Садақа ва кӯмак ба ниёзмандон

Садақа ва кӯмак ба ниёзмандон

        Мусалмон бо кӯмаки хайру саховат ва ёрӣ ба ниёзмандон ба Аллоҳ наздик мешавад ва ризоияти Ӯро дар дунё ва охират ба даст меорад. Аллоҳ мусалмонро ба амали нек, аз ҷумла ба кӯмак намудан ба ниёзманд фармуда, бар ивази ин растагориро ваъда додааст. Аллоҳ мефармояд:

«Эй касоне, ки имон овардаед! Рукӯъ ва саҷда кунед ва Парвардигоратонро бипарастед ва некӣ кунед, бошад, ки растагор шавед» (22:77). Аллоҳ барои мусалмон бар ивази ҳар некӣ подош ва бар ивази маъсият ҷазо омода мекунад. Ӯ чунин хабар медиҳад:

«Ҳар хайреро, ки барои худ пешакӣ омода кунед, дар назди Аллоҳ онро ба шакли подоши беҳтару бузургтар хоҳед ёфт. Пас аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳед, ки Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст» (Сураи 73:20).

Имом Табарӣ дар тафсири худ менависад: «Чи кори хайре, ки мӯъмин дар дунё анҷом надиҳад, хоҳ он садақа ва ё инфоқ ба роҳи Аллоҳ ё ба дигар корҳои хайр бошад, хоҳ тоати Аллоҳ дар шакли рӯзадорӣ, намозу ҳаҷ ва ё дигар аъмоли хайр, ӯ ҳатман дар рӯзи қиёмат барои ҳар коре, ки дар умраш карда буд, подош хоҳад дид ва ин подош аз аъмоли неки ӯ афзун хоҳад буд.

Имом ибни Касир мефармояд: «Ҳар кӣ коре анҷом диҳад, ки дар он хайре бошад, албатта подош хоҳад гирифт».

  • Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:

«Ҳар кори хайр садақа аст» (Муттафақун алайҳ).

  • Табаронӣ аз Ибни Умар (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят кардааст, ки Расулуллоҳ ﷺ фармуданд:

«Ҳароина, Аллоҳ бандаҳое дорад, ки ба онҳо неъматҳои махсус ато кардааст, то онҳо ба дигар бандаҳои Аллоҳ манфиат оранд. Ӯ ин неъматҳоро то замоне, ки инфоқ мекунанд, барояшон нигоҳ медорад. Ва агар инфоқ накунанд, Аллоҳ неъматҳои худро аз онҳо меситонад ва ба дигарон медиҳад» (ҳадиси ҳасан).

  • Ибни Абӯ Дунё ва Табаронӣ аз Ибни Умар (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунанд, ки Расулуллоҳ ﷺ фармуданд:

«Аллоҳ аз ҳама бештар касонеро дӯст медорад, ки ба одамон бештар фоида меоранд» (ҳадиси ҳасан).

  • Ибни Моҷа аз Анас ибни Молик (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят кардааст, ки Расулуллоҳ ﷺ фармуданд:

«Дар миёни мардум касоне ҳастанд, ки калиди некӣ ва қуфл аз бадӣ ҳастанд. Касоне низ ҳастанд, ки калиди бадӣ ва қуфл аз некӣ ҳастанд. Биҳишт бод ба касоне, ки Аллоҳ калиди некӣ кардааст ва вой бар ҳоли онон, ки Аллоҳ калиди бадӣ сохтааст!» (ҳадиси ҳасан).

  • Табаронӣ аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят кардааст, ки Расулуллоҳ ﷺ фармуданд:

«Мӯъмин бо дигарон дӯстӣ мекунад ва ӯро низ ба дӯстӣ мегиранд. Дар касе, ки бо дигарон дӯстӣ намекунад ва ӯро ба дӯстӣ намегиранд, хайре нест ва беҳтарини мардум касоне ҳастанд, ки барои одамон муфидтар мебошанд» (ҳадиси ҳасан).

  • Муслим аз Абӯ Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ ﷺ фармуданд:

«Ҳар кас бародари худро аз як ғами дунё наҷот диҳад, Аллоҳ ӯро аз як ғами рӯзи қиёмат наҷот медиҳад. Хар кӣ як айби мусалмонеро пӯшонад, Аллоҳ ҳам дар дунё ва ҳам дар охират айбашро мепӯшонад ва ҳар кас аҳволи қарздори муфлисро осон кунад, Аллоҳ аҳволи ӯро ҳам дар дунё ва ҳам дар охират осон мекунад ва Аллоҳ ба банда ёрӣ медиҳад, модоме ки банда ба бародараш ёрӣ медиҳад».

  • Бухорӣ ва Муслим аз Абдуллоҳ ибни Умар (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунанд, ки Расулуллоҳ ﷺ фармуданд:

«Мусалмон бародари мусалмон аст, ки ба ӯ зулм ва хиёнат намекунад. Кӣ эҳтиёҷи бародарашро бароварда созад, Аллоҳ ҳоҷати ӯро бароварда месозад».

  • Муслим аз Абӯ Саиди Худрӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) овардааст, ки ӯ гуфт:

«Боре ҳангоме ки дар роҳ будем, ногаҳон марде омад, ки бар шутураш нишаста буд ва ба росту чап нигоҳ кардан гирифт. Расулуллоҳ фармуданд: «Бигзор касе, ки ҳайвони савории зиёдатӣ дорад, онро ба каси надошта бидиҳад  ва касе, ки моли зиёдатӣ дорад, онро ба каси надошта бидиҳад».

  • Бухорӣ ва Муслим аз Абӯ Мӯсо (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунанд, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:

«Ҳароина, мӯъминон (дар муносибат) бо якдигар монанди биное ҳастанд, ки ҷузъҳои ҷудогонааш ба якдигар қувват мебахшанд» ва эшон ангуштҳои дасташонро ба ҳам андохтанд».

  • Муслим аз Нӯъмон ибни Башир (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) овардааст, ки Расулуллоҳ ﷺ фармуданд:

«Мӯъминон дар муҳаббат, меҳрубонӣ ва ҳамдардӣ ба якдигар монанди як ҷисманд. Вақте ки яке аз узвҳои он ба дард ояд, тамоми бадан бо бехобӣ ва табларза ба он посух медиҳад».

  • Ибни Абӯ Дунё ва Табаронӣ аз Ибни Умар (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунанд, ки Расулуллоҳ ﷺ фармуданд:

«Маҳбубтарини одамон дар назди Аллоҳ фоидаовартарини онҳост ва маҳбубтарин амал дар назди Аллоҳ, Азза ва Ҷалла, шодмоние аст, ки ту ба мусалмон тавассути дур сохтани ғаме аз ӯ ё адо кардани қарзаш ё бартараф сохтани гуруснагиаш меоварӣ. Ҳароина бо бародари мусалмонам барои бароварда сохтани баъзе ниёзҳояш рафтанам ба ман маҳбубтар аз он аст, ки дар ин масҷид як моҳ эътикоф нишинам. Ҳар кӣ ғазаби худро боздорад, Аллоҳ камбудиҳояшро пинҳон мекунад ва ҳар кӣ хашми худро дар ҳоле боздорад, ки ба изҳор кардани он тавоно аст, Аллоҳ рӯзи қиёмат қалбашро аз хушнудӣ пур месозад. Ҳар кӣ то бароварда сохтани ҳоҷати бародари мусалмонаш ӯро ҳамроҳӣ намояд, Аллоҳи Мутаъол дар рӯзе, ки пойҳо мелағжанд, пойҳояшро қувват мебахшад. Ва албатта хулқи бад амалро фосид мекунад, чунончи сирко асалро расво месозад» (ҳадиси ҳасан).

  • Бухорӣ ва Муслим аз Анас ибни Молик (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунанд, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:

«Ҳеҷ яке аз шумо имон намеоварад, то он даме, ки чизи дӯстдоштаашро барои бародари худ нахоҳад».

  • Муслим аз Абӯ Ясор (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ ﷺ фармуданд:

«Ҳар касе, ки ба қарздори нотавон мӯҳлат бидиҳад ё бахше аз қарзи ӯро бибахшад, Аллоҳ, Табарока ва Таъоло, (рӯзи қиёмат) ӯро дар сояи худ ҷой медиҳад».

  • Тирмизӣ ривоят мекунад, ки Амр ибни Мурра ал-Ҷуҳанӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ба Муовия ибни Абӯ Суфён хабар дода гуфтааст:

«Аз Расулуллоҳ ﷺ шунидам, ки мефармуд: «Кадом имоме, ки дари худро ба рӯи ҳоҷатмандон, ниёзмандон ва мискинон бандад, Аллоҳ дарҳои осмонро барои ҳоҷат, ниёз ва ҳолати мискинонаи ӯ мебандад». Баъд аз ин Муовия як нафарро барои (баррасии) ҳоҷатҳои мардум масъул таъин намуд» (ҳадиси саҳеҳ).

  • Муслим аз Абӯ Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ ﷺ фармуданд:

«Ҳароина, Аллоҳ, Азза ва Ҷалла, дар рӯзи қиёмат мефармояд: «Эй фарзанди Одам, Ман бемор будам ва ту ба аёдати Ман наомадӣ!». Ӯ мегӯяд: «Эй Парвардигорам, чӣ гуна метавонам ба аёдати Ту биравам, дар ҳоле ки Ту Парвардигори ҷаҳониён ҳастӣ?!». Аллоҳ мефармояд: «Оё намедонӣ, ки фалон бандаам бемор шуд, вале ту ба аёдати ӯ нарафтӣ? Магар намедонистӣ, ки агар ба аёдати ӯ мерафтӣ, Маро дар паҳлӯяш меёфтӣ? Эй фарзанди Одам, аз ту хостам, ки Маро таъом диҳӣ, вале Маро таъом надодӣ!» Ӯ гӯяд: «Эй Парвардигорам, Туро чӣ гуна таъом диҳам, ҳол он ки Ту Парвардигори ҷаҳониён ҳастӣ?!». Аллоҳ мефармояд: «Оё намедонӣ, ки фалон бандаам аз ту хост, ки ӯро таъом диҳӣ, вале ту ӯро таъом надодӣ? Оё намедонистӣ, ки агар ӯро таъом медодӣ, онро назди Ман меёфтӣ? Эй фарзанди Одам, Ман аз ту об хостам, вале ту ба Ман об надодӣ!» Ӯ гӯяд: «Эй Парвардигорам, чӣ гуна ба Ту об диҳам, дар ҳоле ки Ту Парвардигори ҷаҳониён ҳастӣ?!». Аллоҳ мефармояд: «Фалон бандаам аз ту об хост, вале ту ба ӯ об надодӣ! Оё намедонистӣ, ки агар ба ӯ об медодӣ, онро назди Ман пайдо мекардӣ?».

  • Бухорӣ ва Муслим аз Абӯ Мӯсои Ашъарӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунанд, ки:

«Ҳангоме назди Расулуллоҳ гадое меомад ё аз ӯ баровардани ҳоҷате талаб карда мешуд, ӯ ҳамеша мегуфт: «Шафоаткунанда бошед ва подош хоҳед гирифт ва Аллоҳ ҳукми дилхоҳи Худро бо забони Паёмбараш эълон хоҳад кард».

Дар ин ҷо шафоат маънои миёнаравӣ назди дигаронро, ки ба ин васила шафоаткунанда мехоҳад ба шахс нафъи ҳалол оварад ё аз зарар эмин нигоҳ дорад, ифода менамояд. Тиббӣ ин ҳадисро ба таври зайл шарҳ додааст: «Ҳар гоҳ касе аз мӯҳтоҷон бо арзи худ ба ман муроҷиат намояд, барояш шафоат кунед. Агар барои талабгор шафоат кунед, подоши худро хоҳед гирифт ва фарқ надорад, ки шафоати шумо кӯмак кард ё на. Аллоҳ ҳукми иродакардаашро, хоҳ он ҷавоби мусбӣ бошад ва хоҳ манфӣ, ба василаи Паёмбараш ﷺ эълон хоҳад кард. Паёмбар ﷺ ба дархост мусбӣ ҷавоб медиҳад ё намедиҳад, ҳамаи ин ба туфайли қазо ва қадари Аллоҳ аст» (аз китоби “Фатҳул-Барӣ”-и Ибни Ҳаҷар ал-Асқалонӣ). Имом Нававӣ дар «Ал-Минҳаҷу фи шарҳи Саҳеҳи Муслим» менависад: «Дар ин ҳадис тавсия шудааст, ки барои шахсоне, ки ниёзҳои ҳалол доранд, миёнаравӣ анҷом дода шавад, хоҳ ин миёнаравӣ назди султон, хоҳ волӣ ва хоҳ назди ягон инсони дигар бошад ба хотири боздоштани беадолатӣ ё боздоштани таъзир ё ба хотири қатъи ситонидани музд аз ниёзмандон ва ё амсоли ин. Аммо миёнаравӣ оиди бекор кардани ҳадди шаръӣ манъ аст. Инчунин ҷоиз нест, ки дар мавриди дурӯғ ва ё бекорсозии ҳуқуқе миёнаравӣ анҷом дода шавад».

  • Бухорӣ аз Абӯ Мӯсои Ашъарӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят мекунад, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:

«Гуруснагонро сер, беморонро аёдат ва асиронро озод намоед».

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads