Саъд ибни Абуваққос ва фиристодагони ӯ ба Хусрав
بِسۡمِ ٱ للَّهِ ٱ لرَّحۡمَٰنِ ٱ لرَّحِيمِ
Ин мавзўъ аз китоби «Қаноатмандӣ дар ҷангҳои Расули Худо (с.а.в.) ва се Халифа мавҷуд аст» гирифта шудааст. Ин мавзўъ ба он дахл дорад, ки чӣ гуна бузургии Ислом дар рӯҳи нахустин мусалмонон, вақте ки бо подшоҳон рӯ ба рӯ шуданд ба онҳо ихтиёри зеринро додаанд: ё қабули Ислом, ё пардохти ҷизя, ё эътирофи ҳукмронии Ислом ё ҷанг. Худи вохўрии рў ба рў бо подшоҳон ҳодисаи муҳимтар аз набардҳо ва ҷангҳо буд, зеро худ вохўрӣ қадами аввалини пирўзӣ буд.
Воқеан, дар ин вохўриҳо қалби подшоҳонро тарсу ваҳм фаро гирифта буд, ки ба қарорҳояшон таъсир расонида, ҳанўз пеш аз оғози набардҳо шикасти худро дарк мекарданд. Силоҳи саҳобаҳо калимае буд, ки на Хусрав ва на Ҳироклиус (Ираклий) онро пештар шунида буданд. Инро танҳо баъди таъсиси Давлати Хилофат метавон такрор кард. Инро Ғарб медонад ва ба пайдо шудани чунин давлат монеъ шуданӣ мешавад. Мусулмонон бояд аз ин огоҳ бошанд ва барои эҳёи он талош кунанд.
Саъд ибни Абуваққос тасмим гирифт, ки ба ҳокимони ҳамсоя ал-Мугир ибни Шуъоб, Буср ибни Абурухму, Арфаҷ ибни Ҳарсам, Хузайф ибни Муҳсон, Рибъӣ ибни Амир, Кирфу ибни Абўзоҳир ибн ат-Таймӣ ал Ваилӣ, Мазру ибн ал Адӣ ал-Аҷалӣ, Мудориба ибни Язид ва Саид ибни Мурраро ҳамчун элчӣ фиристад. Ду нафари охирин аз Бани Аҷал буданд. Саид бошад, аз зумраи нуқтасанҷон буд.
Саъд ба онҳо гуфт: «Ман шуморо ба назди онҳо (форсҳо) мефиристам, пас [барои ин] чӣ доред? Онҳо ҷавоб доданд: «Мо он чизеро, ки шумо ба мо мефармоед, риоя мекунем ва фармонро то охир иҷро мекунем! Аз ин рӯ, агар чизе рӯй диҳад, ки дар ин бора аз ҷониби шумо фармоне набуд, мо он чизеро, ки барои мардум беҳтар ва муфидтар аст, интихоб мекунем ва дар ин бора ба онҳо хабар медиҳем.» Ба ин Саъд гуфт: «Ин кори хирадмандона аст. Равед ва омода шавед!» Он гоҳ Рибъӣ ибни Амир гуфт: «Ғайриарабҳо назарҳо ва анъанаҳои маросимӣ доранд, бинобар ин, вақте ки мо якҷоя ба назди онҳо меравем, чунин таассурот пайдо мешавад, ки мо ба онҳо аҳамияти бузург медиҳем. Ман фикр мекунам, ки шумо набояд бештар аз як нафарро ба онҳо фиристед.” Ва ӯ шунавандагонро ба андешаи худ моил кард. Рибъӣ гуфт: «Маро бифирист.» Ва Саъд ӯро фиристод.
Пас Рибъӣ ибни Амир бо фармондеҳи форсизабон Рустам ба музокира рафт. Форсхо ба ин мулоқот тайёрии махсус дида буданд. Онҳо маҷлисгоҳро бо болиштҳои гулдӯзии тилло, қолинҳои абрешимӣ, сангҳои қиматбаҳо ва марворид зеб доданд. Бар сари Рустам тоҷи гаронбаҳо буд, дар бар либоси гаронбаҳову ҷавоҳирот дошт ва бар тахти заррин менишаст. Рибъӣ бошад, ба назди ӯ бо либоси дағал, бо шамшеру сипар, ба аспи кӯтоҳпояаш нишаста, ба ҷои аз асп фаромадан, онро аз болои қолини гаронбаҳо савора ронда даромад. Баъд аз асп фуромад ва ду болини гаронбаҳоро гирифта, аспашро ба онхо баст. Пас бо силоҳу зиреҳу кулоҳ сӯи Рустам қадам гузошт.
Посбонҳо ӯро боздоштанд ва гуфтанд, ки бо силоҳ ба Рустам наздик шудан мумкин нест. Ӯ ба ин чавоб дод: «Ман бо ташаббуси худ наомадаам. Шумо маро даъват кардед, ё шумо ба ман иҷозат медиҳед, ки ҳамин тавр бигзарам, ё ман баргашта меравам». Рустам гуфт: — «Ӯро вогузоред, то биёяд.» Рибъӣ ба назди Рустам бо нӯги найзааш гилеми гаронбаҳоро сӯрохкунон даромад. Аз ӯ пурсиданд:
— Чаро ба заминҳои мо омадед?
- Худованд моро фиристод, то касонеро, ки бихоҳад, аз парастиши махлуқот ба парастиши Офаридгор ҳидоят кунем, то ба ҷои фасоди дунё ба шумо ҷовидонӣ бахшем ва шуморо аз зулми динҳо ба адолати Ислом барорем. Ӯ моро фиристод, то тамоми махлуқоташро ба дини худ даъват кунем ва ҳар кӣ Исломро қабул кунад, ҳеҷ боке надорад, мо ӯро ба ҳоли худ мегузорем, вале бо онон, ки саркашӣ мекунанд, то ваъдаи Парвардигор ба амал омадан меҷангем.
- Ва ваъдаи Худованд чист?
- Биҳишт барои касоне, ки дар ҷанг бо кофирон кушта шудаанд ва пирӯзӣ барои наҷотёфтагон.
- Сухани шуморо гӯш кардам, метавоед интизор шавед, ки мо тасмим бигирем?
- Хуб, барои шумо чанд вақт лозим аст? Як ё ду рӯз?
- “Не, ба мо вақти кофӣ лозим аст, то бо донишмандону раҳбарони худ мукотиба кунем.
- Яке аз корҳое, ки Паёмбари Худо (с.а.в.) бар мо муқаррар кардааст ва ҳокимон ба он амр мекунанд: ба душманон барои андеша аз се рӯз зиёд вақт дода намешавад. Мо ба шумо се рӯз мӯҳлат медиҳем! Андеша кун ва пас аз се рӯз бояд аз се шарт якеро бояд интихоб кунӣ: ё Исломро қабул кун, мо туву сарзаминатро вомегузорем; ё ба пардохти ҷизя розӣ мешавӣ, мо онро аз ту мепазирем ва ба ту даст намерасонем ва агар ба кӯмаки мо ниёз дошта бошӣ, ба ту ёрӣ медиҳем; ё чанг дар рӯзи чорум. Пеш аз чорум рӯз, мо бо шумо ҷанг намекунем, магар ин ки шумо худатон бо мо ҷангро сар накунед. Ман ба ту (он чи гуфтаам) аз номи ҳар касе, ки [аз паси ман] мебинед, кафолат медиҳам.
- Шумо пешвои онҳо ҳастед?
- “Не, ман нестам, аммо муҳим нест, зеро ҳамаи мусулмонон мисли як тананд ва фурӯтантарин мо метавонад аз номи ашрофтарин ашроф ҳимояро ваъда диҳад.
- Пас, Рустам пешвоёни қабилаҳои қавмашро ҷамъ карда, ба онҳо гуфт:
- Оё шумо ягон бор суханеро шунидаед, ки аз сухани он кас пурқувваттар ва боварибахштар бошад?
- Худо накунад, акаллан ба ин сархам карда, дини худро ба дини ин саг иваз кунед! Оё надидаӣ, ки ӯ чӣ пӯшидааст?
- Вой бар ҳоли шумо, беҳтар мебуд, ки на ба либос, балки ба муҳокима, сухан ва рафтораш назар мекардед. Арабҳо дар либосу ғизо бепарвоанд, аммо ба шаъну эътибор ва асли худ бодиққатанд! Бале, онҳо мисли шумо либос намепӯшанд, зеро он чизеро, ки шумо дар он мебинед, намебинанд.
- Рӯзи дуюм Рустам боз ба Саъд хоҳиш кард, ки ба назди ӯ дигареро барои музокира бифиристад. Саъд Хузайфа ибни Миҳсонро ба наздаш фиристод, ки чун сафири пешин либос пӯшида буд. Чун Хузайфа бар болои гилем гузашт, форсҳо фармуданд, ки аз он фуруд ояд. Ӯ гуфт: «Агар бо ҳоҷати худ назди шумо биёям, пас инро талаб мекунед. Аз пешвоятон пурсед, ки вохӯрӣ ба ӯ лозим аст ё ба ман?! Агар гӯяд, ки ба ман лозим аст, пас дурӯғ мегӯяд, ин маънои онро дорад, ки ман бармегардам ва ин ҷоро тарк мекунам. Агар гӯяд, ки ба ӯ лозим аст, пас оё ман ба он тарзе ки ман мехоҳам назди ту омада наметавонам?»
Форсҳо ин суханро ба Рустам расонданд, Ӯ гуфт: «Даъват кунед». Ҳузайфа даромада дар рӯ ба рӯи ӯ истод; дар ин лаҳза Рустам дар болои суфа нишаста буд. Ӯ аз Хузайфа пурсид: — “Чаро ту омадӣ, на рафики дирӯзаат?” Ҳузайфа дар ҷавоб гуфт: “«Пешвои мо мехохад нисбат ба мо инсоф кунад, аз ин рӯ кору истироҳатро иваз мекунад. Имрӯз навбати ман аст.» Рустам пурсид: -“Туро чӣ ба ин ҷо овард?” Ҳузайфа гуфт: «Худованди бузург ва тавоно моро бо дини худ гиромӣ гардонид ва нишонаҳояшро ба мо нишон дод, то Ӯро бишиносем, зеро мо Ӯро инкор мекардем. Сипас фармуд, ки мардумро ба яке аз се чиз даъват кунем. Ҳар чӣ бипазиранд, мо низ мепазирем: ё Исломро қабул мекунӣ ва туро ба ҳоли худ мегузорем ё ҷизя месупорӣ ва агар лозим ояд туро ҳифз мекунем; ё ҷанг.» Рустам гуфт: «Ба мо чанд рӯз вақт медихӣ?» Чавоб дод: — «Се рӯз, рӯзи гузашта дохил.» Аз Хузайфа чизи наверо нашунида Рустам ин таклифро рад кард. Пас, Рустам бо чунин суханон ба рафиќонаш рў оварда гуфт: «Вой бар шумо, магар он чиро, ки ман мебинам, намебинед? Дина якумаш ба назди мо омад ва дар замини худамон бар мо ғолиб омад, дар ҳоле ки он чизеро мо ситоиш мекунем, нафрат кард. Аспаш зару зевари моро поймол кард, худаш дар ҳолати оромии том буд, баъд аз назди мо бошарафона рафт. Имрӯз каси дигаре омада, дар пеши назари мо бо оромии комил, дар замини мо истодааст, сарфи назар аз мо, ба андозае, ки вай моро ба хашм меорад ва мо — ӯро».
Рузи сеюм Рустам боз аз Саъд хост, ки шахсеро барои музокира ба назди ӯ бифиристад ва Саъд Муғира ибни Шӯъбаро ба назди у фиристод. Ба кӯпрук расида, Муғира аз он гузашт, вале форсҳо дарҳол ӯро дастгир карданд. Пас аз Рустам иҷоза пурсиданд, ки ӯро озод кунанд ва ӯ иҷозат дод. Номдорони форс Муғираро бо ҳамон либосе, ки аз ӯ пеш пӯшида буданд, истиқбол карданд, аммо онҳо тоҷҳо ва либосҳои зардӯзӣ доштанд. Ал-Муғира даромада дар паҳлӯи Рустам нишаст, вале форсизабонон дарҳол ӯро аз канори либосаш кашиданд, то бархезад. Ба ин Муғира гуфт: «Дар бораи шумо ба мо қиссаҳои аҷибе гуфтаанд, вале акнун мебинам, ки аз шумоён беақлтар мардуме нест. Мо арабҳо хамдигарро ба итоатамон маҷбур намекунем, магар касе ошкоро ба рафиқаш ҳамла накунад. Аммо на ман назди шумо омадам, балки шумо маро даъват кардаед. Аз ин рӯ, дуруст нест, ки маро аз нишастан дар ҷое ки ман мехоҳам, боздоред. Агар дар паҳлӯяш нашинам, бо шумоён гап намезанам. Имрӯз фаҳмидам, ки шумо ба шикасти ногузир дучор хоҳед шуд зеро салтанат дар дасти афроди дорои чунин рафтор ва дорои чунин ақл боқӣ намемонад». Мардуми авом инро шунида гуфтанд: «Ба Худо савганд! Араб рост гуфт! Мардум гуфтанд: «Ба Худо савганд! Ӯ суханоне гуфт, ки нотавонони мо ҳамеша ба сӯи он майл хоҳанд кард. Худованд пешгузаштагони моро, ки ин Умматро ҷиддӣ нагирифтанд, ҳалок гардонад!»
Рустам тасмим гирифт, ки суханони ҳамроҳонаш ба Муғира гуфтаро ба шӯхи мубаддал кунад ва гуфт: «Эй араб! Баъзан пайравон метавонанд кореро анҷом диҳанд, ки подшоҳ ба он розӣ нест ва баъзан ӯ аз тарси шикастани онҳо чашмонашро мепӯшад. Ҳама мехоҳанд, ҳамон чизеро, ки шумо мекунед — вафодорӣ ва қабули ҳақиқат. Ва шумо чӣ гуна силоҳ доред? Тирҳои хурд ва шамшери кӯтоҳ, оё шумо бо ин силоҳ бо мо меҷангед?» Пас Рустам пурсид: — “Ту гап мезанӣ ё ман?” Ал-Муғира ба ӯ гуфт: «Ту маро даъват карӣ, пас ту бояд нутқ кунӣ».
Пас тарҷумон бархост, Рустам ба ситоиши форсҳо сар кард. Подшоҳу мулкро баланд бардошта мадҳ кард. Сипас гуфт: «Моро дар байни дигар миллатҳо тавоно меҳисобанд, мо душманонамонро мағлуб карда метавонем, гарчанде ки онҳо дар байни дигар миллатҳо ҷои фахриро ишғол мекунанд. Ҳеҷ яке аз подшоҳон то ба бузургӣ, дараҷа ва қудрати мо нарасидааст. Мо халқҳоро забт карда истодаем, на онҳо моро. Фақат дар муддати як ё ду рӯз, як ё ду моҳ ба сабаби гуноҳҳоямон бар мо ғалаба карда метавонанд. Ҳатто агар Худо бихоҳад аз мо интиком бигирад, боз хам бузургии моро ба мо бармегардонад! Ғайр аз ин, дар байни халқҳо касе аз шумо пасттар нест. Шумо одамони нопокед, тарзи зиндагиатон нафратовар аст, мо шуморо одам намешуморем. Агар ягон сол хушксолӣ руй диҳад, шумо ба заминҳои мо мурочиат мекардед, мо фармон медодем, ки ба шумо бадтарин хурмою ҷав бидиҳанд ва шуморо бармегардонидем. Шумо нағз медонед, ки душвориҳои мамлакататон шуморо ба чунин қадам тела дод. Биёед, ман фармон диҳам, ки ба сарлашкари шумо ҷома, хачир ва ҳазор дирҳам бидиҳанд. Илова бар ин, фармон медиҳам, ки ба ҳар яки шумо як халтагӣ хурмо ва ду либос диҳам ва шумо аз заминҳои мо берун равед, зеро ман намехоҳам шуморо бикушам ё асир гирам».
Баъд аз он Муғира суханро сар кард. Нахуст ба Аллоҳ ҳамду сано хонда, баъд гуфт: «Худованд офаридгори ҳама чиз ва диҳандаи ризқ аст. Аллоҳ ҳар киро бихоҳад, баланд мебардорад ва ҳар киро бихоҳад, хору зор мекунад. Пас ҳар кӣ коре кунад, ҳамон касест, ки Худо офаридааст. Дар мавриди пирӯзии халқи шумо, ки зикр кардед, қудрати кишвари шумо ва бузургии ҳокими шумо дар ин дунё, мо инро медонем ва инкор намекунем. Охир, Аллоҳ шуморо чунин офарид ва ин фазилати Ӯст, на шумо. Дар мавриди вазъи ногувор, душвориҳои зиндагӣ ва ихтилофоти байни мо, ки шумо зикр кардед, мо инро ҳам рад намекунем. Аллох моро бо ҳамин имтиҳон кардааст. Гузашта аз ин, ин ҷаҳон тағйирёбанда аст, аз ин рӯ онҳое, ки бо мушкилот дучор мешаванд, интизори шукуфоӣ ҳастанд. Ва онҳое, ки фараҳмандона зиндагӣ мекунанд, интизоранд, ки душвориҳо меоянд. Ва агар Худоро барои он чӣ ба ту ато кардааст, шукр гӯӣ, шукронаи ту дар баробари он чӣ ба ту дода шудааст, ночиз хоҳад буд. Шукргузории андаки шумо буд, ки шуморо ба ҳолати таназзул овардааст. То ин дам мо беимон ва дар вазъияти душвор будем. Сипас, Худованд барои мо раҳмдилӣ карда, рӯзҳои сахти моро мураттаб сохт. Дар ҳақиқат вазъият чунон аст, ки шумо намедонед. Худованд ба сӯи мо паёмбаре фиристод, вале баъзеҳо ӯро ба дуруғгӯӣ муттаҳам карданд ва баъзеи дигар ба ӯ имон оварданд. Худованд даъваташро пирӯз гардонид ва дини Худро бар бадбиноне, ки кофир буда, бо Паёмбар (с.а.в.) душманӣ доштанд, ғолиб кард, то ба Ислом дохил шуданд — баъзе ихтиёран ва баъзе ба маҷбурӣ. Худованд ба мо амр кард, то касонеро, ки бо мо мухолифат мекунанд ва аз дин рӯй мегардонанд, ба дини худ даъват кунем, мо бо онҳо ҷанг мекунем». Баъдан, Муғира даъват ба Исломро зикр кард, ҳамон калимаҳоеро, ки қаблан зикр кардем. Муғира ҳамчунин ба Рустам гуфт: «Агар аз қабули Ислом сарпечӣ кунӣ, тобеи мо шав. Бо дасти худ хору залилона хироҷ хоҳед дод, вагарна [миёни мо] ҷанг мешавад».
Ин суханон Рустамро ба хашм овард, ӯро девона кард ва савганд дод, ки ҳатто пеш аз фаро расидани вақти ар-рўҳ ҳамаи мусалмононро мекушад. Муғира рафт. Рустам бо форсиёни бузургвор танҳо монд ва гуфт: «Онҳо куҷову мо куҷо! Ду нафари аввал ба назди шумо омаданд — онҳо нотарсии худро ба шумо нишон доданд ва мағлубиятро ба шумо пешгӯӣ карданд. Ва он гоҳ сеюмӣ омад. Ҳамаи онҳо як хел рафтор ва ба як чиз роҳнамоӣ мекарданд.»
Бархе аз рисолаҳо зикр мекунанд: Рустам ба Муғира ваъда додааст, ки ҳамаи мусулмонон кушта мешаванд ва Муғира дар посух ба ин гуфтаҳост: «Мурдагони мо дар биҳишт мешаванд ва мурдаҳои шумо ба ҷаҳаннам мераванд. Аммо касоне, ки аз мо зинда мондаанд, бар шумо пирӯз хоҳанд шуд. Охир, ин дар ҳадис ваъда шудааст ва ваъда хилоф намешавад». Рустам гуфт: «Ба назди рафиқони худ баргард ва ба ҷанг омода шавед, зеро миёни мову шумо сулҳе намешавад. Ва агар фардо яке аз шумо ин кӯпрукро убур кунад, ман аз ҳар яки онҳоро як чашмашро канда мегирам». Ба ин Муғира ҷавоб дод: «Дарвоқеъ, маро бо мужда шод кардӣ. Агар медонистам, ки аз ин ба баъд бо мушрикон мисли шумо ба ҷанг намебароям, мехостам чашми дуюмамро аз даст диҳам!» Баъди ин Муғира рафт. Форсҳои бузургвор аз ин сухани ӯ дар ҳайрат монданд. Рустам гуфт: «Бовар дорам, ки подшоҳии ин мулк ба поён расид. Агар аз мо камтар сабр кунанд, барои мо беҳтар аст. Онҳо ваъда доданд, ки ё мемиранд ё ба мақсади худ мерасанд. Онҳо дар фирор аз майдони ҷанг эҳтиёткоранд. Он шаб хобе дидам, ки тире аз осмон ба мо мезад. Чӣ тавр наҳангҳо ба хушкӣ баромаданд ва чӣ гуна ин одамон бар шумо ғолиб мешаванд.