Ҳангоми назар андохтан ба ҷомеае, ки мусалмонон зиндагонӣ мекунанд, мо мебинем, ки онҳоро зишткорӣ аз ҳар тараф печонида гиифтааст. Мо мебинем, ки корҳои гуноҳ ба таври оммавӣ — ҳам дар ҳаёти шахсӣ ва ҳам дар ҳаёти ҷамоӣ паҳн гаштааст. Мусалмонон амалҳои гуноҳро дар назди ҳамсоягон ва ҳамшаҳрони худ бемалол иҷро кардан мегиранд. Дигарон бошанд, хомӯшона аз назди гуноҳкунандагон гузашта мераванд ва чорае намебинанд, ҳатто бо қалбашон ҳам онро инкор намекунанд. Ин ҳолати Уммати Исломӣ дар натиҷаи набудани чӯпони ӯ, яъне Давлати Хилофат аст.
Агар мусалмон дар бобати чунин ҳолати уммати худ тафаккур кунад, чунин саволҳо дар ӯ пайдо мешаванд; Барои чӣ мусалмонон ошкоро ба кори гуноҳ мераванд ва ҳатто аз ин фахр мекунанд? Барои чӣ онҳо ба корҳои ҳаром чашм мепӯшанд ва худ онро содир менамоянд? Барои чӣ вақте аз онҳо дар ин бора пурсида мешавад, онҳо бо суханҳои мантиқии ночизе худро сафед мекунанд, ки он ягон арзише надорад? Барои чӣ мусалмонон аз инкор кардани мункар, ақаллан бо қалбашон бошад ҳам бозмондаанд? Барои чӣ амалҳои ҳаром барои онҳо дилфиреб гаштааст, ва онҳо онро ҳеҷ рад намекунанд? Барои чӣ мусалмонон ҳукми Аллоҳро нисбати ин амалҳо хеле хуб медонанд, аммо бо вуҷуди ин худро аз ғазаби Аллоҳ эҳтиёт намекунанд ва ба ин эътиное зоҳир намекунанд?
Ин гуна саволҳо ҳар мусалмони нисбати қонунҳои Парвардигор ва дини худ рашкбарандаро азият медиҳад. Барои чӣ мусалмонон ба чунин ҳолат одат карда, бо маъсият ҳамоҳанг ва мутеъ шуда монданд?
Сабаби бо маъсиятҳо ҳамоҳанг ва ба он мутеъ гаштани мусалмононро бо ҳолтаҳои зер шарҳ додан мумкин аст:
1 – Вуҷуд надоштани ҳокимияте, бо нозилкардаҳои Аллоҳ ҳукм намеронад. Дар натиҷаи набудани ҳокимияти Исломӣ ва татбиқ нашудани низомҳои он, аз ҷумла системаи мурофиавии ҷиноӣ, ки ҳудудҳои тағйирнопазир, қисас (чораҳои кафорат) ва таъзир (ҷазоҳои маъмурӣ)-ро пешбинӣ мекунад, низ дар майдони ҳаёт вуҷуд надоранд. Чораҳое, ки гуноҳро пешгирӣ мекунад ё аз он бозмедорад, ва ба шаҳрвандон таъсир мерасонад, вуҷуд надорад. Инчунин, муҳити оммавии Имломӣ низ дар майдони ҳаёт дида намешавад.
2 – Имконнопазирии ҳаёти мукаммал барои мусалмон дар ҷомеаи Исломӣ, маънои онро дорад, ки андаруни ин ҷомеа Ақида ва мафкураи Исломӣ ҳукмфармо нест. Мафкураи Исломӣ бо дигар мафкураҳо омехта гаштааст. Дар аксари ҳолат мафкураи куфр бартарӣ мекунад, мафкураи Исломӣ бошад, дар нақши дуюм ҷой мегирад.
3 – Ҳамгироиии ҷомеаи мусалмонон бо гуноҳу мункар ин як хоҳиши Ғарб мебошад ва ин дар компанияи маҳвсозии Ислом ва маданияти он ҷой дорад. Барои ин куфр ҳамаи воситаҳои иттиолотӣ, оҷонсҳо ва мусалмонони ҷоҳил, ки бо сақофати онҳо заҳролуд гаштаанд, истифода мебарад.
4 – Олимони Исломӣ вазифаҳои аслии худро иҷро намекунанд – онҳо ҳокимонро бинобар нисбати шариат беэътино буданашон муҳосаба намекунанд. Баъзе псевдо-олимҳо бошанд, кӯшиш доранд, то ки бар қонунҳои Ислом қонунҳои Ғарбиро илова намуда, ба ҷоиз будани он фатво бароранд. Гоҳо ӯҳдадорони татбиқкунанадагони он Исломи сохтаро шакл медиҳанд, ки ин душманони Исломро хурсанд мекунад.
Чунин аст сабабҳои паҳншавии маъсиятҳо дар кишварҳои мусалмонон, дар натиҷа мусалмонон наметавонанд, онро рад карда бартараф намоянд. Бо ин сабабҳо мусалмонон ба корҳои гуноҳ ва манфӣ, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёташон даромада рафтааст, омӯхта шудаанд.
Мо мебинем, ки бисёрии занҳои муслима, ки ба чунин ҳаёти ҷамоӣ фирефта шудаанд, мутеъона мункарро пайравӣ мекунанд. Шармгоҳҳои худро кушода, зебогиашонро назди бегонагон намоиш медиҳанд. Май ва дигар нӯшокиҳои спиртӣ дар Марказҳои бузурги савдо ва Меҳмонхонаҳои кишварҳои исломӣ , аз он ҷумла дар пойтахтҳои ба монанди Миср, Амман Бейрут, Дубай ва ғайраҳо фурӯхта мешаванд. Бонкҳои судхурикунанда ба ҳамаи кишварҳои Исломӣ дароварда шуда, назди масҷидҳо сохта мешаванд. Мусалмонон бошанд, бо майлу рағбат бо судхурӣ машғул мегарданд. Гӯё, ки Аллоҳ бо шахсони судхӯр ҷанг эълон накарда бошад. Ба кадом тарафе, ки нигоҳ накунӣ, он ҷо мункарро мебинӣ, иловатан гуноҳҳои бузург зиёдтар назаррас ҳастанд. Омехташавии зану мард (ихтилот) дар ҳаёти мусалмонон мустаҳкам ҷойгир шудааст.
Дуздӣ, фиреб ва қаллобӣ кори одатӣ шуда мондааст, гӯё ки он дар ҳаёти дунявии мусалмонон як кори оддӣ ва муқаррарӣ бошад. Мардон ба занҳо таассуб намуда, аз намуди зоҳирии худ сахт дар ташвишанд. Хонаи кӯҳансолон аз мардон ва занони пир ва калонсол пур гаштааст. Бисёриҳо бо сабабҳои танбалӣ ва хоҳиш надоштан намозро тарк кардаанд. Дар рӯзҳои моҳи Шарифи Рамазон бемалол хӯрда мегарданд. Аз сабаби бедонишӣ ва хоҳиш надоштан аз даъват рӯй метобанд. Агар касе ба онҳо насиҳат кунад, аз он ҳам рӯй гардонида, бар ӯ механданд, зиддигарӣ карда, такаббурӣ зоҳир менамоянд, гӯё ки ба наздашон девонае омада бошад.
Агар аҳамият дода шавад, шахси ба падидае одаткарда, ягон амали ба ӯ бегонаро дарҳол аз худ намекунад, одатан, агар ин амал ба пиндорҳои ӯ зид бошанд. Дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бори аввал бо чунин амал, ӯро хашм ва ногуворӣ фаро мегирад. Аммо вақте, ки ин амал якчанд бор такрор карда шавад, он як кори оддӣ шуда мемонад, ногуворӣ рафта, ҷои онро одаткунӣ фаро мегирад. Агарчӣ мусалмон бояд аз ҳар амале, ки ба пиндорҳои ӯ зид ҳастанд қатъиян рӯй тобад. Ӯ бояд бо чунин амалҳо бо рад кардан ва маҳв гардонидани он мубориза барад, агарчанде, ки аҳолии тамоми курраи замин ба он одат карда бошанд ҳам.
Ин ҷо баъзе омилҳое ҳастанд, ки ба нобудгардонии тафаккури дуруст ва андешаи саҳеҳ, инчунин аз радкунии фаҳмишоти мусалмон хизмат мерасонад. Ин ба он бурда мерасонад, ки мусалмон кирдорҳою воқеаҳои дар ҷомеа рӯйдодаистодаро дуруст ва возеҳ баҳогузорӣ карда наметавонад. Баръакс, ӯ ба қабулкунӣ ва ё норозигии ҷомеа нигоҳ карда, бидуни фаҳмидан онро пайравӣ мекунад. Ин омилҳо инҳоанд:
1 – Маданият ва қимматҳои Ғарбӣ – мухолифати оштинопазири Ислом, ки ба ӯ душманӣ варзида, бо воситаи ҳар гуна макру ҳиллаҳо ботадриҷ ва номаълум ба даруни ҷомеаи исломӣ даромада меоянд. Дар бисёр ҳолатҳо мусалмонон инро ҳис накарда, ин маданият ва пиндорҳоро қабул мекунанд. Ҳамин тавр, мусалмонон Иди масеҳиён ва яҳудонро ҳамроҳи онҳо ҷашн мегирифтагӣ шуданд, демократия ва озодиҳоро пазируфтанд, ба қисматҳо тақсим карда шудани кишварҳояшон розӣ гаштанд, сарҳадҳои байни он гузошташударо тасдиқ намуданд, ҳамроҳи онҳо байроқҳоро бардоштанд, ки ғайр аз ҷудоихоҳӣ ва тақсимкунӣ дигар маъное надоранд.
2 – Тарғиботи марҳилавию барқасдона, ва рекламаи мункарот (маъсиятҳо) аз тарафи душманони Аллоҳ дар кишварҳои мусалмонон, бо воситаи расмикунонии ҳалол дар стандартҳои ғарбӣ бо роҳи ивазкунии ном ва шакли онҳо. Масалан, паҳншавии пивои беспирт ва фурӯши обҳои ширину квас дар зарфҳои шишагие, ки пештар дар он фақат нӯшокиҳои спиртӣ фурӯхта мешуданд.
Нақши ВАО дар тарғиботи падидаҳои номатлуб.
Шубҳае нест, ки ВАО барои одаткунонии мусалмонон ва омӯзонидани онҳо ба ин падидаҳои номатлуб нақши зараррасони асосиро мебозад. Ин ҷо баъзе мисолҳоро меорем:
а) – ВАО тамошобинонро ба муҳаббати мункар водор месозад. Ба дузд, раққоса, қиморбоз, шаробнӯш, нашъаманд ва ғайраҳо симои қурбоншуда, ҳатто баъзан ба онҳо талъати қаҳрамони ҷасурро армуғон мебахшанд. Гоҳо онҳоро тимсоли шахсони бовиҷдон ва боэътимод – муборизи истиқлоли миллӣ, одамдӯст, ҳимоятгари маҳаллаи зист ва ё парастандаи хурсандии мардум бо ҳаҷвнигорӣ карда нишон медиҳанд.
б) – ВАО диққати ҳамаро ба ҷинояте ҷалб карда, онро якчанд маротиба дар силсилафилмҳо, ток-шоуҳо ва ғайраҳо намоиш медиҳад, кӯшиш мекунад он ба таври максималӣ овоза гардад. Фикри шахсонеро, ки ин ҷиноятро дастгирӣ мекунанд ва ё ба он тасвири дилфиреб медиҳанд, албатта ҷойгир мекунанд. Онҳо ба толори барнома шахсонеро даъват мекунанд, ки ин ахлоқи ҷинояткоронаро дастгирӣ мекунанд, дар натиҷа шахси ҷиноятчӣ ба шахси қурбоншуда ва фидокор табдил меёбад. Ӯро ҳамчун ба шахси стресси психологӣ фаромада нишон медиҳанд, шахсони ӯро дастгирикунанда озодии шахсӣ ва ошкорбаёниро асос карда меоранд. Баъзан, онҳо барномаҳои телевизиониро бо муаммоҳое ғарқ мекунанд, ки ин гуна муаммоҳо дар кишварҳои Исломӣ қариб ки вуҷуд надоранд. Мо мебинем, ки онҳо диққати мардумро ба нашъамандӣ, никоҳҳои шаҳрвандӣ, гомосексуал, ва муаммоҳои “падар ва фарзандон” ҷамъ карда, ҷавононро ба ноитоатии волидайн омӯхта мекунанд.
в) – ВАО кӯшиш мекунад, ки ба мусалмонон нисбати дину маданияташон қароҳият пайдо кунонад. Мусалмони ба Шариат итоаткунандаро ба фанатики аз ҳаёт ақибмонда ва зиндагониаш дар замоне, ки мардум зиндагонӣ намекунанд, тимсол дода нишон медиҳанд. Гоҳе ӯро ба шахси расмиятпарасте, ки хоҳар ва ё духтари худро маҷбуран ба шавҳар медиҳад ва бо зӯрӣ ба ӯ либоси шаръӣ мепӯшонад, таҷассум менамоянд. Ин гуна қиёфаҳоро ВАО ҳамчун “ақибмондаҳо” ба назар мегирад. Ҳамчунин киноҳо ва силсилафилмҳоеро, ки намоиш медиҳанд, ки дар он шайхе бо риши калон чакмани дарозеро ба бар карда, дар ҳолати аблаҳӣ ва террористи аҳмақ нақш мебозад.
Ин танҳо қисматест, ки ВАО бо он мункар ва маъсиятро тарғиб намуда, мекӯшанд, то ишқи онро дар дили мусалмонон ҷойгир намоянд.
3 – Вуҷуд надоштани кафолати бехатарии ҷомеа – барои идораи корҳои мардум мувофиқи шариат давлат бояд чӣ гуна бошад. Бинобар ин, бисёрии мусалмонон аз вазифаҳои шаръии худ дар масъалаи рад кардани мункарҳо, худро канор гирифтанд. Дар асл мусалмонон хоҳ Давлати Исломӣ мавҷуд бошад ва ё не бояд ба маъруф амр кунанд ва аз мункарҳо нигоҳ доранд. Зарурати ин вазифа ҳангоми набудани Давлати исломӣ, ки корҳои мардумро мувофиқи нозилкардаҳои Аллоҳ идора менамояд, боз ҳам меафзояд. Ислом ин вазифаро ба ҳар як мусалмон ва ба дӯши гурӯҳбандиҳое, ки баҳри ислоҳи ҷомеъа фаъолият мебарад, бор кардааст. Аллоҳи Бузург мефармояд:
وَلْتَكُن مِّنكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنكَرِ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
“Ва бояд аз байни шумо гурӯҳе бошад, ки ба некӣ даъват менамоянд, амри маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд. Онҳо растагоронанд.” (3:104)
Аммо, мусалмонон аз иҷрои ин вазифа саркашӣ мекунанд. Дуруст, ин вазифа мувофиқи ин Ҳадис аз имконҳо вобастагӣ дорад. Абӯсаиди худрӣ мефармоянд: Ман шунидам, ки Расулуллоҳ (с.а.с.) гуфтанд:
“Кадоме аз шумоён мункарро бинад, онро бо дасташ тағйир диҳад, агар натавонад, бо забонаш тағйир диҳад, агар натавонад бо қалбаш – ин аз зифтарини имонҳост.” (Муслим.)
Бинобар ин маъсиятро бо қалб рад бояд кард, яъне аз рух додани он хашмгим ва дарғазаб бояд шуд, ба он иҷозат набояд дод ва нисбати он бобуғз ва адоватнок будан лозим аст. Бо мункар розӣ будан дуруст нест, бо баъзеи онҳо ҳамраъй шуда, бо муаллифи он фахр кардан, бо вуҷуди имконияти бо даст ва ё бо забон бартараф кардани он, бар мусалмон нашояд. Масалан, шахсеро, ки аз бонк қарзи фоизнок барои сохтмони бино ва ё барои харидани автомашина гирифтанист, ӯро дастгирӣ ва водор кардан, ки ин кор бисёр манфиатнок аст…
Аллоҳи Таъоло сифтаи шахсонеро, ки амри маъруф ва наҳйи мункар мекунанд, дар Қуръон чунин баён кардааст:
التَّائِبُونَ الْعَابِدُونَ الْحَامِدُونَ السَّائِحُونَ الرَّاكِعُونَ السَّاجِدُونَ الْآمِرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَالنَّاهُونَ عَنِ الْمُنكَرِ وَالْحَافِظُونَ لِحُدُودِ اللَّهِ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ
Тавбакунандагонанд парастандагонанд, ситояндагонанд, рӯзадоронанд, рукӯъкунандагонанд, саҷдакунандагонанд, амркунандагон ба маъруф ва манъкунандагон аз мункаранд ва ҳофизони ҳудуди Худоянд! Ва мӯъминонро хушхабар деҳ! (9:112)
Дар Қуръони Карим бисёр оятҳое ҳастанд, ки дар бораи ин вазифаи бузург нозил гаштаанд:
الَّذِينَ إِن مَّكَّنَّاهُمْ فِي الْأَرْضِ أَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ وَأَمَرُوا بِالْمَعْرُوفِ وَنَهَوْا عَنِ الْمُنكَرِ وَلِلَّهِ عَاقِبَةُ الْأُمُورِ
Агар ба онҳо дар замин қудраташон диҳем, намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар мекунанд. Ва саранҷоми ҳамаи корҳо бо Худост! (22:41)
كُنتُمْ خَيْرَ أُمَّةٍ أُخْرِجَتْ لِلنَّاسِ تَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَتَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنكَرِ وَتُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَلَوْ آمَنَ أَهْلُ الْكِتَابِ لَكَانَ خَيْرًا لَّهُم مِّنْهُمُ الْمُؤْمِنُونَ وَأَكْثَرُهُمُ الْفَاسِقُونَ
Шумо беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардум падид омада, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред. Агар аҳли Китоб низ имон биёваранд, барояшон беҳтар аст. Баъзе аз онҳо мӯъминанд, вале бештарини онҳо табаҳкоронанд. (3:110)
Мусалмон бояд фаҳмад, ки инсонҳо якчанд намуд мешаванд. Як намуди инсонҳо ба қарори Аллоҳ бароварда итоат мекунанд, Шариати Аллоҳро дар воқеъ татбиқ менамоянд. Рафтор, гуфтор ва амалҳои худро мутеъи қонунҳои Шариат мегардонанд, аз корҳои ҳаром худро дур карда, зоҳидона аҳкомҳои Ӯро риоя менамоянд. Ин гуна шахсон ба Ҷанннате ки паҳноии он осмонҳою замин аст, ба Дӯзахе, ки сӯзишвории он инсон ва сангҳо аст, имон доранд.
Дигар намуди шахсон – инҳо одамоне ҳасатнд, ки маъсият ва корҳои манъшударо иҷро мекунанд аз корҳои Аллоҳ иҷозатдода дур ҳастанд. Аммо, вақте, ки ба онҳо амри маъруф ва наҳйи мункар карда шавад, шояд, ки ҷавоб диҳанд. Шояд, ки қалби онҳо ба сӯи тақво боз гашта, аз болои кулли дасисаҳои Шайтон ғолиб оянд.
Сеюм намуди инсонҳо – инҳо шахсоне ҳастанд, ки бинобар такаббуриашон дар назди ҳақиқат ва майли эътироф надоштанашон ба Аллоҳ итоат намекунанд. Ин гуна шахс ба амри маъруф ва наҳйи мункар эҳтиёҷе надорад, сабаб он аст, ки ин намуди одамон бемасъулият, мутакаббир ва ноитоати якрав ҳастанд. Онҳо қонунҳои Аллоҳро ҳеҷ ба эътибор намегиранд. Баръакс, ин намуд шахсон ба ҳукумате эҳтиёҷ доранд, ки ҳудудҳоро ҷорӣ намуда, системаи ҷазои шаръиро бар болои онҳо татбиқ менамояд, бо мафкура, дарёфт ва бо татбиқи низомҳои худ амнияти ҷомеаи Исломиро ҳифз менамояд. Он гоҳ онҳо имон оварда, бо қонунгузории Аллоҳ қонеъ мегарданд. Он гоҳ ба қонуни татбиқшудаистода ҳам мутакаббирон ва ҳам мулоимтабиатон итоат мекунанд. Дар ҷомеаи Исломӣ шахсони ошкоро дар бораи ноитоатиашон ҳарфзананда роҳ намеёбанд. Дар бораи ноитоатӣ сухане гуфта намешавад. Ҳамзамон дар ҷомеае, ки Ислом татбиқ мегардад, паҳни падидаҳои номатлуб, ва амалҳои гуноҳҳо қатъ карда мешавад.
Амнияти ҷомеаи Исломӣ дубора ба замин нури зиндагониро мебахшад. Дубора оромии ҳукмрон ба дилҳои инсоният хурсандӣ ва фараҳ мебахшад.
Ал-Ваъй
Умм Абдуллоҳ
Фаластин