Қарорҳои ноодилонаи режими Урдун нисбати Ҳизби Таҳрир ин кӯшиши тарсондан ва саркӯб кардани онҳост

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Қарорҳои ноодилонаи режими Урдун нисбати Ҳизби Таҳрир ин кӯшиши тарсондан ва саркӯб кардани онҳост

Додгоҳи шикоятӣ қарори суди амниятии давлатиро дар бораи ба мӯллати чор сол аз озодй маҳрум кардани ду нафар аъзои Хизби Таҳрирро бетағйир гузошт. Бар асоси нашрияҳо ва китобҳои ин ҳизб, ки дар манзилҳояшон ёфт гардидаанд, онҳоро ба мансубият ба Ҳизби Таҳрир ва ташвиқ алайҳи режим айбдор донистанд.

Дар робита ба ин ҳодиса Бахши иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Урдун  як баёнияи матбуотӣ пахш намуд, ки   дар он аз ҷумла гуфта шудааст: “Ҳизби Таҳрир, ҳизби сиёсист, ки барои барқарор кардани тарзи ҳаёти исломӣ, ки яке аз вазифаҳои шаръӣие, ки аз тарафи Аллоҳ ба зиммаи мо гузошта шудааст, талош дорад.  Мо қонунҳои Урдунро ба назар намегирем — на дар додгоҳ, на дар тамоми система, зеро онҳо аслан нодуруст мебошанд.

Ҳизб дар даъвати худ муборизаи фикрӣ ва сиёсиро пеш мебарад ва барои расидан ба мақсади худ аз қувваи ҷисмонӣ истифода намекунад. Даъват барои барпо кардани Давлати Исломӣ ба тамоми кишварҳои мусалмонӣ нигаронида шудааст, он танҳо бо Урдун маҳдуд нест.  Дар он ҷое, ки ба Ҳизб артиш нусрат медиҳад ва қудрат дода мешавад, дар он ҷо Давлати Исломӣ барпо мешавад. Пас, чаро режими Урдун худро тавре нишон медихад, ки гуё ин даъват танҳо ба вайрон кардани режими ӯ бошад?  Охир, ин Ҳизб дар бисёр мамлакатҳои мусалмонӣ ошкоро фаолият мебарад ва режимҳои он мамлакатҳо чи тавре ки давлати Урдун даъво дорад, фикр намекунанд.

Ҳукмҳои ноодилонаи маҳрум сохтан аз озодӣ барои аъзоёни Ҳизби Таҳрир ин кӯшиши тарсондан ва саркӯб кардани Додгоҳи амнияти давлатӣ мебошад. Ҳар касе, ки ба Ислом, ба татбиқи қонунҳои он, барои наҷоти Уммат аз таъсири мустамликавии иқтисодӣ ва сиёсӣ даъват кунад, мавриди таъқиб қарор мегирад. Ин мубориза бар зидди ҳар касест, ки дурӯғи режимро, ки гӯё  ислоҳоти сиёсӣ мегузаронад, ба таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ ташвиқ мекунад, фош кунад бурда мешавад.

Мо дар маводҳои худ қайд намуда будем, ки режими Урдун мехоҳад «ҳизбҳои итоаткун» -ро нигоҳ дорад.  Ин ҳизбҳо аз рӯи нақша бояд иқдомҳои сиёсии режимро, ки мақсад аз он паст задани мардум ва ба дасти мустамликадорони кофир гузоштани мамлакат мебошад, қабул намоянд. Онҳо кишварро барои кофирон кушода, ба онҳо имконияти пойгоҳҳои низомӣ дода, бо афсарон таъмин карданд, то ин ки ба манфиати мустамликадорон хизмат бикунанд.

Эй мусалмонон!  Фаолият кардан барои азнавсаркунии ҳаёти исломӣ ва барпо кардани Хилофат масъулияти ҷамоӣ аст, на танҳо масъулияти Ҳизби Таҳрир. То он даме, ки мо чун як Уммат ба мақсад нарасем, фаолият барои барпои давлати Хилофат барои тамоми мусалмонон ҳамчун фарз боқӣ мемонад.  Ин мӯҳлатҳои ноодилона алайҳи аъзоёни Ҳизб ҷузъе аз ҷанг алайҳи Ислом ва гумроҳ сохтан аз ин роҳ мебошад. Онҳо бо ин роҳ мекӯшанд дар миёни шумо тарсу ваҳм афкананд, то шуморо аз фарзи бузурги Аллоҳи мутаъол дур созанд.

Ҳизби Таҳрир ҳизби сиёсист, ки бар асоси Ислом асос ёфтааст;  аз замони таъсисёбӣ дар соли 1953 дар роҳи азнавсаркунии ҳаёти исломӣ фаъол буда, Умматро ба бунёди Давлати Исломӣ даъват мекунад.  Ҳизб дар чиҳил кишвар фаъолият мекунад ва бо таъқибу ҳабс ва қарорҳои ноодилонаи додгоҳ, ки ҳаёти боқиро ба хотири лаззати дунёи фонӣ ба ҳокимон фурӯхта шудаанд, боздошт карда наметавонанд. Ин низомҳои заиф ва ночиз аз даъват ба сӯи Аллоҳ ва татбиқи қонунҳои Ӯ метарсанд, зеро ин таҳдиди мустақиман ба мавҷудияти онҳо мебошад.

Аз силсила хабарҳои рӯзномаи «Ар-Роя», №404

19 Муҳаррами соли 1444 ҳ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads