Тафаккури ҷамоъии Уммат
На ҳама миллатҳои болораванда, ки бо як фикр муттаҳид шудаанд, фикри ҷамоъӣ мекунанд. Уммати Исломӣ — беҳтарини миллатҳо мебошад, ки бо як фикр ва як ақида муттаҳид шудааст. Ягонагии ақида бояд дар тафаккури ҷамоъӣ, ки ба шӯрои байни Уммат ва ҳокими он меорад ва дар тафаккури қонунгузорӣ, ки ба ҳалли муаммоҳои бавуҷудомада меорад, зоҳир шавад.
Силоҳи уммат
Шубҳае нест, ки тафаккур — аслиҳаи миллатҳо мебошад. Онҳо ҳангоми нашъунамои тафаккур инкишоф меёбанд ва ҳангоми аз байн рафтани тафаккур ақиб мемонанд. Боқӣ мондан, нигоҳдории миллатҳо дар нигоҳ доштани шӯълаи фикр дар дохили онҳо мебошад, парокандагии онҳо бошад баъд аз хомӯш шудани ин шӯъла ба амал меояд.
Тафаккуре, ки мо баррасӣ менамоем — ин на омӯзиши чизҳои ғайримоддӣ, на омӯзиши метафизика ва на барпои фарзияҳоест, ки баъдан ба онҳо такя карда шавад. Балки моён дар бораи фикрронии пурмаҳсул дар бораи факту ҳодисаҳое, ки ҳар рӯз ва ҳар соат бо одам рӯй медиҳанд, сухан меронем. Чунин тафаккур миллатро ба ҳаёти болораванда қодир мегардонад, ба ҳукм намудан аз болои чизҳо мебарад, мавқеъҳоро нисбат ба онҳо муайян мекунад ва ба ин васила ба табдили ин мавқеъҳо ба амалҳои моддӣ меорад. Ва агар тафаккур ба амалҳои моддӣ оварда расонад, пас ин ногузир ва хеле зуд ба натиҷаҳои ҳисшавандаи назаррас оварда мерасонад. Агар миллат ингуна тафаккур, инчунин қобилияти муайян кардани мавқеъҳо ва иҷро намудани амалҳои моддиро надошта бошад, ин миллат дер боқӣ намемонад. Дигар миллатҳо ва душманҳо албатта ба вай дармеафтанд, пора-пора ва мағлуб месозанд, ӯ бошад ба онҳо ҷавоб дода наметавонад.
Тафаккури ҷамоъӣ дар ду шакл зоҳир мешавад: қонунгузорӣ ва сиёсӣ. Шакли якум сӯи ҳалли муаммоҳои ҳаётӣ мебарад, шакли дуюм сӯи ғамхории корҳои одамон. Ҳарду шакл барои нигоҳ доштани миллат заруранд.
Мавқеи миллат ва ҷомеа
Тафаккури қонунгузорӣ бо қабули қарорҳо оид ба ҳодисаҳое, ки ҳаррӯз рӯй дода метавонанд вобаста аст. Дар ин ҷо мавқеъи миллат ва ҷомеаро нисбати ҳодисаҳо муайян намуда, хатогии онҳоро равшан кардан зарур аст — агар онҳо хилофи эътиқод ва тарзи зиндагии миллат бошанд, ё ин ки дурустиро равшан кардан зарур аст — агар онҳо ба эътиқодҳо ва тарзи зиндагӣ мувофиқ бошанд. Чархи зиндагӣ давр мезанад ва баробари он дигаргуниҳо ба амал меоянд, ки нисбати онҳо мавқеъро муайян кардан зарур аст, вагарна дар ҷомеа бетартибӣ, нодонӣ ва бесарусомонӣ паҳн мешавад. Аз ҳамин ҷо фаҳмида мешавад, ки қобили ҳаёт будани низоми қонунгузорӣ аҳамияти муҳим дорад. Яъне он, новобаста аз вақту макон, барои ҳамаи навсозиҳои ба амал оянда бояд механизми коркарди қонунгузорӣ дошта бошад.
Дар Уммати Исломӣ иҷтиҳод тафаккури қонунгузорӣ ҳисобида мешавад, ки барои баровардани қонунҳои шаръӣ аз матнҳои шаръӣ равона карда шудааст. Ана ҳамин тавр мавқеъи ҷомеаи исломӣ, давлат ва омма ба ҳама дигаргуниҳо муайян карда мешавад. Ингуна тафаккур замоне дар Уммати Исломӣ нашъунамо ёфта буд. То асри чаҳоруми ҳиҷрӣ Уммат бо ин тафаккур комилан ӯҳдадор шуда буд. Пойбандии Уммат ба қонунҳои Ислом ва Шариати Аллоҳ, инчунин, саъю кӯшиш барои равшан карда додани он чи Аллоҳро хурсанд ва он чи Ӯро ғазабнок мекунад ҳамчун сабаби ин ӯҳдадорӣ хизмат мекард. Дар охири асри чаҳоруми ҳиҷрӣ дар байни Уммат одамоне пайдо шуданд, ки ба боздоштани иҷтиҳод даъват карданро сар карданд ва кӯшиш мекарданд, ки ба бемақсад ва номувофиқ будани мавҷудияти он боварӣ ҳосил кунонанд. Ва дар ниҳоят онҳо ба мақсади худ расиданд — дари иҷтиҳод баста шуд.
Фалокат
Замоне Уммати Исломӣ бузургтарин тамаддунро намояндагӣ мекард ва ягон миллати дигар бо он баробар шуда наметавонист. Ин Уммат муддати тӯлонӣ мавқеи волои худро дар байни халқҳои дигар нигоҳ медошт. Аммо вақте, ки дар Ғарб инқилоби саноатӣ ба вуҷуд омад, Уммат тафаккури қонунгузории худро аз даст додан гирифт. Баъзеҳо ба зарурати даст кашидан аз ҳамаи он чизе, ки аз Ғарб меояд даъват мекарданд. Баъзан кор ба дараҷаи бемаънӣ мерасид. Ҳамин хел, вақте қаҳва пайдо шуд, уламои исломӣ дар бораи манъи истифодаи он фатво бароварданд. Телефонеро, ки пайдо шуда буд, ҳамин тақдир интизор буд. Баъзе олимон ҳатто барои манъи саноат даъват сар карданд. Ин даврае буд, ки байни Ғарби аз ҷиҳати саноатӣ пешрафта ва Уммати Исломии ба карахтӣ фаромада фосилаи бузурге ба вуҷуд омад. Бисёре аз мусалмонҳо чунин ҳисобиданд, ки Ислом дар симои олимон ба эҳёи саноатӣ ва пешрафти илмӣ халал мерасонад. Дар ҷомеаи исломӣ бесарусомонӣ ҳукмрон буд. Пас аз чанд вақт одамоне пайдо шуданд, ки чун вокуниш ба манъи саноат ба тарафдории қабули ҳама он чизе, ки Ғарб дорад, баромад мекарданд. Дар натиҷа ҷомеа бовариро ба Ислом ва қонунҳои он аз даст дод. Сабаб он буд, ки ҷомеа чунон фикр карданро сар кард, ки Ғарб онро мехост, яъне — Ислом наметавонад баробари замон қадам занад.
Аз ин ҷо фаҳмида мешавад, ки зинда мондани тафаккури қонунгузорӣ дар байни миллатҳо бисёр муҳим аст. Дар Уммати Исломӣ бояд муҷтаҳидҳо бошанд, ки доир ба ҳар як масъалаи хурду калон ба мардум қонунҳои Исломро мефаҳмонанд. Аллоҳ бар зиммаи мусалмонҳо иҷтиҳодро гузошт ва ин вазифаи дастаҷамъона (фарзи кифоя) мебошад. Агар дар ягон давру замон Уммат ба набудани муҷтаҳид роҳ дода бошад, ин маънои онро дорад, ки мусалмонҳои он давру замон аз қонунҳои Аллоҳ даст кашидаанд. Аммо ин аз нигоҳи Ислом қобили қабул нест. Зиёда аз он, иҷтиҳод – ҳамчун механизми баровардани ҳукмҳои шаръӣ аз далелҳои шаръӣ – ягона роҳи омӯзиши Шариати Аллоҳ мебошад. Ва агар дар ягон давру замон ақаллан як муҷтаҳиде набошад, ки барои фаҳмидани Шариат ба ӯ такя карда шавад, ин маънои онро дорад, ки дар байни мардум Шариат вуҷуд надошт.
Ғамхорӣ намудан ба корҳои ҷомеа
Тафаккури сиёсӣ маънои муҳокимаи хабару фактҳо ва бо ҳодисаҳо пайваст кардани онҳоро дорад. Ва ин олитарин навъи тафаккур аст. «Сиёсат» гуфта мо шӯхиву масхарабозӣ, фиребгарӣ, аз ҷавоби рӯирост саркашӣ кардан ва савдо бо манфиати одамонро дар назар надорем, чуноне ки имрӯз қабул шудааст. Мо фаъолияти боғайрату софдилона дар арсаи ғамхорӣ нисбати корҳои ҷомеа мувофиқи муқаррароти Исломро дар назар дорем, чуноне ки онро Расули Аллоҳ ﷺ мебурданд. Ин гуна тафаккур на танҳо барои ҳокимон, балки пеш аз ҳама барои Уммат зарур аст. Агар Уммат бошуур бошад ва воқеаҳои рӯйдодаистодаро бифаҳмад, ӯро ба гумроҳӣ андохтан ё фиреб кардан номумкин аст. Ва агар Уммат дар умум дарк намояд, ки ҳокимият ба ӯ тааллуқ дорад, ҳеҷ кас наметавонад ин ҳокимиятро ғасб намояд. Тафаккури сиёсӣ барои ҳокимонро дар роҳи дуруст нигоҳ доштан, ҳангоми ба хатогӣ роҳ додан онҳоро ислоҳ намудан ва барои саривақт маслиҳат додан зарур мебошад. Ҳокиме, ки дар мавриди хато карданаш аз тарафи миллати худ насиҳат ва ислоҳро мебинад, на хоксорӣ ё итоаткориро, бидуни ҳеҷ каҷравӣ ба аҳкоми Ислом пайравӣ хоҳад кард.
Дар гузашта Уммати Исломӣ корҳои худро хуб идрок менамуд ва фиреб додани ӯ ғайриимкон буд. Аммо имрӯз аз байни мусулмонҳо ёфтани касе, ки ба фаҳмидани воқеиятҳои сиёсӣ ва амалҳои минбаъда шавқманд бошад хеле мушкил аст, ҳатто дар он ҳолатҳое, ки он рӯирост бар зидди Уммат нигаронида шудааст. Нафароне, ки саргарми бурдани сиёсат дар асоси муқаррароти Шариати Исломӣ бошанд, хеле кам ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, Ғарб тавонист, ки ба осонӣ мусулмонҳоро гумроҳ намуда, давлати Хилофати онҳоро нобуд созад. Зиёда аз ин, баъд аз нобуд сохтани Хилофат, Ғарб амалҳои сиёсиро аз ҳама амали нафратовар дар Уммати Исломӣ гардонид. Ҳол он ки Уммати Исломӣ дар бурдани сиёсат назар ба худи Ғарб сазовортар аст. Агар сиёсат бо идораи корҳои мардум вобаста бошад, пас Ислом – беҳтарин низом барои бурдани корҳо мебошад. Он назар ба дигар низомҳое, ки бо дасти инсон сохта шудаанд, барои татбиқ аз болои одамон бештар мувофиқ меояд. Ислом ба мусулмонҳо мефармояд, ки фикрронии сиёсӣ намоянд ва ба он таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд, зеро Расули Аллоҳ ﷺ фармудаанд:
وَمَنْ أَصْبَحَ لَا يَهْتَمُّ بِأَمْرِ الْمُسْلِمِينَ فَلَيْسَ مِنْهُمْ
«Касе, ки ба корҳои мусалмонҳо ғамхорӣ намекунад, ӯ аз онҳо нест».
Ҳаракати қавӣ
Тамоми Уммат бояд тафаккури сиёсӣ дошта бошад, на танҳо фардҳои алоҳида, ҳатто агар онҳо бисёр бошанд ҳам. Агар гумроҳиҳои сиёсӣ бисёр халқҳо ва ё миллатҳоро аз пой афтонда тавониста бошанд, пас маҷрои ин фиреб ҳамаи он чиро, ки дар сари роҳаш меистад рӯфта мепартояд. Бинобар ин, тафаккури бади сиёсӣ халқҳо ва миллатҳоро ҳалок мегардонад, давлатҳоро вайрон ё суст менамояд ва ба халқҳои заиф барои озод шудан аз мустамликадор халал мерасонад. Ва агар Уммати Исломӣ шуури равшан надошта бошад, онгоҳ ӯро ба гумроҳӣ даровардан ва барои ҳар коре истифода бурдан осон мешавад.
Уммати Исломӣ дар ду садсолаи охир аз сабаби набудани тафаккури сиёсӣ ранҷҳои зиёде кашидааст. Аз ин рӯ ба Ғарб муяссар мешуд, ки ҳамаи фитнаҳои худро амалӣ созад ва мусалмонҳоро бар манфиати худ истифода барад. Мусалмонҳо ҳамаи корҳои дар атрофашон рӯйдодаистодаро нодида гирифта, дар ошуфтаҳолӣ мушоҳида мекарданд, ки чихел ҳокимони Ғарб ба корҳои кишварҳояшон дахолат мекунанд ва ҳатто онҳоро чи хеле ки хоҳанд, мувофиқи манфиатҳои худ идора мекунанд. Қаблан мусалмонҳо зидди тақсим кардани давлати ягонаи худ мебаромаданд, вале имрӯз бошад тарафдори он ҳастанд, ки сарҳадҳои мавҷуда дар ҷаҳони ислом нигоҳ дошта шаванд. Мусалмонҳо ба принсипи сулҳ, эътироф ва гуфтушунид кардан бо истилогарони сарзаминҳои исломӣ пайравӣ намуданд.
Аммо ҳеҷ кас набояд моро ба гумроҳӣ андозад ва бар манфиатҳои худаш истифода барад. Паёмбари Аллоҳ ﷺ фармудаанд:
لاَ يُلْدَغُ الْمُؤْمِنُ مِنْ جُحْرٍ وَاحِدٍ مَرَّتَيْنِ
«Мӯъминро аз як сӯрохӣ ду бор неш намезананд» (Бухорӣ, Муслим).
Ҳайсам Бакр
Маҷаллаи «Ал-ваъй», шумораи 4
Муҳаррами 14 — сентябри соли 1987