Қиссаи кӯдаке, ки сазовори биҳишт аст.

Шаҳидӣ 15-сола

ҚИССАИ КӮДАКЕ, КИ САЗОВОРИ БИҲИШТ АСТ.

Ин қисса дар шаҳри Раққаи Ироқ  тақрибан дар асри 10-уми ҳиҷрӣ рӯй додааст. Дар он замон душманони ислом бераҳм буданд, ба мусулмонон ҳамла мекарданд, хонаҳоро вайрон мекарданд, занонро таҷовуз мекарданд, кӯдаконро медуздиданд ва ҳатто пирамардҳоро мекуштанд ва ин ҳама аз он буд, ки мусулмонон мехостанд ба Худои якто имон дошта бошанд ва бо амри ӯ зиндагӣ кунанд. Ва ин афсона нест, балки дар таърих сабт шудааст.

Аллоҳ Таъоло мефармояд:

بسم الله الرحمن الرحيم

وَمَا لَكُمْ لَا تُقَـٰتِلُونَ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱلْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ ٱلرِّجَالِ وَٱلنِّسَآءِ وَٱلْوِلْدَٰنِ ٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَآ أَخْرِجْنَا مِنْ هَـٰذِهِ ٱلْقَرْيَةِ ٱلظَّالِمِ أَهْلُهَا وَٱجْعَل لَّنَا مِن لَّدُنكَ وَلِيًّۭا وَٱجْعَل لَّنَا مِن لَّدُنكَ نَصِيرًا

Ва чист шуморо эй мӯъминон, ки дар роҳи Аллоҳ ва барои наҷоти бечорагон аз мардон ва занон ва кӯдакон ҷанг намекунед. Онон ки дар зулму ситами душманон дучор шудаанд ва онҳоро дигар чорае нест ба ҷуз аз Парвардигорашон, дуъо карда мегӯянд: «Эй Парвардигори мо! Моро аз ин шаҳр (Макка) ва сарзамине, ки сокинони он ситамгаранд, берун овар ва аз ҷониби худат барои мо сарпараст ва ёридиҳандае қарор бидеҳ» (Нисо – 75).

Баъди ин ҳама бесарусомониҳо марде пайдо шуд, ки донишманди хуб, раҳбари беҳтарин ва фармондеҳи олидараҷае буд, ки номи ӯ Абуқудома буд ва ӯ нияти кӯмак ба ҳар мусалмони мазлумро дошт. Рӯзе он ҳазрат Аллоҳ аз ӯ рози бод, дар Мадина дар масҷиди Набавӣ  нишаста буд, ки гурӯҳе аз мардум омада пурсиданд: Эй Абуқудома! Метавонед дар бораи як ҳодисаи ҷолибе, ки ҳангоми ҷиҳод дар роҳи Худо дидаед, нақл кунед? Абуқудома каме таваққуф карду баъд ба нақл шурӯъ кард: Ман ба шумо як воқеаи ҷолиберо нақл мекунам, ки дар зиндагиам рух додааст.

Соле, ки ба минтақаи Раққа рафтам, дар як масҷид таваққуф кардам ва сипас ба марказ рӯй овардам. Ман ҷавонони мусалмонро ба посбонии марзҳои Раққа даъват кардам ва онҳо омода буданд, то ки занону кӯдаконро аз ҳамлаҳои душман муҳофизат кунанд, ва  марзҳои худро дифоъ намоянд. Бегоҳӣ як ҳуҷраи хурдакакро иҷора гирифта, дар онҷо мондам. Пас аз намози хуфтан, яъне вақте витр хонда шуд, касе дарро кӯфт. Вақте дарро кушодам, дар рӯбароям як хонуми пӯшидаро дидам, ки танҳо чашмонаш кушода буданд. Ӯ ба ман гуфт: оё имруз ту бо мардум дар бораи ҷиҳод сӯҳбат мекардӣ ва мардумро ба ҷиҳод ташвиқ мекардӣ, то ин ки моро муҳофизат кунанд?  Гуфтам оре.  Ӯ ба ман  як  чизи бо матоъ печонидаеро  доду гуфт, “ин ба ту амонат аст”  ва шитобон баргашта рафт.

Вақте ки маторо кушодам, аз даруни он мӯйи дароз ва номае пайдо шуд. Дар он нома навишта шуда буд: Имрӯз сарбозоне ҷамъ кардед, ки ҳамроҳи шумо биҷанганд ва занону кӯдаконро муҳофизат кунанд. Ман зан ҳастам ва наметавонам ба ҷанг равам, агар ҷиҳод бар ман фарз мебуд, албатта ман ҳам ин корро мекардам ва чизе барои ту додан надорам, аз ин рӯ муйамро буридаму бофтам ва барои аспҳоятон банд сохтам. Барои он ки диққати касеро ҷалб накунад ва ба он чашм наандозанд, онро олудаи хок кардам. Ман мехостам, ки ӯро бо худ бибарӣ. Чун ба сарзамини кофирон расидӣ, аз он истифода кун, ман мехоҳам, ки дар онҷо набошам ҳам савоби онро бигирам. Ман як зани танҳо ҳастам.

Эй Абу Кудома! Бидон  ки шавҳарам ва бисёре аз аҳли хонаводаам дар роҳи Аллоҳ шаҳид шуданд. Аз шавҳари шаҳидам  як писарбачаи бисёр зебои понздаҳсолае боқӣ монд, ки Қуръонро аз ёд кардааст, забони форсӣ ва тирандозиро хуб медонад, шабҳоро бо намоз ва рӯзҳояшро бо рӯзадорӣ мегузаронад. Ман ӯро назди шумо мефиристам, то ҳамчун ҳадя ба Аллоҳ ҳамроҳи шумо биравад.   Умедворам, ки маро аз савобе, ки орзу дорам, ба хотири Ислом маҳрум намекунӣ. Субҳ шуд, баъд ман Раққаро тарк кардам. Вақте ки ба қалъаи Абдулмалик расидам, касе, аз пасам давида омада, нидо кард: -Эй Абуқудома! Аллоҳ раҳмату мағфиратат кунад.

Аспсавореро дидам, ки маро каме интизор шавед гуфта фарёд мезад ва ман истодам. Ба рафиқонам гуфтам: -Шумо рафтан гиред, роҳатонро давом медиҳед, ман бинам, кӣ маро фарёд дорад: Аспсавор ба ман наздик омада, маро ба оғӯш гирифт ва гуфт: -Ба Аллоҳ ҳамд, ки маро аз дӯстии ту маҳрум накард ва дасти холӣ бар нагардонд. Ба он ҷавон гуфтам: -Пардаи руятро кушо. Агар ту барин писарбачае ки ба ҷанг дохил шудан мехоҳад, лозим бошад, фармон медиҳам, ки ҳамроҳ шавӣ. «Агар лозим набошад ман туро бармегардонам» гуфтам. Вақте пардаи рўяшро кушодам, кўдакеро дидам, ки чеҳраи зебое мисли моҳ ва дар он нишонаи сарватмандӣ дошт.

Ба писарбача гуфтам: -Падар дорӣ? – Ӯ гӯфт Не! Ман бо ту меравам, то интиқоми падарамро, ки дар роҳи Аллоҳ кушта шуд, бигирам. Умедворам, ки Аллоҳ Таъоло маро ба шаҳодат мерасонад, чунон ки падарамро ба он расонид. – Гуфтам ту модар дорӣ? –Ӯ гӯфт: Бале. Гуфтам: “Пас ба назди модарат бирав ва аз ӯ иҷозат бигир. Агар иҷозат диҳад биё, агар иҷозат надиҳад бо ӯ бимон. Чунки итоати модар аз ҷиҳод болотар аст. Зеро биҳишт зери сояи шамшер ва зери пои модарон аст”. Ӯ гуфт: -Эй Абу Қудома! Ту маро мешиносӣ? –Гуфтам :На.  Гуфт: Ман писари он занам, ки маро ба ту амонат фиристодааст. Чӣ зуд насиҳати модарамро фаромӯш кардӣ. Ман фарзанди шаҳид ҳастам, ва бо изни Аллоҳ ман низ шаҳид мешавам. Илтимоси ман аз шумо ин аст, ки маро аз ҷанг дар роҳи Аллоҳ маҳрум нагардонед.

Ман шахсе ҳастам, ки китоби Аллоҳ, суннати Расули Ӯ (с)-ро аз худ кардаам, забони форсӣ ва тирандозиро хуб медонам. Беҳтар аз ман касе нест, ки аспсавори хуб бошад. Дар синни ҷавониам маро паст назанед. Модарам қасам хӯрд, ки ман зинда бар нагардам ва гуфт: -Эй писарам! Чун бо кофирон рӯбарӯ шудӣ, пушт нагардон ва нагурез. Худатро ба Аллоҳ ҳадя кун. Аз Аллоҳ,  ҳамсоя шудан бо падари ҷаннатиат ва дӯстони солеҳи падаратро бихоҳ. Вақте Худованд ба ту шаҳидиро медиҳад, маро шафоат кун. Ман фаҳмидам, ки шаҳид барои ҳафтод нафар аз хонадонаш ва ҳафтод нафар ҳамсояашро шафоат мекунад.

Сипас маро ба оғӯш гирифт, ва бӯсид ва сарашро ба осмон бардошт ва дуо кард: Худоё! Ин писари ман, райҳони ҷон ва меваи дилам аст. Ӯро ба ту бахшидам, ӯро ба падараш расон. Вақте ки суханони писарбачаро шунидам; Аз зебогии ҷавонию ахлоқи ӯ, аз дилсузию сабри дили модараш дар ҳайрат монда, бо алам гиристам. Писарбача, гиряамро дида гуфт: -Эй амак! Чаро гиря мекунӣ? Агар барои хурдсолиам гиря карда истода боши, ба ёд овар, ки Аллоҳ Таъоло онҳоеро, ки аз ман хурдтаранд, ҳангоме ки исён мекунанд, ҷазо медиҳад. -Не, ман барои хурдсол буданат гиря намекунам. Гирям барои модарат аст, ки фикр мекунам дилаш баъди ту чи мешавад. Баъд ба роҳ баромадем ва барои шабро сипари кардан якҷо мондем.

Рузи дигар боз ба роҳ баромадем. Писарбача бошанд, бо зикри Худо орому оромтар мешуд. Ман истодам ва фикр кардам. Вақте ҷавон ба асп савор мешуд, аз мо моҳиртар буд. Вақте ки мо дар ҷое таваққуф мекардем, ӯ ба мо хидмат мекард. Дар баробари роҳ рафтан азму иродаи ӯ боз ҳам пурқувват мегардид, қуввааш меафзуд, дилаш тоза мегардид, дар руяш аломатҳои шодй намоён мешуд. Мо бе таваққуф роҳамонро идома додем, то ба сарзаминҳои мушрикон расидем ва чун офтоб ғуруб мекард, ба сарзамини мушрикон расидем. Мо фуруд омада, дар он ҷо мондем. Мо рӯзадор будем, писарбача бошад барои мо хӯрок таёр мекард.

Муддати зиёде гузашт, аммо таом наомад, назди ӯ рафтам ва дидам ки писаракро хобаш бурдааст ва дег дар паҳлуяш меҷӯшид, ман гуфтам субҳоналлоҳ хело хаста шудааст зеро тамоми рӯз ба по рост буд, вақте ӯро медидам, ӯ дар байни мардум ҳамеша фаъол буд,  як корро тамом мекард, ба кори дигар машғул мешуд, бо кирдори худ маро ба ҳайрат меовард ва ба ҳоли ӯ раҳмам омад, ва гуфтам ки хурокро худам мепазам. Вақте  ки хурокро мепухтам, садои  ӯро шунидам, ба ӯ нигоҳ кардам ва ногаҳон дидам, ки бо чеҳрааш табассум мекунад. Вай хоб аст ва пас аз чанд сония чунон табассум карду хандид, ки дандонҳояш зоҳир шуданд, аз хоб бедор шуд ва бо чашмони кушода ба ман нигоҳ кард ва табассумаш дар як лаҳза нопадид шуд. Аз дидани ман дар ин ҷо ҳайрон шуд ва ӯ маро дар ин ҷо буданамро намехост, гӯё ки сирре дошта бошад.

Дарҳол аз ҷо бархост ва гуфт, маро бубахш, ман пай набурдам, ки чӣ тавр хобам бурдааст. Илтимос хурокро шумо напазед ман мепазам. Иҷозат диҳед идома диҳам. Абу Қудома бошад: Не савганд ба Худо ки то нагуи ки дар хобат барои чӣ механдиди туро ба ягон кор даст заданатро иҷозат намедиҳам. Ӯ гуфт: Ман хандидам? Гуфтам:  Бале чунон хандиди ки садои хандаат аз 2 метр дур шунида мешуд. Ӯ гуфт: Хуб, ман ба ту хобамро мегӯям, аммо ин бояд миёни ману ту сир бимонад, зеро метарсам, ки касе аз ин хабар огоҳ шаваду Худо маро аз ин фурсат маҳрум кунад. Ва он ҷавон ба нақли хобаш шурӯъ кард: Хобе дидам, ки мурдаам ва рузи Қиёмат оғоз ёфт ва ҳама ба осмон менигаристанд, ногоҳ садое шунидам: Муҳаммадро бибар ба биҳишт бибар! Дар миёни тамоми мардум Худованд ба ман нур фиристод ва он нур маро фаро гирифт ва дидам, ки дар паҳлўям як марди зебое ҳаст, ки нураш аз дуриҳо дида мешуд.

Аз ӯ пурсидам, ки ту ки ҳастӣ? Дар ҷавоб гуфт: Ман яке аз хизматгорҳои ту ҳастам, Худованд маро барои хидмат кардан дар қасри ту офаридааст. Пурсидам, ки маро ба куҷо мебаред ва ӯ табассум кард. Ман туро ба назди оилаат, сарватат ва хонае ки дар Ҷаннат барои ту сохта шудааст мебарам. Вақте ки ба дарҳои бузурги онҷо наздик шудам, ӯ ба ман гуфт: Ман дарун даромада наметавонам, дар дарун занҳо ҳастанд ва ман иҷозати дидани онҳоро надоранд, бо шунидани ин сухан боз ҳам сахттар табассум кардам. Вақте ки ба дарун даромадам, ба тамошои он ҷо сар кардам ба боғ даромадам, хангоми сайру гашти боғ як қасри нуқрагинеро дидам, ки айвонҳои он аз марворид, сангҳои қиматбаҳо, дарҳои тиллой ва пардаҳои пушида, сохта шударо дидам. Ҳурҳои моҳрӯй, пардаҳоро ба рӯи худ мекашиданд. Ва маро дида, ба ман гуфтанд: -Салом салом, хуш омадед.

Вақте ки хостам ба яке аз онҳо даст дароз кунам, ба ман гуфт: — Саросема нашав, вақти ту ҳануз нарасидааст. Баъд шунидам, ки ба ҳамдигар мегуфтанд: -Ин мард шавҳари Марзия аст. Баъд ба ман гуфтанд: «пештар бирав, Худо раҳматат кунад» ва пешопеши ман рафтанд. Вақте ки ман ба табақаи болои қаср расидам, ман ҳуҷраҳои тиллои сурх ва катҳои гулҳои сабзро дидам, ки пояҳои нуқраи сафед доранд. Бар он канизе буд, ки чеҳрааш чун офтоб медурахшид. Агар Аллоҳ чашмонамро ҳифз намекард, аз зебогии ҳуҷраҳо ва канизи он нобино шуда аз ҳуш мерафтам.

Канизак маро дида гуфт: -Салом, хуш омадед. Эй дуст ва дустдори Аллоҳ. «Ту аз они ман ҳастӣ ва ман аз они ту ҳастам». Вақте ки уро ба оғуш гирифтани будам: Ӯ гуфт — Истед, саросема нашавед. Шумо ҳоло аз номзади ман будан дуртар ҳастед. Вохӯрии ману шумо пагоҳ баъд аз нисфирӯзӣ мешавад. Ва он гоҳ ман бедор шудам. Абу Қудома гуфт: -Дусти азизам, хоби хубе дидӣ, Аллоҳ ба хайр гардонад.

Аз суханони навҷавон ҳайрон шуда хобам бурдааст. Субҳ зуд ба аспон савор шуда ба ҳаракат даромадем. Дар  ин миён нидое ба гушамон расид: -Эй сарбозони Худо, ба аспҳоятон савор шавед, хушхабар, Ҷаннат аст. Савораву пиёда, ҳам пиру ҳам ҷавон ба ҷиҳод бишитобед. Вақти ҷанг сар шуда буд.

Сипоҳи куфр, ки дар назди Худо хору зор шуда буд, мисли малах ба мо ҳамла карданд. Он писар пеш аз ҳамаи мо бар зидди онҳо ҳамларо сар кард. Ӯ ҷамъомадҳои онҳоро пора-пора кард, дар байни онҳо ғарқ шуд, бисёре аз онҳоро кушт.  Дар  ин холат ӯро дарёб кардам, аз банди аспаш гирифта ба ӯ гуфтам: -Дусти азизам! Ту кӯдак ҳасти, найрангҳои ҷангро намедонӣ. Ӯ ба ман гӯфт: -Эй амакҷон! Оё ин каломи Аллоҳро нашунидаед?

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِذَا لَقِيتُمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ زَحْفًۭا فَلَا تُوَلُّوهُمُ ٱلْأَدْبَارَ

“Эй касоне, ки имон овардаед, чун кофиронро бисёр дидед, ба гурез пушт макунед,”

Оё мехоҳед, ки ман ба дӯзах равам? Вақте ки бо ман суҳбат мекард мушрикон хамла карданд. Марде байни мо даромаду маро аз ӯ дур кард. Ҳар кас аз паси ғавғои худ шуд. Бисёре аз мусулмонон кушта шуданд. Вақте ки онҳо аз ҳам ҷудо шуданд, мурдагон аз ҳад зиёд буданд, ки ҳисоб кардан мумкин набуд. Бо аспам дар байни кушташудагон сайру гашт мекардам. Хун чун селоба мерехт, чеҳраҳоро аз хуну хоки зиёд шинохта намешуд. Дар миёни кушташудагон саргардон будам, ҷавонро аз миёни пойҳои аспҳо ёфтам. Дар даруни хок буд, хунаш чарх мезад ва мегуфт: — Эй, мусалмон! Амакам Абу Қудомро ба назди ман фиристед.

Вақте ки ба сӯи ӯ рӯ овардам, гиряашро шунидам. Аз хуну хоки руяш, ки зери пои аспҳо поймол шуда буд, ман уро шинохта натавонистам. Уро нидо кардам ва гуфтам: -Ман Абуқудомаам. Ба ман гуфт: -Эй амакҷон! Хоби ман тасдиқ гардид, Аллоҳи Таъоло хоби маро тасдиқ кард. «Ман писари зане ки ба ту арғамчине дода буд, ҳастам». Дар ин миён худамро ба болои ӯ партофтам ва аз пешониаш бусидам. Хокҳо ва хунҳоеро, ки зебоии чеҳраи уро пушонда буд, пок кардам ва ба у гуфтам: — Дусти азизам, амакат Абукудомаро фаромуш накун. Ӯ дар рӯзи қиёмат ба шафоати ту ниёз дорад. Ӯ гуфт: — Эй амакҷон, шумо баринҳо фаромӯш намешаванд. Руямро бо либосатон пок макунед. Либоси ман барои ин кор аз либоси шумо беҳтар аст.  Онро гузоред, эй амакҷон, то ки ман бо Аллоҳ Таъоло ҳамин тавр вохӯрам.

Эй амакҷон! Ҳуроне, ки камтар пештар гуфтам будам, дар болои сарам давр мезананд. Онҳо интизори баромадани ҷони ман ҳастанд ва ба ман мегўянд: -Шитоб кун, аз барои Худо, туро хеле пазмон шудем. -Эй амакҷон! Агар Худованд шуморо сиҳату саломат баргардонад, ҷомаи хунолуди маро ба назди модари бечораву ғамгинам, ки фарзандашро беандоза дӯст медорад, бубаред ва ба дасти ӯ супоред. Бояд бидонад, ки ман васияти ӯро зойеъ накардам ва чун бо мушрикон вохурдам, мисли тарсончакҳо нагурехтам. Дуруди маро ба ӯ бирасонед ва барояш бигӯед: ҳадяеро, ки ба Аллоҳ дода будӣ, Аллоҳ онро қабул кард. — Эй амакҷон! Ман як хоҳари хурдӣ дорам, ки даҳсола аст. Ҳар гоҳ ки ба наздаш мерафтам, ба ман салом медод.

Вақте ки ба ҷое рафтанӣ мебудам, охирин шуда бо ман хайрухуш карда, ба ман мегуфт: «Акаҷон, дер намонед». Вақте ӯро дидед, саломи маро низ ба ў бирасонед ва бигўед: «Баъд аз ман, ба ҷои ман то рўзи Қиёмат Аллоҳ бар ӯ аст». Баъд табассум кард. Сипас гуфт: -Шаҳодат медиҳам ки нест дигар илоҳе ҷуз Аллоҳ. Ӯ яктост. Ӯ ба қавли худ вафо кард. Боз шоҳидӣ медиҳам, ки Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст. Ин аст он чизе, ки Аллоҳ ва Расулаш ба мо ваъда додаанд. «Аллоҳ ва Расулаш рост гуфтаанд» ва ҷони худро таслим кард. Ӯро дар либосаш кафан кардем ва ба хок супоридем. Аллоҳ аз ӯ ва аз мо рози бошад.

Абу Қудама дар идома нақл мекард:

Вақте ки ман аз ин ҷанг баргаштам, ба Раққа расидам. Барои  ман ҷуз ёфтани хонаи модари ҷавони шаҳид дигар ғаме набуд. Вақте ба назди хонааш расидам, хоҳарашро, ки бо ахлоқу чеҳра ба ҷавон монанд буд, дар назди дари хона дидам. Аз раҳгузарон мепурсид: -Эй амакҷон! Шумо аз куҷо меоед? Вақте гуфтанд, ки мо аз ҷанг омадаем, ӯ мегуфт: —Оё бародари ман бо шумо баргашт?  Онҳо ҷавоб доданд, ки мо намедонем. Ин овозро шунида, ба сўи ў равон шудам: Аз ман ҳам пурсид -Эй амакҷон! Шумо аз куҷо меоед? -Ман гуфтам аз ҷанг омадам. –Оё бародарам Муҳаммад ҳамроҳи шумо баргашт? «Ҳама омада истодааст, аммо танҳо бародари ман намеояд…» гуфт, вай ва гиряро оғоз кард. Сипас, «Оҳ, ба ман чӣ шуд» гуфта, — афсӯс хӯрд.

Ин ҳолатро дида андӯҳгин шудам. Пас аз лаҳзае ба худ омадам… Баъд ба ӯ рӯй оварда гуфтам: — Бигу, ки бародарат кист. Дар ин миён аз дарун модараш садои маро шунида берун баромад. Якбора чеҳрааш ранги дигар гирифт. Ба ӯ салом додам ва ӯ ба саломи ман ҷавоб дод. Баъд ба ман гуфт: — Хабари хуш аст ё таъзия? — Ман бошам гуфтам ҳам таъзия дораму хам хабари хуш. Аллоҳ туро раҳмат кунад. — Агар фарзандам зинда баргашта бошад, таъзия аст ва шумо одами тасаллӣ диҳанда мешавед. Агар писарам дар роҳи Аллоҳ кушта шуда бошад, шумо муждадиҳанда ҳастед.  Гуфтам: Хабари хуш аст. Тӯҳфаи шумо қабул шуд. Модар гиря кард ва боз пурсид: — Аллоҳ туҳфаи маро қабул кард?  Гуфтам: Оре. -Сипос Худоро, ки фарзандамро дастгири рӯзи  Қиёмат қарор дод. Ман пурсидам: Хоҳараш куҷост? – Модар гуфт: Ӯ дар наздат аст.

Вақте хоҳараш ба  ман рў овард, ба ў гуфтам: — Бародарат ба ту салом расонд. Ба ту гуфт ки: «баъд аз ман то рузи қиёмат Аллоҳ вакили ту аст». Баъд духтарак бо овози баланд гиря кард. Чеҳрааш дигаргун шуда ӯро як аҷоибӣ фаро гирифт ва ӯ аз ҳуш рафт. Пас  аз муддате вақте ӯро такон додам, ӯ низ мурда буд. Модараш ӯро ба ҳучра бурд ва дарро пушид. Ин ҳолат маро дар ҳайрат гузошт. Дарро куфтам, накушод. Ман шунидам, ки зан гиря мекунад ва мегӯяд:

Худоё шавҳарам дар роҳи ту шаҳид шуд. Писарамро барои ту фидо кардам ва ӯ низ шаҳид шуд ва ҳоло духтарам аз дунё гузашт. Сипас гуфт: إِنَا لِلَهِ وَإِنَا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ «Албатта мо аз они Худоем ва мо ба сӯи Ӯ бозмегардем». Эй Аллоҳ! Мехоҳам, ки аз ман рози боши ва мехоҳам, ки маро бо онҳо дар биҳишт бипайвандӣ. Ва то даме ки овозаш қатъ шуд, гиря кард. Аз аҳволи кӯдак ва хоҳараш ғамгин шудам ва аз сабри модарашон ҳайрон шуда, рафтам.

Бародарони азиз, шумо дар ин қисса мебинед, ки Муҳаммади (шаҳиди) 15-сола ва модараш, дар роҳи Аллоҳ барои ба даст овардани ризогии Аллоҳ ва сазовор шудан ба биҳишт, худ ва аҳли оилаи худро қурбон карданд. Зеро медонистанд ва дарк мекарданд, ки подоши бузурги Аллоҳ биҳишт аст.

Дӯстдори мо Расули Худо (с) фармуданд:

    Бешак, моли Аллоҳ гарон аст ва он мол Биҳишт аст!

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads