Русия бо сиёсати бемаҳоратонаи хориҷии худ ҳалқадаваки амрикоиро дар гарданаш боз ҳам сахттар мекунад.
13.02.2022
Хабар:
Ҷопон дар оянда Аврупоро бо гази моеи худ таъмин менамояд: намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида бо чунин дархост ба Токио муроҷиат карданд. Худи Ҷопон манобеъи энергияро ворид мекунад, аммо дар вазъияти кунунӣ Токио тасмим гирифт, ки ҳамфикрии сиёсӣ нишон диҳад. Аввалин миқдорҳо бояд дар моҳи март ба Аврупо ворид шаванд.
Шарҳ:
Аз соли 2008, аз рӯзе, ки президенти Русия бо «нутқи Мюнхен» баромад кард, Русия кӯшиш карда, барои дар арсаи ҷаҳонӣ худро дубора муаррифӣ менамояд ва ба ҷаҳони якқутбии таҳти роҳбарии Иёлоти Муттаҳида чолиш мепартояд.
Аммо тайи 14 соли охир Русия бо шикасти рӯшан рӯбарӯ шуд. Кӯтоҳандешии сиёсӣ, ки оқибати нокомии мабдаии Маскав аст, Русияро ба як даҳшати байналмилалӣ табдил дод, ки кирдорҳои берӯёнаи он аз тарафи ИМА барои боз ҳам фишурдани вориси СССР ва ҷомеаи ҷаҳониро дар атрофи Амрико ҷамъ овардан истифода мешавад, махсусан кишварҳои аъзоёни ИА ва НАТО-ро боз ҳам мустаҳкам менамояд.
ИА бо вуҷуди норозигии бузургтарин донорҳои худ – Олмон ва Фаронса маҷбур аст, ки ба дастури ИМА пайравӣ кунад, зеро Русияи путинӣ ошкоро ба «арзишҳои аврупоӣ»-и маъруф туф мекунад. Зеро, дар ин вазъият барои ИА арзишҳои муштарак бо ИМА аз манфиатҳои иқтисодии дӯстӣ бо Русия муҳимтаранд.
Дар ин маврид Иёлоти Муттаҳидаро на танҳо кишварҳои аврупоӣ, балки кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, ки дар он тарафи ҷаҳон ҷойгир аст, дастгирӣ мекунанд, ки вазири савдои он тасмими худро дар бораи интиқоли гази моеъ ба Аврупо бо чунин тарз шарҳ додааст: «Ҷопон бояд кишварҳои «Ҳафтгона», бахусус онҳоеро, ки бо Ҷопон арзишҳои муштарак доранд дастгирӣ кунад.»
Пас аз тасмими моҷарои Федератсияи Русия (ФР) дар соли 2014 дар бораи ғасб кардани Қрим ва эҷоди бесуботӣ дар шарқи Украина – дар Донбасс – сиёсати хориҷии Русия ҷои нозуки ҷиддӣ, абрӯи буридае дорад, ки Амрико ҳамроҳ бо муттаҳидонаш давра ба давра ба он зарба мезанад.
Ҳамин тавр роҳбарияти Украина гоҳ-гоҳ хоҳиши хурӯҷ аз созишномаи Минск ва ҳатто эҳтимолан оғоз кардани поксозии иҷбории Донбасс аз ҷангҷӯён ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русияро садо медиҳад.
Русия дарк мекунад, ки вақт дар Донбасс бар зидди ӯ бозӣ мекунад ва ба як шикастӣ бузург дар минтақа наздик мешавад, пас аз он барои ғасб кардани Қрим фишор боз ҳам бештар мешавад. Бинобарин, дар соли охир бори дуввум барои бардоштани саҳмҳо кӯшиш дорад, дар сарҳадҳои Украина бо силоҳи оташфишон таҳдиди ҷанг намояд.
Шояд касе бо чунин хулосаҳо розӣ набошад ва баҳс кунад, ки Русия дар 10 соли охир вазни сиёсати хориҷии худро афзоиш дод ва худро дар арсаи байналмилалӣ бо овози баланд эълон карда, найрангҳои сиёсии хирадмандона анҷом додааст.
Аммо ин ғайр аз орзуҳои тарғиботчиҳои рус дигар чизе нест.
Дар давоми 20 соли охир, Русия дар сарҳадҳояш ба ном бо «инқилобҳои ранга» дучор шуд, воқеан Украинаро аз даст дода, дар низои Қарабоғ маҷбур шуд, ки шарики пасиқафқозӣ дар СПАД Арманистонро таслим кунад. Ҳатто Қазоқистон, ки ҳавлӣ ва фазои зисти ФР мебошад, имрӯз, ба қавли расонаҳои таблиғотии Русия, қурбони талошҳои Ғарб барои ба амал овардани “инқилоби рангаи” навбатӣ дар он шудааст.
Дар ахбори “Euronews”, ки дар боло зикр шуд, гуфта шудааст:
«Ин ҳафта Вашингтон дар пасманзари бӯҳрон дар атрофи Украина роҳҳои алтернативии таъмини манобеъи энергияро ба Аврупо ҷустуҷӯ мекард. Роҳбари дипломатияи аврупоӣ Ҷозеп Боррел ба назди ҳамтои амрикоии худ Энтони Блинкен омад. Ҳамчунин рӯзи душанбе президенти ИМА Ҷо Байден, ки дар Вашингтон кантслери Олмон Олаф Шолтсро ба ҳузур пазируфт, ошкоро ваъда дод, ки ба қубури “Ҷараёни Шимолӣ-2” “хотима мебахшад”.
Шумо як фикр кунед, дар он тарафи Атлантика, онҳо роҳҳои алтернативии таъмини манобеъи энергияро ба Аврупо ҷустуҷӯ мекарданд ва Байден ваъда дод, ки ба кӯшишҳои якҷояшавии иқтисодӣ байни ИА ва ФР хотима мебахшад!
Пас аз ин чӣ тавр одами солимфикр дар бораи эҳё ва аз зону бархостани ФР даъво карда метавонад?
Русияи аз ҷиҳати сиёсӣ кӯтоҳандеш дар давоми асрҳо аз ҷангҷуӣ ва ултиматумҳо сӯиистеъмол мекунад ва аз нобарориҳои амалияи найрангҳои сиёсӣ азоб мекашид.
Ба ҷуз суханони зерини яке аз ҳокимони он, подшоҳи рус Александри III (ҳукмрониаш 1881 — 1894) ҳеҷ чиз соддагии сиёсати берунии Русияро ифода намекунад: «Русия танхо ду иттифоқчӣ дорад — артиш ва флоти он».
Пас аз пошхӯрии СССР ва рад шудани коммунизм, вақте Русия пойдевори мабдаи худро, ҳарчанд хато бошад, аз даст дод, суханони Александри III асоси тамоми сиёсати хориҷии он гардид. Ҳоло Русия ташвиш надодани худро бо нақшаҳо ва найрангҳои сиёсӣ тарҷеҳ медиҳад, ҷои онҳоро бо шантаж ва таҳдид алайҳи ҳамсоягони худ ва тамоми ҷаҳон афзал медонад.
Ҳамин тавр, дар посух ба таъхири иҷрои тарҳи “Маҷрои Шимолӣ-2”, Русия тасмим гирифт, ки дар зимистони имсол нархи газро барои Аврупо боло бардорад ва ба ин тартиб ҳаросҳои Ғарбро дар мавриди истифода аз ин тарҳ барои шантаж тасдиқ намояд. Дар натиҷа, ИМА «амалиёти наҷот»-и ИА аз зимистони сард роҳбарӣ намуда, барои ин ҳатто Ҷопонро, ки дар он тарафи ҷаҳон ҷойгир аст, ҳамроҳ кард. Ҳамаи ин, агар ба таври комил набошад, пас ба рад кардани назарраси Иттиҳоди Аврупо аз захираҳои энергетикии Русия оварда мерасонад.
Аммо, ин маънои онро надорад, ки ИМА дар ин муноқиша танҳо ҳадафҳои хубро дар назар дорад, гӯё ки дар бораи Аврупо ва Украина ғамхорӣ мекунад. Ҳаргиз не. Амрико саги девона ва хашмгини русро дар занҷир дар марзҳои Иттиҳодияи Аврупо истифода мебарад, то кишварҳои минтақаро боз ҳам ба худ пайванд намояд.
Суханони зерини сенатори амрикоӣ Линдси Грэм, ки ӯ пас аз “суханронии Мюнхен”-ии Путин гуфтааст, дар ин ҷо пурмазмунанд: «Ӯ бо як суханронии худ барои муттаҳид кардани Амрико ва Аврупо бештар коре кард назар ба мо, ки дар тӯли даҳсола карда метавонистем».
Аз соли 2014, Русия ҳаракати худро дар ин роҳи ноком суръат бахшида, танҳо ба ҷамъшавии боз ҳам бештари нерӯҳои НАТО дар марзҳои худ ноил шуд.
Дар сиёсати хориҷии худ дар Ховари Миёна ва Африқо, Русия ба манфиатҳои ИМА, хоҳ дар Сурия, Либия, Судон ва ҳоло чӣ дар Мали бошад ҳам, хидмат карданро идома медиҳад. Инро он далел тасдиқ мекунад, ки ИМА алайҳи Маскав барои фаъолияташ дар ин кишварҳо комилан ҳеҷ гуна таҳримот ҷорӣ накардааст. ИМА барои ҳимояи манфиати худ корҳои ифлосро ба Русия (ба мисли гулӯлаборони шаҳрҳои Сурия) вогузор кард
Дар навбати худ Русия умедвор аст, ки дар мавриди бӯҳрони Украина ба гузаштҳо ва ҳамчунин эътирофи ғасби Қрим муваффақ шавад.
Дар чанд соли охир кӯшишҳои ИМА дар истифодабарии Русия барои фишор овардан ба Чин мушоҳида мешавад. Болоравии Чин аллакай чанд маъмуриятҳои Кохи Сафедро нигарон менамояд.
Ҳамин тариқ, дар муқовимати кунунӣ бо Ғарб Русия дар ҳолати ҳимоякунӣ қарор дорад. Он метавонад ба фишоре, ки бар вай расонида мешавад, танҳо бо шиддати ҳарбӣ посух диҳад, ки аз мавқеъи тактикӣ ҳоло метавонад барои ӯ фоидаовар бошад, вале дар оянда бешубҳа, ба як нокомӣ ва таҳқири боз ҳам бузургтар табдил меёбад.
Ҳамаи он чизе, ки Русия имрӯз ба он қодир аст, латукӯби донишҷӯён ва ҷавононе, ки дар тазоҳуроти дохили кишвар ширкат меварзанд, ҳамчунин шаҳрвандони мусалмони худро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва терроризм шиканҷа, боздошт ва ба мӯҳлатҳои дурақама зиндони кардан мебошад.
Махсусан барои радиои Дафтари марказии иттилоотии Ҳизби Таҳрир
Сардори Дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Украина
Фозил Амзаев
10.02.2022