Озод кардани маҳбусон вазифаи мусулмонон аст

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Озод кардани маҳбусон вазифаи мусулмонон аст

05.01.2022

Аллоҳи мутаъол мефармояд:

إِنَّمَا ٱلصَّدَقَٰتُ لِلۡفُقَرَآءِ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱلۡعَٰمِلِينَ عَلَيۡهَا وَٱلۡمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمۡ وَفِي ٱلرِّقَابِ وَٱلۡغَٰرِمِينَ وَفِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِۖ فَرِيضَةٗ مِّنَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ

«Садақот барои фақирон асту мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он. Ва низ барои ба даст овардани дили мухолифон ва озод кардани бандагону қарздорон ва харҷ дар роҳи Худо ва мусофирони мӯҳтоҷ ва он фаризаест аз ҷониби Худо. Ва Худо донову ҳаким аст!»      (9:60)

Дар маҷмӯаи «Саҳиҳ»-и Бухорӣ аз Абумӯсо (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с.а.в.) фармуданд:

فُكُّوا الْعَانِيَ وَأَطْعِمُوا الْجَائِعَ وَعُودُوا الْمَرِيضَ

«Асирро озод кунед, гуруснагонро сер кунед ва беморонро аёдат кунед».

Уламо гуфтаанд, ки ояти «ғуломонро харида озод кардан» ба маънои озод кардани мусулмонони асир аст. Ин фикр дар мазҳаби Аҳмад вуҷуд дорад. Ва ин фикрро Ибни Ҳабиб аз мазҳаби Моликӣ, Ибни Таймия, Ибни Қудам дар «Шарҳул-кабир», Шӯрои Академияи Фиқҳи Исломии назди Созмони Конфронси Исломӣ бар ӯҳда доштаанд. Дар ин маврид чанд нуқтаро қайд кардан муҳим аст:

  1. Аз асорат озод кардани асир баробари озод кардани банда аз ғуломӣ аст.
  2. Озодии асир боиси тақвияти дин мешавад, мисли садақа ба касоне, ки дилҳояшонро ба даст овардан мехоҳанд.
  3. Аз асорат озод кардани асир монанди озод кардани карздор аз қарз аст.

Бар асоси гуфтаҳои боло мо метавонем пули закотро барои озодии маҳбусон сарф кунем. Агар дар хазинаи хилофат (Байт-ул-мол) закот намонда бошад, мусулмонон бояд пул чамъ кунанд, ки барои озод кардани асирон басанда бошад. Агар кофирон як мусулмонро рабоянд, мо бояд ӯро озод кунем. Ҳамчунин, агар мусалмоне дар ҷанг ба кофирон асир шавад, пас боқимондаи мусалмонон бояд ӯро озод кунанд. Озод кардани маҳбус вазифаи умумии мусалмонон (фарзи кифоя) аст, яъне агар яке аз мусалмонон маҳбусонро озод кунад, ин вазифа аз дигарон соқит мешавад. Аслан бо озодкунии маҳбусон давлат ва артиш машғул мешавад, зеро онҳо аз рӯи қудрати ҳарбӣ, салоҳияти дипломатӣ, имконоти молиявӣ ва ғайра метавонанд ин корро анҷом диҳанд. Илова бар ин, давлат ва артиш шояд кофиронро аз ҷангҳои гузашта асир гирифта бошанд ва баъдан раванди табодули асирон имконпазир аст.

Дар соли 392 ҳиҷрӣ, дар давраҳои тиллоии Андалусия, ки ин давлат ба авҷи тавоноӣ ва шукуфоии худ расид, Ҳоҷиби Мансур монда нашуда кишвари худро дифоъ намуд ва ба душманон шикасти сангин ворид кард. Боре дар набарди навбатӣ бо испанихо баромад ва чун ҳамеша ба ғалаба ноил гардид. Бозгашти ӯ ба Кордоба ба намози ид рост омад ва аз ин рӯ мардум такбир ва таҳлил мегуфтанд.

Ҳоло барои аз асп фаромаданаш фурсат наёфт, ки ӯро зани солхӯрдаи дилшикастае боздошт ва гуфт: “— Эй Мансур, ба ғайр аз ман хамаи мардум хурсанд ҳастанд!” Ӯ гуфт: “Чаро?” Зан чавоб дод: «Зеро ки писарам дар калъаи Рабоҳ асир мондааст». Қаҳрамони бузург, ки ҳанӯз аз асп нафуромада буд ва то андозае масъулияти худро дар ҳифзи Уммат ва дини Ислом медонист, рӯ ба сипоҳ овард ва ба ҳама фармон дод, ки аз асп нафароянд ва дар зин бимонанд. Мансур бо лашкари худ ба қалъаи Рабоҳ рафт ва ҷангро бо кофирон идома дод, то онҳоро маҷбур кард, ки тамоми асирони мусалмон, аз ҷумла писари он пиразанро озод кунанд.

Имрӯз мо дар бораи маҳбусони фаластинӣ дар зиндонҳои бунёди яҳудӣ бисёр мешунавем. Мо бояд роҳи ҳалли дурусти ин мушкилро пайдо кунем, ки дар хонаҳои фаластиниён ғаму андӯҳро ба бор овардааст ва ҳанӯз мунтазири бозгашти онҳое, ки дар зиндонҳои бунёди яҳудӣ ва маъмурияти Фаластин ҳастанд. Шояд мо ба маҳбусон бо андӯҳ менигарем, ва умеди озод шуданашонро гум кардаем. Мо дидем, ки чи тавр тамоми қувваҳои бадкирдор ба муқобили онхое гирд омадаанд, ки бо қошуқе аз зиндон роҳи зеризаминӣ кофта, худро озод карда тавонистанд. Ин нерӯҳо онҳоеро, ки то анҷоми ҳукми ноодилонаашон фирор карда буданд, ба  зиндон  баргардонданд. Асирони фаластинӣ дар асорати дукаратаанд, зеро Фаластин худ ишғол шудааст ва озод нест. Аз ин рӯ, ҳама фаластиниҳо имрӯз асир мебошанд. Ҳамчунин масҷиди Ақсо низ мисли онҳо ишғол шудааст. Ҳар яки онҳо мунтазири озод шудан ҳастанд.

Дар бораи фаластиниҳои асиршуда баъзе нуқтаҳоро зикр кардан лозим аст:

  1. Маъмурияти Фаластин (МФ) наметавонад маҳбусонро озод кунад. Вай барои раҳоии маҳбусон худро вазифадор намеҳисобад, балки ҳатто ба бозгашти маҳбусоне, ки аз зиндони Гилбоа фирор кардаанд, мусоидат кардааст. Гузашта аз ин, вай дар куштори афроде, ки дар натиҷаи табодули таҳқиромези асирон озод шуда буданд, ё онҳое, ки ҳукми зиндонашон ба охир расидаасту озод шуданд, вале дар назари мақомот, хоҳ дар Фаластин ва хоҳ дар ҳамсоякишварҳо номатлуб боқӣ монданд, даст доштааст.
  2. Ба ном «раванди сулҳ» дар Фаластин хиёнати ошкоро нисбат ба асирон мебошад, зеро онҳо барои қурбонихое, ки дар роҳи озодии Фаластин дода буданд, аз ҷихати сиёсӣ маҳкум гардиданд.
  3. Роҳ ба сӯи Фаластин барои онҳое, ки баҳри кӯмаки озодии Фаластин ва масҷиди Ал-Ақсо фикр мекунанд, баста аст.
  4. Намунаи Ҳоҷиби Мансур аз зеҳни сарбозону афсарони лашкари мусулмонӣ шуста мешавад, то вазъи асирон ва ишғолиён ҳамон гуна боқӣ бимонад.
  5. Имрўз дар Фаластин бисёр модарону занҳо ва хоҳарон мисли модари асири Андалусӣ ғамгинанд. Аммо байни онҳо тафовути калон вуҷуд дорад, зеро имрӯз Ҳоҷиби Мансур нест, ки барои озод кардани асирони мо ба онҳо кӯмак кунад.

Бархе аз зиндониёни фаластинӣ беш аз чиҳил сол боз дар маҳбасҳо ба сар мебаранд ва ҳеҷ умеде нест, ки ҳокимони дар Фаластин ва берун аз он ба яҳудиён хидматкунанда, новобаста аз он ки онҳо ба эътидоли равобит бо бунёди яҳудӣ ворид шудаанд ё на, онҳоро озод кунанд. На вазорати корҳои маҳбусон, на клуби маҳбусони Фаластин ва на дигар лоиҳаҳову равандҳои ноком фоидае надоранд. Ягона роҳи наҷоти ҳамаи маҳбусон таъсиси Хилофати дуюми Рошида аст. Давлати Исломӣ баҳри раҳоии фарзандон ва шавҳарони модарону занони муслима аз зиндони истилогарон ва золимон  динро мукаммал татбиқ мекунад ва ғами онҳоро сабук мекунад. Аллоҳи Таъоло мефармояд:

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هُوَۖ قُلۡ عَسَىٰٓ أَن يَكُونَ قَرِيبٗا

«Ва мегӯянд: «Ин кай рӯй медиҳад?» Бигӯ: «Шояд ба зудӣ рӯй диҳад». (17:51)

وَٱللَّهُ غَالِبٌ عَلَىٰٓ أَمۡرِهِۦ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ

«Ва Аллоҳ бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедонанд!»   (12:21)

 

Газетаи «Ар-рая».

Шайх Иссам Амира

18 Чумъа дул аввали 1443 хичрӣ

22.12.2021

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads