Сеюмин Халифаи одил Усмон ибни Аффон

Сеюмин Халифаи одил Усмон ибни Аффон

Усмон яке аз сездаҳумин инсоне,  ки дар вақти зинда буданаш башорати Биҳишт дода шуд ва панҷумин дар миёни нафароне, ки аввалин шуда Исломро қабул кард, шашумин касе, ки Паёмбари Аллоҳ ﷺ то охири умрашон рози буданд, ва сеюмин Халифаи Одил.

Ин саҳобаи шарафманд пеш аз соли Фил (мувофиқи андешаи дуруст) таваллуд шуд. Усмон пеш аз оне, ки Паёмбари Аллоҳ ﷺ ба зиёрати хонаи Ал Арқама шурӯъ карданд, Исломро қабул кард. Дар замони қабули Ислом Усмон сӣ сол дошт. Шахсе, ки ўро ба Ислом даъват кард, Абубакр буд, ки ба сўи ў рў оварда гуфт: «Вой бар ту эй Усмон! Савганд ба Аллоҳ, ту шахси оқил ҳасти, ки ҳақро аз ботил фарқ мекунӣ. Ин бутҳо, ки мардуми мо онҳоро мепарастанд, магар сангҳои кӯр нестанд, ки на зиён доранду на фоида?», дар ҷавоб Усмон гуфт: «Савганд ба Аллоҳ, ҳамин тавр аст!». Сипас Абубакр гуфт: «Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ҳаст, ки Худованд ўро бо паёми худ ба тамоми махлуқот фиристодааст. Метавонӣ ба наздашон бирави ва ба он чӣ мегӯянд, бишнавӣ?», дар ҷавоб Усмон гуфт: «Бале!». Дар ин лаҳза аз наздашон Паёмбари Аллоҳ ﷺ мегузаштанд ба Усмон рӯ оварда гуфтанд

 

يَا عُثْمَانُ أَجِبِ اللهَ إِلَى جَنَّتِهِ فَإِنِّي رَسُولُ اللهِ إِلَيْكَ وَإِلَى جَمِيعِ خَلْقِهِ

«Эй Усмон! Ба даъвати Аллох барои дохил шудан ба биҳишт ҷавоб деҳ. Ман аз ҷониби Аллоҳ ба ҳамаи махлуқоташ фиристода шудаам», дар ҷавоб Усмон гуфт: «Савганд ба Аллоҳ! Суханони ӯро шунида натавонистам Исломро қабул накунам. Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуде шоистаи ибодат ҷуз Аллоҳ нест, ки шарике надорад ва Муҳаммад бандаи Аллоҳ ва расули Ӯст.

Усмон одами ҳалим, саховатманд ва пазириш буд, мардум ба сӯяш мешитофтанд, инсони парҳезгору хоксор, фармонбардори Парвардигораш буд. Усмон хислатҳои беҳтаринро бо худ дошт, ҳалими, бошараф, боҳаё, бофазилат. … Ривоят мешавад, ки Усмон ба Талҳа ибни Убайдуллоҳ 50 ҳазор динор қарз додааст. Ва ба гунае Талҳа гуфт: «Он қарзе, ки аз ту доштам, омода аст, бигир». Усмон дар ҷавоб гуфт. “Эй Абу Муҳаммад бигзор ин ба ту ҳамчун кумак монад,  барои баодобият». Ривоят мешавад, ки Паёмбар ﷺ фармудаанд

أَصْدَقُ أَمَّتِي حَيَاءً عُثْمَاُن بْنُ عَفَّانَ

Боҳаётарин аз Уммати ман ин Усмон ибни Аффон аст. Аз Оиша ривоят аст:

قَالَتْ كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مُضْطَجِعًا فِي بَيْتِي كَاشِفًا عَنْ فَخِذَيْهِ أَوْ سَاقَيْهِ فَاسْتَأْذَنَ أَبُو بَكْرٍ فَأَذِنَ لَهُ وَهُوَ عَلَى تِلْكَ الْحَالِ فَتَحَدَّثَ ثُمَّ اسْتَأْذَنَ عُمَرُ فَأَذِنَ لَهُ وَهُوَ كَذَلِكَ فَتَحَدَّثَ ثُمَّ اسْتَأْذَنَ عُثْمَانُ فَجَلَسَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَسَوَّى ثِيَابَهُ

«Рӯзе, Расули Аллоҳ   дар хонаи ман бо ронҳо ё шонаҳои кушода хобида буданд, Абубакр  омад ва барои дохил шудан иҷозат хост ва ӯро иҷозат доданд. Аммо Паёмбар мавқеъашонро дигар накарданд, балки бо ў сўҳбат карданд. Сипас Умар омад ва низ барои дохил шудан иҷозат пурсид ва ба ў иҷозат дода шуд, дар ҳоле ки Паёмбар мавқеъашонро тағйир надоданд, балки бо ў сӯҳбат кардан гирифтанд. Пас Усмон низ омад ва барои дохил шудан иҷозат пурсид. Танҳо дар ҳамин лаҳза Паёмбар   нишаста либосҳояшонро дуруст карданд. Усмон ворид шуд ва онҳо сӯҳбат карданд». Муҳаммад (яке аз фиристанда) гуфт: «Ман намегӯям, ки ин воқеа дар ҳамон рӯз рух додааст». Фиристанда давом дод:

فَدَخَلَ فَتَحَدَّثَ فَلَمَّا خَرَجَ قَالَتْ عَائِشَةُ دَخَلَ أَبُو بَكْرٍ فَلَمْ تَهْتَشَّ لَهُ وَلَمْ تُبَالِهِ ثُمَّ دَخَلَ عُمَرُ فَلَمْ تَهْتَشَّ لَهُ وَلَمْ تُبَالِهِ ثُمَّ دَخَلَ عُثْمَانُ فَجَلَسْتَ وَسَوَّيْتَ ثِيَابَكَ فَقَالَ‏ أَلاَ أَسْتَحِي مِنْ رَجُلٍ تَسْتَحِي مِنْهُ الْمَلاَئِكَةُ

Пас аз рафтанаш Оиша пурсид: Вақте ки Абубакр ворид шуд, ӯро истиқбол накардед ва ба ин кор аҳамият надодед. Вақте ки Умар ворид шуд, ӯро низ истиқбол накардед ва ба ин аҳамият надодед. Ҳангоме ки Усмон ворид шуд, нишастед ва либосҳои худро дуруст кардед, дар ҷавоб Паёмбар  фармуданд: «Чӣ гуна аз касе, ки фариштагон аз ӯ шарм медоранд, шарм накунам?!». Усмонро бисёриҳо дӯст медоштанд, ҳатто як ҳолате буд, ки як зан дар назди фарзандаш рақс карда, ба ӯ гуфт: «Савганд ба Аллоҳи меҳрубон! Ман туро ҳамин хел дӯст медорам чӣ гунае, ки Қурайшиҳо Усмонро дӯст медоранд».

Усмон чунон мавқеъро ишғол кард, ки дараҷаи иззат ва ёриаш ба Исломро нишон медод:

Усмон ҳангоме ки Исломро пазируфт, аз тарафи амакаш Ҳакам ибни Абул Ос ибни Умайя шиканҷа ва озор дода мешуд. Ҳакам Усмонро баста гуфт: «Оё мехоҳӣ дини падаронатро ба дини нав иваз кунӣ? Қасам ба Аллоҳ, то ин ки аз ин дин берун нашавӣ, банди туро намекушоям», дар ҷавоб Усмон гуфт: «Қасам ба Аллоҳ! Ман ҳеҷ гоҳ ӯро тарк намекунам!» Ҳакам сар хам нанамудани Усмонро дида, ӯро ба ҳоли худ гузошт. Усмон аз ҷумлаи касоне буд, ки ду  маротиба ҳиҷрат кардааст: ҳиҷрат ба Ҳабашистон ва ҳиҷрат ба Мадина. Усмон молу мулки худро барои муҷаҳҳаз сохтани лашкаре, ки ба пул ниёз дошт, бахшид. Аз Абдурраҳмон ибни Хаббоб ас-Суламӣ ривоят аст:

خَطَبَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَحَثَّ عَلَى جَيْشِ الْعُسْرَةِ فَقَالَ عُثْمَانُ عَلَيَّ مِائَةُ بَعِيرٍ بِأَحْلَاسِهَا وَأَقْتَابِهَا ثُمَّ حَثَّ فَقَالَ عُثْمَانُ عَلَيَّ مِائَةٌ أُخْرَى بِأَحْلَاسِهَا وَأَقْتَابِهَا قَالَ ثُمَّ نَزَلَ مِرْقَاةً مِنَ الْمِنْبَرِ ثُمَّ حَثَّ فَقَالَ عُثْمَانُ عَلَيَّ مِائَةُ بَعِيرٍ بِأَحْلَاسِهَا وَأَقْتَابِهَا

  «Паёмбар боре ба пуштибонӣ аз лашкар даъват карданд, ки ба пул ниёз дошт. Усмон ибни Аффон гуфт: «Аз ман — сад шутур бо шумули зинҳояшон ва лавозимотҳояшПаёмбар !». боз ба пуштибонӣ аз лашкар даъват карданд. Усмон гуфт: «Аз ман — боз сад шутур, бо шумули зинҳояшон ва лавозимотҳояш!». Паёмбар аз зинаҳои минбар фаромада [ва боз] ба дастгирии аскарон даъват карданд. Усмон гуфт: «Аз ман — боз сад шутур, аз ҷумлаи  зину лавозтмотҳояшон!». Аз Абдураҳмон ибни Самура ривоят шудааст:

جَاءَ عُثْمَانُ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بِأَلْفِ دِينَارٍ حِينَ جَهَّزَ جَيْشَ الْعُسْرَةِ فَيَنْثُرُ فِي حِجْرِهِ قَالَ عَبْدُ الرَّحْمَنِ فَرَأَيْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُقَلِّبُهَا فِي حِجْرِهِ وَيَقُولُ مَا ضَرَّ عُثْمَانُ مَا عَمِلَ بَعْدَ هَذَا الْيَوْمِ مَا ضَرَّ عُثْمَانُ مَا عَمِلَ بَعْدَ هَذَا الْيَوْمِ

«Усмон бо 1000 динор ба назди Паёмбар омад, замоне, ки бо силоҳ таъминкунии ҳарбӣ омода мешуд, ки  пул лозим буд ва онҳоро ба зонуяшон рехт.» Абдураҳмон гуфт: «Ман дидам, ки Паёмбар онҳоро бо  зонуҳояшон   гардиш доданд ва гуфтанд: « Ҳар коре, ки Усмон баъд аз имрӯз анҷом диҳад, ба ӯ зиёне намерасонад! Ҳар коре, ки Усмон пас аз имрӯз анҷом диҳад, ба ӯ зиёне намерасонад! »Паёмбар ﷺ  гуфтанд:

مَنْ جَهَّزَ جَيْشَ الْعُسْرَةِ فَلَهُ الْجَنَّةُ فَجَهَّزَهُ عُثْمَانُ

«Ба касе, ки лашкареро муҷаҳҳаз кунад, ки ба пул ниёз дорад, биҳишт ваъда шудааст».

Ва Усмон ӯро муҷаҳҳаз кард. Ривоят мешавад, ки Паёмбар ﷺ дар бораи Усмон пас аз муҷаҳҳаз сохтани лашкаре, ки ба пул ниёз дошт, чунин фармуданд:

اَللَّهُمَّ أَرْضَ عَنْ عُثْمَانَ فَإِنِّي عَنْهُ رَاضٍ

«Эй Аллоҳ! Аз Усмон рози бош. Ман аз он розиям! ».

Инчунин гуфта мешавад, ки Усмон чоҳи Румро харида, ба истифодабарии тамоми мусалмонон додааст. Ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:

مَنْ يَشْتَرِي بِئْرَ رُومَةَ فَلَهُ الْجَنَّةُ

«Ҳар кӣ чоҳи Румро бихарад, биҳишт дорад!»

Усмон ин чоҳро ба 25000 дирҳам харида ба мусалмонон бахшид. Ҳамчунин, вақте Масҷид ан-Набавии Мадина дигар имкони ҷойгир кардани тамоми мусулмононро надошт, Усмон дар атрофи он замин харид, ки ин имкон дод, ки масҷид васеъ шавад. Дар замони Усмон Қуръон гирд оварда шуд, ва зиёд карда шуда, ба гӯшаву канори Давлати Исломӣ фиристода мешуд. Дар замони ҳукмронии ӯ теъдоди фатҳҳои сарзаминҳои дигар афзоиш ёфт, ки дар натиҷа сарҳади Давлати Исломӣ ба шарқу ғарб расид.

Ибодати Усмон:

Усмон Қуръонро аз забони Паёмбари Аллоҳ ﷺ омӯхт, аз ҷумлаи саҳобагоне буд, ки дар замони Паёмбари Аллоҳ ﷺ тамоми Қуръонро омӯхт. Усмон касест, ки ҳадиси зерини Паёмбар ﷺ -ро ривоят кардааст:

خَيْرُكُمْ مَن تَعَلَّمَ الْقُرْآنَ وَعَلَّمَهُ

«Беҳтарини шумо касест, ки Қуръонро меомӯзад ва ба дигарон таълим медиҳад».

Аз Мухаммад ибни Сирин ривоят шудааст: «Усмон ибни Аффон дар як шаб тамоми Куръонро дар як ракъат мехонд». Абдуллоҳ ибни Умар оятро шарҳ медиҳад:

أَمَّنۡ هُوَ قَٰنِتٌ ءَانَآءَ ٱلَّيۡلِ سَاجِدٗا وَقَآئِمٗا يَحۡذَرُ ٱلۡأٓخِرَةَ وَيَرۡجُواْ رَحۡمَةَ رَبِّهِ

«Оё он касест, ки соатҳои шабро бо фурӯтанӣ ба рӯи худ меафтад ва истода ва аз охират метарсад ва ба раҳмати Парвардигораш умед мебандад…» (39:9).

— гуфт, ки сухан дар бораи Усмон меравад. Ривоят мешавад, ки ҳамсари Усмон ҳангоми ҳамла ба хонаашон аз ҷониби мардум барои куштани Усмон ба онҳо гуфтааст: «Шумҳо ӯро мекушед ё не, савганд ба Аллоҳ, ки тамоми шабро дар як ракъат мегузаронад!». Усмонро на тиҷорат ва на ҳукуматаш аз каломи Аллоҳ парешон намекард. Аз Усмон ривоят аст, ки: «Агар қалбҳоятон пок бошад, аз каломи Аллоҳи Таъоло сер намешуд», «Намехоҳам рӯзе фаро расад, ки ба Қуръон нигоҳ накунам». «Дар дунё се чиз маро ошиқ кард: гуруснаро таъом додан, бараҳнагонро либос додан ва қироати Қуръон. Мегӯянд, ки Усмон ҳангоме ки назди қабр меистод, он қадар гирист, ки ришаш тар шуд. Боре аз ӯ пурсиданд: «Вақте ки мо дар бораи биҳишт ё ҷаҳаннам сӯҳбат мекунем, шумо гиря намекунед! Чаро аз ин гиря мекунӣ?» Гуфт: «Аз Паёмбари Аллоҳ ﷺ шунидам, ки мефармуданд:

إِنَّ الْقَبْرَ أَوَّلُ مَنَازِلِ الْآخِرَةِ فَإِنْ نَجَا مِنْهُ فَمَا بَعْدَهُ أَيْسَرُ مِنْهُ وَإِنْ لَمْ يَنْجُ مِنْهُ فَمَا بَعْدَهُ أَشَدُّ

«Қабр аввалин манзили охират аст ва агар инсон аз он наҷот ёбад, ҳама коре, ки пас аз он меояд осонтар мешавад. Ва агар аз он наҷот наёбад, пас ҳама коре, ки пас аз он меояд басо сахттар хоҳад шуд».

Усмон касе буд, ки бисёр рўза мегирифт, намоз мехонд, аз Аллоҳ метарсид, хондани Қуръонро дўст медошт. Аз ҷумлаи гуфтаҳои ӯ, ки ба парҳезгорӣ ва тақвои ӯ далолат мекунад, ин суханон буданд: «На дар замони ҷоҳилият ва на дар замони Ислом зино ва дуздӣ накардаам».

Ҷамъоварии Қуръон аз тарафи Усмон:

Дар замони Усмон дини ислом дар кишварҳои зиёде паҳн шуд ва саҳобаҳо дар манотиқи зиёде пароканда шуданд, ки боиси пайдоиши қироатҳо ва паҳн шудани лаҳҷаҳои гуногун гардид. Тарс дар он буд, ки мардум ба ихтилоф мераванд  дар мавриди Қуръони дар замони Абўбакр навишташуда , аз ин рў Усмон фармуд, ки Қуръон ба лаҳҷаи Қурайш навишта шавад. Дар замони Паёмбар ﷺ оят бар ашёҳои гуногун навишта шуда буд, пас Абубакр онҳоро дар варақҳо ва Усмон дар як мусҳаф ҷамъ кард. Баъдан ин мусҳаф бо номи Мусҳафи Усмон маъруф шуд. Баъд аз он Усмон чанд нусха аз он нусхабардорӣ карда, ба манотиқҳои гуногуни кишвар фиристод. Аз Анас ибни Молик оварда мешавад: «Ҳузайфа ибни Ямон ба назди Усмон расид, ки дар он вақт ҳамроҳи аҳолии Шом ва Ироқ барои фатҳ кардани Арманистон ва Озарбойҷон ҷанг мекард.

Ҳузайфа аз ихтилофи онҳо дар қироати Қуръон сахт ба ташвиш афтод ва ба Усмон гуфт: «Эй Амиралмӯъминин, ин умматро ихтилофи назар дар Китоб шудааст, ба монанди ихтилофи байни яҳудиён ва насрониёне, ки доштанд». Усмон мардумро ба назди Ҳафса фиристод, то ӯ варақҳоеро, ки аз он Қуръон ба шакли китоб нусхабардорӣ карда шавад, супорад ва пас аз он варақҳо ба ӯ баргардонида шаванд. Ҳафса онҳоро ба дасти Усмон дод ва ӯ ба Зайд ибни Собит, Абдуллоҳ ибни Зубайр, Саид ибни Ос ва Абдураҳмон ибни Ҳорис ибни Ҳишом фармуд, ки Қуръонро аз онҳо ба шакли китоб нусхабардорӣ кунанд. Усмон ба се нафари Қурайш гуфт: «Агар бо Зайд ибни Собит дар чизе аз Қуръон ихтилоф доред, ба забони Қурайш бинависед, зеро он ба забони онҳо нозил шудааст». Ва ончунон, ки Усмон фармуд, амал карданд. Вақте ки онҳо Қуръонро аз варақҳо дар шакли китобҳо нусхабардорӣ карданд, Усмон варақҳоро ба Ҳафса баргардонд ва ба ҳар як тарафи давлат як Қуръони дубора навишташударо фиристод ва фармуд, ки ҳамаи варақҳои дигари Қуръонро сӯзонанд. Аз ин рӯ, Мусҳафи Усмон «имоми мусҳаф» номида шуд.

Фатҳҳо дар замони Усмон:

Усмон ҳокими Хилофат шуда, ба ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ идома дод, чунон ки дар замони ду Халифаи пеш аз ӯ буд. Муаррихон зикр кардаанд, ки дар замони ҳукмронии ӯ сарзаминҳои Форс (Табаристон, Турон, Хуросон ва Нишопур) фатҳ карда шуданд. Бале, онҳо дар замони Умар фатҳ шуда буданд, вале сокинони он сарзаминҳо исён бардоштанд ва мехостанд он чи аз онҳо гирифта шуда буданд, баргардонанд ва молу мулки худро озод кунанд. Бинобар ин Усмон ба лашкари Басра ва Куфа фармон дод, ки ба амиқтари сарзаминҳои Форс бираванд ва бо исёнгарон биҷанганд. Ҷиҳод дар Форс ҳамин тавр идома дошт ва дар рафти он шаҳрҳои Византия Амориус, Тартус ва Антакия низ фатҳ карда шуданд. Илова бар ин, Африқои Шимолӣ фатҳ карда шуд, зеро Усмон ба Амр ибни Ос фармон дод, ки лашкарашро ба Триполи ва Танҷар фиристад. Усмон аввалин флоти исломиро таъсис дод, то соҳилҳои исломиро аз ҳамлаҳои Византия ҳифз кунад ва бо он Кипр ва Родосро низ фатҳ кард ва мусулмонон тавонистанд ба амиқтар ба сарзаминҳои Византия ворид шаванд.

Мавқеи Усмон дар назди Паёмбари Аллоҳ ﷺ ва мавқеи мусалмонон пас аз подшоҳии ӯ:

Усмон (р) ба ҷуз аз ҷанги Бадр дар ҳама ҷангҳо ширкат дошт, зеро ӯ ба нигоҳубини ҳамсараш Руқия, ки духтари Паёмбари Аллоҳ ﷺ буд, боқӣ монд. Пас аз марги Руқия Усмон бо хоҳараш Умми Гулсум издивоҷ кард. Вақте, ки Умми Гулсум вафот кард, Усмонро Зуннурайн (Соҳиби ду нур) номида шуд. Уламо гуфтанд, ки ба ҷуз Усмон касеро намешиносанд, ки ду духтари Паёмбар ﷺ -ро ба ҳамсарӣ гирифта бошад. Ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:

لَوْ كَانَتْ لِي ثَالِثَةٌ لَزَوَّجْتُهُ إِيَّاهَا

«Агар [духтари] сеюм медоштам, ӯро (Усмонро) ба ӯ никоҳ мекардам».

Усмон аввалин касе буд, ки бо ҳамсараш Руқия ба Ҳабашистон ҳиҷрат кард. Ў ҳангоми савганди (Байъат ур-ризвон) ҳузур надошт, зеро дар ҳамин лаҳза бо Қурайш дар Макка музокира мекард, аз ин рў Паёмбар ﷺ як дасташонро ба дасти дигар заданд ва фармуданд:

هَذِهِ عَنْ عُثْمَانَ

«Ин ба ҷои [дасти] Усмон аст».

— яъне. ин маънои онро дошт, ки Усмон низ савганди ризо кардааст. Агар ба тафсилоти ҳодисаи Ҳудайбия дахл кунем, Паёмбар ﷺ Усмонро назди Абусуфён ва Қурайш фиристоданд, то ба онҳо хабар диҳад, ки мусулмонон на барои ҷанг, балки фақат барои адои умра омадаанд. Усмон дар роҳ ба сӯи Макка бо Абон ибни Саид ибни Ос вохӯрд ва ӯ ба ӯ салом дод ва ба Усмон ваъда дод, ки ӯро муҳофизат мекунад ва ӯро ба зин савор карда, ба Макка бурд ва Усмон паёми Паёмбар ﷺ -ро ба раҳбарони аз Қурайш расонид.

Чун Усмон он чизеро, ки ба ӯ фармуда буд, анҷом дод, Қурайш ба ӯ тавофи Каъбаро пешниҳод карданд, вале ӯ ин пешниҳодро рад кард ва гуфт, тавоф нахоҳам кард, то он даме, ки Паёмбари Аллоҳ ﷺ онро  анҷом надиҳанд. Пас аз он Қурайш Усмонро муддате боздошт карданд.

Шояд онҳо мехостанд, ки вазъиятро дар байни худ муҳокима кунанд ва ба як қарори ниҳоӣ бирасанд ва сипас ба паёме, ки ӯ ба онҳо овардааст, ҷавоб диҳанд. Ин кор чанд муддат давом кард ва пас аз чанде дар миёни мусалмонон овозае паҳн шуд, ки гӯё Усмон кушта шудааст. Вақте ин овозаҳо ба Паёмбари Аллоҳ ﷺ расид, бо назардошти он ки чизе аз онҳо пуштибонӣ намешавад, ҳангоми савганди ризо бо дасти рости худ ишора карданд ва дасти дигарашонро бо он заданд ва ба номи Усмон қасам хонданд ва нишон доданд,  ки ӯ аз тарафи Қурайш кушта нашудааст. Паёмбар ﷺ дасти росташонро ба чапашон гузошта гуфтанд:

اَللَّهُمَّ هَذِهِ عَنْ عُثْمَانَ فِي حَاجَتِكَ وَحَاجَةِ رَسُولِكَ

«Эй Аллоҳ! Ин ба ҷои [дасти] Усмон [ки барои] ниёзҳои Ту ва Паёмбарат аст». Аз Анас ибни Молик ривоят аст:

صَعَدَ النَّبيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أُحُدًا وَمَعَهُ أَبُو بَكْرٍ وَعُمَرُ وَعُثْمَانُ فَرَجَفَ وَقَالَ اسْكُنْ أُحُدُ أَظُنُّهُ ضَرَبَهُ بِرِجْلِهِ فَلَيْسَ عَلَيْكَ إِلاَّ نَبِيٌّ وَصِدِّيقٌ وَشَهِيدَانِ

«Рӯзе Паёмбар   Абубуакр, Умар ва Усмон ба кӯҳи Уҳуд баромаданд. Ва кӯҳ зери онҳо меларзид. Сипас Паёмбар фармуданд: «Эй Уҳуд! Ором шав». [Анас (р) гуфт:] Фикр мекунам, ки Паёмбар ﷺ пои худро бар кӯҳ заданд ва сипас илова карданд: «Зеро ки дар ту ҷуз Паёмбар, Сиддиқ (Абубакр) ва ду шаҳид касе нест». Аз Талҳа ривоят аст:

لِكُلِّ نَبِيٍّ رَفِيقٌ وَرَفِيقِي فِي الْجَنَّةِ عُثْمَانُ بْنُ عَفَّانَ

«Ҳар як Паёмбаре дар биҳишт ҳамсафар дорад . Ҳамсафари ман дар биҳишт Усмон ибни Аффон аст. Аз Абумўсои Ашъарӣ ривоят аст:

كَانَ النَّبيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي بَعْضِ الْحَوَائِطِ وَمَعَهُ عُودٌ يَنْكُتُ بَيْنَ الْمَاءِ وَالطِّينِ فَجَاءَ رَجُلٌ فَاسْتَفْتَحَ فَقَالَ افْتَحْ لَهُ وَبَشِّرْهُ بِالْجَنَّةِ فَإِذَا هُوَ أَبُو بَكْرٍ فَبَشَّرْتُهُ بِالْجَنَّةِ ثُمَّ جَاءَ رَجُلٌ فَاسْتَفْتَحَ فَقَالَ افْتَحْ لَهُ وَبَشِّرْهُ بِالْجَنَّةِ فَفَتَحْتُ لَهُ وَبَشَّرْتُهُ بِالْجَنَّةِ فَإِذَا هُوَ عُمَرُ ثُمَّ جَاءَ آخَرُ فَاسْتَفْتَحَ فَقَالَ افْتَحْ لَهُ وَبَشِّرْهُ بِالْجَنَّةِ عَلَى بَلْوَى تَكُونُ فَفَتَحْتُ لَهُ وَبَشَّرْتُهُ بِالْجَنَّةِ عَلَى بَلْوَى تَكُونُ فَإِذَا هُوَ عُثْمَانُ قَالَ اللهُ الْـمُسْتَعَانُ وَعَلَيْهِ التُّكْلَانُ

«Рӯзе Паёмбар дар яке аз боғҳо асоеро дар даст доштанд ва бо он ба об ва лой мезаданд. [Дар ин вақт марде ба дарвозаи боғ наздик шуда, хоҳиш кард, ки дарро кушоянд. Расулуллоҳ фармуданд: “Дарҳоро кушоед ва ӯро бо Биҳишт шод гардонед”. Ин мард Абубакр аст ва ман ӯро бо Биҳишт шод кардам. Пас аз он каси дигар [ба дарвозаи боғ] омад ва хоҳиш кард, ки дарро кушоянд. Расулуллоҳ   фармуданд: “Дарҳоро кушоед ва ӯро бо Биҳишт шод гардонед”. Ин мард Умар аст ва ман ӯро бо Биҳишт шод кардам. Баъд [ба дарвозаи боғ] нафари дигар наздик шуда, хоҳиш кард, ки дарро кушоянд. Расулуллоҳ    фармуданд: «Дарҳоро кушоед ва пас аз имтиҳон ӯро бо биҳишт шод гардонед».

Ин мард Усмон аст ва ман ӯро баъди имтиҳон (ба ӯ омадан) бо биҳишт шод гардонидам, ки Усмон гуфт: «Танҳо аз Аллоҳ ёрӣ мехоҳанд ва бар Ӯ таваккал мекунанд». Аз Ибни Умар ривоят аст:

كُنَّا فِى زَمَنِ النَّبِىِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لاَ نَعْدِلُ بِأَبِى بَكْرٍ أَحَداً ثُمَّ عُمَرَ ثُمَّ عُثْمَانَ ثُمَّ نَتْرُكُ أَصْحَابَ النَّبِىِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لاَ تَفَاضُلَ بَيْنَهُمْ

«Дар замони Паёмбар   мо касеро бо Абубакр, Умар ва Усмон баробар намекардем. Дар мавриди боқимондаи саҳобаҳо, мо ҳеҷ якеро аз дигарон шоистатар намедонистем». Аз Алӣ ривоят аст, ки гуфт: «Усмон бештар аз ҳамаи мо аз равобити хонаводагӣ ҳимоят мекард».

Ривоят мешавад, ки чун хабари куштори Усмон  ба Оиша расид, гуфт: «Онро куштанд, вале у бештар аз онхо робитаи хешу таборӣ дошт ва аз Парвардигор метарсид». Наззол ибни Сабра гуфт: Боре ба Алӣ ибни Абутолиб ру овардем: «Ба мо дар бораи Усмон хабар деҳ», гуфт: «Ин шахсест, ки фариштагон Зун-Нурайн мегуянд».

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads