Шаъну шарафи инсон танҳо дар Ислом ҳифз мегардад.
23.01.22
Шавкат Мирзиёев дар табрики солинавии худ ба халқ пешниҳод кард, ки соли 2022 соли таъмини манфаатҳо ва рушди маҳаллаҳо эълон карда шавад.
«Дар ин бобат маҳалла, пояи ҷомеаи мо аҳамияти ҳалкунанда дорад», — гуфт Мирзиёев.
«Дарвоқеъ, оромии маҳалла сулҳи тамоми кишвар аст», — афзуд ӯ.
Дар навбати худ дафтари иттилооти Ҳизб-ут-Таҳрир дар Ӯзбекистон як изҳороти матбуотӣ пахш кард, ки дар он омадааст: “Яке аз хатарноктарин навъҳои таҷовуз аз ҷониби мустамликадорон қасдан додани шиорҳои бардурӯғ ба мисли “ислоҳот”, “тағйирот” ва “рушд” мебошад. ». Мирзиёев, ки ҷонишини Каримови золим шуд, бо ҳамин роҳ идома дорад».
Дар ин баёния ҳамчунин таъкид шудааст: “Ҳоло дар шароити низоми куфр ва дар шароити капитализм мардуми Ӯзбекистон аз набудани газу барқ ях мекунанд. Ва агар мардум ба ин беадолатӣ эътироз кунанд, аз сӯи нерӯҳои амниятӣ таҳдид мекунанд. Бо вуҷуди ин, Мирзиёев шарм накарда, мегўяд: «Мо тамоми қувваю имкониятҳоро сафарбар мекунем, то зиндагии мардумамон боз ҳам ободтар гардад». Гӯё мардуми Ӯзбекистон зиндагии обод дорад! Дарвоқеъ, манфиати ҳар як мусалмон ва ҳар як инсон воқеан танҳо дар Ислом, ки дини раҳмати ҷаҳониён аст ҳифз карда мешавад. То сохти куфри мустамликадорон ва ҳокимони лӯхтак сарнагун нашавад ва то низоми ислом дар Хилофати солеҳ барқарор нашавад, шаъну шарафи инсон ҳифз намешавад ва таҳқир танҳо идома хоҳад дошт.
Дар поёни ин баёния омадааст: “Агар мусалмонон бихоҳанд, ки бо обрӯи худ зиндагӣ кунанд, бояд ба фаъолони Ҳизби Таҳрир дасти ёрӣ дароз кунанд, то Хилофати Рошидаю солеҳро бунёд кунанд. Он гоҳ онҳо боз ҷои беҳтарини ҷамъиятро ишғол мекунанд, ки баҳри нафъи инсоният тарбия ёфтаанд. Танҳо дар он сурат одам ҳақиқатан ҳифзи шаъну шарафро ҳис мекунад.
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
01/12/2022