Роҳбарии сиёсӣ дар ғалабаҳои харбӣ чӣ гуна нақшҳоро мебозад?

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Роҳбарии сиёсӣ дар ғалабаҳои харбӣ чӣ гуна нақшҳоро мебозад?

Вақте ки Византиягиҳо дар Ҳумс Абӯубайда Омир ибни Ҷарроҳро (р.а.)-ро муҳосира карданд, ӯ дар ин бора ба халифа Умар ибни Хаттоб (р.а.) мактубе  навишт. Халифа ба амири Кўфа Саъд ибни Абуваққос фармон дод, ки  дастаеро таҳти фармондеҳии Кааки ибни Амр барои кўмаки Абуубайда ба Ҳумс фиристад.

Вай инчунин фармон дод, ки бо фармондеҳии Иёд ибни Ғанм ба Ҷазира (Ироқ) як дастае фиристода, ба Византия дар муҳосираи Абуубайда кӯмак кард. Баъдтар ин даста Ҷазираро ишғол мекунад ва он дигар ба Византия бар муқобили мусулмонон ёрй расонда наметавонад.

Халифа Умар бо лашкар барои кӯмак ба Абӯубайда аз Мадина баромад ва дар Ҷобия, воқеъ дар дашти Ҳорон ӯрдугоҳ барпо кард. Ҳамин ки ҷазириён аз наздик шудани лашкари мусулмонон огоҳ шуданд, дар Хумс византиягихоро партофта, ба Ҷазира баргаштанд. Абӯубайда фурсатеро ғанимат дониста, ба Византия ҳуҷум кард ва се рӯз пеш аз омадани дастаи Каакӣ ибни Амр ғалаба кард.

Аз ин воқеаҳо мо дар ғалабаҳои ҷангӣ аҳамияти роҳбарии сиёсиро мебинем. Ин сарварӣ дар симои халифа Умар муаррифӣ шуда буд, ки мусулмононро бар Византия пирӯз гардонид. Аз ин рӯ, ба роҳбарияти сиёсӣ тобеъ будани ҳайати фармондиҳии ҳарбӣ роҳи ғалаба аст.

Акнун биёед ба рӯйдодҳои кунунии Сурия назар андозем. Барои сарнагун кардани режими чиноятӣ чӣ қадар қувва сарф шуд. Дар инқилоби Шом чӣ қадар одамон шаҳид шуданд. Аммо бадтарин чиз он аст, ки революция ба мақсадхои худ нарасид, балки баръакс, ақибнишинӣ кард ва қисми зиёди территорияҳои озодшударо аз даст дод. Сабаб ин буд, ки фармондеҳони ҳарбӣ як роҳбарияти бошууронаи сиёсиеро интихоб накардаанд, ки лоиҳаи илоҳӣ дошта, ба нусрати Худо имон дошта бошад. Худованд мефармояд:

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِن تَنصُرُواْ ٱللَّهَ يَنصُرۡكُمۡ وَيُثَبِّتۡ أَقۡدَامَكُمۡ

«Эй касоне, ки имон овардаед! Агар шумо ба (дини) Аллоҳ ёрӣ диҳед, Аллоҳ низ ба шумо ёрӣ медиҳад ва қадамҳояторо устувор мекунад.» (47:7)

 

Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».

26.01.2022

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads