بِسْمِ اللهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيم
Дар тӯли ҳаёти хеш, инсон бо фикрҳои гуногун вомехӯрад. Бо вуҷуди бисёр будан, онҳо мухталиф мебошанд. Дар миёни онҳо дуруст, нодуруст, ба дуруст монанд, аммо дар асл хато будаҳо низ вуҷуд доранд. Хуб, чӣ гуна метавон онҳоро аз якдигар ҷудо кард? Барои ҷудо карда тавонистани фикри дуруст ва нодуруст, инсон бояд аввало асоси фикрронии дурустро биомӯзад. Ин асос ақида мебошад. Бо соҳиб шудан ба ин гуна фикрронӣ, инсон фикрҳои ба муқобилаш баромадаро аз якдигар ҷудо карда, дуруст ва ё нодуруст будани онҳоро фаҳмида метавонад.
Дар робита ба ин, як ҳолати оддии воқеиро меорем. Масалан, шумо барои харидани биринҷ ба бозор баромадед. Агар шумо дар бораи биринҷ маълумоти пурра дошта бошед, яъне пеш аз пухта шудани он хуб ё бад будани онро ҷудо карда тавонед, пас шумо мустақилона биринҷро интихоб карда метавонед. Бинобар доштани маълумоти дуруст дар бораи биринҷ, ҳангоми хариди он шумо маълумоти бозорро бо маълумоти мавҷудаи худ муқоиса карда, биринҷи беҳтарро мегиред. Дар акси ҳол, шумо ба таърифи ҳар як савдогар бовар карда, бехабар аз сифати биринҷ ба хариди он маҷбур мешавед. Зеро, шумо барои тафтиши биринҷ маълумот надоред. Табиист, ки аз сабаби надоштани маълумоти дуруст дар бораи биринҷ, интихоб кардани он низ ба шумо душвор мегардад. Дар ҳаёт бисёр вақт дучори ҳамин гуна ҳолатҳо мешавем.
Ҳолати ҷудокунии фикри дуруст ва нодуруст дар инсон, ба ҳолати дар боло зикршуда монанд аст. Агар дар инсон шакли дурусти фикрронӣ яъне ақидаи дуруст муҷассам гашта бошад, дар ӯ имконияти муқоисаи фикрҳои гуногун бо фикри худ пайдо мешавад. Барои аниқ кардани дурустӣ ё нодурустии як фикри муайян, ӯро бо фикри мавҷудаи худ муқоиса менамояд. Агар он дуруст бошад онро қабул менамояд ва агар нодуруст бошад, рад мекунад. Манбаи фикрҳои шахс, ақидаи дар боло зикршуда аст. Ин ақида тарозуест, ки фикрҳои нав ба навро дар асоси дурустӣ ва нодурустӣ ҷудо мекунад. Ҳангоме, инсон соҳиби ингуна тарозу бошад, ӯ фикрҳоро интихоб карда бо лафзи дигар гӯем, аз филтр гузаронда қабул мекунад. Ҳаргуна фикрҳои пеш омадаро қабул карда, ба он кӯркӯрона пайравӣ наменамояд.
Агар баракси он, дар инсон шакли дурусти фикрронӣ дар асоси ақидаи дуруст муҷассам нашуда бошад, фикрҳои дурустро аз нодуруст ҷудо карда наметавонад. Зеро ӯ соҳиби фикри раҳнамое, ки дигар фикрҳоро аз якдигар мекунад, нест. Яъне, имкон надорад, ки фикрҳои дигарро бо фикри асосӣ муқоиса намояд. Дар натиҷа, ӯ дуруст ва ё нодуруст будани фикрҳоро намефаҳмад ва ҳаргуна фикрҳои нодурусти бо он вохӯрдаро қабул карда, ба он пайравӣ менамояд.
Ақидаи дурусте, ки зикр кардем ақидаи Ислом аст. Бо фикр кардан дар асоси ҳамин Ақида, инсон дурустро аз хато, ҳақиқатро аз дурӯғ ва ҳақро аз ботил ҷудо карда метавонад. Дар ҳаёт аз роҳи рост набаромада, дар ин роҳ собитқадам мегардад. Тарзи зиндагониашро муназзам карда, хушбахтона зиндагонӣ мекунад.
Дафтари матбуотии Ҳизби Таҳрир дар Ӯзбекистон. Фаррух
08.06.2019c