Рамазон моҳест барои тамомияти кулли қонунҳои Ислом.
Шубҳае нест, ки Рамазон моҳи муборак ва баракат аст. Ин моҳро Аллоҳ аз дигар моҳҳо бартар шуморидааст, охир дар ин моҳ як шабе ҳаст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Моҳи Рамазон тимсоли як бозори фаровоне аст, дар он шумо метавонед аъмоли неки худро афзун кунед.
Рамазон чун пештара ҳамчун майдони васеъ барои кишти амалҳои бузур боқӣ мемонад. Мо медонем, ки аз замони пайдоиши Ислом чӣ гуна саҳобагони киром дар моҳи Рамазон чунин талошҳо кардаанд, ки онҳо дар моҳҳои дигар чунин накарданд. Маҳз дар моҳи Рамазон дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карда, Қуръон пурра хонда мешуд ва намози таравих барпо мегардид.
Ман ин ҷо дар бораи аъмолҳои нек ва ибодатҳое, ки дар моҳи Рамазон фаровон ҳастанд, ёдоварӣ карданӣ нестам, аммо ман мехоҳам ба он диққат диҳам, ки Рамазон ба мо хотиррасон мекунад, ки вақте мусулмонон дар сояи давлати худ зиндагӣ мекарданд ва халифаҳои худро доштанд, Рамазон моҳи ҷиҳод ва фатҳ буд ва ин сарфи назар аз мушкилоте, ки дар ин моҳ истеъмоли ғизо ва нӯшокӣ ба вуҷуд меоянд. Дар моҳи Рамазон муҳимтарин юришҳо барои Ислом ва мусалмонон бурда мешуд, зеро Рамазон фақат моҳи ибодатҳои нофила нест.
Ҳамин тавр, 17-уми Рамазони соли 2-юми ҳиҷрӣ ҷанги Бадр рух дод; 10-уми Рамазони соли 8-и ҳиҷрӣ Макка фатҳ карда шуд; дар Рамазони соли 15-ум дар Кадизия ҷиҳод шуда буд; дар Рамазони соли 92-юм Ал-Андалус фатҳ карда шуд; дар Рамазони соли 685 ҷиҳоди Айни Ҷолут рух дода буд; дар Рамазони соли 584-и ҳиҷрӣ ғазоти Ҳаттин ва дигар ҷиҳодҳои бузурге буданд, ки дар онҳо мусулмонон ғалаба ба даст оварданд. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки гузаштагони мо маънои ибодат ва таслимиятро дар моҳи Рамазон дуруст дарк карда буданд. Онҳо дарк мекарданд, ки Рамазон як моҳи ҷидду ҷаҳд барои риояи тамоми қонунҳои Ислом буд, на танҳо моҳи маросими ибодати иловагӣ.
Аз ин рӯ, дар ин рӯзҳо мусалмонон бояд дарк кунанд, ки дар ин рӯзҳои муборак бо тамоми ҷидду ҷаҳд барои иҷрои фармудаҳои Аллоҳ саъй кардан лозим аст, зеро барои иҷрои амалҳо дар ин моҳ мукофотҳои даҳчандон дода мешавад. Аз ин рӯ, ба чунин фарзе ҳамчун таъсиси Хилофати дуввуми рошида бояд эътибори бартар дода шавад, зеро бо таъсиси Хилофат ҷиҳодҳо эълом мешавад ва лашкари мусалмонон барои озод кардани заминҳо муқаддаси исломӣ ва кишварҳои мусулмон аз мустамликадорон сафарбар карда мешаванд. Аз Ибни Аббос ривоят шудааст:
يَوْمٌ مِنْ إِمَامٍ عَدْلٍ خَيْرٌ مِنْ عِبَادَةِ سِتِّينَ سَنَةً وَحَدٌّ يُقَامُ فِي الْأَرْضِ بِحَقِّهِ أَزْكَى مِنْ مَطَرِ أَرْبَعِينَ صَبَاحاً
Як рӯз бо роҳбари одил будан, беҳтар аз шаст соли ибодат аст.. Истифодаи як ҳадд (ҷазое, ки шариат муайян кардааст) назар ба чиҳил рӯзи борони саҳар самараноктар аст. (ривояти Ат-Табаронӣ).
Волоияти шариат тавассути ташкили Давлати Исломӣ аз муҳимтарин фарзҳо мебошад, зеро мавҷудияти қонунҳои Ислом дар ҷомеа аз давлат вобаста аст. Аз ин рӯ, таъсиси давлат ҳамчун фарзест, ки дигар фарзҳоро ҳимоя ва ҷорӣ мекунад. Ба ибораи дигар, мақоми ин фарз ба мақоми тоҷи фарзҳо баробар аст.
Фаъолият барои барпо намудани қонунҳои шаръӣ дар рӯи замин, ин фаъолиятест барои барпо кардани қонунҳои намоз, рӯза, ҳаҷ, ҷиҳод, закот ва дигар ӯҳдадориҳои ислом мебошад. Ин фаъолият ба хотири кӯмак ба мазлумон, нотавонон ва осебдидагон бурда мешавад. Ин фаъолиятест барои эҳёи қонунҳои Ислом аст, ки имрӯза ҳокимони номатлуби мусулмонон онро беҷон карда мондаанд.
Пандемияи COVID-19 ношоямии низоми капитализм ва ноӯҳдабароии онро нисбати ғамхории мардум бори дигар нишон дод ва боз як бор таъкид намуд, ки фаъолият барои баргардонидани Ҳокимияти Шаръӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон зарурияти фаврӣ ва кори ногузир мебошад.
Волоияти шариат ба инсоният имкон медиҳад, ки аз торикии капитализм ба нури Ислом ва адолати он барояд. Аз ин рӯ, мусулмонон бояд имкониятҳои худро дар моҳи Рамазон, алалхусус баҳри фаъолиятҳо барои барпо кардани ҳукмронии Шариат дучанд зиёд кунанд, Инчунин, даъваткунандагон бояд барои азнавбарқароркунии Хилофати Росткори дуввум аз рӯи минҳоҷи Пайғамбар (с) дучандон саъй кунанд.
Рамазон — моҳест барои тамоми қонунҳои Ислом, на балки танҳо барои маросимҳои иловагии ибодатҳост. Аз ин рӯ, мӯъминони боғайрат, рӯзадор ва дуогӯй набояд аз он чизе, ки Худо розӣ аст, бепарво бошанд. Аз онҳо талаб карда мешавад, ки тавассути амалҳое, ки тамоми қонунҳои Исломро ба рӯёб мебароранд, раҳмати Ӯро талаб кунанд. Ҳар як мусалмон шоҳиди он аст, ки чӣ гуна раҳбарони кунунии онҳо Исломро несту нобуд мекунанд ва Исломро аз имконияти ғамхории одамон маҳрум месозанд. Имрӯз, ҳокимони мусулмон ҳатто ҷуръат карданд, ки намози ҷамоъатро дар масҷидҳо манъ кунанд ва бо даъвоҳои бардурӯғ ҳаҷи хурдро манъ намоянд.
Кор то ба ҷое расидааст, ки ҳокимон ба ёрии муфтиҳо ва шайхҳои фасодкор бо талаби баррасии масъалаи рӯза дар вақти пандемия COVID-19 муроҷиат карданд. Дар ҳақиқат, агар мусулмонон дар моҳи Рамазон рӯза нагиранд ва дар масҷидҳо намоз нагузоранд, ин ба қалби ҳокимони хоин малҳаме мегардад, мусалмонон бо ин ба роҳбарон имкон медиҳанд, ки орзуҳои даҳсолаи худро амалӣ намоянд.
Ҳокимон ҳамаи қувваҳои худро барои мутобиқшавӣ ба ҳадиси зерини Пайғамбар (с) сафарбар карда истодаанд:
لَتُنْقَضَنَّ عُرَى الْإِسْلَامِ عُرْوَةً عُرْوَةً فَكُلَّمَا انْتَقَضَتْ عُرْوَةٌ تَشَبَّثَ النَّاسُ بِالَّتِي تَلِيهَا وَأَوَّلُهُنَّ نَقْضًا الْحُكْمُ وَآخِرُهُنَّ الصَّلَاةُ
“Дӯзаҳои Исломро паи ҳам мекушоянд. Ҳар дафъае, ки як гиреҳ кушода мешавад, одамон ба дигари он чанг мезананд. Аввалин гиреҳи кушодашуда ҳокимият бошад, ва охирини он намоз аст.” (Ибн Ҳиббон.)
Имрӯз барои барандагони даъват ва фаъолони азнавсозии ҳаёти Исломӣ кофӣ аст, ки фаъолияти пайғамбаронро (а) эҳё намоянд. Аз Абу Ҳурайра ривоят шудааст:
“Бану Исроилро пайғамбарон идора мекарданд. Ҳар як пайғамбаре, ки ҳалок мешуд, аз паси ӯ як пайғамбари дигар меомад. Пас аз ман ҳеҷ пайғамбаре намеояд, балки Халифаҳо меоянд ва онҳо бисёр хоҳанд буд ». Аз Паёмбар пурсида шуд: «Ба мо чӣ мефармоед?», Он кас (с) гуфтанд: «Байъати аввалин, фақат аввалиро риоя кунед. Ҳаққи онҳоро адо кунед, Аллоҳ онҳоро аз ҳукмрониашон мепурсад.” (Бухорӣ, Муслим.)
Маҷаллаи “Ар-Роя”
Бахир Солиҳ.
Аъзои дафтари иттилооти “Ҳизби Таҳрир” дар Фаластин.
20 Рамазон с. 1441 ҳ.
13.05.2020. м.