Саҳоба Абӯ Суфён ибни Ҳорис — пешвои ҷавонони Биҳишт
Ҳамбастагии ду нафар бо риштаи дӯстӣ ва дилбастагии мутақобила ба ҳамдигар, чунончи миёни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ﷺ ва Абӯ Суфён ибни Ҳорис (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) вуҷуд дошт, хеле кам ба назар мерасад. Абӯ Суфён бо Расули Худо ﷺ ҳамсол буд, зеро онҳо тақрибан дар як вақт таваллуд ёфта, дар як хонавода ба воя расидаанд.
Абӯ Суфён амакбачаи наздики Паёмбар ﷺ буда, падараш Ҳорис ва падари Расулуллоҳ Абдуллоҳ ҳарду ба якдигар бародар аз хонаводаи Абдулмутталиб буданд. Ғайр аз ин, Абӯ Суфён бародари ҳамшири Расулуллоҳ ﷺ буд, чунки онҳоро дар хурдсолиашон Ҳалима ас-Саъдия ном зан маконида буд. Пеш аз оғози нубуввати Расулуллоҳ ﷺ Абӯ Суфён дӯсти хеле наздики эшон низ буд. Илова бар ин, онҳо ба ҳамдигар хеле монанд буданд. Оё оиди хешовандии наздик ва ҳамбастагии зиче, ки байни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ﷺ ва Абӯ Суфён ибни Ҳорис вуҷуд дошт, ягон бор шунидаед? Бинобар ин, Абӯ Суфён мебоист аввалин шуда ба даъвати Расули Худо ﷺ посухи мусбат медод ва пайрави аввалини ӯ мешуд. Аммо дар асл корҳо он тавре, ки кас интизор буд, рӯй надоданд. Ҳамин ки Расулуллоҳ ﷺ бо даъват ба ҳамқабилагони худ рӯ оварданд, дар қалби Абӯ Суфён оташи кина ва ҳасад нисбат ба Расули Худо ﷺ аланга зад, дӯстӣ ба душманӣ мубаддал гашт, риштаҳои хешутаборӣ канда шуд. бародарии собиқ ба рақобату зиддият табдил ёфт.
Ҳангоме ки Расулуллоҳ ﷺ он чиро, ки Аллоҳ ба эшон фармуда буд, хабар доданд, Абӯ Суфён ибни Ҳорис яке аз маъруфтарин асптозон ва беҳтарин шоирони Қурайш буд. Абӯ Суфён тамоми истеъдоди худро баҳри мубориза бо Расули Худо ﷺ ва даъвати эшон равона кард. Ӯ бо тамоми қувваи худ кӯшиш мекард, ки Ислом ва мусалмононро нобуд созад. Абӯ Суфён дар ҳар ҳуҷуме, ки қурайшиҳо алайҳи Расулуллоҳ ﷺ анҷом медоданд, иштирок мекард ва дар ҳар бадие, ки онҳо ба мусалмонон мерасониданд, ҳатман ҳиссаи худро мегузошт. Абӯ Суфён бо илҳоми шайтон шеърҳо эҷод карда, дар онҳо Расулуллоҳ ﷺ-ро масхара менамуд ва дар ҳаққи эшон суханҳои нопок ва бадномкунанда мегуфт. Тақрибан бист сол бадбинии шадиди Абӯ Суфён нисбат ба Паёмбар ﷺ идома дошт ва дар ин муддат тамоми фитнаҳою дасисаҳои имконпазирро дар мубориза бо Расули Худо ﷺ истифода бурд. Ҳеҷ зиёне ва зараре набуд, ки Абӯ Суфён ба мусалмонон нарасонда бошад, дар ҳоле ки масъулияти ин гуноҳро комилан ба зимма дошт. Чанде пеш аз фатҳи Макка, ба Абӯ Суфён насиб гардид, ки Исломро пазирад. Исломро пазируфтани ӯ бо қиссаи ҷолибе ҳамроҳ буд, ки дар китобҳои зиндагиномаи Паёмбар ﷺ оварда шуда, дар осори мухталифи таърихӣ бозтоб шудааст. Биёед фурсатро ба худи Абӯсуфён вогузорем, то қиссаи ба Ислом гаравидани худро нақл кунад, чун эҳсоси шахсии ӯ амиқтар аст. Абӯ Суфён мегуфт:
Вақте ки Ислом қувват гирифта, нерӯву ҳайбат пайдо кард ва овозаҳо дар бораи ҳаракати Расули Худо ﷺ барои фатҳи Макка дар ҳама ҷо паҳн шуданд, замин бо тамоми фарохияш бароям танг гашт. Ман аз худ пурсидам: «Ба куҷо равам? Киро шарики худ қарор диҳам? Акнун ҳамроҳи кӣ шавам?». Ба зану фарзандонам гуфтам: «Ба тарки Макка омода шавед, зеро Муҳаммад ба наздикӣ ин ҷо хоҳад шуд. Агар ман ба дасти мусалмонон афтам, ҳатман кушта хоҳам шуд». Онҳо дар посух ба ман гуфтанд: «Оё вақти фаҳмидани он нарасидааст, ки арабҳо ва ғайриарабҳо ба қабули дини Муҳаммад ﷺ ва итоат ба ӯ рӯй оварданд ва ту бошӣ, ки як вақтҳо дӯсти беҳтарин ва ёвари ӯ будӣ, ҳоло ҳам дар душмании худ ба ӯ пофишорӣ мекунӣ?» . Онҳо то замоне ки Аллоҳ синаамро ба сӯи Ислом боз накард, маро ба дини Муҳаммад ﷺ тарғиб намуда, маро ба қабули он ташвиқ кардан гирифтанд.
Дарҳол аз ҷоям бархеста, ба ғуломам Мазкур гуфтам: «Фавран шутуру аспро барои мо омода кун!». Писарам Ҷаъфарро бо худ гирифтам ва мо ба сӯи Абва, ки миёни Макка ва Мадина воқеъ аст, тохтем. Зеро ба ман гуфтанд, ки Муҳаммад ﷺ дар он ҷо қарор дорад. Вақте ба ин мавзеъ расидам, либосҳоямро иваз кардам, то пеш аз вохӯрӣ бо Паёмбар ﷺ ва эълони қабул намудани Ислом, касе маро шинохта накушад. Роҳи боқимондаро пиёда (тақрибан як мил) тай кардам. Лашкари мусалмонон ба таври муташаккилона, даста ба даста, ба сӯи Макка ҳаракат мекард. Мехостам аз онҳо дуртар бошам, аз тарси он, ки баногоҳ касе аз саҳобагони Муҳаммад ﷺ маро бишносад. Пас вақте ки дар роҳ мерафтам, гурӯҳе бо ҳамроҳии Расули Худо ﷺ рӯбарӯям баромад. Сӯи ӯ қадам зада, пеши ӯ қарор гирифтам ва рӯямро кушодам. Вақте ки чашмаш ба ман афтод ва ӯ фаҳмид, ки дар пешаш кӣ буд, дарҳол рӯй гардонд. Боз ҳам дар пеши чашмонаш қарор гирифтам, вале Паёмбар ﷺ боз рӯй гардонд. Якчанд маротиба ин корро анҷом додам, аммо ӯ ҳар бор аз ман рӯй мегардонд.
Вақте ки ман бо Паёмбар ﷺ вохӯрдам, ҳеҷ шакке надоштам, ки ӯ ﷺ ва саҳобагонаш аз Исломро қабул намуданам шод хоҳанд гашт. Аммо вақте мусалмонон диданд, ки Расули Худо ﷺ аз ман рӯй мегардонад, онҳо низ бо дуруштӣ аз ман рӯйгардон шуданд. Чун Абӯбакр маро дид, бо хашм рӯяшро гардонд. Бо нигоҳи илтиҷоомез ба Умар ибни Хаттоб нигаристам, вале дидам, ки ӯ аз рафиқаш дида хашмгинтар аст. Гузашта аз ин, ӯ як ансориро алайҳи ман барангехт ва ансорӣ ба ман гуфт: «Эй душмани Аллоҳ! Расулуллоҳро ﷺ озор дода, ёронашро ранҷур сохтӣ ва тамоми заминро аз машриқ то мағриб бо душмании худ ба Паёмбар пур кардӣ!». Вай дашноми маро бо овози баланд идома дод, дар ҳоле ки мусалмонон ба ман таҳқиромезона нигариста, ба ҳоли доштаи ман хурсандӣ мекарданд. Пас амакам Аббосро дидам ва ба ӯ нидо кардам: «Эй амак, ман сахт умедвор будам, ки Расулуллоҳ ﷺ аз исломи ман хушнуд мешавад, зеро ман хешованди ӯ ва шахси обрӯманди қабилаам ҳастам. Аммо ту худ шоҳид ҳастӣ, ки ин кор бо чӣ анҷомид. Бо ӯ сӯҳбат кун, то нисбати ман мулоим шуда, маро бибахшад». Аббос ҷавоб дод: «На, савганд ба Аллоҳ! Ман дидам, ки ӯ туро дида, чӣ қадар хашмгин шуд. Аз ин рӯ, ман оиди ту танҳо дар фурсати муносиб метавонам гуфтугӯ кунам. Ман Расулуллоҳро ﷺ хеле иззату эҳтиром мекунам». Ман гуфтам: «Маро ба кӣ мепартоӣ, амак? ». Гуфт: «Ман барои ту ҷуз он чизе, ки шунидӣ, коре карда наметавонам». Маро ҳасрат ва андӯҳи амиқ фаро гирифт. Алӣ ибни Абӯтолибро дидам ва бо хоҳиши худ ба ӯ рӯ овардам, вале ӯ айнан ҳамон посухеро дод, ки амакам Аббос дода буд. Боз ба амакам Аббос рӯ оварда гуфтам: «Эй амак! Агар дили Расули Худоро ﷺ нисбат ба ман нарм карда натавонӣ, лоақал маро аз як нафаре, ки маро сарзаниш мекунад ва мардумро ба ин кор ташвиқ мекунад, наҷот деҳ». Амакам гуфт: «Ӯро ба ман тавсиф кун». Вақте сифатҳояшро баён кардам, амакам дарҳол номи ӯро ба забон овард ва гуфт, ки ин Нуаймон ибни Ҳориси Наҷарӣ аст. Пас ӯро даъват кард ва чун омад, Аббос ба ӯ гуфт: «Эй Нуаймон, гӯш кун! Абӯ Суфён амакбачаи Расулуллоҳ ﷺ ва бародарзодаи ман аст. Ва агар имрӯз Расули Худо ﷺ аз ӯ хашмгин бошад, рӯзе ӯро хоҳад бахшид. Бинобар ин, ӯро ба ҳолаш вогузор ва дигар дашном надеҳ». Аббос пайваста ӯро бовар мекунонд ва пас аз муддате Нуаймон ором шуда гуфт, ки дигар маро сарзаниш нахоҳад кард. Вақте Расулуллоҳ ﷺ дар Ҷаҳфа, дар байни Макка ва Мадина қарор гирифт, ман дар назди дари манзилаш нишастам ва писарам Ҷаъфар дар паҳлӯям меистод. Ҳар гоҳе ки Паёмбар ﷺ аз манзил берун шуда, маро медид, рӯяшро мегардонд, вале ман умедвор будам, ки ниҳоят илтифоти ӯро ба даст меорам. Аз ин рӯ, ҳар гоҳ Расули Худо ﷺ дар ҷое таваққуф мекард, ман ҳамроҳ бо писарам Ҷаъфар назди дари манзилаш менишастам. Расулуллоҳ ﷺ моро дида, ҳар бор рӯяшро мегардонд ва ин кор муддати тӯлонӣ давом кард, то он даме, ки ман ба ноумедӣ афтодам. Вақте ки вазъият қариб тоқатнопазир шуд, ба занам гуфтам: «Расулуллоҳ ﷺ кай маро мебахшида бошад? Агар набахшад, писарамро гирифта, ба ҳар ҷое, ки чашмонам менигаранд, меравам, то ҳардуямон аз гуруснагӣ ва ташнагӣ бимирем». Чун ин суханон ба гӯши Паёмбар ﷺ расиданд, ӯ нисбати ман нарм шуд. Чун дафъаи дигар аз хаймааш баромад, аз пештара дида нармтар ба ман нигарист. Ман орзу мекардам, ки ӯ ба ман табассум кунад. Ҳангоме ки Расули Худо ﷺ вориди Макка шуд, ман доимо аз паи ӯ мерафтам. Вақте вориди масҷид мешуд, ман саросемавор аз пасаш мешитофтам ва саъй мекардам, ки аз назараш дур нашавам ва дар ягон ҳол аз ӯ ақиб намонам.
Дар ҷанги Ҳунайн арабҳои бутпарасти бодиянишин барои ҷанг бо Паёмбар лашкари бесобиқа ҷамъ карда, ба ҷанг ҳамаҷониба омода мешуданд. Онҳо умед доштанд, ки ин набард барои торумор кардани Ислом ва нобудии тамоми мусалмонон омили ҳалкунанда хоҳад шуд. Ҳангоме ки Расули Худо ﷺ ҳамроҳи асҳобаш ба ҷанг бар зидди мушрикон баромад, ман ҳам ҳамроҳи ӯ рафтам. Бо дидани лашкари бузурги мушрикон нидо кардам: «Қасам ба Аллоҳ, имрӯз ман каффораи бадиҳоеро, ки қаблан ҳангоми душманӣ бо Расули Худо ﷺ ба ӯ карда будам, хоҳам пардохт. Паёмбар ﷺ аз ман амалҳоеро хоҳад дид, ки Аллоҳ ва Расулашро хушнуд месозанд!». Дар аснои ҷанг миёни ин ду лашкар мушрикон мусалмононро ба танг оварданд ва мусалмонон шикасти ногузирро эҳсос карда, ба изтироб афтоданд. Сафи мусалмонон дар атрофи Паёмбар ﷺ кам шудан гирифт ва мо дар остонаи шикасти нангин ва саркӯбкунанда қарор гирифтем. Расулуллоҳ ﷺ, падару модарам фидои ӯ бод, мисли кӯҳ, дар миёни набардҳои шадид болои хачири хокистарранги худ баланд шуда буд. Шамшераш ба таври таҳдидкунанда медурахшид ва ӯ худро ва ҳамроҳонашро мисли шери бадҳайбат устуворона дифоъ мекард. Дар ҳамин лаҳза ман аз асп ҷаҳида, ғилофи шамшерамро шикастам. Аллоҳ шоҳид аст, ки ман барои ҳифзи ҳаёти Расулуллоҳ ﷺ ба мурдан омода будам. Амакам Аббос лаҷоми хачири Паёмбарро ﷺ дошта, дар паҳлӯяш истод. Ман аз он тараф ҷои худро гирифтам ва шамшер дар дасти ростам ба дифоъ аз Паёмбар ﷺ шурӯъ кардам ва бо дасти чапам узангуи ӯро медоштам. Чун Расулуллоҳ ﷺ дид, ки чӣ гуна бо душман ҷасурона меҷангам, аз амакам пурсид: «Ин кист?». Амакам дар посух гуфт: «Ин писари амаки ту Абӯ Суфён ибни Ҳорис аст. Бар ӯ раҳм кун, эй Расули Худо!». Паёмбар ﷺ дар ҷавоб гуфт: «Ман ин корро аллакай кардаам ва Аллоҳ низ адовати нисбати ман доштаи ӯро бахшид». Аз шодӣ, ки Расули Худо ﷺ бар ман раҳм кард, дилам ба таппиш даромад ва пои ӯро дар узангу бӯсидам. Ӯ ба ман рӯ оварда гуфт: «Қасам ба ҳаёт, эй бародарам! Ба пеш рафта биҷанг!». Ин суханони Расули Худо ﷺ дар дилам оташе барангехт ва ман ба бутпарастон чунон сахт ҳамла кардам, ки онҳо маҷбур шуданд аз мавқеъҳои худ ақибнишинӣ кунанд. Мусалмонон аз паси ман ҳуҷум карданд ва мо душманро ба масофаи тахминан як фарсах ақиб ронда, дар сафҳои онҳо даҳшат ва бесарусомонии зиёдеро ба бор овардем.
Абӯ Суфён ибни Ҳорис аз рӯзи ҷанги Ҳунайн ба илтифоти амиқи Паёмбар ﷺ ноил гашт ва дар миёни асҳоби ӯ қарор гирифт. Аммо ҳатто баъд аз ин ҳам ӯ дигар ҷуръат надошт, ки рост ба чашмони Расули Худо ﷺ нигарад ва ё нигоҳашро дар чеҳраи ӯ мутаваққиф созад, чун ҳамеша дар пеши ӯ аз корҳои қаблан нисбат ба Паёмбари Худо ﷺ анҷомдодааш худро шармсор эҳсос менамуд. Абӯ Суфён аз рӯзҳои тирае, ки дар дурӣ аз нури Аллоҳ ва китоби Ӯ дар ҷоҳилият гузаронида буд, сахт пушаймон шуда, ҳоло шабу рӯзҳоро ба китоби Аллоҳ бахшида, оёти онро мутолиа мекард ва бо ҷидду ҷаҳд барои омӯхтани аҳкоми он ва пандгирӣ аз он саъй мекард. Ӯ аз ҳар чизи дунё даст кашида, худро ба Аллоҳ бахшид. Ҳатто боре вақте Расулуллоҳ ﷺ диданд, ки Абӯ Суфён ба масҷид медарояд, ба Оиша рӯ оварда гуфтанд: «Оё медонӣ, эй Оиша, ин шахс кист?». Оиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) гуфт: «На, эй Расули Худо!». Расулуллоҳ ﷺ гуфтанд: «Ин писарамаки ман Абӯ Суфён ибни Ҳорис аст. Диққат деҳ, ӯ ҳамеша аввалин шуда ба масҷид медарояд ва охирин аз он мебарояд ва дар ин муддат чашм аз пойафзоли худаш намеканад».
Ҳангоме ки Расули Худо ﷺ вафот карда, ба назди Парвардигори хеш рафтанд, Абӯ Суфён ибни Ҳорис мисли модаре, ки писари ягонаашро аз даст додааст, барои Расулуллоҳ ҳамчун шахси азизу маҳбуб мотам гирифт ва ба эшон қасидае бахшид, ки шоҳасари назме маҳсуб меёбад, ки пур аз ғаму андӯҳ ва эҳсоси пазмон аст. Вақте ки Форуқ (Умар ибни Хаттоб) халифа буд, Абӯ Суфён наздик шудани маргашро ҳис карда, қабри худро худаш кофт. Пас аз се рӯз ӯ аз дунё гузашт, гӯё вақти мулоқот бо маргро медониста бошад. Ҳангоми сакароти марг ӯ ба занаш, фарзандон ва хешу таборони гирдиҳамомада рӯ оварда гуфт: «Баҳри ман мотам гирифтан лозим нест. Қасам ба Аллоҳ, ки ман аз замони Исломро қабул карданам, ягон хато накардаам». Пас руҳи поки ӯ аз тан ҷудо шуд ва Форуқ ва саҳобагони киром дар намоз барояш дуои хайр доданд. Ҳамаи онҳо марги ӯро барои Ислом ва тамоми мусалмонон талафоти бузург медонистанд.
Пас ба равиши онҳо иқтидо кун.