Сафари раиси сохтори яҳудӣ ба Туркия: ҳадафҳо ва хатарҳои он
Боздиди раиси сохтори яҳудӣ аз Туркия: ҳадафҳо ва хатарҳои он
Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси сохтори яҳудӣ Исҳоқ Ҳертсогро 09.03.2022 дар Анқара дар сатҳи олитарин пешвоз гирифт.
Вай раиси сохтори яҳудиро чунон бодабдаба истиқбол намуд, ки худи Ҳертсог дар ҳайрат монд ва Эрдуғонро барои истиқболи гарм ситоиш кард. Дар маҷмааи президентӣ дар Анқара барои Исҳоқ Ҳертсог хӯроки шом ороста шуд. Эрдуғон тавре рафтор мекард, ки гӯё мехост то Исҳоқ Ҳертсог гуноҳҳояшро бубахшад, барои он ки қаблан Эрдуғон ҷуръат карда буд, ки амалҳои сиёсии яҳудиро интиқод кунад! Вале новобаста аз изҳоротҳои қаблии Эрдуғон, муносибати воқеии ӯ бо сохтори яҳудӣ, ки яке аз бузургтарин сарзаминҳои Исломро ғасб кардааст, ҳамеша қавӣ боқӣ мондааст.
Баъди гуфтушунид бо Исҳоқ Ҳертсог Эрдуғон изҳор намуд: «Беҳтаршавиии муносибатҳои «исроил» ва туркия барои густариши сулҳу субот дар минтақа хеле муҳим аст. Боздиди таърихии раисҷумҳури «исроил» нуқтаи ибтидоӣ барои оғози равобити нави дуҷониба хоҳад буд». Вай изҳор дошт: «Ман ба Исҳоқ Ҳертсог расондам, ки ҳарду ҷониб барои ҳамкорӣ дар бахшҳои энержӣ, иқтисод ва дифоъ нерӯ ва дониш доранд». Эрдуғон ӯро дар «муҳим будани амалӣ гардонидани нақшаи тасдиқ кардани ду давлат (дар Фаластин) бовар кунонд». Вай ҳамчунин гуфт: «Ҳаҷми табодули тиҷорӣ миёни Туркия ва «Исроил» дар соли гузашта 36 дарсад афзоиш ёфта, ба 8,5 миллиард доллар расид». Ӯ изҳори итминон кард, ки «гардиши мол ба 10 миллиард доллар мерасад». Қаблан ӯ изҳор намуда буд: «Муносибатҳои Туркия ва Исроил марҳила ба марҳила рушд хоҳанд кард, аз масъалаи газ сар карда, бо бисёр масъалаҳои дигар ба поён мерасад. Мо аллакай ин қадамҳоро гузошта истодаем». Ба наздикӣ ВАО дар бораи «амиқтар шудани ҳамкориҳои истихборотӣ миёни Туркия ва «Исроил» дар моҳҳои ахир маълумот нашр карданд».
Барои чӣ Эрдуғон ҳамаи ин корҳоро карда истодааст? Оё сохтори яҳудӣ аз куштор ва боздошти мусалмонҳои Фаластин, ғорат кардани амвол ва сарватҳои замини онҳо, таҳриби манзилҳои онҳо, таҳқири масҷиди Ал-Ақсо, муҳосираи навори Ғазза ва умуман аз таҷовузи худ алайҳи мусалмонҳо даст кашидааст? Оё Эрдуғон бар зидди сохтори яҳудӣ ба ҷуз аз эътирозҳои беқадри аҳён-аҳён ба хотири пайдо кардани маъруфият дар байни мусалмонҳои соддалавҳ, ягон коре кардааст? Оё тасаввур кардан мумкин аст, ки одам як ваҷаб замини фаластиниро бо роҳи мустаҳкам намудани муносибатҳои сиёсӣ, истихборотӣ ва иқтисодӣ бо истилогари он озод кунад? Бештарин коре, ки ӯ карда метавонад, таблиғ намудани лоиҳаи амрикоии «ду давлат» аст, ки ишғоли 80%-и тамоми заминҳои фаластиниро тасдиқ мекунад, дар ҳоле ки Эрдуғон медонад, ки лоиҳаи мазкур бо таҷрибаи васеъшавии шаҳракҳои яҳудӣ дафн карда шудааст. Фаромӯш накунед, ки нерӯҳои мусаллаҳи яҳудӣ соли 2010 дар киштии «Mavi Marmara» 10 шаҳрванди Туркияро куштанд, аммо Эрдуғон дар ҷавоб ба ин равобити худро бо ниҳоди яҳудӣ қатъ накард. Баръакс, ӯ тиҷоратро бо онҳо афзоиш дод, барои мусалмонҳои кушташуда қасос нагирифт ва ҳатто онҳоро шаҳид гуфта ҳам ном набурд.
Эрдуғон тамоми қувваашро барои хидмат ба манфиатҳои мустамликадории Амрико ва бо ин васила нигоҳ доштани курсии худ, инчунин, сари қадам ба даст овардани баъзе манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ барои Туркия сафарбар мекунад. Аммо маъруфияти ӯ дар байни мардум хеле коста гашт, иқтисод бошад поён рафт, аз ин рӯ барои бисёре аз мардуми Туркия зиндагӣ хеле танг шудааст. Бо назардошти ҳамаи ин мулоҳизаҳо ӯ хоҳиши таҳким бахшидани муносибатҳо бо сохтори яҳудиро дорад.
Нархи таҳкими муносибатҳо бо сохтори яҳудиро Эрдуғон пештар пардохт карда буд. Ҳамзамон вай мехоҳад, мисли ҳамеша, ба манфиатҳои Амрико, ки аз қатъи кӯмакаш ба тарҳи «Баҳримиёназамини шарқӣ» эълон кардааст, хидмат кунад, то тавонад аз сохтори яҳудӣ ба Аврупо тавассути Кипр ва Юнон газ интиқол диҳад. . Қабл аз ин, 10 январи соли 2022, Амрико аллакай сохтори яҳудӣ ва Юнонро огоҳ карда буд, ки «ба ин лоиҳа на аз ҷиҳати сиёсӣ ва на аз ҷиҳати иқтисодӣ кӯмак намерасонад». Аммо касе, ки муамморо амиқ мефаҳмад медонад, ки Амрико мехоҳад сохтори яҳудиро азнав зери итоати комили худ баргардонад, то он ба сӯи Аврупо, ки мехоҳад Баҳримиёназамини Шарқиро таҳти назорат дошта бошад, наравад. Аз ин рӯ, Амрико тасмим гирифт, ки ин лоиҳаро бо хизматгори худ Туркия пайваст намояд. Барои иҷрои ин нақша Амрико ба Эрдуғон дастур дод, ки бо сохтори яҳудӣ наздик шавад ва худи ӯро ба иҷрои тарҳи «Баҳримиёназамини Шарқӣ» тавассути Туркия ҷалб намояд, то ин минтақаи баҳриро ҳамингуна таҳти назорат гирифта, аз вуруди Аврупо ба он ҷилавгирӣ кунад.
Маҷаллаи низомии Юнон дар мақолае аз 10.01.2022 оид ба ин чунин изҳорот пахш кардааст: «Лоиҳаи Афина оиди афзункунии таъсири геополитикӣ барои маркази энержӣ ва маркази иттиҳоди таърихӣ бо «Исроил» шудан, ки бояд ба барканор намудани Туркия ва ба амалӣ намудани ҳадафхои дигар меовард, комилан барбод рафт… Вазъият бо қонуни Маниатис, ки сарҳадҳои берунии шелфи Юнонро муайян мекунад ҳамин зайл аст: он ҳам фурӯ рафт. Туркия бо бастани шартномаи Туркия ва Либия қонуни Маниатисро вайрон карда, бартарии худро нисбат ба мавқеъҳои Юнон мустаҳкам намуд. Акнун Вашингтон низ омода аст ба Туркия имкони иҷрои нақшаҳояшро диҳад» Ҳамчунин дар ин мақола гуфта шудааст: «Сарвазири Юнон Кириакос Митсотакис бо Туркия муколама бурданро намехоҳад… чуноне, ки бо Амрико низ музокира накардааст… Амрико тавассути Олмон талош дорад, таҳримҳои зидди Туркияро, ки бо сабаби бӯҳроне, ки соли гузашта дар Баҳримиёназамини Шарқӣ ба сабаби чоҳҳо ба амал омада буд, лағв намояд».
Кори Эрдуғон ҳамчун хизматгори Амрико дар ҳамин аст, яъне. сиёсати хориҷии ӯ ҳамеша дар мадори тарҳҳои мустамликадории Амрико дар саросари ҷаҳон, бахусус — дар минтақаи исломӣ боқӣ хоҳад монд. Агар Амрико бихоҳад, ки Эрдуғон мавқеъҳои сохтори яҳудиро мустаҳкам намояд, пас ӯ ин корро хоҳад кард, то ки дар ниҳоят Амрико бо такя ба Туркия ва сохтори яҳудӣ минтақаи Баҳримиёназамини Шарқиро назорат карда тавонад. Мақсад аз ин — роҳ надодан ба он, ки Уммати Исломӣ ба по хезад, рӯ ба тараққӣ орад, аз юғи мустамликадорӣ раҳоӣ ёфта, Исломро ба ҳукмронӣ баргардонад. Албатта, Амрико Туркияро дар куҷое, ки мумкин бошад истифода хоҳад кард, бинобар ин мебинем, ки чӣ гуна Туркия бо дастури Амрико ба ҳодисаҳои ахири Украина дахолат намуд. Дар иваз Туркия дастгирии иқтисоди худ ва вазни сиёсӣ ба даст оварда, мавқеи худро дар минтақа пурқувваттар намуд.
Дар баробари ин Эрдуғон бо бекор кардани ҷумҳурии туркӣ ва таъсис додани Хилофат метавонад ба бештар ва бештар аз ин ноил шавад. Зеро ӯ дарҳол тамоми мусалмонҳоро дар атрофи худ ҷамъ намуда, кишварҳои онҳоро муттаҳид месозад ва роҳбари яке аз бузургтарин давлатҳои рӯи замин мегардад! Аммо, аз афти кор, ӯ қарор намуд, ки дар замин хазида гардад. Ба Шайтон хушомад зада, гумроҳ гардид. Ӯ аз он шарафе, ки Аллоҳи Таъоло ба ӯ пешниҳод кардааст, рӯй гардонд. Аз он шарафе, ки замоне Муҳаммад ал-Фотеҳ, ки кишварҳои навро фатҳ карда буд, Ёвуз Салим, ки ҷаҳони исломро муттаҳид кардааст ва Абдулҳамиди II, ки фурӯхтани Фаластинро ба яҳудиён, ки дар паси онҳо Бритониё меистод, рад намуд, қабул кардаанд.
Яке аз бадиҳое, ки дар замони мо мусалмонҳо аз он азоб мекашанд, дар идеяи ба ном «мусалмонҳои мӯътадил» аст, ки раҳбари онҳо айни замон Эрдуғон мебошад. Онҳо ба давлатҳои мустамликадор хизмат менамоянд, мусалмонҳои соддаро бо он, ки гӯё ба онҳо ва Ислом хизмат мекунанд, фиреб медиҳанд. Дар асл фикру идеяҳои куфрро, ки аз дунявият, демократия ва дигар чизҳо амонат гирифтаанд амалӣ намуда, айнан аз кофирон пайравӣ мекунанд. Хатаре, ки аз онҳо бармеояд, на камтар аз хатари худи секуларистҳо аст, ки бо Ислом ошкоро душманӣ меварзанд.
Эрдуғон бо амалҳои зерини худ исбот намуд, ки аналог(ҳамто)-и туркии Макиавелли мебошад: маҳорати фиребу дурӯғгӯиро ба таври комил аз худ кардааст, аз нутқҳои таъсирбахш моҳирона истифода бурда, эҳсосоти мардумро бедор менамояд, худро мухолифи сохтори яҳудӣ муаррифӣ намуда, вонамуд месозад, ки гӯё ӯ мехоҳад ақаллан як ваҷаб замини Фаластинро озод намояд! Ӯ одамони эҳсосотиро фиреб дода метавонад, аммо дар амал бошад ба сохтори яҳудӣ кӯмак намуда, лоиҳаҳои Амрикоро амалӣ мегардонад. Издиҳом ҳар як хиёнати ӯро сафед мекунад. Хиёнатҳое, ки аз хиёнатҳои писарони Зайд дар Аморати Муттаҳидаи Араб, аз хиёнати шоҳи Баҳрайн, аз хиёнати Сисӣ дар Миср, аз хиёнати Абдуллоҳи 2 дар Урдун, аз хиёнатҳои шоҳи Марокаш, аз хиёнатҳои Бурҳону Дағло дар Судон ва аз хиёнатҳои дигар ҳокимони мусалмонҳо, хоҳ араб бошанд ва хоҳ ғайриараб, фарқ надорад.
Раҳмати Аллоҳ ба мусалмонҳо наздик аст. Барои ҳамин Ӯ иҷоза дод, ки дар байни онҳо гурӯҳи мусалмонҳои бошуур ва самимӣ пайдо шаванд, ки ба сиёсати Эрдуғон чунон мухолифат кунанд, ки қаблан ба сиёсати Ҷамол Абдулносир, ки ситорааш аз ситораи Эрдуғон дида равшантар медурахшид, мухолифат мекарданд. Аммо вақт гузашта рафт ва ҳоло касе Абдулносирро ба ёд намеорад. Ҳамин хел Эрдуғон низ бо тамоми фитнагарони ба худаш монанд ба гузашта меравад, ҳукмронии ситамгарона хотима меёбад ва пас аз он, бо изни Аллоҳ, Хилофат бо минҳоҷи пайғамбарӣ фаро мерасад.
Газетаи «Ар-рая»
Устоз Асад Мансур
13 Шаъбон 1443 ҳиҷрӣ
16.03.2022