Сухани охирин нисбати зан ва  мавқеъи ӯ дар  ҷомеа аз они Ислом мебошад

izb-tojikiston.info izb-tojikiston.info

Сухани охирин нисбати зан ва  мавқеъи ӯ дар  ҷомеа аз они Ислом мебошад

بسم الله الرحمن الرحيم

 

Доктор Иёд Қунайбӣ мегӯяд: «Вақте ту  розӣ мешавӣ, ки дар дини ту баъзе холигиҳо вуҷуд доранд, нисфи ҷангро бой додаӣ, аммо вақте кӯшиш мекунӣ, ки ягон чизеро аз динат барои меъёрҳои душманат мувофиқат карданаш сафед мекунӣ, пас ту қисми дуюми ҷангро бой додаӣ».

«Як қошуқ қатрон дар зарфи асал» — зарбулмасали маъруф, ки онро тақрибан ҳама ҳангоми ҳарф задан дар бораи корҳои сиёсӣ ё душмании Ғарб бо Ислом иқтибос меоранд. Истилоҳот ва меъёрҳо бошанд, вобаста аз он ки кӣ  сухан мекунад ва  дар куҷо сухан мекунад,  тағйир меёбанд. Аммо он чизе, ки маро ба навиштани ин мақола водор намуд — аксе буд, ки як шабакаи телевизионии арабӣ дар саҳифаи Фейсбукии худ зери сарлавҳаи зерин интишор кардааст: «Ба андозаи кафи даст… зани ҷавони бритониёӣ хурдтарин тифли бармаҳалро дар кишвар таваллуд мекунад».

Бисёриҳо ин хабарро пай намебаранд, зеро халқҳо таҳқир, нодорӣ, ҷангҳо ва бесарпаноҳиро аз сар гузарониданд, ҳокимон бошанд онҳоро бо меҳнати сангин хаста мекунанд, то ки мардум ризқу рӯзиашонро кор карда  тавонанд. Онҳо ба зани бритоние, ки таваллуд кардааст, чӣ кор доранд?! Оё мусалмонҳоеро, ки кушта мешаванд, бармаҳал будан ё набудани тифли навзод ба ташвиш меорад?

Хонанда ба ин гуна хабарҳо эътибор надода мегузараду ба заҳре, ки ӯро бо он заҳролуд мекунанд, аҳамият намедиҳад: духтари ҷавон фарзанди ғайриникоҳӣ таваллуд мекунад. Агар Ғарб шабу рӯз заҳри худро дар мамлакатҳои мо ва дар байни фарзандони мо паҳн намесохт, ин ба мо дахл намедошт. Ба мо дахл намедошт, ки духтари аврупоӣ аз зино таваллуд мекунад, агар давлатҳои куфр издивоҷи бармаҳалро маҳкум намекарданд ва онро шарманда намесохтанд. Илова бар ин, онҳо ҳатто барои ҷиноӣ кардани он дар кишварҳои мусалмонӣ кор мебаранд, мехоҳанд, ки фасод ва бадахлоқиро паҳн кунанд ва Конвенсияи CEDAW (https://www.un.org/ru/documents/decl_conv/conventions/cedaw.shtml) — мисоли равшан ба он аст.

Тафаккури ғарбӣ, ки аз мафкураи капиталистӣ баромада меояд, бешармона чунин меҳисобад, ки лаззатҳои нафсонӣ ҳадаф аст ва ба даст овардани бештари онҳо роҳ ба сӯи хушбахтӣ мебошад, аз ин рӯ, барои Ғарб ҳаёти охират аҳамият надорад. Фард ҳама чиз аст, майл ва хоҳишҳои ӯ он аст, ки инсонро ба ҳаракат медарорад, амалҳо ва рафторҳои ӯро идора мекунад. Агар вай зино кардан, дуздӣ кардан ё куштор содир намудан хоҳад, ба ҷуз тарси ҷазо ӯро дигар чизе бознамедорад ва агар қонунро фиреб дода тавонад, пас ҳеҷ чиз ба кори дилхостааш халал расонда наметавонад, бинобар ин дар ҷамъияти капиталистӣ зарбулмасали «қонун аблаҳонро муҳофизат намекунад» маъмул истифода мешавад.

Дар ҷомеаи капиталистӣ фаҳш ҳукмронӣ мекунад, дар он одам падарашро намешиносад. Ин бар хилофи ҷомеаи мусалмонӣ, аст ки бо покизагии худ, нигоҳдории насл  ва ҳифзи номус маъруф аст. Дар Ислом зан  шарафест, ки эҳтиёт намуда, бо қимати ҷон  муҳофизат карда мешавад.

Вақте мегӯянд, ки зани мусалмон пеш аз ҳама модар ва зани хонашин аст, инчунин шарафест, ки бояд нигаҳ дошта шавад, дунявиҳо ва  мардуми  Ғарб дар умум мушавваш мегарданд. Аҷиб ин аст, бештар аз 60%-и таваллудшавии одамон аз зино мебошад ва онҳо дар ин ягон чизи бадро намеёбанд. Ба масъалаи он ки зан дар Ислом шараф аст, онҳо танҳо аз нуқтаи назари будан ё набудани бакорат назар мекунанд. Бо варақзании ин мавзӯъҳо онҳо  ба дини мубини Ислом бо тамоми такаббуриву беҳаёӣ ҳамла мекунанд. Дар натиҷаи ин ҳама конфронсҳо, семинарҳо ва анҷуманҳои онҳо бо мавзӯъҳое чун хатна, пардаи бокирагӣ, исқоти ҳамл ва издивоҷи бармаҳал фаро гирифта шуда, мутмаинанд, ки номус, ба фаҳмишоти онҳо ин ҷанбаи сексуалист. Чуноне ки мегӯянд, зарф бӯи дар дарунаш бударо мебарорад.

Ислом – ин дини покӣ аст ва он мафкураи дуруст ва ҳақиқат мебошад, ки ҳам ба мард ва ҳам ба зан ҳаққи эҳтироми бенуқсон мегузорад.  Ҳангоме ки мо ҳамлаи сармоядоронро ба ҳукмҳои Шариат мебинем, мо қонунҳои дини худро аз дидгоҳи меъёрҳои пазируфташудаи кофирон сафед намуда, мавқеъи дифоъӣ намегирем, балки баръакс, ба ин ҳамлаҳо нисбати ҳақиқат, ҳамчун ба муносибати шармандаовар, нафратангез ва нангин менигарем.

Ман ба ҷасорати одамоне, ки  занони худро аз ҳар гуна бадиҳо муҳофизат карда натавонистаанд, ҳайронам. Мувофиқи паёме, ки Макрон ба наздикӣ дар саҳифаи «Twitter»-и худ нашр намуд занони фаронсавӣ дигар дар нақлиёти ҷамъиятӣ худро мутмаин ҳис намекунанд. Ман  чунин изҳоротҳои бешармонаи  онҳоеро маҳкум менамоям, ки занони худро ба намоиш гузоштанд. Занҳоро ба вазъияте оварда расонданд, ки онҳоро ба хӯроки сари дастархон пешкаш кардан мумкинбуда, табдил доданд. Ин одамон то ҷое дур даромада рафтанд, ки ба аҳкоми Ислом ва пиндорҳои номус ва рашк дар миёни мусалмонон дармеафтанд! Мо ин низомро, ки асоси тамоми бадбахтиҳову бемориҳост ва ҳузури он дар ҳукумат боиси ранҷу азоби одамон мегардад, фош менамоем.

Мабдаъи онҳо Ваҳйи осмониро инкор мекунад ва аҳли он аз гуноҳҳои худ фахр мекунанд. Аз ин лиҳоз онҳо чизеро таъсис доданд, ки  барои ҷомеа дуруст нест, балки он танҳо нафсу хоҳишҳояшонро қонеъ мегардонад. Қонунҳоеро қабул мекунанд, ки табиати онҳоро нигоҳ намедорад, балки танҳо ба нафси онҳо мувофиқ меояд. Пас, дар зиёд будани исқоти ҳамл, таваллуди валади  зино ва ё пуршавии хонаи пиронсолон, ки фарзандонашон аз волидони худ рӯй гардондаанд, ягон бадие нест. Модар кӯдаки худро фақат барои он ки вай ӯро нороҳат мекунад ва бо гиря ё ниёзҳои худ рӯзашро тира мегардонад, ба партовгоҳ партофт, чуноне ки ин ҳодиса дар Ню-Мексикои Амрико бо як зани 18-сола  дар санаи ҳафтуми ҳамин моҳ рӯй дод.

Вақте ки манфиатҳои фардӣ асоси идея мешаваду  арзишҳои моддӣ асоси зеҳнӣ мегарданд, тааҷҷубовар нест, ки табиати ҷамъият  аз сар ба по тоб мехӯрад. Аммо вақте қиёдати фикрӣ бар пояи устувор ва қавӣ бунёд мешавад, чи хеле ки Ваҳӣ аз ҷониби Аллоҳи Таъоло чунин аст,  он гоҳ шумо ҷомеаи дар фикрҳояш покиза  ва хеле инкишоёфтаро дармеёбед. Ҳам мард ва ҳам зан дар ин ҷомеъа барои бунёди он ва дар рушду нумӯъ нигах доштани ин ҷомеъа гардиш мекунанд ва ҳар яки онҳо  ба ҳамдигар кӯмак намуда, нақши ба зимааш гузошташударо иҷро мекунад ва дар ҳамоҳангиву якдигарфаҳмӣ ва покизагӣ  умр ба сар мебаранд.

Ҳар кас дар ҷойи худ мебошад, аз ин рӯ зан аз рӯзи таваллудаш бо меҳрубонӣ, ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи падар, модар, бародарон ва ҳатто амакҳову тағоиҳо фаро гирифта мешавад. Мақоми ӯ ба мақоми шаҳзодаҳо монанд аст ва ин дар он зоҳир мешавад, ки чӣ гуна ба ӯ ғамхорӣ мекарданд ва хавотир мешуданд, ки мабодо бо ӯ ягон бадие рӯй надиҳад. Дидан мумкин аст, ки чӣ хел аз кӯдакиаш  нисбати ӯ ғамхорӣ мекунанд. Падараш барои таъмини зиндагии шоистае, ки  қалби ӯро шод менамояд тамоми кори аз дасташ меомадаро мекунад ва ӯ дар байни хешу табор ва ёру дӯстон чунон зиндагии пур аз оромӣ ва меҳру муҳаббатро ба сар мебарад, ки  касе ӯро бо сухане хафа намекунад. Ва ҳатто онҳое, ки тарбияи кофӣ надоранд ҳеҷ гоҳ нисбати ӯ, ҳатто бо як калима, аз ҳад намегузаранд, зеро медонанд, ки ҳатто сӯҳбат бо зани бегона аз ҷониби Аллоҳи Таъоло ҳаром карда шудааст. Аллоҳ ӯро  гавҳари муҳофизатшаванда гардонид ва таъмин намудани ӯро воҷиб намуд, то зиндагии сазовор дошта бошад ва инчунин ба изҳори меҳрубонӣ ва ғамхорӣ амр намуд. Ин ҳама вазифаҳо бар дӯши мардҳо гузошта шудааст ва онҳо барои ин дар назди Парвардигори оламиён ҷавоб медиҳанд.

Аз тарафи дигар, ба дӯши зан яке аз мураккабтарин ва нозуктарин вазифаҳои дунё – бунёди оила ва назорати корҳои он вогузор шудааст. Дар ҳадиси Расули Аллоҳ   дар ин маврид равшан омадааст, ки зан дар хонаи шавҳараш чӯпон ва  барои рамаи худ — аъзои хонаводааш масъул мебошад. Аммо фарқи байни чаронидан ва нигоҳубин – хеле калон аст!

Капиталист асоси идеологиаш тарғиб менамояд, ки ба ғайр аз қимати моддӣ дигар қимате нест. Ӯ чунин мепиндорад, ки чӯпон мехӯронаду менӯшонад, бинобар ин ақли ӯ чунин фарёд мезанад: модар ва зани хонашин хор ҳастанд, зеро онҳо кор намекунанд ва барои хидматҳои худ маош намегиранд! Агар капитализм бо чашми ақл ба хонаҳои сокинони Ғарб менигарист ва медид, ки чӣ гуна аз сабаби густариш ёфтани барҳамхӯрии оила ва фарорасии пирӣ ҳайвонот аъзои расмии оила мешаванд, ӯ ба ҷои дар бораи чизи намедонистааш  ҳарф задан, хомӯш мешуд. Дар хусуси мусалмон бошад, ӯ бисёр  хуб дарк мекунад, ки нақши модар — волотарин мақомест, ки зан метавонад ба он ноил гардад. Нақши  ӯ  ба нақши саҳобагон дар ҷанги Уҳуд хеле шабоҳат дорад, зеро ӯ  бе мубориза дар ҷиҳод қарор дорад ва дар чунин ҳолат, ки агар онро вогузорад, пас пушти Уммат беҳимоя монда,  мусалмонҳо дар набард бо душманашон мағлуб мешаванд. Шумо мусулмонзанеро меёбед, ки ба Парвардигори худ вафодор ва дар иҷрои вазифаи худ устувор мебошад.  Ва шумо марди мусалмонеро хоҳед ёфт, ки модар, хоҳар ва духтарашро азизу гиромӣ дошта, онҳоро дастгирӣ менамояд. Онҳо дар итоат намудан ба Аллоҳ ва иҷрои вазифаи ноибӣ дар рӯи замин ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд. Шумо зани муслимаро дар ҳоле намеёбед, ки фарзандашро ба партов ҳаво медиҳад, балки ӯ модари солеҳа ва некӯкор аст ва ин чизест, ки бо қалам тасвир кардан номумкин мебошад.

Чунин муносибати хирадмандона ба масъалаи мардону занон, ки ҳар кадомашон аз рӯи табиат, имконият, қобилияташон дар ҷойи худ қарор доранд, ба вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда мувофиқ аст. Ва ин ба ҳар як ҷониб имкон медиҳад, ки дар бунёди оила, ки аввалин воҳид (ячейка)-и ҷомеа ба шумор меравад, ки дар он саломатии ин оила ба саломатӣ ва рушди тамоми ҷомеа таъсир мерасонад, нақши босифат дошта бошад. Ин қонуни хирадмандона, ки бо он Ислом вазоифи  мард ва занро ҷудо намуд, имрӯз барои башарият бениҳоят зарур аст, то онро ба табиате, ки Аллоҳ инсонро бо он офаридааст, баргардонад. Он гоҳ занҳо  зиндагии муқаррарӣ ва шукуфони худро дар ҳайъати ҷомеъае, ки созанда асту на харобкор, ҷомеъае ки ҳаргиз вайрон намешавад бармегардонанд. Ҷомеъае, ки дар он зан на рақиби мард, балки барои ӯ хоҳар аст, зан қисми баробари мард нест,  вале қурбонии хоҳишҳои шаҳвонии ӯ низ  намебошад.

Чунин  сарҳадгузорӣ ва  зиндагии сазоворро на занҳо ва на   башарият бидуни давлате, ки Исломро дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ ба таври комил бо шафқат, адолат ва саҳеҳии ба қонунҳояш хос татбиқ мекунад, ноил намегарданд. Бе Хилофат занҳо хушбахт намешаванд ва инсоният бошад, оромӣ намеёбад.

 

وَلَقَدْ أَنزَلْنَا إِلَيْكَ آيَاتٍ بَيِّنَاتٍ وَمَا يَكْفُرُ بِهَا إِلاَّ الْفَاسِقُونَ

«Мо бар ту нишонаҳои равшан нозил кардем ва ба онҳо фақат фосиқон имон намеоваранд» [2:99].

Газетаи «Ар-роя»

Баён Ҷамол

02.02.2022

 

 

 

 

 

 

 

 

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads