Қатли ом дар Ал-Ҷадид. Сирри гуфтушуниди «кафилҳо» фош гардид
Нерӯҳои режими Асад дар роҳи «Фарқия-Дайр Санбул» дар наздикии кӯҳи Зовияи ҷануби Идлиб ба сӯи як нақлиёт тирборон карданд. Тирпарронӣ дар миёни аҳолии осоишта боиси талафоти ҷонӣ нагардид, ки дар он ҷо корҳои наҷотбахшӣ анҷом дода шудааст.
Қаблан режими ҷинояткори Асад тирборони манотиқи муайяни Идлибро шадидтар гардонида буд. Ҳафтае пеш ҳавопаймоҳои Русия шаҳраки осоиштаи Ал-Ҷадидро, ки дар ғарби Идлиб ҷойгир аст, бомбаборон карданд. Ин таҷовузи Русия як рӯз пас аз анҷоми нишасти сеҷонибаи Путин, Эрдуғон ва Раисӣ дар Теҳрон сурат гирифт. Дар робита ба ин ҳодисаҳо дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир/Сурия ба мусулмонони Сурия муроҷиат мекунад:
«Дар солҳои охири инқилоб, махсусан баъди мулоқоти ба истилоҳ «кафилҳо» ба сари шумо кушторҳои дахшатангез руй доданд, ки куштор дар Ал-Ҷадид далели равшани он мебошад. Онҳо мехоҳанд аз шумо интиқом гиранд ва тавассути созмонҳои байналмилалӣ ва ба истилоҳ “кафилҳо” шуморо зери иродаи Амрико қарор диҳанд.
Эй мардуми Сурия, воқеияти ин ҷиноятҳо бароятон аён шуд, бубинед, фармондеҳоне, ки дасту иродаашон баста шудааст, чи гуна беэътино ҳастанд! Роҳбарони фирқаҳо тамоми кори аз дасташон меомадагиро мекунанд, то ба Ғарб писанд оянд, баҳри ба даст овардани мавқеъҳои сароб ба ҳар гуна гузаштҳо тайёранд. Ҳарчанд анҷоми онҳо мисли пешиниён хоҳад буд, зеро Ғарб пас аз ба даст овардани манфиати худ аз онҳо халос мешавад. Хуни фарзандони моро танҳо касе ҳифз мекунад, ки корашро ба Аллоҳи Мутаол супоридааст ва дар пайи ризои Аллоҳ мебошад. Танҳо касе, ки ҷасорат дорад ва ба ресмони Парвардигораш часпида аст, аз қурбониҳои мо интиқом мегирад.
Наҷоти мо танҳо ба воситаи онҳое мебошад, ки ҷону моли худро ба Аллоҳ бахшидааст, на ба воситаи онҳое, ки барои неъматҳои хаёлии ин дунё худро арзон фурӯхтааст. Мо бояд роҳбарии софдилонаю бошууронаи сиёсиро, ки қонуни равшан ва минҳоҷи муайян дорад, ба дасти худ гирем, то барои расидан ба мақсади худ, бузургӣ ва подошамон якҷоя биравем ва ин ягона роҳи наҷот аст.
Аз силсила хабарҳои маҷаллаи «Ар-Роя» №402