрӣ бихоҳ ва нотавон набош. Агар ба ту чизе расад, магӯ: «Агар ман ин ва он корро мекардам, фалону фалон ба ман намерасид» ва чунин бигӯ: «Худованд чунин муқаррар кардааст! Ҳар чи бихоҳад, мекунад». Зеро [ифодаи] «агар ин тавр мешуд» дари макри шайтонро мекушояд»2.

Ин даъвати Расули Худо ﷺ   аст, ки мусалмон бояд тавоно бошад, ба мусибат омода бошад, нотавонӣ накунад, ба ваҳн3 гирифтор нашавад, ғамхор ва пурсабр бошад, то хастагӣ ва навмедӣ ӯро мағлуб накунад, барои ба ҳадафаш расидан, расидан устувор ва қатъӣ бошад ва ноумедӣ набояд ба дилаш ворид шавад. Набояд дар ормон, талаб ва фаъолияташ сусткор бошад, бо баҳонаи таваккал ба Аллоҳ набояд аз кор ва василаҳои зарурӣ даст кашад.  Дар ҳоле ки дар бораи ниёзманди ёрии Аллоҳ буданашро фаромӯш мекунад, фирефтаи имконот, қобилиятҳои ақлӣ ва идоракунии худ нагардад.

Даъват ба амал ва динамикаи мусбӣ дар Қуръон ва Суннат равшан омадааст. Дар чизҳое, ки ба аъмоли мо вобаста аст, ё паҳлӯи мусбат ё манфие ҳаст, дар воқеъ, ки зери таъсири мост, ё паҳлӯи мусбат ё манфие ҳаст, зеро Худованди мутаъол фармудааст:

إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوۡمٍ حَتَّىٰ يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنفُسِهِمۡ

“Аллоҳ ҳолати қавмеро дигаргун намекунад, то он даме, ки онҳо худ дигаргун нашаванд.”  (13:11)

Аз ин рӯ, Ислом ба реализм, ки дар назди воқеаҳои ба амал омада сар хам мекунад, муқобил мебарояд. Ислом душмани итоаткорӣ ва нотавонӣ дар назди воқеияти бад мебошад. Ислом тарсончакӣ, беиродагӣ, аз фикр гашта таслимшавӣ (капитулятсия) — ро рад мекунад ва ҳамаи ин сифатҳо дар суханони зерин ба хубӣ инъикос ёфтаанд: «Агар замон бо ту мувофиқат накунад, ту ба замона мувофиқат кун. Агар мардум ба ту хушомад накунанд, ту ба мардум хушомад мекунӣ.» Ислом  беҷуръатиро хоршуда медонад, ки дар ибораи шоири араб ифода ёфтааст: «Дар дунё маъюс (пассив, камҷуръат) бош, он гоҳ аз он чӣ метарсӣ ва аз таҷовузи душманон эмин мемонӣ.» Ва агар ба зарбаю латукӯби тарсу ваҳм тан диҳӣ, пас субҳе  ту хоршуда ва дар табъи хира бедор мешавӣ.

Амалҳои мусбӣ, дар иштироки фаъолонаи мусалмон дар ҳодисаҳои ба монанди ислоҳ кардан/ва дур кардани гуноҳҳо дида мешавад, зеро Паёмбар (с.а.в.) фармудаанд:

مَنْ رَأَى مِنْكُمْ مُنْكَرًا فَلْيُغَيِّرْهُ بِيَدِهِ فَإِنْ لَمْ يَسْتَطِعْ فَبِلِسَانِهِ فَإِنْ لَمْ يَسْتَطِع فَبِقَلْبِهِ وَذلِكَ أَضْعَفُ الْإِيمَانِ

«Ҳар кас аз шумо, ки маломатшуда (мункар)-ро бубинад, онро бо дасти худ тағйир диҳад ва агар натавонад, бо забонаш [тағйир диҳад] ва агар натавонад,  бо дил [муқовимат кунад — бад бинад] ки ин аз заифтарин [зуҳуроти] имон мебошад”4.

Расули Худо (с) фармудаанд, ки барои ислоҳ/рафъи мункарот ҳаракат карда шавад, яъне рӯ ба рӯи фисқу фуҷур сукут кардан ва ба ҷои ислоҳ/тағйир додани ин зиштӣ наҷунбида нигоҳ карда нишастан  дуруст нест. Худованд мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُونُوا قَوَّامِينَ بِالْقِسْطِ شُهَدَاءَ لِلَّهِ وَلَوْ عَلَىٰ أَنْفُسِكُمْ أَوِ الْوَالِدَيْنِ وَالْأَقْرَبِينَ

Эй касоне, ки имон овардаед, барпокунандаи адолат бошед [ва] барои Аллоҳ таоло шаҳодат диҳед, агарчи ба зиёни худатон ё падару модар ва наздикон [-и шумо] бошад. (4:135)

Аз Абӯсаиди Худрӣ ривоят мешавад, ки Расулуллоҳ(с.а.в.) фармудаанд:

أَلاَ لاَ يَمْنَعَنَّ أَحَدَكُمْ رَهْبَةُ النَّاسِ أَنْ يَقُولَ بِحَقٍّ إِذَا رَآهُ أَوْ شَهِدَهُ فَإِنَّهُ لاَ يُقَرِّبُ مِنْ أَجَلٍ وَلاَ يُبَاعِدُ مِنْ رِزْقٍ أَنْ يَقُولَ بِحَقٍّ أَوْ يُذَكِّرَ بِعَظِيمٍ

“Бигзор тарси мардум ҳеҷ яки аз шуморо аз гуфтани сухани ҳақ бознадорад, агар дид ё шоҳиди он гашт, зеро гуфтани сухани ҳақ ё зикри [суханҳои бузург] касеро ба марг наздик намекунад ва ё ризқро аз ӯ дур намекунад!»5.

Аз Абӯ Зарр (р) ривоят мешавад:

أَمَرَنِي رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهِ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنْ أَصِلَ رَحِمِي وَإِنْ أَدْبَرَتْ وَأَنْ أَقُولَ الْحَقَّ وَإِنْ كَانَ مُرًّا وَأَنْ لَا تَأْخُذَنِي فِي اللَّهِ لَوْمَةُ لاَئِمٍ

«Пайғамбар (с) маро амр карданд, ки пайванди хешовандиро нигоҳ дорам, агарчи [хешовандон] [аз ман] рӯй гардонанд ҳам, сухани ҳақро бигӯям, агарчи талх бошад ҳам ва ба хотири Худо ба маломати касе эътибор надиҳам…» 6.

Ду намуди тағирот вуҷуд дорад:

  • Тағйир додани намуди зоҳирӣ бидуни тағир додани моҳият. Масалан, гуфта мешавад: «Вақте ки ман онро аз нав сохтам, симои хонаамро он чи ки буд, дигар кардам».
  • Ивазкунии комил ба объекти дигар. Масалан, гуфта шудааст: «Ман хизматгор ва савори худро ба дигараш иваз кардам». Худованд мефармояд:

إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوۡمٍ حَتَّىٰ يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنفُسِهِمۡ

“Аллоҳ ҳолати қавмеро дигаргун намекунад, то он даме, ки онҳо худ дигаргун нашаванд.” (13:11)

 

Абулбақо мегўяд: «Тағйирот аз як сифат ба дигараш иваз кардан аст. Масалан, сурхро ба сафед иваз кардан. Тағйирот бевосита дар худи ашё ё дар як қисми он, ё  берун аз он ба амал меояд».8

Асосан, тағирот маънои иваз кардани як чиз бо чизи дигарро дорад, яъне иваз кардани  чизе, ки талабот нест, ба он чизе, ки ба он эҳтиёҷ ҳаст. Чунин тағйирот на танхо дар бораи даст кашидан ё аз байн рафтани объекти тағйирдодашаванда сухан меравад, балки раванди барпои чизи нав ба ҷои объекти партофташуда ва ё барҳамдодашуда низ ба ҳамин дахл дорад. Дар ҳадис омадааст, ки “тағйир бидиҳад” дар ҳоле, ки Паёмбар (с) “бартараф кун”, “манъ кун”, “нобуд кун” нагуфтаанд, бо вуҷуди он ки пеш аз ҳама бартараф кардан лозим аст. Ба василаи калимаи «тағйир дода шавад» гўё Паёмбар (с.а.в.) ба мо ишора мекунанд, ки дар ҳолати набудани мункарот (амалҳои гуноҳ), хайр вуҷуд дорад, яъне агар хайр мавҷуд набошад, барои амали гуноҳ (шарр) ҷои холӣ мемонад, ё ки гуё моро ба фаъолият ва камоли фардо ба воситаи пурра кардани фарз бо воситаи барпои хайр ба ҷои шарр равона мекунад.

Ва ин бояд то он даме, ки решаканкунии комили мункарот ба вуқӯъ  наояд, бояд идома ёбад.

 

Мавод аз китоб:

«Меъёрҳои Шариат оид ба фаъолияти  амри маъруф ва наҳйи мункар»

Ал-Амру бил маъруф ван-наҳю анил мункар

Ясин ибни Алӣ.

  1. Тирмизӣ дар «Ас-Сунан» ва ал-Баззор дар «Муснад» оварданд. Бархе аз уламо гуфтаанд, ки маънои ин хадис маъкуф аст, яъне ин суханони Абдуллоҳ ибни Масъуд аст.
  2. Муслим дар Саҳеҳ овардааст.
  3. Ваҳн — сахт дӯст доштани дунё ва нафрат ба марг. Тарҷумаи  тахминӣ.
  4. Муслим дар Саҳеҳ овардааст.
  5. Аҳмад дар Муснад ва Ат-Табаронӣ дар Муҷам-ул-авсат оварданд.
  6. Табаронӣ дар «Муҷам-ул-кабир», Аҳмад дар «Муснад», Ибни Ҳиббонро дар «Саҳиҳ» ва ал-Баззор дар «Муснад» оварданд.
  7. Китоби «Ал-Муфрадат фил ғарибу-л-Қуръон», ар-Роғиб ал-Исфаҳонӣ.
  8. Китоби «Ал-куллиёт», муаллиф — Абул-Бако.

 

 

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads