Ризқ танҳо дар дасти Аллоҳ аст

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

РИЗҚ ТАНҲО ДАР ДАСТИ АЛЛОҲ АСТ

Ризқ аз моликият фарқ дорад, зеро ризқ ато аст. Маънои «ризқ дод» «ато кард» мебошад. Аммо моликият ба даст овардани чиз бо кайфиятест, ки шариат барои ба даст овардани мол онро иҷозат додааст. Ризқ ҳалол ва ҳаром мешавад ва ҳардуро ризқ меноманд. Пас, ризқе, ки қиморбоз дар бозӣ аз дигаре мегирад, ризқ аст. Зеро он молест, ки Аллоҳ ба ҳар яке аз ин ду ҳангоми машғул шуданашон бо ягон ҳолати ҳосилшавандаи ризқ ато кардааст.

Воқеан, мардум ҳарчанд бо забон мегӯянд, ки «ризқдиҳанда Аллоҳ аст», вале бо эҳтимоли қавӣ мепиндоранд, ки онҳо худро худ ризқ медиҳанд ва ҳолатҳоеро, ки дар онҳо сарват, яъне мол ё манфиат ба даст медароранд, сабабҳои ризқ меҳисобанд. Зеро мувофиқи пиндори онҳо, коргаре, ки бо ҷидду ҷаҳди худ маоши муайяне мегирад, ба худ ризқ додааст ва ҳангоме, ки ӯ тамоми қуваашро сарф менамояд ё барои зиёд кардани маошаш бо якчанд василаҳо мекӯшад, ӯ ба худаш ин ризқи зиёдатиро додааст. Инчунин тоҷире, ки дар тиҷорат бо кӯшиши худ молеро аз фоида ба даст овардааст, ба худ ризқ додааст ва табибе, ки беморонро табобат мекунад, ба худ ризқ додааст. Ҳамин тавр, ба пиндошти онҳо, ҳар касе, ки барои ба даст овардани мол амалеро барпо мекунад, ӯ ба худ ризқ додааст. Пас ба андешаи онҳо сабабҳои ризқ маҳсуси намоёнанд ва онҳо ҳолатҳое мебошанд, ки ба азхудкунии мол меанҷоманд. Он касе, ки ин ҳолатҳоро барпо мекунад, ин молро ба худ ризқ медиҳад, хоҳ он худи шахси ризқдодашуда бошад, хоҳ дигаре. Ин сухан ба зеҳни одамон аз он ҷо роҳ ёфт, ки онҳо ҳақиқати ҳолатҳоеро, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани он ризқ ба даст меояд, надонистанд ва азбаски байни сабаб ва ҳолатро ҷудо накарданд, ҳолатҳоро асбоби ризқ пиндоштанд. Дарвоқеъ, вазъиятҳое, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани он ризқ меояд, ҳолатҳои расидани ризқ мебошанд, на асбоби ризқ. Агар инҳо сабабҳои ризқ мебуданд, мутлақо таъхир намекарданд, ҳол он ки таъхир кардани ин ҳолатҳо ба воситаи ҳис мушоҳида шудааст. Зеро гоҳо ин ҳолатҳо ба вуҷуд меоянд, вале ризқ намеояд ва гоҳо бидуни ба вуҷуд омадани онҳо ризқ меояд. Агар онҳо сабаб мебуданд, аз онҳо ҳатман мусаббаб, яъне ризқ ҳосил мешуд. Азбаски аз ин ҳолатҳо ҳатман ризқ ҳосил намешавад, балки ҳангоми ба вуҷуд омадани онҳо гоҳо ризқ меояд ва гоҳо намеояд, маълум мешавад, ки инҳо на асбоб, балки ҳолатҳо мебошанд. Чунончи гоҳо коргар тӯли як моҳ кор мекунад, сипас барои пардохти қарзи собиқ ё барои сарф кардан ба шахсе, ки нафақааш бар ӯ воҷиб аст ва ё барои пардохти андозҳо маошашро ба ӯ намедиҳанд. Пас, дар ин ҳолат вазъияти расонандаи ризқ, яъне амали коргар ба вуҷуд меояд, вале агар ӯ маошашро нагирад, ризқ ба даст намеояд. Гоҳо шахсе дар Қудс дар хонааш нишастааст, ногоҳ номарасон хабар меорад, ки «фалон хешовандат дар Амрико вафот кардааст ва ту, ки вориси ягонааш ҳастӣ, амволи меросии ӯро ё худат ва ё бо ягон воситаи эътиборнок бигир». Ин ризқ буд, ки бе дониши пешкӣ ба вай расид. Ва ё нохост як тарафи девори хонааш меафтад ва моли пинҳонкардаеро ёфта мегирад. Агар вазъиятҳое, ки аз тарафи инсон ба вуҷуд меоянд, сабабҳои ризқ мебуданд, ҳаргиз таъхир намекарданд ва ҳангоми воқеъ нашудани онҳо ризқ ҳосил намешуд. Мебинем, ки ин вазъиятҳо таъхир мекунанд, пас, маълум мешавад, ки онҳо ҳолатҳоянд, на сабабҳо. Ҳодисаҳое, ки дар онҳо бидуни сабаби намоён ризқ ҳосил мешавад, кам нестанд. Масалан, хӯрдан, сафар кардан, вогузоштани таоме, ки барои хӯрдан омода шуда буд, намоён ва маҳсус мебошанд. Бинобар далолати гуфтаҳои боло вазъиятҳое, ки одатан аз онҳо ризқ ҳосил мешавад, ҳолатҳои ризқ буда, сабабҳо нестанд.

Илова бар ин, ҳолтаҳоеро, ки бо рух додани онҳо ризқ ҳосил мешавад, сабабҳои ризқ пиндоштан ва шахси барпокунандаи ин ҳолатҳоро расонандаи ризқ ба воситаи он ҳолатҳо ҳисобидан мумкин нест. Зеро ин бо насси аз ҷиҳати субут ва далолат қатъии Қуръон зид мебошад. Агар чизе бо насси аз ҷиҳати далолат ва субут қатъӣ зид бошад, гирифтани насси қатъӣ бе дудилагӣ қатъиян ногузир мегардад ва ғайри он бо як сухан рад мешавад. Зеро он чизеро, ки аз тарафи Аллоҳ будани он бо далели қатъӣ собит шудааст, гирифтан ва ғайри онро тарк кардан ҳатмист. Пас, мусулмон бояд ба ин ҳақиқат таслим шавад, ки ризқ аз тарафи Аллоҳ аст, на аз тарафи инсон.

Дар ҳақиқат, оёти бисёр бо сароҳати таъвилнопазир далолат мекунанд, ки ризқ на аз тарафи инсон, балки танҳо аз тарафи Аллоҳ Таоло мебошад. Ин моро қатъиян дилпур месозад, ки васила ва услубҳои дидаистодаи мо, ки бо онҳо ризқ ҳосил мешавад, танҳо ҳолатҳое мебошанд, ки бо воситаи онҳо ризқ меояд. Аллоҳ Таоло мефармояд:

وَكُلُوا مِمَّا رَزَقَكُمُ اللَّهُ حَلَالًا طَيِّبًا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي أَنْتُمْ بِهِ مُؤْمِنُونَ

«Аз чизҳои ҳалолу покизае, ки Аллоҳ ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред» [5:88],

اللَّهُ الَّذِي خَلَقَكُمْ ثُمَّ رَزَقَكُمْ

«Аллоҳ аст, он ки шуморо биёфарид, сипас рӯзӣ дод» [30:40],

أَنفِقُوا۟ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ

«Аз он чӣ Аллоҳ рӯзиятон кардааст, инфоқ кунед» [36:47],

 ۖ إِنَّ ٱللَّهَ يَرْزُقُ مَن يَشَآءُ

«Зеро Ӯ ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад» [3:37],

ٱللَّهُ يَرْزُقُهَا وَإِيَّاكُمْ ۚ

«Аллоҳ онҳоро ва шуморо рӯзӣ медиҳад» [29:60],

لَيَرْزُقَنَّهُمُ ٱللَّهُ رِزْقًا

«Аллоҳ рӯзӣ медиҳад» [22:58],

ٱللَّهُ يَبْسُطُ ٱلرِّزْقَ لِمَن يَشَآءُ

«Аллоҳ ҳар киро хоҳад, рӯзии бисёр диҳад» [13:26],

فَٱبْتَغُوا۟ عِندَ ٱللَّهِ ٱلرِّزْقَ

«Аз Аллоҳи якто рӯзӣ биҷӯед» [29:17],

وَمَا مِن دَآبَّةٍۢ فِى ٱلْأَرْضِ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِ رِزْقُهَا

«Ҳеҷ ҷунбандае дар рӯи замин нест, ки ҷуз он ки рӯзии ӯ бар ӯҳдаи Аллоҳ аст» [11:6],  

إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلرَّزَّاقُ

«Аллоҳ аст рӯзидиҳанда» [51:58].

Оятҳои мазкур ва бисёр оятҳои дигар, ки бо далели қатъӣ собит шудаанд, фақат ин маънои ягона ва таъвилнопазирро дар бар мегиранд, ки ризқ танҳо аз тарафи Аллоҳ мебошад, на аз тарафи каси дигар ва раззоқ фақат Аллоҳ аст. Пас, ризқ танҳо дар дасти Аллоҳ мебошад.

Вале Аллоҳ бандаро ба барпо кардани амалҳое фармуд, ки ба воситаи онҳо ихтиёран ҳолатҳои расидани ризқро ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, онҳо бо ихтиёри худ ҳамаи ҳолатҳои расидани ризқро ба вуҷуд меоранд. Вале, чӣ тавре ки аз насси оёт аён аст, ин ҳолатҳо сабабҳои ризқ нестанд ва онҳо ризқ намеоранд. Балки дар ин ҳолатҳо Аллоҳ ба онҳо ризқ медиҳад, хоҳ ин ризқ ҳалол аст ё ҳаром, хоҳ ин ҳолатҳоро Аллоҳ воҷиб ё ҳаром ва ё мубоҳ гардонидааст ва хоҳ дар ин ҳолатҳо ризқ ба даст омад ё наомад! Вале Ислом кайфиятеро баён кард, ки бар мусулмон бо ёрии он барпо кардани ҳолатҳои расидани ризқ ҷоиз мешавад, ҳамчунин кайфиятеро баён кард, ки бо ёрии он барпо кардани ин ҳолатҳо ҷоиз намешавад. Ислом на сабабҳои ризқ, балки сабабҳои моликиятро баён карда, моликиятро бо ин сабабҳо маҳдуд намуд. Пас, ягон кас ҳақ надорад, ки бо сабаби ғайришаръӣ ризқ ба даст орад. Ҳарчанд ҳама навъи ризқ – хоҳ ҳалол ва хоҳ ҳаром аз тарафи Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло мебошад, ризқи ҳалол танҳо ҳамон аст, ки бо нишондоди Ислом ба даст омадааст, ризқе, ки бо ғайри ин роҳ расидааст, ризқи ҳаром мебошад.

Як масъала боқӣ монд: Оё ризқи шахс ҳар як чизест, ки онро ба даст меорад, гарчанд аз он баҳраманд нашавад, ё ризқи ӯ танҳо чизҳоест, ки аз онҳо баҳраманд мешавад? ҷавоб: Дар ҳақиқат, бинобар нишондоди оёти Қуръон ризқи инсон ҳар як чизест, ки ӯ ба даст меорад, хоҳ аз онҳо баҳраманд шавад, хоҳ на. Аллоҳ Таоло фармудааст:

لِّيَذْكُرُوا۟ ٱسْمَ ٱللَّهِ عَلَىٰ مَا رَزَقَهُم مِّنۢ بَهِيمَةِ ٱلْأَنْعَـٰمِ

«То бад-он сабаб, ки Аллоҳ аз чорпоён рӯзиашон додааст, номи Ӯро бар забон ронанд» [22:34],

ٱللَّهُ يَبْسُطُ ٱلرِّزْقَ لِمَن يَشَآءُ

«Аллоҳ ҳар киро хоҳад, рӯзии бисёр диҳад» [13:26],

 ۖ وَمَن قُدِرَ عَلَيْهِ رِزْقُهُۥ

«Ва касе, ки тангдаст бошад» [65:7],

أَنفِقُوا۟ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ

«Аз он чӣ Аллоҳ рӯзиятон кардааст, инфоқ кунед» [36:47],

كُلُوا۟ مِن طَيِّبَـٰتِ مَا رَزَقْنَـٰكُمْ ۖ

«Бихӯред аз ин чизҳои покиза, ки шуморо рӯзӣ додаем!» [2:57],

وَٱرْزُقُوهُمْ فِيهَا وَٱكْسُوهُمْ

«Аз он ҳазинаву либосашон диҳед» [4:5],

وَٱرْزُقْ أَهْلَهُۥ مِنَ ٱلثَّمَرَٰتِ مَنْ ءَامَنَ مِنْهُم بِٱللَّهِ وَٱلْيَوْمِ ٱلْـَٔاخِرِ ۖ

«Аз мардумаш ононро, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон доранд, аз ҳар самара рӯзӣ соз!» [2:126],

كُلُوا۟ وَٱشْرَبُوا۟ مِن رِّزْقِ ٱللَّهِ

«Аз рӯзии Аллоҳ бихӯреду биёшомед» [2:60].

Ин оятҳо сароҳатан номи ризқро ба ҳар як чизе, ки инсон ба даст меорад, нисбат медиҳанд, хоҳ аз он баҳраманд шавад, хоҳ на. Ризқ бидуни далели хоскунанда фақат ба чизҳое, ки аз онҳо инсон баҳраманд мешавад, хос карда намешавад, зеро ҳам оёт ва ҳам далолати онҳо умумӣ мебошанд. Вале чун шахсе моли туро бидуздад ё ғасб кунад ва ё бо фиреб бигирад, гуфта намешавад, ки «ӯ ризқи туро гирифт», балки гуфта мешвад, ки «ӯ аз ту ризқашро гирифт». Аз ин бармеояд, ки инсон ҳангоми ба даст овардани мол ризқашро мегирад ва ҳангоми аз вай гирифта шудани мол ризқи вай гирифта намешавад. Балки он касе, ки молро ба даст овард, аз ӯ ризқи худро мегирад. Пас, касе ризқи дигареро намегирад, балки аз дигар кас ризқи худро мегирад.

 

Тақийюддин ан Набаҳонӣ

аз китоби «ШАХСИЯИ ИСЛОМӢ»  Ҷузъи Якум.

 

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads