Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф
Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст
Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ бо Ҳадиси шариф” истиқбол мекунем. Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Аз Абӯҳурарйра (р) Ривоят шудааст, ки Расули Акрам ﷺ фармудаанд:
لَمَّا قَضَى اللَّهُ الخَلْقَ، كَتَبَ عِنْدَهُ فَوْقَ عَرْشِهِ: إِنَّ رَحْمَتِي سَبَقَتْ غَضَبِي
«Чун Аллоҳ Таъоло офаринишро ба анҷом расонид, навиштае навишт, ки дар болои Арши Ӯ карор дорад: «Ба дурустӣ, раҳмати ман пеш аз ғазаби ман аст» (Муслим).
Аллоҳ инсонро офарид ва ба ӯ раҳму дилсӯзӣ ато кард. Калимаи «рахма» (меҳрубон) аз номҳои Аллоҳи бахшанда ва меҳрубон гирифта шудааст. Шахсе, ки меҳру шафқат дорад, зиндагӣ мекунад, ба воя мерасад ва рушд мекунад, аммо бе он ӯ бадбахт ва хор мегардад. Расули Акрам ﷺ фармуданд:
لاَ تُنْزَعُ الرَّحْمَةُ إِلاَّ مِنْ شِقِيٍّ
«Ба ҷуз бадбахт касе аз раҳмат маҳрум нест».
Раҳмати Худованд аз офариниши мо сар карда, ҳама чизро фаро гирифтааст, сипас боз бо раҳмати худ моро ба роҳи рост ҳидоят кард. Ҳар як мӯъмини холис ба ҳадди миқдоре, ки ба Пайғомбар ﷺ муҳаббате дорад, аз ин сифат насибадор аст. Худи Расули Аллоҳ ﷺ барои мо раҳмате аз ҷониби Аллоҳ буданд. Аллоҳи мутаъол мефармояд:
وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ
“Ва [эй Муҳаммад] туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем” (21:107)
Нозил шудани Қуръон раҳмати Аллоҳ аст, мо онро мехонем ва дар амал татбиқ мекунем. Худованд ба мо ҳидояте мукаммал ва равшане нозил кардааст, ки ба тамоми паҳлӯҳои ҳаёт таъсир мерасонад. Он бо ҳадафи танзими рафтори инсон аз рӯи гуфтор, кирдор, хӯрдан, нӯшидан, зиндагӣ, марг ва ғайра нозил шудааст. Инсон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ зиндагӣ мекунад ва дар баробари ин барои ҳаёти ҷовидонӣ талош меварзад. Инсон бо ҳидояти Ислом зиндагӣ карда, ниёзҳои маънавии худро қонеъ мекунад ва бо ин васила аз олами ҳайвонот болотар мебарояд. Мутаассифона, имрўз дар дунё ин низом дар шакли давлат амал намекунад; ба чои он сохти бадкирдор ва пӯсида пайдо шуд. Ин низом мардумро аз инсоният маҳрум карда, ғуломи нафсҳои худ гардонид, ҳаёти инсонро ба ранҷу азоби доимӣ табдил дод, аз он ҷисму рӯҳи инсон оромиро намедонад. Аммо Аллоҳ таоло бар мусалмонон раҳм кард. Ин раҳмат аз мо тақозо мекунад, ки дини Худоро барпо кунем ва Халифаро баргардонем. Оё дар ҳақиқат мусалмонон аз раҳмати Аллоҳ, ки бар онҳо кардааст, огоҳ нестанд? Наход барои интихоби Халифа, ки исломро дар ҳаёти ҷомеъа амалӣ месозад, кор намекунанд? Оё намехоҳанд, ки бо пайвастан ба фаъолиятҳои бунёди Хилофати Рошида, ки ҳукмрониаш бо минҳоҷи нубувват сурат мегирад, раҳмати Худоро ба даст оранд? Касе, ки барои тағйир додани воқеият фаъолият карда раҳмати Аллоҳро намеҷӯяд, монанди касест, ки бо бефаъолиятӣ хашми Ӯро меҷӯяд.
Ё Аллоҳ! Замони омадани Хилофати рошидаро, ки ҳукми он ба минҳоҷи нубувват сурат мегирад, битезон. Ин Хилофат тамоми мусалмононро муттаҳид месозад ва Умматро аз ранҷ озод мекунад. Худоё, заминро ба раҳмати худ равшан кун! Омин!
Бародарони азиз, то вохӯрии оянда дар барномаи мо «Ҳамроҳ бо Ҳадиси шариф». Аллоҳ нигаҳбонатон бошад. Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотуҳу!
Абӯ Марям