Подош барои сабр ва зиён
Ҳамроҳ бо Ҳадиси Шариф
Аллоҳ нигаҳбонатон бошад, шунавандагони азизи радиои Идораи марказии иттилооти Ҳизб-ут-Таҳрир. Бо камоли хушнудӣ шумоёнро ба барномаи мо «Ҳамроҳ бо Ҳадиси Шариф» хайра мақдам мегӯем. Беҳтарин оғози ифтитоҳи мо саломи Исломӣ аст: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Дар «Саҳеҳи Бухорӣ» дар «Китоби нармкунандаи дилҳо» («Китоб ар-Риқақ») омадааст, ки дар рӯзи Қиёмат, бандаи мӯъмин ба хотири лиқои Аллоҳ гӯяд, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест, Худованд оташи Ҷаҳаннамро барояш ҳаром мегардонад.
Қутайба аз Яъқуб ибни Абдураҳмон аз суханони Амр, аз суханони Саид ал-Мақбарӣ, аз суханони Абуҳурайра (р), ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Худованд мегӯяд:
مَا لِعَبْدِي المُؤْمِنِ عِنْدِي جَزَاءٌ، إِذَا قَبَضْتُ صَفِيَّهُ مِنْ أَهْلِ الدُّنْيا ثُمَّ احْتَسَبَهُ، إِلَّا الجَنَّةُ
«Барои бандаи мӯъмин ҷуз Биҳишт подоше дигар надорам, агар яке аз шахсонеро, ки ӯ дӯст медошт, бигирам ва ӯ ба умеди подош бе шикоят осебро ба дӯш бигирад».
«Агар ман яке аз одамонеро, ки ӯ дӯст медошт, бигирам», сухан дар бораи марги одамони наздике меравад, ки барои инсон азизанд ва аз даст додани онҳо дар рӯҳи худ холигиро ҳис мекунад.
«Ва осебро бидуни шикоят ба умеди подош бар дӯши худ мегирад», яъне инсон дар баробари фитнае, ки ба ӯ расидааст, ба сабр шурӯъ мекунад, зеро медонад, ки ба ҳар зиён дар охират подош хоҳад гирифт.
Умри инсон дар байни саодат ва азоб, байни шодиву ғам аст. Вохӯрӣ бе ҷудоӣ намешавад. Ҷудоӣ табиатан барои одамон душвор аст, аз ин рӯ ба ҳар инсон барои бартараф кардани душвориҳои дар пешистода сабру таҳаммул лозим аст. Сабр одамро аз ташвиш, забонро аз шикоят ва дастро аз торсакӣ нигоҳ медорад. Ҳамон гуна ки ҷисм бе сар наметавонад зиндагӣ кунад, мусалмон низ бидуни сабр зиндагӣ карда наметавонад.
Сабр ва имон тавре мисли сар аз бадан ҷудонашавандаанд. Имом Аҳмад мефармояд: «Сабр воҷиб ва ниёзи мӯъмин аст». Аллоҳи Таъоло сабрро дар Куръон 90 маротиба зикр кардааст.
Сабр неъматест, ки ба савоб ва подош мебарад, инчунин дар нафси муъмин самаре мебахшад ва осоре мегузорад, то мӯъмин корашро ба Худованди мутаъол ва ихтиёри хости Ӯ вогузор ва таслим кунад. Ҳар мусибат бо худ ваҳме дорад, ки дилро ба ларза меорад ва хароб мекунад, агар мусалмон дар зарбаи аввал сабр кунад ва мусибат ӯро нашиканад, пас боқимондаи имтиҳонҳо ночиз ба назар мерасад ва ӯ то охир тавони пирӯзии ҳама мушкилотро доро мегардад.
Бархе аз ҳакимон гуфтаанд: «Одами оқил дар рӯзи аввали мусибат ҳамон гуна рафтор мекунад, ки нодон пас аз чанд рӯз рафтор мекунад».
Дар ҳадис ба нуқтаи муҳиме, ки подоши сабр аст, низ таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст. Чунки подош аз боварии инсон ба бузургии Аллоҳ аст, ки танҳо Худованд бар ивази сабраш ба ӯ подош медиҳад. Ин боиси рафъи ғаму андӯҳ мегардад ва ба дил таъсир мерасонад. Чӣ қадаре ки эътимод қавӣ бошад, эҳсоси дард аз мушкилот заифтар мешавад.
Аз суханони Умар (р) ривоят аст, ки фармудаанд: Балое ба ман расид, ки Худованд аз он бало ба ман чахор неъмат дод: аввалин неъмат он аст, ки дини ман аз мусибатҳо наларзид; хайри дуюм ин аст, ки чизе берун аз қудрати ман ба сари ман нарасидааст; фоидаи саввум ин аст, ки ман ба сабаби мусибатҳо гуноҳе содир накардаам; фоидаи чаҳорум ин аст, ки барои ҳама сахтӣ ва санҷишҳои ба сари ман расида, ҳамеша аз Аллоҳ аҷру савоб хоҳонам».
Шунавандагони азиз, то вохӯрии оянда бо шумо Ҳамроҳ бо ҳадиси набавӣ! Шуморо ба Аллох амонат месупорем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Афрон Туроб
7 Сафари 1444 ҳиҷрӣ