Ҷавоби Олими Бузурги лубнонӣ, Шайх Қасос Ҳафизаҳуллоҳ ба суоли марбут оиди Имом Маҳдӣ.
Савол:
Мунтазир шудан ба омадани Маҳдӣ магар аз қоидаҳои Шариати Худованд аст ва ё ин ки масъалаи имонист? Оё мо барои барқарор шудани дин ба кӯмаки Маҳдӣ ниёз дорем?
Посух:
“Бештари ҳадисҳое ки бо лафзи «Имом Маҳдӣ» ворид шудаанд, пурқувват нестанд, балки заъиф мебошанд. Ному насаби он имоме ки баъди истибдоду шиканҷа омада, дар рӯи замин адолат паҳн месозад Имом- Маҳдӣ нест, балки нафари дигар аст. Гуфта мешавад, ки он шахс ҳамном ва ҳамнасаби Расулаллоҳ (с.а.с.) мешавад. Ва гуфта мешавад номи ӯ Муҳаммад ибни Абдуллоҳи қурайшӣ аст.
Ин шахс ҳамчун яке аз Имом-Хулафои одил маҳсуб шуда, дар даврони зулму истибдод арзӣ ҳастӣ мекунанд. Ҳадисҳое ки лафзи “Имом-Маҳдӣ” омадааст, шубҳанок аст ва аз зумраи ақоиди Исломӣ намебошад. Воқеан, Расулаллоҳ (с.а.в.) хабари ҳодисаҳои ояндаро пешгӯӣ кардаанд. Масалан, дар яке аз хабарҳо омадаааст, ки қабл аз ҳама Қустантия фатҳ мегардад. Ин фатҳ бошад аз ҷониби Муҳаммад Фотеҳи дуввум амалӣ гаштааст. Фатҳи Рум низ аз ҷумлаи онҳост. Аммо, ҳанӯз Рум фатҳ нашудааст.
Яке аз ҳамин гуна хабарҳо ба сари қудрат омадани Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ном шахс аст. Ин яке аз хабарҳои пешгӯӣ кардаи Набӣ (с.а.в.) дониста мешавад, вале сиҳҳатии он даргумон аст.
Аз ин мебарояд, ки мунтазир шудани яке аз Хулафо бо номи Муҳаммад ибни Абдуллоҳ шарт аст, ва ин бо ҳамин мазмун ҳукми шаръӣ тавлид мешавад.
- Ҳаргиз! На! Ин ба ягон вазъу ҳолат мутобиқат намекунад!
Чунки дар ягон ҳадис гуфта нашудааст, ки Имом-Маҳдиро мунтазир шавед! Ё гуфта нашудааст, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳи ҳошимӣ дар рӯи замин адолат барпо хоҳад кард, пас ӯро интизор шавед!
Тавъам, ҳар кадоме ки мардумро ба ин афкори мунҳариф, ки гӯё дар масъалаи қоим шудани Дин зоҳир гаштани Имом-Маҳдиро тарғиб мекунад, сахт гумроҳ аст, вай одамонро ба гуноҳи сахт фаро мехонад!
Чунки барпо кардани дин яке аз вазоиф-фарзи бандаи мӯъмин аст ва Имом-Маҳдӣ (ки мо мунтазираш ҳастем) аз зумраи яке аз мусулмонҳост. Пас, ҳаргуна аъмоле ки бароямон воҷиб аст, барои ӯ низ воҷибот ба шумор меравад.
Имом Маҳдӣ на фаришта асту на паёмбари фиристодаи Худо, балки мисли мо як мусулмони оддӣ мебошад. Агар бар муслимин мунтазир шудан ба Имом Маҳдӣ, ки омаданаш рӯи замин дин барпо созаду адолат барқарор намояд, пас барои вай ҳам (тавре гуфтем паёмбар неву як бандаи оддӣ) интизорӣ кашидани як фард ба монанди Имом Маҳдӣ воҷиб мешавад. Агар барои Уммати Исломӣ кӯмак расонидан ба дин воҷиб бошад, пас табиист ин воҷибот бар дӯши Имом Маҳдӣ низ бор аст.
Наход дар ҳолате ки иззату шарафи Мусулмонон зери по гашта, мусалмонҳо ҳатто ба қатли омм мубтало шуда истодаанд, мо омадани Имом Маҳдиро интизорӣ кашем? Наход ҳамин як ҷиҳати ҳукми шаръӣ бошад?
Оё медонед, шахсоне, ки Имом Маҳдиро интизор мешаванд, чӣ корро анҷом медиҳанд?
Вазифаи бандагиро бар дӯши Худо бор мекунанд. Ба таври дигар гӯем, худро ва дигаронро бо фатовои беасос аз воҷибот сабукдӯш месозанд. Аллоҳи Бузург бандагонро барои вазоифи махсус офаридаааст. Бандагонро кӣ имтиҳон мекунад? Мо мегӯем: “Худо бандаро барои санҷиш офаридааст. Моро ҳамин тариқ имтиҳон мекунад, ки кадоме аз мо амали хайрро бештар ба анҷом мерасонида бошем?!”. Дақиқан ҷавоби ҳар яки мо чунин аст. Санҷиш аз он иборат аст, ки Аллоҳи Азза ва Ҷалла шариатро нозил кард, инсонҳоро амр кард, ки онро ҳатмӣ шуморанд, барои қоим шудан ва татбиқ кардани Шариат фармуд. Аз ин мебарояд, ки барпосозӣ ва олӣ кардани дин ҳамчун вазифаи асосӣ бар дӯши мусалмонон бор аст. Мусалмонон барои қоим кардани дин ва кӯмак додан ба дини Худо масъул ҳастанд. Аллоҳи Таоло мегӯяд;
الزَّانِيَةُ وَالزَّانِي فَاجْلِدُوا كُلَّ وَاحِدٍ مِّنْهُمَا مِائَةَ جَلْدَةٍ
«Агар ба дини Аллоҳ ёрдам кунед, Аллоҳ низ ба шумо нусрат ва мадад хоҳад дод!» (Нур — 2)
Лекин он ашхосе ки омадани мададро аз ҷониби яке аз бандагони монанди худ мунтазир мешаванд, масъулияти кӯмак расонидан ба дини Худоро аз худ соқит мекунанд. Онҳо гӯё дар андешаи онанд, ки “Ай Худовандо, мо як бандаи мададгорро интизорӣ мекашем, ки ба дини Ту ёрдам кунад. Агар ӯро ба мо фиристӣ, он гоҳ мо ба дини Ту кӯмак мерасонем”!
Воқеан Офаридгор барои анҷоми чунин вазоиф инсонро мукаллаф кард! Шумо ба кадом ваҷҳ супоришҳои Худоро, ки бар дӯш доред, аз худ соқит карданӣ мешавед? Албатта, тавре ки Аллоҳ барои иҷрои супоришҳои шаръӣ мефармояд, қоим кардани динро низ фарз намуд.
Масалан:
«Дастони дуздмард ва дуздзанро бибуред»
Хитоби боло на ба Имом Маҳдӣ ва на ба ягон мусалмон хитоби хос нест, балки барои тамоми мусалмонон яксон аст, яъне ба ҷамоаи муслимин хитоб аст. Иҷрокунандаи он Валиаюл-амр (Халифа) мебошад. Ӯро ҷамоати Муслимин бояд интихоб намояд! Мусалмонҳо барои иҷрои аҳкоми шаръӣ ба вай байъат медиҳанд. Халифа ва мусулмонон дар иҷрои ҳадҳои шаръӣ масъуланд. Аллоҳи Бузург иҷрои қонунҳои шаръиро ба мусулмон амр кард.
Аллоҳи Таоло мегӯяд;
وَالسَّارِقُ وَالسَّارِقَةُ فَاقْطَعُوا أَيْدِيَهُمَا
«Зани зинокор ҳам ва марди зониро сад дарра бизанед.» (Моида — 38)
Хитоби боло на танҳо барои шахсияти Расулаллоҳ с.а.в., балки ба тамоми аҳли Ислом хитоб аст. Ҳароина ҳангоми нузули ин оят Расулаллоҳ с.а.в. раиси Давлати Исломӣ буданд. Аммо Шариати Исломӣ анҷоми муҷозоти ҷиноятпешаро фақат ба Расулаллоҳ с.а.в. не, балки ба ҳар яки мусалмонон амр мекунад. Аз ин мебарояд, ки мусалмонон дар иҷрои ин амал масъул ҳастанд. Агар кадоме “ин кор чӣ гуна иҷро мешавад?” гуфта пурсад, посухи он хеле оддӣ аст. Воқеан ҳадҳо фақат бо як одам адо намешавад. Ин аз зумраи он амалҳоест ки як гурӯҳи одамон ба иҷро мерасонанд. Агар ба таърих назар афканем, мушоҳида мешавад, ки ин кор на танҳо дар мусалмонон, балки дар халқҳои ғайримусулмон низ на дар шакли фардӣ, балки дар шакли ҷамоӣ амалӣ гаштааст.
Ҳангоме ки ба Расулаллоҳ с.а.в. ваҳй нозил шуд, Он кас ваҳйро ба омма эълон карданд, кӯшиш ба харҷ бурданд ва дар паёмади он ба аҳли Макка бо ҳамроҳии саҳобагонаш расониданд. Он кас ҷомеаи фосидро худашон танҳо не, ё бо ягон мӯъҷизаи фиристодаи Худо ҳам не, балки бо ҳамроҳии саҳобагонашон ислоҳ намуданд. Сониян, дар натиҷаи ҳаракати ҷамоӣ нусрати Худо омад.
Аллоҳи Бузург мегӯяд;
إِنْ تَنْصُرُوا اللَّهَ يَنْصُرْكُمْ وَيُثَبِّتْ أَقْدَامَكُم
«Агар шумо ба Аллоҳ кӯмак диҳед, Ӯ низ шуморо мадад мекунад.» (Муҳаммад — 7)
Пас, барои уммати Исломӣ воҷиб аст ба дини Худо якҷоя, ҳамакаса, дар ҳолати ҷамоӣ даъват кунанд ва аҳкоми шаръиро ба иҷро расонанд. Агар мусалмонҳо барои ислоҳи ҷомеаи пурфасод омадани Имом Маҳдиро мунтазир шаванд, магар ӯ рӯзе аз рӯзҳо омада “мана ман омадам, ба ман пайравӣ кунед” мегӯяд? Агар чунин аст, мо Маҳдӣ будани ӯро аз куҷо медонем? Ҳол он ки ба ӯ ваҳй нозил намешавад!
Аз ин лиҳоз ҷиҳати ягонаи шариати Исломӣ, байъат додани мусулмонҳоро ба як нафар тақозо мекунад. Пас, будани ҳаракати ҷамоӣ байни мусулмонҳо ба хотири омадани як имом фарзи кифоя аст. Сипас, рӯзе фаро мерасад, ки он фарди раҳбалад бо ҳидоят, ҳамон шахсест ки Расулаллоҳ с.а.в. дар ҳадисҳояшон хабар додаанд. Тавре ки ин кор ҳангоми фатҳи Қустантания аён шуд. Дар он замон яке аз Хулафои осиёгӣ , ҷавони турктабор, ки синни 20 ро дошт, бо артиши музаффараш пирӯз шуда буд. Агар дар ҳамон вақт мусалмонҳо фатҳи башоратдодаи Расулаллоҳ с.а.в. ро интизор нишаста, вазоифи бар дӯш доштаашонро иҷро накарда, сабабҳоро истифода намебурданд, он артиш ҳаргиз муваффақ намешуд.
Он замон Усмониён давлати мӯҳташами Исломро барпо карда, дар он давлат қавонини Исломро татбиқ менамуданд ва дар роҳи Худо ҷиҳод намуда, аз василаҳои нусрат истифода мебурданд.
Дар натиҷа Қустантания аз ҷониби ҷавонмарди далеру шуҷоъ ва порсо – Муҳаммад Фотеҳ фатҳ гардид. Баъди ин пирӯзӣ маълум гардид, ки ҳамон нафаре ки Расулаллоҳ с.а.в. башорат додаанд, Фотеҳ будааст. Масъалаи Муҳаммад ибни Абдуллоҳи қурайшӣ (Имом Маҳдӣ) низ айнан шабеҳи он аст.
Аммо афроде ки зоҳир шудани Маҳдиро интизорӣ мекашанд, худ сафи ҷамоатро тарк намуда, ба гуноҳҳои мухталиф даст мезананд. Мунтазири касе шудан, ки омада бигӯяд ки “биёед ва маро пайравӣ кунед” сахт иштибоҳ аст. Ин ҷиҳат ҳеҷ иртиботе бо Ислом надорад.
Олӣ намудани дини Аллоҳ бар дӯши муслимин бор аст ва дар ин кор ҳар як мусалмон масъул мебошад!
إِنْ تَنْصُرُوا اللَّهَ يَنْصُرْكُمْ وَيُثَبِّتْ أَقْدَامَكُم
«Эй касоне ки имон овардаед, агар ба дини Худо ёрдам диҳед (яъне барои тавсеаву рушди Ислом кӯшиш ба харҷ баред) Худо низ ба шумо ёрдам медиҳад.» (Муҳаммад — 7)
Мадад расонидан ба дини Худо барои як фард фармуда нашудааст ва дин танҳо бо ибодати як инсон амалӣ намегардад. Савганд ба Худо, ки танҳо намоз хондан, некӯ тарбия кардани фарзандҳо, муҳити зистро бар асоси арзишҳои Ислоӣ барпо кардан, рӯза дошта закот додан ва амалҳои шабеҳи онҳоро анҷом додан ин ҳама кӯмак расонидан ба дини Худо нест!
Пас, чӣ бояд кард?
Роҳи ягона якест. Агар бихоҳед, ки кӯмакрасони дини Худо бошед, пас дар рӯи замин калимаи Ӯро олӣ намоед, дар ин роҳ бо ҷамоат кӯшиш ба харҷ баред.
Олӣ намудани дини Худо, ҷаҳд кардан барои татбиқи ҳукмҳояш дар саросари олам, Исломро ҳамчун рисола паҳн карда, вуҷуди куфрро аз кишварҳои Исломӣ решакан намудан аст. Ба дини Ислом ёрӣ додан айнан чунин мешавад.
Дар ин роҳ албатта ҳар кас ба қадри тавони худ, кадоме бо забон, дигаре бо қувваташ ёрӣ диҳад. Ҷаҳд намудан барои барқарор кардани дини Аллоҳ ин кӯмаки мо барои нусрати Ӯ мебошад!