Созишномаи «CEDAW» бо истифода аз ҳукумати лӯхтак, ба муқобили қонунҳои ислом ҷанг эълон мекунад
Дар семинари «Маншури Араб оид ба ҳуқуқи инсон», вазири корҳои хоричии Судон Алй Ас-Содиқ тасдиқ намуд, ки кӯшишҳо барои тасдиқи созишномаи «CEDAW» идома доранд.
Ӯ изҳор намуд, ки Судон барои мутобиқ кардани қонунгузории миллӣ бо созишномаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки кишвар узви он шудааст, талошҳои зиёде дорад.
Бинобар ин, намояндаи расмии Ҳизби Таҳрир дар Судон изҳорот дод:
“Созишномаи аз байн бурдани ҳама шаклҳои поймолшавии ҳуқуқи занон (CEDAW) ҳарчанд ҷонибдорони ин созишнома бо шиорҳои бардурӯғ худро пӯшонанд ҳам, он хилофи табиати инсонӣ, хилофи Ислом ва назари он ба занон мебошад. Исроркунии ҳукумати Судон дар иҷрои ин созишнома аз тобеияти он ба Ғарб шаҳодат медиҳад. Ҳадафи созишномаи CEDAW дур кардани мусалмонон аз дин ва таҳмили дидгоҳи дунявӣ аст ба хусус дар бахши иҷтимоӣ. Моддаҳои ин созишнома хилофи Ислом буда, бо он ҷанг эълон мекунад, онҳо барои фосид кардани зани мусалмон ва маҷбур кардани тарки меъёрҳои шариат пешбинӣ шудаанд.
Ислом тафовути байни марду занро муқаррар кардааст, онҳо низ ба радди ин ва муқаррар кардани баробарии мутлақ байни марду зан даъват мекунанд. Эй мусалмонон, шумо воқеияти ин созишнома ва оқибатҳои онро дарк кардаед. Шумо бояд ба қонунҳои шариат пойбанд шуда, ба ин созишномаи фасод муқобилат кунед. Шумо бояд нақшаҳои Ғарб ва тамаъҷӯёни онро аз миёни ҳокимонатон, ки ба шумо ҳаёт намебахшанд, шикаст диҳед.
Эй мусалмонон, бидонед, ки иззат ва бузургӣ танҳо бо қонунҳои Ислом, ки Хилофати Рошида онро амалӣ мегардонад, ба даст меояд. Онгоҳ Давлати Исломӣ он чиро, ки фарҳанги Ғарб фосид кардааст, ислоҳ мекунад, гузашта аз ин, инсонро ба фитрати худ бармегардонад».
Аз силсила хабарҳои рӯзномаи «Ар-Роя» №406
4 Сафари соли 1444 ҳ.