Риоя намудани тартиби амалҳо барои ноил шудан ба тағйирот

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Риоя намудани тартиби амалҳо барои ноил шудан ба тағйирот

Бояд қайд намуд, ки оид  ба масъалаи риоя кардани тартиби амалҳо дар ноил шудан ба тағйиротҳо одамон ба ду гурӯҳ тақсим шуданд.

Гурӯҳи аввал риоя кардани тартиберо, ки дар ҳадиси тағйир додан омадааст воҷиб медонанд:

 من رأى منكم منكرا فليغيره بيده فإن لم يستطط فبلسانه فإن لم يستطط فبقلبه وأغيره بيده وأ؁لك

 «Касе аз шумо мункареро бинад, бигзор бо дасти худ тағйир диҳад, агар ин корро натавонад, бо забонаш [тағйир диҳад],  агар натавонист, [ба он] бо қалбаш  муқобилият кунад, ки ин заифтарин [зуҳуроти] имон хоҳад буд». 

Ин гурӯҳ бар ин назаранд, ки дар ин ҳадис ба шарт будани  риояи тартиб дар раванди тағйирот ишорае ҳаст.  Гурӯҳи дуюм чунин меҳисобад, ки ҳадис ба ин далолат намекунад.  Ба фикри онҳо, чизи асосӣ худи тағйирот аст, ки аз тартиб вобаста нест, бинобар ин кадом намуди усул набошад истифода бурдан мумкин аст.

Абӯҳамиди Ғаззолӣ гуфт: «Дар бораи сатҳи амалҳои ҷавобӣ дар ҷараёни даст ёфтан ба тағйирот чунин аст: аввал бояд эътироф бошад, баъд шиносоӣ, баъд наҳй, пас аз он панд ва насиҳат, сипас сарзаниш ва маломат, сипас тағйир додан бо даст, баъд тахдиди истифодаи қувваи чисмонӣ, баъд худи ба кор бурдани қувваи чисмонӣ, сипас баровардани яроқ, ба кор бурдани ёрдамчиён ва ҷамъ кардани артиш»(1).  Абӯбакр ибни ал-Арабӣ гуфт: «Аввал танҳо бо забон ва фаҳмондан, агар ҷавобе нашавад, пас бо даст»(2).  Муҳаммад аш-Шавқонӣ мегўяд: «Дар аввал насиҳат бо  нармӣ мешавад, агар ин таъсир накунад-онгоҳ бо шиддат, агар ин ҳам таъсир накунад, он гоҳ тағйир бо  даст мешавад.  Агар бо даст тағйир додан номумкин бошад, яъне факат бо ҷанг бошад, пас бо рохи ҷанг мешавад(3).

Инчунин бояд қайд намуд, ки худи ҳадис хилофи он аст, ки чӣ тавр дар воқеият танқид, маломати мункар ба амал меояд, ҳангоме ки шахс онро мебинад. Зеро, вақте ки одам шоҳиди чизи маҳкумшаванда мешавад, дар навбати аввал онро бо дилаш танқид(маломат) мекунад, яъне ӯ бо воқеи рӯйдодистода розӣ нест ва онро қабул намекунад.  Баъдан вай ба инкор кардани мункар бо забон шурӯъ мекунад,  яъне аз шахс талаб мекунад, ки амали зиштро тарк кунад ва минбаъд аз содир кардани он дурӣ ҷӯяд.  Агар шахс аз амали ношоиста даст кашад, ҳадафаш амалӣ мешавад.  Агар шахс дар содир кардани мункар идома диҳад, пас қувва истифода мешавад, то аз гуноҳ кардан боздошта шавад.

Аммо ҳадис ба ин зид аст.  Дар ҳадис танқид (маломат) аз тағйирот бо даст сар мешавад, баъд бо забон ва танҳо баъд бо қалб.  Аммо агар бигӯем, ки риояи тартиби дар ҳадис зикршуда воҷиб аст, пас ин маънои онро дорад, ки мо бояд тағйиротро бо қувва оғоз кунем, бидуни истифодаи сухан ва маломати қалб.  Яъне мо наметавонем барпо шудани мункарро  бо забон манъ кунем ва наметавонем бо қалб сарзаниш кунем, то он даме ки ба қувва даст назанем.  Чунин вазъият бошад ба воқеияти корхо мувофиқ нест.  Гузашта аз ин, дар ҳадис сухан дар ин бора намеравад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки болои мазмуни ҳадис фикрронӣ намуда, паҳлӯи зоҳирии онро тавре равона созем, ки он на ба ҳадафи универсалии Шариат, на ба маънои худи ҳадис ва на ба шакли амалии иҷрои фарз дар умум зарар нарасонад.  Баъд  аз омўхтан аён мегардад, ки ҳадис таъсири ҷисмониро дар ҳолате муқаррар намуд, ки агар эҳтимолияти бештаре (ғалабат уз-зонн) мавҷуд бошад, ки мункари бартарафкардашаванда бидуни қувва бартараф карда намешавад.  Агар шахс бештар ба он майл дошта бошад, ки мункарро бо сухан, бидуни истифодаи қувва дигар кардан мумкин аст, он гоҳ қувва истифода бурда намешавад.  Чунки дар суханҳои Расули Аллоҳ ﷺ:

 من رأى منكم منكرا فليغيره بيده فإن لم يستطط فبلسانه فإن لم يستطط فبقلبه وأغيره بيده وأ؁لك

«Касе аз шумо мункареро бинад, бигзор бо дасти худ дигаргун созад, агар ин корро натавонад, бо забонаш [тағйир диҳад],  агар натавонист, [ба он] бо дилаш  муқобилият кунад, ки ин заифтарин [зуҳуроти] имон хоҳад буд»(4),

— ва дар ривояти Насоӣ:

 من رىى منكرا فغيده فيده فيده فيره يدن لم يستططاا لم ييره يديره فيره بليدنه فيره بيره بيمانه فغيره بيمانه فغيره برئذذذ

 «Ҳар кӣ мункарро бинад ва онро бо дасти худ дигар кунад, ӯ наҷот меёбад.  Касе  бо дасти худ дигар карда наметавонад, вале бо забони худ онро дигар мекунад, наҷот меёбад.  Ҳар кӣ  бо забони худ дигар карда наметавонад, вале бо қалбаш дигар кунад, наҷот меёбад ва ин заъифтарин [зуҳуроти] имон аст»(5),

— ишора ба дараҷаи воситаҳо мебошад. Раванди тағйирот аз дараҷаи олӣ (тағйир бо даст) оғоз мешавад ва сипас ба пасттарин мегузарад, яъне аз қавӣ ба заиф.  Бо қувва оғоз кардан дар ҳоле зарур аст, ки шахс бештар ба он  майл дорад, яъне дар айни замон қувва беҳтарин роҳи тағйир додани мункар аст.  Шахсе, ки барои тағйирот кӯшиш мекунад, бо дасташ тағйирот карданро оғоз мекунад, аммо агар бо дасташ тағйир дода натавонад ва барояш равшан шуд, ки барои ин қувват надорад, онгоҳ бо ёрии сухан аз мункар бозмедорад. Агар бо ёрии сухан боздошта натавонад, он вақт онро бо қалбаш танқид(рад)  менамояд.

Он чи дар ҳадис ёдрас шудааст аз раванди тағйирот дар воқеият, вақте шахс мункарро мебинад, фарқ дорад.  Ин ду сабаб дорад:

  • Ҳадис ба танқид (рад) кардани мункар ва оиди он сукут накардан ташвиқ мекунад. Ҳатто агар ин ба истифодаи қувва орад ҳам. Зеро ибора дар бораи олитарин ва қавитарин дараҷаи фарз (тағйир бо даст) дар сурати зебо зарурати танқид (инкор) кардани мункарро нишон медиҳад, инчунин зарурати ноил шудан ба амалӣ кардани дараҷаҳои қувваташон камтар (тағйир бо сухан, тағйир бо қалб)-ро дар ҳар як шахс.
  • Ҳадис иҷозат медиҳад, ки ба каси дигар азият расонда шавад. Дар асл ба каси дигар азият расондан — бешубҳа ҳаром аст. Аммо ин матн ба таври истисно ҳолатеро қонунӣ мегардонад, ки мусалмон мункареро содир менамояд, ки оиди ҳаром будани он иҷмои мусалмонҳо ҷой дорад.  Аз ин рӯ, пеши роҳи ин гуна ҷиноятҳо бояд гирифта шавад, гарчанде боиси азияти касе шавад ҳам.

Ҳамин тавр, намуди зоҳирии ҳадис маънои онро надорад, ки дар ҳама ҳолатҳо мувофиқи тартиби дар он (ҳадис) зикршуда амал намудан лозим аст.  Риояи тартиби амалҳо дар ноил шудан ба тағйирот вақте талаб карда мешавад, ки шахс ба зарур будани он бештар майл дорад.  Дар Суннат оиди ҷоиз будани кор фармудани яке аз се усулҳо вобаста ба воқеияти худи мункар, воқеияти гунаҳкор ва аз он, ки тағйирдиҳандаи мункар  бештар ба чӣ майл дорад, ишора шудааст.  Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ  гуфтанд:

 ما من نبى بعثه الله فى أمة قبلى إلا كان له من أمته حواريون وأصحاب يأخذون بسنته ويقتدون بأمره ثم إنها تخلف من بعدهم خلوف يقولون ما لا يفعلون ويفعلون ما لا يؤمرون فمن جاهدهم بيده فهو مؤمن ومن جاهدهم بلسانه فهو مؤمن ومن جاهدهم بقلبه فهو مؤمن وليس وراء ذَلِكَ مِنَ الْإِيمَانِ حَبَّةُ خَرْدَلٍ

 «Кадоме  аз паёмбарон, ки аз ҷониби Аллоҳ бар ин ё он қавме пеш аз ман фиристода нашуда бошад, ҳатман аз он қавм саҳобагон ва ёроне дошт, ки ба роҳи ӯ пайравӣ мекарданд ва амрашро ба ҷо меоварданд.  Пас ба ҷои онҳо наслҳое меомаданд, ки чизеро мегуфтанд, аммо худашон иҷро намекарданд ва корҳоеро мекарданд, ки ба онҳо амр нашудааст.  Ҳар кӣ бо дасти худ бо онҳо мубориза барад, ӯ мӯъмин ҳисобида мешавад; ҳар кӣ бо забонаш бо онҳо мубориза барад, ӯ мӯъмин ҳисобида мешавад;  ҳар кӣ бо онҳо бо қалби худ мубориза барад, мӯъмин ҳисобида мешавад ва  баъд аз  ин (баъд аз мубориза бо қалб) имон нест, ҳатто ба андозаи донаи хардал(6).

Дар ин ҳадис ишора ба он аст, ки касе мункарро тағйир медиҳад, ҳақ дорад онро бо ҳар навъи имконпазир тағйир диҳад, чӣ бо сухан бошад ва чӣ бо даст.  Ҳамин тавр, усули истифодашуда аз он вобаста аст, ки худи шахс ба чӣ майл дорад: агар танқид (танбеҳ) бо сухан ба тағйирёбӣ барад, онгоҳ он  бо забон анҷом дода мешавад;  агар шахс майл ба он  пайдо кунад, ки танқид (танбеҳ) бо сухан ба тағйирот намебарад, аммо ӯ онро бо дасташ тағйир дода метавонад, пас онро бо зӯрӣ тағйир додан лозим меояд.  Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят аст:

 بينما نحن في المسجد مع رسول الله صلى الله عليه وسلم إذ جاء أعرابي فقام يبول في المسجد فقال أصحاب رسول الله صلى الله عليه وسلم مه مه قال قال رسول الله صلى الله عليه وسلم لا تزرموه دعوه فتركوه حتى بال ثم إن رسول الله صلى الله عليه وسلم داه فقال له إن هذه المساجد لا تصلح لشيء من هذا البول ولا القذر إنما هي لذكر اللهءلزالله

 «Ҳангоме, ки ҳамроҳи Паёмбари Аллоҳ  дар масҷид будем  бодиянишине омад ва дар масҷид ба баровардани эҳтиёҷи хурд сар кард.  Саҳобагони Паёмбари Аллоҳ бо сухани: «Бас кун, бас кун!» ба ӯ рӯй оварданд, аммо Расули Аллоҳ фармуданд: «Ӯро манъ накунед.  Ӯро монед!»  Саҳобагон ӯро ба ҳолаш гузоштанд.  Пас аз он ки бодиянишин эҳтиёҷашро рафъ кард, Паёмбари Аллоҳ ӯро ба наздашон хонда, гуфтанд: «Масҷидҳо барои баровардани эҳтиёҷҳои хурд ва олуда кардани [онҳо] нест.  Онҳо танҳо барои зикри Аллоҳи Мутаъол ва Бузург, хондани намоз ва хондани Қуръон пешбинӣ шудаанд»(7). 

Дар ривояти Абу Ҳурайра омадааст:

 قام أعرابي فبال في المسجد فتناوله الناس فقال لهم النبي صلى الله عليه وسلم دعوه وهريقوا على بوله سجلا من ماء أو ذنوبا من ماء فإنما بعثتم ميسرين ولم تبعثوا معسرين

 «Боре як бадавӣ эҳтиёҷи хурдро дар масҷид рафъ карданро сар кард.  Мардум ба ӯ дарафтоданд, аммо Паёмбар гуфтанд: «Ӯро бигузоред!  Як сатил обро ба ҷое резед, ки эҳтиёҷи хурдашро рафъ кард.  Дарҳақиқат, шумо барои душвор кардан фиристода нашудаед, балки барои осон кардан фиристода шудаед»(8).

Дар ривояти дуюм аз Абуҳурайра омадааст:

 دخل أعرابي المسجد ورسول الله صلى الله عليه وسلم جالس فقال اللهم اغفر لي ولمحمد ولا تغفر لأحد معنا فضحك رسول الله صلى الله عليه وسلم وقال لقد احتظرت واسعا ثم ولى حتى إذا كان في ناحية المسجد فشج يبول فقال الأعرابي بعد أن فقه فقام إلي بأبي وأمي فلم يؤنب ولم يسب فقال إن هذا المسجد لا يبال فيه وإنما بني لذكر الله وللاة

 «[Боре]  аъробие  вориди масҷид шуд — [дар ин лаҳза]  Паёмбари Аллоҳ нишаста буданд — ва ба гуфтани чунин суханҳо сар кард: «Эй Аллоҳ!  Маро ва Муҳаммадро бубахш ва дигар касеро, ки дар назди мост, набахш.  [Инро шунида] Паёмбари Аллоҳ табассум карданд ва сипас гуфтанд: «Ту фарохро танг кардӣ!».  Баъд бодиянишин ба яке аз ҷойҳои масҷид рафт ва пойҳояшро паҳн карду эҳтиёҷи хурдашро баровард.  Пас аз он ки  кори кардаашро идрок намуд, чунин суханҳо гуфт: «Ӯ назди ман омад, падар ва модарам фидои ӯ бошанд, дар ҳоле, ки маро на маломат карданду на сарзаниш, балки фақат гуфтанд: «Ин масҷид астИнҷо  эҳтиёҷоти хурдро намебароранд, он фақат барои зикри Аллоҳи Тавоно ва Бузург ва адои намоз сохта шудааст»(9).

Дар ҳадисҳои зикршуда Паёмбар ﷺ саҳобагони худро  манъ карданд, ки садди роҳи дар масҷид эҳтиёҷи худро рафъ кардани аъробӣ шаванд, зеро медонистанд, ки аъробӣ ба сабаби нодонӣ ва нохост амали мункарро кардааст.  Аз ин сабаб Паёмбар ﷺ ба ӯ раҳм карданд ва ба ӯ таълим доданд, ки дар масҷид рафъи ҳоҷат кардан мумкин нест, зеро он барои зикру ёди Аллоҳ  сохта шудааст.  Дар ҳадисҳо инчунин  ишорае ба он аст, ки агар шахсе даст ба кори мункар занад, вале айни замон надонад, ки ин кор мункар аст, ба ӯ раҳм намуда, ӯро азият додан лозим нест.  Ба ӯ дар сурати нарм фахмондан лозим аст, ки кирдори содиркардааш сазовори мазаммат аст.

Абӯҳомиди Ғазолӣ мегӯяд:«Ягон шубҳае дар он нест, ки азият додани  мусалмон ҳаром аст, аммо  дастгирӣ  кардани мункар низ ҷоиз нестЯгон шахси солимфикр хунро бо хун ва ё бо пешоб шуста намепартояд (наҷасро бо наҷас).  Аммо касе, ки кӯшиш мекунад  аз ҳаром будани роҳ надодани сукут ба мункар  канорагирӣ намуда, онро бо озор додани мусалмон иваз намояд, бешубҳа мехоҳад  хунро бо пешоб шушта партояд»(10).

Аз Ибни Аббос ривоят мешавад:

 أن رسول الله صلى الله عليه وسلم رأى خاتما من ذهب في يد رجل فنزعه فطرحه وقال يعمد أحدكم إلى جمرة من نار فيجعلها في يده فقيل للرجل بعد ما ذهب رسول الله صلى الله عليه وسلم خذ خاتمك انتفع به قال لا والله لا آخذه أبدا وقد طرحه رسول اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ

 «[Рӯзе] Паёмбари Аллоҳ дар дасти яке аз одамон ангуштарини тиллоро дида, онро [аз дасташ] бароварда як сӯ партофтанд ва гуфтанд: «Яке аз шумо худаш ба сӯи  ангишти тасфон аз оташи [ҷаҳаннам] ҳаракат мекунад ва онро ба дасти худ мегузорад!»  Ва ҳангоме ки Расули Аллоҳ берун рафтанд, касе ба он мард гуфт: «Ангуштаринатро бигир ва аз он истифода бар[яъне дуруст истифода намо], — ӯ бошад ҷавоб дод: «Не! Қасам ба Аллоҳ, [ин ангуштаринро] ҳаргиз намегирам, модом ки онро Расули Аллоҳ партофтанд!»(11).

Дар ин ҳадис лаҳзае ҳаст, ки Паёмбар ﷺмункарро бо дасташон   тағйир доданд, яъне ангуштарини мардро гирифта партофтанд.  Ан-Нававӣ дар шарҳи ин ҳадис дар китоби «Ал-Минҳоҷ фи шарҳ саҳеҳи Муслим» чунин навиштааст: «Дар ҳадис зикр шудааст, ки агар шахс бо дасташ мункарро тағйир дода тавонад,  онро анҷом медиҳад».

Аз Анас ибни Молик ривоят мешавад:

أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ خَرَجَ فَرَأَى قُبَّةً مُشْرِفَةً فَقَالَ مَا هَذِهِ قَالَ لَهُ أَصْحَابُهُ هَذِهِ لِفُلَانٍ رَجُلٍ مِنَ الْأَنْصَارِ قَالَ فَسَكَتَ وَحَمَلَهَا فِي نَفْسِهِ حَتَّى إِذَا جَاءَ صَاحِبُهَا رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُسَلِّمُ عَلَيْهِ فِي النَّاسِ أَعْرَضَ عَنْهُ صَنَعَ ذَلِكَ مِرَارًا حَتَّى عَرَفَ الرَّجُلُ الْغَضَبَ فِيهِ وَالْإِعْرَاضَ عَنْهُ فَشَكَا ذَلِكَ إِلَى أَصْحَابِهِ فَقَالَ وَاللَّهِ إِنِّي لَأُنْكِرُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالُوا خَرَجَ فَرَأَى قُبَّتَكَ قَالَ فَرَجَعَ الرَّجُلُ إِلَى قُبَّتِهِ فَهَدَمَهَا حَتَّى سَوَّاهَا بِالْأَرْضِ فَخَرَجَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ذَاتَ يَوْمٍ فَلَمْ يَرَهَا قَالَ مَا فَعَلَتِ الْقُبَّةُ قَالُوا شَكَا إِلَيْنَا صَاحِبُهَا إِعْرَاضَكَ عَنْهُ فَأَخْبَرْنَاهُ فَهَدَمَهَا فَقَالَ أَمَا إِنَّ كُلَّ بِنَاءٍ وَبَالٌ عَلَى صَاحِبِهِ إِلَّا مَا لَا إِلَّا مَا لَا يَعْنِي مَا لَا بُدَّ مِنْهُ

 «[Дар яке аз рӯзҳо] Паёмбари Аллоҳ берун баромада биноеро диданд, ки гунбази баланд дошт, пас  пурсиданд: «Ин боз чӣ аст?». Саҳобагонашон     дар ҷавоб гуфтанд: «Аз они фалон ансорӣ аст».  Ӯ чизе нагуфтанд, аммо онро ба ёдашон гирифта монданд.  Вақте соҳиби иморат ба Паёмбар наздик шуда, хост салому алейк кунад, ҳангоме ки он Ҳазрат дар миёни мардум буданд, он кас   аз ў рўй гардонданд.  Он мард чанд маротибаи дигар хост ин корро кунад, аммо баъд фаҳмид, ки ӯ худаш сабаби хашм ва рӯйгардонии Паёмбар  аст .  Пас ӯ ба ёронаш шикояткунон гуфт:«Қасам ба Аллоҳ!  Ман [сабаби хашму нописандӣ]-и Расули Аллоҳ -ро фаҳмида наметавонам». Онҳо ҷавоб доданд: «Ӯ берун баромад ва бинои туро бо гунбази баланд дид».  Сипас он мард ба бинои худ баргашт ва онро вайрон карда, ба хок яксон намуд.  Рӯзи дигар, вақте Расули Аллоҳ  берун баромаданд, биноро надиданд ва онгоҳ пурсиданд: — «Ба бинои гунбазаш баланд чӣ шуд?». Ба ӯ   гуфтанд: «Соҳиби бино ба мо шикоят кард, ки шумо аз ӯ рӯй мегардонед ва чун ба ӯ [сабаби ғазабу нописандии шуморо] хабар додем ӯ биноро хароб кард»,- он Ҳазрат дар ҷавоб гуфтанд: «Ҳар биное барои соҳибаш бадбахтӣ хоҳад буд, ба ҷуз дигараш, ба ҷуз дигараш».  Паёмбар «ғайри он биноҳоеро, ки ба онҳо эҳтиёҷ вуҷуд дорад»(12)

дар назар доштанд. Дар версияи дигар гуфта мешавад:

إِنَّ كُلَّ بِنَاءٍ وَبَالٌ عَلَى صَاحِبِهِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ إِلَّا مَا لَا بُدَّ مِنْهُ

 «Ҳамаи биноҳо дар рӯзи Қиёмат барои соҳибаш бадбахтӣ хоҳад буд, ғайр аз он биноҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷ ҳаст». 

Дар ҳадис Паёмбар ﷺ роҳи гап назадан бо он шахсро истифода бурданд, то нишон диҳанд, ки аз рафтори одам дар хашму ғазаб мебошанд.  Агар Расули Аллоҳ ﷺ мехостанд, биноро бо дастонашон вайрон мекарданд,  вале усулеро истифода бурданд, ки он лаҳза беҳтарин ҳикматро ифода намуд.

Хулоса намоем, принсипи асосии аз байн бурдани мункар аз он иборат аст, ки онро вобаста аз имконият, бо кадом тарз ё усуле набошад бартараф кардан аст.  Аммо агар шахс майл ба он дошта бошад, ки маломатро танҳо бо қувва аз байн бурдан мумкин аст, бояд қувва истифода бурда шавад ва танҳо бо сухан ва танқиди қалб маҳдуд шудан ҷоиз нест.

 

Мавод аз китоби:

«Меъёрҳои шариат оиди фаъолияти ба некӣ фармудан ва аз бадӣ(мункар) боздоштан(ал-амру бил маруф ван наҳю анил мункар)».

 

Ёсин ибн Алӣ

______________________________________________________

(1). Китоби «Иҳё улум ад-дин», муаллиф Абӯҳомиди Ғазолӣ.

(2). Китоби «Аҳком ал-Қуръон», муаллиф Абӯбакр ибни ал-Арабӣ.

(3). Китоби «Ас-саблу ал-ҷаррор», муаллиф Муҳаммад аш-Шавқонй.

(4). Муслим дар «Саҳеҳ» овардааст.

(5). Ан-Насоӣ дар «Ас-Сунан ас-суғра» аз Абӯ Саид ал-Худрӣ овардааст.

(6). Муслим дар «Саҳеҳ» овардааст.

(7). Муслим дар «Саҳеҳ» овардааст.

(8). Бухорӣ дар «Саҳеҳ» овардааст.

(9). Муслим дар «Саҳеҳ», Бухорӣ дар «Саҳеҳ» ва Ибни Моҷа дар «Ас-Сунан» овардаанд.

(10). Китоби «Иҳё улум ад-дин»,  муаллиф Абӯҳомиди Ғазолӣ.

(11). Муслим дар «Саҳеҳ»  овардааст.

(12). Абӯ Довуд дар «Ас-сунан», Абӯ Яъло дар «Муснад» овардаанд. Ибни Ҳоҷар дар «Файз ал-қодир» чунин гуфтааст: «Ровиёни ин ҳадис сазовори эътимод (сиқот) ҳастанд, магар ровие, ки бевосита аз Анас ривоят мекунад, ки ӯ Абӯталҳаи Асадӣ мебошад. Сабаби ин дар он аст, ки шахсияти Абӯ Талҳа маълум нест. Аммо ин ҳадис аз Восила ибни ал-Асқаа  шавоҳиде дорад, ки онро Ат-Табаронӣ овардааст.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads