Русия сарпарасти терроризм аст

Русия сарпарасти терроризм аст

Хабар:

Ҷон Кирби, ҳамоҳангсози иртибототи стратегии Шӯрои амнияти миллӣ дар Кохи Сафед гуфт: «Иёлоти Муттаҳида Федератсияи Русияро ҳамчун як сарпарасти терроризм эътироф нахоҳад кард, вагарна он дасти ҷомеаи байналмилалиро дар ҷустуҷӯи роҳҳои коҳиш додани шиддат мебандад”, — хабар медиҳад РИА Новости аз 30 ноябри соли 2022.

Шарҳ:

Хабари мазкур пас аз он пахш шуд, ки парлумони Аврупо рӯзи 23 ноябри соли ҷорӣ бо аксарияти овоз барои эътирофи кишвари Русия ба унвони «давлати сарпарасти терроризм» раъй дод. Бояд гуфт, ки ин овоздиҳӣ ҳатто ҳамчун пешниҳод ба кишварҳои сеюм низ эътибори ҳуқуқӣ надорад.

Лаҳистон Русияро дар моҳи май як кишвари террористӣ ва дар моҳи август ба унвони як давлати сарпарасти терроризм эътироф кард, Эстония дар моҳи октябр ҳамин мавқеъро қабул кард ва дар ҳамин моҳ Лаҳистон Русияро давлати террористӣ эълон кард.  Дар мавриди Парлумони Аврупо бошад, он режими сиёсиро дар Федератсияи Русия ҳамчун режими террористӣ эътироф кардааст. Инчунин парлумони НАТО, ки Амрико дар он ширкат мекунад, онро низ тасвиб кард.

Кишварҳои ғарб дар шаклҳои гуногун Русияро як давлати террористӣ эътироф мекунанд, аммо Амрико ба чунин эътироф омода нест, зеро дар капитализм манфиат асос мебошад. Тибқи қонунҳои онҳо, дар сурати эътирофи қонунӣ, равобити иқтисодӣ бо кишваре, ки ҳамчун «сарпарасти терроризм» ба мисли Эрон эътироф карда шудааст, қатъ мешавад.

Дар мавриди нуқтаи назари Уммати исломӣ, пеш аз оғози ҷанг дар Украина мусалмонон ба таври равшан дарк мекарданд, ки Русия чи гуна давлат аст. Имрӯз мардуми Украина аз ҷанг чунон ранҷ мекашад, ки мусулмонони Чеченистону Сурия аз ҷанг ранҷ кашида буданд. Пеш аз ин вокеаҳое руй доданд, ки мусулмонони Афғонистон, Қафқози Шимолй, Сибир, Қрим, Осиёи Миёна ва Поволже азоб кашиданд. Ҳар ҷо, ки пои империя ворид шавад, аз он ҷо оромӣ аз байн меравад ва фасод паҳн мешавад.

Новобаста аз он ки дар Русия кӣ ҳукмронӣ мекунад, ҳамаи онҳо кӯшиш мекунанд, ки қаламрави онро афзоиш диҳанд ва матлубтарин заминҳо барои онҳо, албатта, заминҳои мусулмонон мебошад. Терроризм дар сатҳи давлатӣ як аломати хоси Русия гардид.  Дар давоми сад соли адоват бо Ислом Русия барои ҳалли мушкилот бо мардуми саркаш як равиши муайяне пайдо намуд. Онҳо бо тамоми воситаю услубҳо, сарфи назар аз натиҷаҳои ахлоқй ва оқибатҳои мавҷуда халкҳоро забт карда, азхуд мекарданд.  Онҳо дар сарзаминҳои ишғолшуда бераҳмона мардумро қатл мекарданд, бадарға мекарданд, дар пеши чашми мардум ҷазо медоданд ва зиндонӣ мекарданд, ҳамаи ин барои он карда мешуд, ки мардум аз арзишмандтарин чиз — фарҳанг ва ҳуввият маҳрум шавад.

Русия барои баргардонидани Украина ва Беларус ба нуфузи «империя»-и худ сахт талош дорад. Агар Беларус бо намояндагии Лукашенко ба доми Кремл афтода бошад, Украина аз васвасаи ишғолгар то ҳол ранҷ мекашад. Ҳамин тавр, як иштибоҳ дар арзёбии нерӯҳо ва қобилиятҳо Русияро дар ҷанги Украина дар пеши як мушкиле қарор дод, ки ҳеҷ роҳи раҳоӣ аз он намебинад.

Табиати куфр чунин аст, ки чи қадаре қудрат ва бойгарӣ ба даст наорад, низом ноустувор боқӣ мемонад ва шахс барои ақидаҳои худ пардохт мекунад. Имрӯз шоҳиди поёни як империяи бад ҳастем ва бо хости Аллоҳ шоҳиди фурӯпошии боқимондаҳои онҳо хоҳем шуд. Сипас дар харобаҳои онҳо Хилофати Рошида барпо мешавад, ки Расули Худо (с) дар бораи он ба мо башорат додаанд:

«… Сипас, подшогии бедодгарона мешавад ва чи қадаре, ки Аллоҳ мехоҳад, давом медиҳад. Пас, чун Аллоҳ бардоштани онро мехоҳад, мебардорад. Сипас, бар минҳоҷи паёмбарӣ  Хилофат мешавад». Сипас Паёмбар (с) сукут карданд. (Муснади Аҳмад)

 

Махсус барои радиои Бахши иттилоотии марказӣ Ҳизби Таҳрир

Али Абӯ Аюб

12 Ҷумадул аввали соли 1444 ҳ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads