Пардае аз ҳаёти саҳобагон

Пардае аз ҳаёти саҳобагон

بسم الله الرحمن الرحيم

Баъд аз он, ки вилояти Савод (заминҳои миёни Куфа ва Басра) фатҳ карда шуд, чӣ гуна тақсим кардани он мавриди баҳс қарор гирифт. Аксарият бар он фикр буданд, ки заминҳои Савод байни ғозиҳои ҷанги Савод тақсим карда шавад. Аммо ҳазрати Умар бошад фикри “ Замин дар дасти мардум боқӣ монад ва аз он ҷизя ва хироҷ гирифта шавад” ро баён кард. Зеро танҳо дар ин гуна қарор барои насли ояндаи мусулмонон хубтар мешуд, чунки агар заминҳо миёни ғозиёни ҷанг тақсим мешуд дар ояда фарзандони эшон ба замин соҳиб шуда, дигар муъминонро аз мафоди он бебаҳра месохтанд.

Дигарон бошанд, “Модоме, ки ғозиён бо баҳои хун ин заминро фатҳ кардаанд, пас бояд онҳо соҳиби он бошанд. Касоне, ки дар кулба нишаста дар ҳаққи онҳо бо дуо иктифо кардаанд, чӣ гуна метавонанд соҳиби ҳаққ аз он заминро дошта бошанд? Шумо бо надодани заминҳои эшон фатҳ карда, бар онҳо зулм карда истодаед” мегуфтанд. (“Китобул Хараҷ”)

Дар ҳоле, ки зулм назди ҳазрати Умар тамоман амри бегона буд. Бале, ҳазрати Умар хато карда метавонад, аммо дидаву дониста ҳаққи як касро надодан ба хаёлаш ҳам намеомад. Ҳол он, ки Расули Аллоҳ (с.а.в) дар ҳаққи Умар чунин фармуданд, “Аллоҳ ба забони Умар сухани ҳақро муҷассам гардонид”. (Ибн Моҷа, “Муқаддима”).

Расули Аллоҳ (с.а.в) дар бораи ҳазрати Умар чунин низ гуфтаанд: “Аз роҳе, ки Умар убур намояд, шайтон аз он нахоҳад гузашт”. (Бухорӣ, “Фазоилу Асҳабун-набӣ”)

Дуруст будани ин суханҳоро ҳазрати Умар чандин маротиба исбот кардаанд. Аз ин ба баъд ҳам ба ҳамин асос такя карда сазовори унвони “Бинои адолат дар таърихи инсоният” гардид. Ҳазрати Умар ба эътироз кунандагон :

— Дигаронро аз инҷо бадарға карда берун ронам, дар ҳақиқат зулм хоҳам кард. Чӣ тавре, ки мебинед, бо амри Аллоҳ як аз панҷи ғаниматҳоро гирифтам. Қисми боқимондаро миёни онҳо тақсим кардам. Баъд аз фатҳи ин сарзамин, барои мудофиъа ва қӯшун ба онҳо бояд маош ҷудо карда шавад. Аз ҳамин сабаб мо аз аҳолии маҳаллӣ ҷизя ва хироҷ мегирем ва онро барои мудофиъа ва қӯшун сарф мекунем. Агар ба гуфтаи шумо амал кунам, бо кадом лашкар онҷоро мудофиъа карда метавонем, ба онҳо аз куҷо маош таҳия мекунем, — гуфт. Аммо онҳо ба суханони ӯ эътибор надоданд.

Билохира ҳазрати Умар бо дили ғамгин даст ба дуо бардошт:

— Ё Аллоҳ ҳаққи Билол ва шариконашро нишон деҳ.  (“Китобул Хараҷ”)

Сипас, оятҳои аз сураи ҳашрро дар бораи аз кӣ будани ғанимат хонд. Пас аз хондани оятҳо Ҳазрати Умар ба сухани худ идома дод:

— Ҳамон ҷойҳоро ба онҳо тақсим карда диҳем, барои камони дар ояти Аллоҳ омада, ки “Баъд аз онҳо омада” гуфта шудааст, чӣ мемонад? Ҳаққи онҳоро кӣ мепардозад?

Саволи охир бе ҷавоб монд ва ҳамингуна эътироз ҳам хотима ёфт. Сипас, ҳазрати Умар (р.а) заминро чен карда адолатона андоз тайин кард ва оё каси бо тадбир ҳаст, гуфта пурсид.

Аз уҳдаи ин кор Усмон ибн Ҳунайф мебарояд — гуфтанд. Умар амр кард, ки ӯро наздаш хонанд.

Ҳамин тавр, вазифаи ҷамъи андоз ба уҳдаи Усмон ибн Ҳунайф ва Ҳузайфа ибн Ямон супурда шуд. Ҳазрати Умар  онҳоро ба одилона кор кардан хонд. Ҳамин гуна ду рафиқ ба роҳ баромаданд. Усмон ба ин тарафи дарёи Даҷла ва Ҳузайфа ба он тарафи дарё роҳ гирифтанд. Миқдори андоз, бо ченаки ҳамон вақтӣ бо ҳисоби ҷириб муайян карда шуд. Усмон барои ангурзор даҳ дирҳам, барои хурмозор ҳашт дирҳам ва ба замини шакарқанд ба миқдори шаш дирҳам андози яксола тайин кард. Ҳамчунон, аз замини гандум чор аз ҷав ду дирҳам андоз гирифтанро тасдиқ кард.

Номи ин андоз хироҷ мебошад. Ҳангоми муайян кардани андоз ба шаҳрвандон хурдсолон ва занон ба инобат гирифта нашуданд. Мардҳо бошанд мутобиқи даромади худ ба се тоифа ҷудо карда шуданд. Ба мардони табақаи боло чилуҳашт дирҳам, мардони миёнаҳол бистучор дирҳам ва ба мардони табақаи поён дувоздаҳ дирҳам, андоз муайян шуд. Номи ин андоз ҷизя мебошад.

Ҳазрати Умар ду дӯсти вазифаро ба ҷо оварда баргаштаро ба ҳузур даъват кард.

— Умедворам, ки шумо имконияти аҳолии маҳаллиро ба инобат гирифта миқдор муайян карда бошед.

Мақсад аз ин сухан, пеш гирифтани ноадолатии бузург буд. Зеро, мақсади эшон пур кардани хазинаи давлат набуд. Усмон:

— Ман ба миқдори тавоноии ҳамешагии аҳолӣ, миқдор муайян кардам. Аз миқдори интихобшуда зиёдтар таъин карда метавонистам, аммо адолат намешуд. Баъзе шаҳрвандони фақирро аз андоз озод кардам, — гуфт.

Ҳузайфа низ суханони шарикашро такрор карда, илова кард:

— Бисёрии онҳоро боҳимматӣ карда аз андоз озод кардам.

Ҳазрати Умар дигар савол надод. Сипас гоҳ-гоҳ бо Усмон ва Ҳузайфа дар мавриди ин мавзӯъ сӯҳбат мекард ва онҳоро дам ба дам бо адолат ва ба аз имконият боло андоз нагирифтан даъват мекард. Ҳазрати Умар чор рӯз қабл аз шаҳодаташ бо онҳо дар ин маврид суҳбат карда: “То он даме, ки Халифа ҳастам дар фикри онам, ки бевазанони Ироқиро ба дараҷае таъмин кунам, то ин ки ба Халифаи баъд аз ман мӯҳтоҷ нагарданд” — гуфта буд.

Ҳокимони Шом, Басра ва Куфа аз ҳазрати Умар амр гирифтанд, ки вакилони муътамадтарини худро ба Мадина бифиристанд. Ҳокимон одамонро ба масҷид даъват карда, амри Халифаро расонданд. Шомиён, Маън ибн Язид, халқи Куфа Усмон ибн Фарқод ва халқи Басра бошад Ҳаҷҷоҷ ибн Аллатро интихоб карданд. Ҳар сеи онҳо бехабар аз сабаби даъват шуданашон, ба Мадина равона шуданд. Аз бани Салама будани ҳар сеяшон қобили таваҷҷуҳ буд. Бо расидан ба Мадина ҳазрати Умар онҳоро назди худ хонд ва гуфт:

— Мехоҳам ба шумо вазифаи ҷамъоварии андозро биспорам. Аз зулм, аз гирифтани беҳтарини амволи мардум дурӣ ҷуед, буз ва гӯсфандоне, ки дар хона бо мақсади шир ва ё гӯшт нигоҳубинӣ карда мешаванд, нагиред.  Қӯчқорҳое, ки барои наслгирӣ нигоҳ дошта мешаванд, нагиред. Ҳайвонҳои фарбеҳ ва наслдорро нагиред.

Ин тавсияҳо аз илм ва маърифате, ки Расули Аллоҳ (с.а.в) ба саҳобагони худ таълим медод, боқӣ мондааст. Ӯ  (с.а.в)  дар ин роҳ ба ҷамъоварандагони закот якчанд чизро таъкид карда буд.  Хусусан, ба Муоз ибн Ҷабал, ки ба Яман барои адои вазифаи волигӣ мерафт фармуданд: “Аз гирифтани беҳтарин моли мардум дурӣ ҷӯй”, ин суханҳо то ҳанӯз дар гӯши ҳазрати Умар ҷаранг мезад. («Китобул — Хараҷ”)

Рӯзе Расули Аллоҳ  (с.а.в) яке аз коргари закотро дид, ки ӯ шутурҳои фарбеҳ ва наврасро оварда истодааст, ба гуфтанд:

— “Худат ва закотдиҳандаро низ маҳв кардаӣ”. Аммо ӯ гуфт: Расули Аллоҳ (с.а.в) ман ҳар яки инҳоро бар ивази дуто лоғар гирифтам, бо шунидани ин сухан Расули Аллоҳ (с.а.в):  — “Дар ин ҳол боке надорад”, —  гуфта, хурсанд шуда буданд.

Ҳангоми ҷамъоварии закот, манфиъати соҳиби молро дар назар гирифтани Расули Аллоҳ (с.а.в), сабаби пайдо шудани фикри зерин дар саҳобагон шуд: “Ҳангоми ҷамъоварии закот аз ҳадди худ гузашта, аз ҳама моли беҳтарини соҳиби молро гирифтан, бо монеъа шудан ба закот баробар аст”.   («Китобул — Хараҷ”)

Аз китоби Аҳмад Лутфӣ Қозончӣ дар бораи “Ҳазрати Умар июн Хаттоб р.а” гирифта шуд.

Дафтари матбуъотии Ҳизби Таҳрир дар Ӯзбекистон. Муслим

17.07.2019

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads