ПОСУХ БА САВОЛ ДАР БОРАИ ҲУКМИ НАВОРБАРДОРИИ ФИЛМҲОЕ, КИ ДАР ОН ПАЁМБАРОН ВА САҲОБАГОН ТАСВИР ШУДААНД ВА ТАМОШОИ ОНҲО.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

ПОСУХ БА САВОЛ ДАР БОРАИ ҲУКМИ НАВОРБАРДОРИИ ФИЛМҲОЕ, КИ ДАР ОН ПАЁМБАРОН ВА САҲОБАГОН ТАСВИР ШУДААНД ВА ТАМОШОИ ОНҲО.

Аз посухҳои амири Ҳизби Таҳрир, олим Ато ибни Халил Абу Рашта ба суолҳои зиёратчиёни саҳифаашон дар Фейсбук. (Фиқҳӣ)

Посух ба суоли Abu Afiya Baqavi дар бораи ҳукми наворбардорӣ ва тамошои филмҳое, ки дар он паёмбарон ва саҳобагон тасвир шудаанд.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ

Эй шайхи мо тамошои филму силсилафилмҳое, ки дар он паёмбарону саҳобагон тасвир шудаанд чӣ ҳукм дорад?

Ҷавоб:

Ва алайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ

Албатта филмҳо ва силсилафилмҳои бо тарзи имрӯза баровардашуда шаръан ҷоиз нест. Чунки дар онҳо дурӯғ мавҷуд буда, дар ҳолати омехтаи зану мард ба навор гирифта шудааст. Инчунин, авратҳои онҳо пӯшида нестанд. Зеро дар онҳо мардони бегона муҳити хонавода ва маҳрамиро инъикос мекунанд ва дар ҳолати авратҳояшон боз, мегарданд… Онҳо пур аз чизҳои хилофи шариат мебошанд. Аз ин рӯ, ин гуна филм ва силсилафилмҳо чоиз нестанд… Илова бар ин, дар онҳо саҳобаҳо тасвир карда шудаанд. Аз ин ҳам гуноҳи даҳшатноктар ва бузургтар, он аст ки дар он шахсони оддӣ паёмбаронро бидуни шарм ва тарси Аллоҳ тасвир кардаанд.

23 сентябри соли 2009 ба ин савол посух дода будем ва боз такрор мекунем, зеро аз манфиат холӣ нест:

(Дар мавриди сериалҳо ва театрҳо бошад, дар онҳо ҷойҳои хилофи шариат зиёд мебошанд:

а) Ба онҳо дурӯғ омехта шудаанд. Як шахс ҳолати шахси дигарро тамсил мекунад ва гуфтаҳои он шахсро мегуяд… агар савганд кардан лозим бошад, шахси тамсилкунанда қасам мехурад. Агар талоқ кардан лозим бошад, талоқ медиҳад. Ҳол он ки инсон масъули суханҳои гуфтааш аст, хоҳ дурӯғ бошад, хоҳ шӯхӣ…

б) Дар онҳо марду зан омехта мегарданд. Фарқ надорад, ки шариат иҷозат додааст ё не…

в) Авратҳо боз мебошанд. Мардони бегона нақши шавҳар ва маҳрамро мебозанд. Ҳукми шаръӣ, ки дар назди номаҳрам пӯшидани аврат воҷиб аст, амал намекунад. ба гайр аз ин, актерҳое, ки нақши зану шавҳар ва махрамро иҷро мекунанд, муносибатҳои дигари байни мардон ва занонро низ анҷом медиханд…

Аз ин амалҳо маълум мешавад, ки онҳо хилофи шариатанд… Аз ин ҳам бадтараш, артистон нақши Пайғамбаронро иҷро мекунанд. Аллоҳи муттаъол паёмбарро барои паёмбарӣ ва расулӣ интихоб кардааст. Ин корҳо фақат ба онҳо хосанд, на ба дигарон. Шахси оддӣ, ки нақши паёмбар ё расулро мебозад, ки ваҳйи ба ӯ фиристода шудааст, ҳамла ба пағамбарӣ, поймол кардани нубувват ва ҳаққи онро ба ҷои худ нагузоштан аст. Инчунин, ин беадолатӣ ба рисолат ва паёмбар аст. Дар бораи алоқаҳои гуногунро, ки байни зану мард мешаванд тасвир кардани артистҳоро зикр накунем ҳам мешавад…

Аз ин рӯ, ин гуна сериал ва филмҳо ҷоиз нестанд. Аммо дар мавриди мавқеъи давлати Хилофат, ки бо изни Аллоҳ барқарор мешавад гӯем, давлати Хилофат ба ин гуна филм ва сериалҳое, ки дорои амалҳои ғайришаръӣ мебошанд, иҷозат намедиҳад. Аммо дар мавриди тафсилоти инҳо, вақте ки Хилофат барқарор шавад, мегӯем. 2009 сол 23 сентябр).

Умедворам, ки ҳаминҳо басанда аст, Аллоҳ донову ҳаким аст!

Як хотиррасон:

Ба бородароне, ки мегӯянд, ин ҷавоб танҳо дар бораи сохтани филмҳо буд, на дар бораи тамошои онҳо, гуфтани ҳастам, ки ман бо ҷавоб додани ба саволе, ки сохтани филмҳо ҳаром аст, кифоя кардам. Яъне ман дар бораи ҳаром будани тасвири паёмбарон ва саҳобагон ва дар рӯзи барқарор шудани давлат сохтани ин гуна филмҳоро манъ карданаш гуфтам… Дар бораи тамошои онҳо бошад ҷавоб надодам. Саволи тамошои чунин филмоҳоро ба ихтиёри саволдиҳандагон гузоштам. То худашон иҷтиҳод кунанд ё ба як муҷтаҳиди муътабар, ки ба иҷтиҳоди ӯ  боварӣ доранд, тақлид кунанд. Яъне, дар ин мавзуъ ягон фикрро тарҷеҳ накардам. Умедворам, ки ин кор равшан шуд.

Бародаратон Ато ибни Халил Абу Рашта

28 рабиус-сонӣ 1441ҳ                       25 декабр 2019м

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Русия сарпарасти терроризм аст

Русия сарпарасти терроризм аст Хабар: Ҷон Кирби, ҳамоҳангсози иртибототи стратегии Шӯрои амнияти миллӣ дар Кохи Сафед гуфт: «Иёлоти Муттаҳида Федератсияи Русияро ҳамчун як сарпарасти...
post-image Гуногун

Ба дурустӣ, ки шайтон душмани шумост, пас ӯро душмани худ бигиред.

Ба дурустӣ, ки шайтон душмани шумост, пас ӯро душмани худ бигиред. Аввалин чизе, ки ҳар мусалмон бояд дарк кунад, мавҷудияти шайтонест, ки ҳамроҳаш буда,...
post-image Гуногун

Воҷибияти тасдиқ кардани фикрҳое, ки барои фаъолияти гурӯҳ заруранд

Воҷибияти тасдиқ кардани фикрҳое, ки барои фаъолияти гурӯҳ заруранд Шариат на танҳо мавҷуд будани гурӯҳ, балки таъсис додани маҳз он гурӯҳеро талаб менамояд, ки...
post-image Ар-Рая Шарқи наздик

Талбандагии ҳукумати Тунис кишварро ба ҳалокат тела медиҳад

Талбандагии ҳукумати Тунис кишварро ба ҳалокат тела медиҳад Рӯзи ҷумъа 4 ноябри соли 2022 Президенти Тунис Қайс Саид дар Қасри Карфаген дар ҳузури директори...
post-image Ар-Рая Шарқи наздик

Ҳусийҳо бар зидди қонунҳои Аллоҳ чуръат карданд!

Ҳусийҳо бар зидди қонунҳои Аллоҳ чуръат карданд! Иштирокчиёни нишасте, ки вазорати адлия ва Палатаи савдо ва саноат дар пойтахти Яман дар Санъо баргузор карданд,...
Бештар
ads