Оё салтанати Язид ибни Муовия шаръи буд?
Вақте ки Муовия вафот кард, писараш Язид бо зўрӣ давлатро ба тасарруфи худ гирифт, яъне вақте ки ӯ салтанатро забт кард ва худро Халифаи мусалмонон эълон кард, Ҳусайн (р) мухолифи ў баромад. Зеро ӯ аниқ медонист, ки Язид ҳокими шаръӣ нест. Дар ин ҷо, баъзеҳо чунин вонамуд мекунанд, ки саркашии саҳобагон аз муқобили Язид, гуё ба ин васила ҳокимияти бо роҳи зӯроварӣ гирифтаи Язидро эътироф карда бошанд. Ин дуруст нест. Агар мавқеи саҳобагон ва ё писарони онҳоро дар ин маврид бо диққат мутолиа кунем, маълум мешавад, ки онҳо Ҳусайн (р)-ро аз муқобилат бо Язид боз надоштаанд. Ба Ҳусайн гуфтанд, ки агар ту бо мардуми Куфа бипайвандӣ ва бар зидди Язид ҷанг кунӣ, чӣ тавре, ки онҳо падарат Али (р)-ро дар ҷанг тарк карданд, туро низ тарк хоҳанд кард. Бинобар ин, бо онҳо ба ҷанг дохил машав, ки нобуд мешавӣ. Аммо Ҳусайн (р) гарчанде медонист, ки ба ҷонаш хатаре вуҷуд дорад, ин роҳро интихоб кард. Зеро ӯ медонист, ки ба муқобили онҳое, ки ҳокимиятро бо роҳи зурӣ ба даст овардаанд, дар таърих осори муҳим гузоштан лозим буд. Абдуллоҳ ибни Зубайр пас аз шаҳодати Ҳусайн аз мардуми Ироқ, Ҳиҷоз ва Миср байъат гирифт ва бар муқобили Язид баромад. Ҳамин тавр, ҳукумати Димишқ, аниқтараш ҳукумати Язидро, ки дар Сурия таъсис дода буд, шаръӣ нашинохтанд. Зеро Хилофат бо роҳи шаръӣ ба дасти онҳо нагузаштааст. Аз ин рӯ, саҳобагон ва тобеинҳо аз аввал мухолифи он буданд, ки Хилофат бо роҳи мерос ва ё бо роҳи зӯроварӣ ба даст оварда шавад. Мутаассифона, пас аз он ки мардуми Шом бар Ҳусайн, Абдуллоҳ ибни Зубайр ва ҳатто Мусъаб ибни Зубайр пирӯз шуданд, мардум тадриҷан ба ҳукми воқеият таслим шуд. Аммо дар он замон ҳам бисёре аз аҳли байт мухолифи ин кор баромада буданд. Бархе аз имомони мӯътабар, аз қабили Абуҳанифа дар ин маврид мавқеъи шаръии худро нишон дода гузаштаанд. Инчунин, имомони дигаре низ буданд, ки ба фисқи ҳокимон хомӯширо интихоб накарданд, балки бар зидди чунин ҳокимон баромаданд. Аз ин рӯ, хулоса кардан мумкин аст, ки «тибқи иттифоқи уламои уммат, мухолифат ба ҳокиме, ки қудратро бо зӯрӣ ва ё бо ягон роҳи дигар ба даст овардааст, аз аввал ҳаром буд», ин гап хатои маҳз аст. Танҳо баъд аз талошҳои зиёд барои ба иҷозаи шўро баргардонидани таъини ихтиёрии ҳоким, уламоҳо ба ин вазъ розӣ шуда, барои боздоштани хунрезӣ чанд фатвоҳо бароварданд. Дар ниҳоят, ин фатвоҳо то ба дараҷае оварданд, ки бархе аз уламо гуфтанд, ки «уламо ризоият кардаанд, ки ба ҳокими ғасбкунанда низ бояд итоат кард». Воқеан, чунин иҷмои уламо вуҷуд надорад ва агар вуҷуд дошта бошад ҳам, далеле надорад. Гузашта аз ин, воқеъият ин иҷморо фош карда, онро ба ботил мебарорад. Тасаввур кунед, ки оё Ислом акнун метавонад ба мусалмонон фармояд, ки ба Башор Асад итоат кунанд. Агар хоҳед, метавонед рӯйхати уламоҳои даври тобеин ва табаа-тобеинҳоро аз назар гузаронед, ки онро Ибни Ҳазм тартиб додааст ва бар зидди ҳокиме, ки қудратро бо зӯрӣ забт кардааст ё ғасб кардааст баромадан ҷоиз аст гуфта фатво бароварданд.