Сумама ибни Усал бар зидди Қурайш муҳосираи иқтисодӣ ҷорӣ кард.
Дар соли шашуми ҳиҷрӣ ҳазрати Расули Аллоҳ ﷺ тасмим гирифанд, ки доираи даъвати хешро васеъ намоянд, аз ин рӯ ҳашт паём ба подшоҳони арабу ғайриараб навиштанд ва фиристоданд, то онҳоро ба Ислом даъват намоянд. Дар миёни касоне, ки паём ба онҳо фиристода шуд, Сумома ибни Усал низ буд. Ин тааҷҷубовар нест, зеро Сумома яке аз пешвоёни араб дар замони ҷоҳилӣ буд. Дар бораи ӯ мегуфтанд, ки ӯ подшоҳ аст, сарвар аст, зеро агар Сумама мефармуд, сухани вай иҷро мешуд. Сумома яке аз сарони Бани Ҳаниф ва подшоҳи подшоҳони Ямома буд. Сумома паёми Паёмбар ﷺ ро бо беэътиноӣ ва такаббур пазируфт, ки ӯро ба гуноҳ андохт, зеро дар назди даъват аз кушодани дилаш монеъ шуд. Сумома аз сухани ҳақ кар монд, сипас шайтон ӯро зин кард ва ба васвасааш гирифт,ки Расули Аллоҳ ﷺ ро бикушад. Ӯ дар ҷустуҷӯи фурсати куштани Паёмбар ﷺ идома дод то, он даме, ки яке аз амаки Сумома ӯро дар охирин лаҳза аз ин кор боздошт. Пас, Худованд Паёмбарашро аз шарри Сумома нигаҳ дошт. Ҳарчанд Сумама Паёмбар ﷺ — ро ба ҳолашон гузошта буд, вале саҳобагони Эшонро ﷺ ором намегузошт. Рӯзе чанде аз онҳоро дастгир намуда, бо бадтарин тарз ба қатл расонид. Пас аз он Паёмбар ﷺ дар миёни саҳобагон ҷоиз будани рехтани хуни Сумомаро хабар доданд. Пас аз чанде Сумома тасмим гирифт, ки барои умра ба Макка биравад. Бо нияти тавофи Каъба ва баҳри бутҳо қурбонӣ кардани ҳайвонот аз заминҳои Ямома баромада, ба тарафи Макка роҳ пеш гирифт. Вақте ба ҷойе дар наздикии Мадина расид, ҳодисае рўй дод, ки тасаввураш намекард. Яке аз дастаҳои Расули Аллоҳ ﷺ барои он ки касе ба Мадина ҳамла накунад, тадқиқот анҷом медоданд. Дар як вақт, ин даста бо Сумома рӯ ба рӯ мешаванд, дар ҳоле кӣ будани ӯро надониста, асир мегиранд. Ӯро ба Мадина бурданд ва ба яке аз сутунҳои масҷид бастанд, то Расули Худо ﷺ ба онҳо бигӯянд, ки минбаъд бо асир чӣ кор кунанд.
Вориди масҷид шудан замон Расули Худо ﷺ Сумомаро диданд ва пас аз он ба саҳобагонашон рӯ оварда, бо сухани зерин гуфтанд: «Оё медонед, ки киро дастгир кардаед?» Дар ҷавоб гуфтанд: «На, эй Расули Худо». Эшон ﷺ идома доданд: «Ин Сумома ибни Усали Ҳанафӣ аст, пас бо асири худ бо некӣ рафтор кунед!»
Паёмбар (с) назди оилаашон баргаштанд ва фармуданд: «Он чиро, ки аз хӯрданӣ доред, ҷамъ карда ба Сумома ибни Усол бифиристед!» Сипас Паёмбар ﷺ фармуданд, ки субҳу шом шири шутурашонро дӯшида ба Сумама бибаранд. Ҳамаи ин пеш аз он ки Паёмбар ﷺ бори дуюм бо Сумома сӯҳбат кунанд, анҷом дода шуд.
Бори дуюм Расули Аллоҳ ﷺ бо Сумома мулоқот карданд, то ӯро ба Ислом даъват кунанд. Дар вохӯрӣ аз ӯ пурсиданд: «Чӣ мегӯӣ, эй Сумома?», Сумома гуфт: «Ман хубам, эй Муҳаммад, зеро агар маро бикушӣ, касе ҳаст, ки барои ман интиқом бигирад, агар ту ба ман як некӣ кунӣ, шукри ӯро ба ҷо меорам, агар боигарӣ хоҳӣ, пас бипурс, он чӣ мехохӣ ба даст меорӣ!” Расули Аллоҳ ﷺ ду рӯз аз ӯ дур шуданд. Дар ин ду руз ба Сумома хӯроку нушокӣ ва инчунин шири шутур оварданд. Сипас Расули Аллоҳ ﷺ боз омаданд ва пурсиданд: «Эй Сумома, чӣ мегӯӣ?» Дар ҷавоб ӯ гуфт: «Ҳамчунон ки гуфтам: агар ба ман некӣ кунӣ, ба шахси шукргузор некӣ мекунӣ, агар ту маро бикушӣ, касе аз ман интиком хохад гирифт, аммо агар боигарӣ хохи, пас ман ба ту чизе хоҳӣ медиҳам!» Сипас Расули Аллоҳ ﷺ ба саҳобагони худ фармуданд:
«Сумомаро озод кунед!».
Ӯро кушода, озод карданд.
Сумома аз масҷид баромада, ба боғи хурмо, ки дар канори Мадина, дар наздикии қабристони Ал-Боқӣ воқеъ буд, рафт, зеро дар он ҷо об буд. Сумома шутурашро фуруд овард, сипас бо оби чашма бодиққат худро пок кард ва боз ба масҷид баргашт. Чун ба он ҷо расид, дар назди як гурӯҳ мусалмонон истод ва гуфт: «Гувоҳи медиҳам, ки маъбуде ба ғайр аз Аллоҳ нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва Расули Ӯст». Сипас Сумома назди Паёмбар ﷺ рафт ва бо чунин суханон хитоб кард: «Эй Муҳаммад! Қасам ба Аллоҳ, ҳеҷ чеҳрае дар рӯи замин аз чеҳраи ту бадбинтар набуд, вале он барои ман маҳбубтарин чеҳра шуд! Қасам ба Аллоҳ, ки барои ман дине бадтар аз дини шумо набуд, вале дини ту дини дӯстдоштаи ман гардид! Қасам ба Аллоҳ, ҳеҷ шаҳре бар ман аз шаҳри ту бадбинтар набуд, аммо ин шаҳр маҳбуби ман шуд.”
Боз гуфт: «Хуни ёрони туро рехтам. Акнун чӣ кор кунам?», — Расули Худо ﷺ фармуданд: «Дар ин кор туро сарзаниш нест, эй Сумома. Ислом он чиро, ки пеш аз он буд, маҳв мекунад». Сипас, Расули Аллоҳ ﷺ ба ӯ хабар доданд, ки Худованд ба ӯ барои Исломро қабул карданаш некӣ мефиристад. Ожангҳои рӯи Сумома ҳамвор шуданд ва ӯ бо шавқ гуфт: “Қасам ба Аллоҳ, ки ман мушриконро бештар нобуд мекунам аз он ки ёрони туро куштаам! Ман худро, шамшерамро ва тамоми мардуми худро ба ту ва барои ёрии дини ту мебахшам!” Ӯ пурсид: “Эй Расули Худо! Вақте ки ман умра карданӣ будам, саворони шумо маро асир гирифтанд. Ба фикри шумо, чӣ кор кунам?», Паёмбар (с) дар ин бора фармуданд: «Умраатро давом бидеҳ, вале дар доираи шариати Аллоҳ ва Расулаш». Сипас Паёмбар ﷺ ба ӯ рукнҳои лозимиро омӯхтанд. Сумома ба хонаи Аллоҳ– Каъба расидан замон, ки максадаш буд, истод ва бо овози баланд эълон кард:
«Ана, ман дар пеши Ту ҳастам, эй Аллоҳ! Ана, ман дар пеши ту ҳастам! Инак, ман пеши ту ҳастам ва ту шарике надорӣ! Ана, ман дар пеши ту ҳастам! Ба дурустӣ, ҳамду сано аз они Ту, раҳмату қудрат аз они Туст! Ва ту шарике надорӣ».
Ин шахс дар рӯи замин аввалин мусалмоне буд, ки вориди сарзамини муқаддаси Макка шуд ва сухани талбияро ба забон овард. Қурайшҳо бо шунидани талбия ба изтироб афтода, хашмгин гаштанд. Онҳо шамшерҳоро аз ғилофхо дурахшонида ба сӯи садо шитофтанд, то бо касоне, ки ба манзили онҳо ҷуръати ҳамла мубориза баранд.
Вақте ки одамон ба Сумома наздик шуданд, ӯ бо ифтихор ба онҳо нигоҳ карда, талбияро боз ҳам баландтар талаффуз кард. Яке аз ҷавонони Қурайш хост, ки аз камонаш ӯро тире бизанад, вале дигарон ӯро аз ин кор боздошта гуфтанд: «Вой бар ту! Оё ту медонӣ, ин кист? Охир, ин ҳокими Ямома, Сумома ибни Усал аст. Савганд ба Аллоҳ! Агар ба ў зиён расонӣ, қавмаш аз ғизои мо даст мекашанд ва мо аз гуруснагӣ мемирем». Мардум шамшерҳои худро ғилоф карда, ба назди Сумома омаданд ва пурсиданд: «Эй Сумама,ба ту чӣ шуд, ки ба кӯдакӣ афтодаӣ, имони худро — имони падаронатро тарк кардаӣ?” Дар ҷавоб Сумама гуфт: «Ман ба кўдакӣ наафтодаам, вале беҳтарин динро пазируфтам. Ман пайрави дини Муҳаммад ﷺ шудам». Сипас идома дод: “Савганд ба Парвардигори ин хона! Пас аз бозгашти ман ба Ямома, шумо аз он ҷо як дона гандум ва дигар чизи фоидаовари онро нахоҳед гирифт, то он даме ки ҳамаатон пайрави Муҳаммад ﷺ нагардед!” Баъдан, Сумома ибни Усал дар пеши назари Қурайш айнан ҳамон гунае, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд, умра кард, қурбониро на ба номи бутҳо, балки ба номи Аллоҳ забҳ кард, сипас, ба сарзамини худ баргашт. Ба он ҷо расида, ў ба мардумаш фармон дод, ки интиқоли ғизоро барои Қурайш қатъ кунанд. Мардум фармони ӯро иҷро карданд ва неъматҳои Ямома ба сокинони Макка омаданро бас кард.
Оҳиста-оҳиста муҳосираи иқтисодии Қурайш, ки аз ҷониби Сумома таъсис дода шуда буд, торафт шадидтар шуд. Дар натиҷа, нархҳо боло рафтан гирифт, мардум ба гуруснагӣ ва ноумедӣ афтоданд. Бисёриҳо сахт метарсиданд, ки аз гуруснагӣ намиранд. Дар ин вазъият ба Расули Аллоҳ ﷺ чунин паёме фиристоданд: «Мо ба ту ваъда додем, ки робитаи хешутаборӣ нигоҳ медорем ва туро ба он ташвиқ мекунем, вале ту пайванди хешовандии моро канда, падаронамонро бо шамшер куштӣ ва кӯдаконро бо гуруснагӣ ҳалок кардӣ. Зиёда аз ин, Сумома ибни Усал ба мо фиристодани озуқаро қатъ намуд, ки ин ба мо зарари калон расонид. Агар ту имкони ба ў навистанро дошта бошӣ, ба ӯ бинавис, то ки таъминоти чизҳои заруриро дубора оғоз кунад.” Расули Худо ﷺ ба Сумома навиштанд, ки захираи ғизоро дубора барқарор кунад. Сумома ин дастурро иҷро кард.
Тамоми умр Сумома ибни Усал ба дини худ вафодор ва ба Паёмбар ﷺ содиқ монд. Вақте,ки Паёмбари Аллоҳ ﷺ ба он дунё реҳлат карданд арабҳо як як ва гурӯҳ гурӯҳ ба тарки дини Аллоҳ шурӯъ карданд. Чун паёмбари дурӯғин бо ном Мусайлама аз қабилаи Бани Ҳанифа ононро ба имон овардан ба худ даъват кард, Сумома садди роҳи ӯ шуд. Ӯ бо суханони зерин ба қавми худ муроҷиат кард: «Эй қавми Бани Ҳанифа! Аз ин торикӣ ҳазар кунед, зеро дар он равшанӣ нест. Савганд ба Аллоҳи азза ва ҷалла Аллоҳ Таъоло бар касоне аз шумо ки пайрави паёмбари дуруғин мешаванд, мусибати бузурге мефиристад ва санҷише барои касоне ки пайрави намекунанд.» Ӯ боз гуфт: “Эй қавми Бани Ҳанифа! Дар як замон ду паёмбар буда наметавонад. Муҳаммад ﷺ паёмбари Аллоҳ ва пас аз ў паёмбаре нест ва бо Ӯ паёмбаре нест. Сипас барояшон ин суханро хонд:
غَافِرِ ٱلذَّنۢبِ وَقَابِلِ ٱلتَّوْبِ شَدِيدِ ٱلْعِقَابِ ذِى ٱلطَّوْلِۖ لَآ إِلَـٰهَ إِلَّا هُوَۖ إِلَيْهِ ٱلْمَصِيرُ
“Бахшояндаи гуноҳ, пазирандаи тавба, сахтуқубат, соҳиби ниъам ( неъматҳо). Ҳеҷ Худое ғайри Ӯ нест. Бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст.» (40:3).”
Баъдан Сумома гуфт: “Оё ин сухане, ки Мусайлама мегуяд, сухани Худо буда метавонад: “Эй курбоққаи пок, оби нӯшокиро вайрон намекунӣ ва обро лой ҳам намекуни?” Пас аз он, Сумома бо аҳли қавми худ ки ба Ислом содиқ монда буданд, муттаҳид шуда ба номи Аллоҳ ва ба хотири баланд бардоштани каломи Ӯ дар рӯи замин бо муртадҳо ҷиҳод карданро сар кард.
Аллоҳи мутаъол Сумома ибни Усолро барои садоқаташ ба Ислом ва ҳам ба мусалмонон бо некӣ подош диҳад ва биҳишташро, ки ба парҳезгорон ваъда шудааст, насиб гардонад!