ПАНДУ АНДАРЗҲОИ ИБРАТОМЕЗ АЗ ЗИНДАГОНИИ ҲАСАНИ БАСРӢ

Аз Ҳасани Басрӣ пурсиданд: “Асрори зоҳидиатон дар чист? Ӯ гуфт: Ман донистам, ки ризқи ман ба ғайри худам насиби ҳеҷ кас намешавад, дар натиҷа қалбам аз ризқ осуда шуд. Ман донистам, ки амаламро танҳо худам мекунаму ба ҷои ман ҳеҷ кас онро ба аҷом расонида наметавоанд ва бо он худам машғул шудам. Ман донистам, ки Аллоҳ маро назорат мекунад ва дар ҳолати гунаҳкорӣ бо Ӯ вохӯрдан ор кардам. Ва ман донистам, ки марг мунтазирам аст ва ба вохӯрӣ бо Офаридагор тайёрӣ дидам».

Ҳасани Басрӣ мегӯяд: Ҳофизони Қуръон се тоифаанд: Якум, Қуръонро ҳамчу мол меомӯзад.  Сипас, аз одамон чизеро тамаъ карда, онро аз як шаҳр ба шаҳри дигаре бардошта мегардад.
Дуввум : Ҳуруфоти Қуъонро ҳифз мекунад. Сарҳадҳои онро зоеъ мекунад. Бо туфайли он сазовори таҳнияту эътибори мансабдорон мешавад. Ва бо илми худ нисбати одамон такаббур менамояд.

Саввум: Шахсест, ки  барои омӯхтани мазмуни Қуръон ҷаҳд менамояд ва ҳифз мекунад.  Бо баробари даъвату ибодат ӯ ба Қуръон амал мекунад.   Танҳо ҳамин тоифа беҳтарини ҳофизҳо ҳастанд.

Ҳасани Басрӣ мегӯяд: Ҳаловатро дар се чиз ҷӯед: намоз, Қуръон ва дуо. Агар онро биёбед ҳифз намоед ва ба Аллоҳ ҳамд гӯед.  Мабодо онро наёбед бидонед, ки дарҳои хайрот бароятон баста аст.

Ҳасани Басрӣ мегӯяд: Пешқадамтарини мухлиси Қуръон онест, ки онро нахонад ҳам, ба он амал мекунад.
Боз мефармояд:  Модоме, ки туро аз мункар бозмедорад, Қуръон бихон. Агар надорад, маълум мешавад, ки ту нахонда истодаӣ.

Дар бораи Ҳасани Басрӣ чунин ривоят мекунанд. Ӯ мегӯяд: Шумо дар хонаатон, дар болои дастурхон, дар роҳ, дар бозор, дар маҷлисҳо ва дар ҳар куҷое, ки набошед истиғфор гӯед, зеро шумо кай омадани мағфиратро намедонед

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads