Посух ба суоли марбути терроризм ва экстремизм

Суол:

Дар хусуси мафҳуми «терроризм» ва » экстремизм» ба таври муфассал маълумот дода метавонед? Алҳол аз ҷониби давлатҳо паҳни ин хабарҳои воҳиманок авҷ гирифтааст. Оё «Эстремизм ва терроризм» дар Шариат вуҷуд дорад ва он бо Шариат чӣ робитае дорад? Агар на, пас мусалмонон  ба ин мафҳум бояд  чӣ гуна муносибат намоянд? Барои ҷавоб пешакӣ сипосгузорам.

Посух:

Мавҳуми «терроризм, экстремизм» истилоҳи аҳли куфр мебошад, ки аз луғати лотинӣ гирифта шудааст,  инро асосан бар зидди Ислом ва  муслмонон  истифода мебаранд. То ба ҳанӯз роҷеъ ба ин терминҳо худи олами куффор ягон мазмуни аниқро нагуфтааст. Яъне вақте ки онҳо зидди Ислом ин терминҳоро кор мебаранд,   ба чандин ҷиҳатҳои Ислом айнан бо ҳамин термин баҳо медиҳанд. Бо тақозои давру замон  гоҳо ба ҳолати сиёсӣ истифода баранд, гоҳо  ба раванди даъваи мабдаъи исломӣ, бедоршавии мусалмонон, аз сиёсат бархудор гашта вокуниш намудани мусалмонон ва шабеҳи ҳамингуна авзоъро ҳамчун амалҳои «террористӣ» ҳолати «экстремистӣ» арзёбӣ мекунанд.

Бояд эътироф кард, ки ин терминҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз тундагароӣ бо нияти холисона ба ҷомеа дохил карда нашудааст! Баръакси ҳол бо мақсади ҳарчӣ тӯл додани бошиши ҳукмронии системаи куфрро аз болои мо, бо нияти пурғараз бар зидди Ислом ва мусалмонон бофта баромадаанд!

Ногуфта намонад ки мабодо ягон қатлу куштор ва ё амали даҳшатзо аз ҷониби мусулмонон содир гардад, онро «террор» мегӯянд. Айнан ҳамин ҳодиса ва ё ҳодисаи аз он шадид аз ҷониби давлати куфр, ягон созмон ва ё афроди ғайримусалмон ба вуқӯъ пайвандад, онро ҳамчун амалиёте бо мақсади  ҷилавгирӣ аз хатари террор арзёбӣ менамоянд.

Ҳол он ки онҳо «терроризм»-ро як таҷовузи моддӣ ва маънавӣ бар зидди аҳолии осоишта мегӯянд, ва баъзан куштори ҳамагониро ҳамчун ҷинояти оддӣ медонанд. Ба тариқи мисол Русия ба Сурия юриш оғоз кард ва сабабгори ҳалокати садҳо ҳазор аҳолии осоишта гардид, аммо ба ин қатли омми вай ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти ҳарбӣ баҳо доду халос.

Ҳамзамон дар Сурия ҷангҷӯёни исломӣ дифоъ аз ватан, ору номус карда бар зидди артиши куффор ҷанг баранд, ба ин ҳаракатҳо тамғаи «террор»-ро дод! Ҳарчанд муҷоҳидин фақат ба бунгоҳҳои низомӣ ҳамла оварда буданду бас, аз дасти онҳо ягон вакиле аз мардуми осоишта ҷабр надида буд.

«Экстремизм» низ ба монанди «терроризм» аст. Вай низ алайҳи системаи идоракунии ҷаҳонии мабдаъӣ-исломӣ нигаронида шудааст. Ин истилоҳ низ аз ҷониби олами куффор барқасдона зидди Ислом ва Мусулмонҳо истифода бурда мешавад.

Ҳамин тариқ мехоҳанд мусалмононро аз ҳуқуқашон маҳрум созанд, то ин ки мусалмонон ба ҳарос афтода, дар ҷомеа озодии эътиқод, тарзи зиндагонии исломиро талаб накунанд. Онҳо «экстремизм» -ро ҳамчун ба даст овардани ҳукумат бо роҳи ғайриқонунӣ ва зӯроварона маънидод менамоянд. Лекин дар амал бошад ҳокимиятҳо айнан бо роҳу равиши гуфтаи худи онҳо бо роҳи зӯроварӣ ва ғайриқонунӣ аз худ карда мешавад.

Ба тариқи мисол дар Қирғизистон ду маротиба ҳукумат ба қавли онҳо бо роҳу усули «экстремистӣ» иваз шуд. Дар ҳар ду ҳолат сиёсати байналмилалӣ ба ин ҳамчун ҷиноят муносибат изҳор накард ва ҳамкориро идома дод. Аз ин лиҳоз мо гуфта метавонем ки аз истилоҳи «экстремизм» куффор  фақат бо мақсаде истифода мебарад, ки  эҳёи ҳаёти Исломиро , (ҳамчун мабдаъ, ҳамчун низоме ки метавонад ҷаҳонро идора кунад) пешгирӣ кунанд, ба таъхир гузорад!

Аз ин мебарояд терминҳои «терроризм, экстремизм» бо мақсадҳои махсус бар зидди Ислом ва мусалмонон барқасдона бофта баромада шудааст. Ва ба мӯъминон раво нест аз ин истилоҳҳо истифода баранд! Бароямон раво нест аз ин терминҳо ҳатто ҷангҷӯён, афроди мусалмон ва ҳатто куффори бароямон номақбулро ном барем. Чунки тавсеаи ин терминҳо андаруни ҷомеа, худ бар фоида куффор мешавад.

Ҳангоме ки ба ин ва ё он ҳолат баҳо медиҳем, ба қадри тавон бояд аз ин истилоҳот худдорӣ кунем. Чунки истилоҳоти исломӣ аз арзишҳои исломӣ маншаъ мегиранд. Бо баробари ба ҷомеа ворид гаштани ин истилоҳот, Ислом ворид мешавад. Баръакси ин ҳол, ҳамин ки истилоҳҳои куфр тавсеа ёбад, дар ҷомеа куфр тақвият меёбад, реша медавонад. Агар шахси мӯъмин аз Худо тарсад, пас шарт аст ки ӯ аз истифодаи истилоҳоти бофтабаромадаи куффор чун “ваҳҳобӣ, ифротӣ, таассубгар.. ва ҳоказо» худдорӣ намояд ва аз фоида овардан ба аҳли куфр парҳез кунад!

Абдураззоқ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads