Пас аз Ғазза чӣ мешавад?!
Хабарҳо: Ҳодисаҳо дар Ғазза.
Шарҳ: Ҷанг дар Ғазза ҳатман дер ё зуд хотима хоҳад ёфт, аммо оқибатҳои стратегӣ, идеологӣ, сиёсӣ ва равонии он бузург хоҳад буд.
Ин воқеаи барҷастаест, ки дар мавзӯи он мақолаҳои бисёре навишта мешаванд.
Хулоса гуфтаниам, ки ин ҷанг баъзе ҳақиқату далелҳои сиёсиро ошкор кард. Ҳар касе, ки онҳоро намебинад ва ё муҳим намешуморад, бояд дар бораи муносиб будани онҳо андеша кунад. Ин далелҳо барои куштори имрӯза, инчунин барои ҷангҳои пештара замина гузоштанд.
Аввалин ин далелҳо мавқеъи низомҳои кишварҳои мусалмонист, ки дар байни хиёнат ва бадрафторӣ ларзон буданд.
Як режим, мардуми муҳосирашудаи Ғаззаро, ки аз бадтарин қатли ом дар таърихи муосир азоб мекашанд, бо сӯзишворӣ, ғизо ва об таъмин намекунад! Дигари фазои ҳавоии худро барои эҳтиёҷоти вуҷуди ишғолкунанда мекушояд! Касе дар Твиттер («X») ҳамчун касби худ изҳорот ва нашрияҳои баланд дод! Ва касе ба ташкили шабнишиниҳои фаҳшу бадахлоқ машғул буд! Ҳамаи онҳо қоидаҳои Америка ва ҳукуқи байналмилалиро риоя мекунанд ва якдилона даъво мекунанд, ки барои ҳалли масъалаи Фаластин ғайр аз ташкили «ду давлат» роҳи дигаре нест!
Дар хусуси маъмурияти Фаластин бошад, вай ба гузарондани гуфтушуниди ошкоро исрор мекунад. Раҳбари ҷунбиши “Ҳамос” Мӯсо Абу Марзук ба шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира гуфт: «Мақомоти Рамалла ва кишварҳои арабӣ аз кишварҳои ғарбӣ талаб мекунанд, ки “Ҳамос”-ро маҳв кунанд.» Гузашта аз ин, ба Ғазза аз қаламрави кишварҳои арабӣ зарба зада мешавад». Ин барои онҳо нав нест: дар ҷанги қаблӣ дар навори Ғазза дар моҳи декабри соли 2008 сухангӯи Ҳамос Фавзӣ Барҳум гуфта буд, ки Маҳмуд Аббос, кӯшиш кардааст, ки дар бораи маконҳои махфии Ҳамос дар Ғазза ба давлати саҳюнистӣ маълумот диҳад!
Фикр намекунам, ки имрӯз дар бораи хиёнати ҳокимони мусалмон ба таври муфассал сухан гӯем, ҳама корҳои онҳо мисли офтоб дар рӯз равшан аст.
Далели дуввум, воқеияти ба истилоҳ “ҷомеаи байналмилалӣ” таҳти сарварии Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин аст. Тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки инсоният бо роҳбарии ин «пешвоён» чӣ даҳшат ва азобу машаққатҳоеро аз сар мегузаронад. Президенти Амрико руирост гуфт: «Агар Исроил вуҷуд намедошт, мо ҳатман онро ташкил мекардем».
Дар мавриди далели саввум, ин маҳдудиятест, ки кӯшиши мусалмононро камҳаракат мекунад, ҳар кадоме дар кишвари худашон бойкот мекунанд, гирдиҳам меоянд, хайрия мекунанд… Ман сарҳадҳои миллиеро дар назар дорам, ки Уммати муттаҳидро аз ҳам ҷудо кардааст!
Мусулмонон бояд ин се далелро дарк намуда, бояд ҳар рӯз дар ин мавзӯъ баҳсу мунозира кунанд. Сиёсатмадори оқил пас аз ин ҳама даҳшат ва рехтани хун набояд аз ҷомеаи ҷаҳонӣ чизе талаб кунад. Ӯ бояд ба маҳдуд кардани масъалаи Фаластин бо Ғазза ва соҳили Ғарбӣ, ба истиснои иродаи сиёсӣ ва низомии ду миллиард уммат исрор накунад ва бо режимҳои хиёнаткор ҳамкорӣ нанамояд!
وَلَا تَرْكَنُوا إِلَى الَّذِينَ ظَلَمُواْ فَتَمَسَّكُمُ النَّارُ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ اللهِ مِنْ أَوْلِيَاءَ ثُمَّ لَا تُنْصَرُونَ
«Ба сӯи ситамкорон майл макунед, то оташ ба шумо нарасад. Шуморо ҷуз Аллоҳ дӯсту ёваре нест ва ҳеҷ кас ёриатон нахоҳад кард» (11:113).
Тафаккур ва амал кардан дар доираи марзҳои мавҷуд хиёнат ва аблаҳист, ҳамчунин дидаву дониста ба як қатли нав андохтани навори Ғазза мебошад. Аллоҳ нигаҳ дорад!
Махсусан барои радиои Дафтари марказии иттилоотии Ҳизб-ут-Таҳрир
Усама Сувайни, Қувайт
20 Рабиус-сони 1445 ҳиҷрӣ