Оё қисман татбиқ намудани ислом ҷоиз аст?
Аз ҳамон вақте, Аллоҳ Муҳаммад (с)-ро ба сӯи мардум фиристод ва онҳо ба мӯъминону кофирон тақсим шуданд, Ислом бар зидди ҳама эътиқодҳо ва мафкураҳо ба як муборизаи ақидавӣ ва тадриҷӣ даромад, ки то имрӯз идома дорад.
Дар асри гузашта ба Ғарб нобуд кардани давлати Хилофат муяссар шуд. Сипас Ислом аз арсаи байналмиллалӣ ва аз ҳаёти ҷомеа барбод рафта, ба дини руҳонӣ табдил ёфт, ки ба зиндагӣ дар давлат таъсире надорад, ба сатҳи рафтори шахсии инсон афтод.
Бо вуҷуди ин, кофирон хуб медонанд, ки набудани Ислом як падидаи муваққатӣ аст, зеро ақидаи ислом дуруст ва комилан мувофиқ бо фитрати инсон аст. Ислом қонунҳои мукаммал дорад ва Аллоҳ бо ваъдаи ҷойнишинӣ дар рӯи замин ва амният ба мусалмонон ҳифзи ин динро таъмин кардааст.
Вақте ки ҳаракатҳои исломӣ аз саршавии фаъолият барои зинда кардани Ислом хабар доданд, дар дили душманон ваҳшате пайдо шуд пеш аз барқароршавии Хилофате, ки дар корҳои дохиливу хориҷӣ аз рӯи Шариат ҳукмронӣ мекунад, мусулмононро муттаҳид месозад, нуфузи мустамликадоронро дар кишварҳои мусалмонӣ аз байн мебарад, ҳатто дар қаламрави худ, онҳоро ором намегузорад.
Ва он чизе, ки мо имрӯз мебинем, яъне чи гуна ҷангҳои бераҳмона ва харобиовари ҷаҳони Ғарб бар зидди мамлакатҳои мусалмонон нигаронида шудааст, беҳтарин далели ваҳшат дар дили мустамликадорон аст.
Хавфноктарин ҷабҳаи ҷанги зидди Ислом ҷабҳаи ақидави-иттилоотӣ мебошад, ки ҳадафаш таҳрифи симои Ислом, ба ноумедӣ андохтани мусулмонон, маҷбур кардани онҳо ба истифода аз куфр, боздоштани онҳо аз бунёди давлати Исломӣ ва ҳатто худи онҳоро барои аз рӯи қонунҳои куфр ҳукмронӣ кардан, ҷалб намудан аст.
Кофир «тоҷирони дин»-и мусалмонро ҷалб намуд, то ки онҳо ҷанги каломиро алайҳи Исломро идора кунанд. Онҳо ба тафсири матнҳои исломӣ шурӯъ карданд ва маъноҳое, ки дар онҳо нестанд, бароварданд. Ин хиёнаткорон дар ҳаққи уламои пешини ислом тӯҳмат карданро оғоз намуда, суханонеро, ки онҳо нагуфтаанд, нисбат додаанд. Барои фиреб додани мусалмонон ба фиқҳ баъзе қоидаҳоро ворид карданӣ мешаванд, аз қабили «зарурат ҳаромро иҷозат медиҳад», «камтарин аз ду бадӣ», «аз байн бурдани зарар», «манфиат» ва қоидаеро, ки бевосита ба мавзӯи мо дахл дорад — «он чиро, ки пурра иҷро карда наметавонӣ, қисман бикун». Чунин қоидаҳоро бофта баромада, мехоҳанд ба онҳое, ки татбиқи Шариъатро талаб мекунанд, посух гӯянд: «Ба сӯи татбиқ намудан, тадриҷан рафтан лозим аст, зеро якбора тамоми шариъатро барқарор кардан ғайриимкон аст».
Бо мақсади равшан кардан ва нишон додани хатари чунин қоидаҳо, мо инҳоро зикр мекунем:
- Аллоҳ барои мо динро комил кардааст, раҳматашро тамом намуд ва Қуръонро дар баёнгари ҳар чизе нозил кард. Аллоҳ мефармояд:
ٱليوم أكملت لكمينكم وأتممت عليكم نعمتي ورضيت لكم ٱلإسلم دينا
«Имрӯз дини шуморо ба камол расонидам ва неъмати Худ бар шумо тамом кардам ва Исломро дини шумо баргузидам» (5:3).
ونزلنا عليك ٱلكتب تبينا لكل شيء وهدى ورحمد وبشری لمسلمين
«Ва Мо Қуръонро, ки баёнкунандаи ҳар чизест ва ҳидояту раҳмат ва хушхабар барои мусалмонон аст, бар ту нозил кардаем» (16:89).
Барои ҳар як саволи инсон то рӯзи Қиёмат дар Қуръону Суннат роҳи ҳал мавҷуд аст. Аз ин ҷост, ки ҳукми шаръӣ аз он бармеояд: «Асоси амал пойбандӣ ба ҳукми шариъат аст».
- Фиқҳ, тибқи фаҳмиши муштараки мусалмонон — «илми масъалаҳои амалии шариат, ки аз далелҳои хусусӣ бармеояд». Далелҳои ҳукмҳои шаръӣ бояд хусусӣ бошанд, на умумӣ. Гуфта нашудааст, ки «ҳукм бо Қуръон, Суннат ё қоида тасдиқ шудааст», балки бояд оят ё ҳадис зикр шавад, то қувваи далелҳоро эҳсос кунем ва алоқамандии далелро бо масъалаи барраси шудаистода бубинем.
- Саҳобаҳо ва пайравонашон мустақиман аз матнҳои шаръӣ роҳи ҳалро мебароварданд, зеро меъёри ибораҳои забонӣ (фасаҳа)-ро медонистанд, Ваҳӣро мефаҳмиданд, медонистанд, ки кадом Ваҳӣ ба чӣ иртибот дорад, ҳадисҳоро мефаҳмиданд ва зарурати қоидаҳоро ба низом даровардан вуҷуд надошт. Дар асл бояд ҳамин тавр бошад. Аммо фаҳмиши забони арабӣ вайрон шуд, аз давраи нозилшавии Ваҳӣ садсолаҳои дароз гузашт. Фаҳмиши мусалмон аз мусулмони дигар тафовут пайдо кард. Баъдан зарурати ба низом даровардани қоидаҳое ба миён омад, ки забон, фаҳм ва иҷтиҳодро равшан месозад. Дар ин ҷо бояд гуфт, ки худи қоидаҳо иҷтиҳоди як донишманди муайян аст, на худи далел. Далелҳо дар фаҳмиши поки забон ва Ваҳӣ оварда шудаанд, яъне дар матнҳое, ки қоидаҳо аз онҳо бароварда шудаанд.
- Вақте ки матн ба қоида мухолиф аст, қоидаро тарк намуда, мувофиқи матн амал кардан зарур аст. Иҷтиҳод ҳеҷ гоҳ болотар аз суханони Аллоҳ ва Расулуллоҳ (с) истода наметавонад.
- Қоидаҳо барои назорати раванди иҷтиҳод муқаррар шудаанд ва онҳо катъӣ ва заннӣ ё комилан бофта (мадсус) буда, ба Ваҳӣ ва Шариъат ҳеҷ иртиботе надоранд.
Акнун ба баррасии мавзӯи «қисман татбиқи ислом» ва баррасии қоидаи «он чиро, ки пурра иҷро карда наметавонӣ, қисман бикун», ки дар дигар шаклҳое низ вомехӯрад, аммо ҳамин маъниро дорад, шурӯъ мекунем.
Тибқи ин қоида, агар мусалмон, масалан, аврати худро (ҷойҳои нангини бадан) комилан пинҳон карда натавонад, пас бояд он чиро, ки дар ихтиёраш аст, пинҳон кунад. Мисоли дигар: Аллоҳ ба мо амр кард, ки намозро ба таври комил адо кунем, тавре ки васф шуд, аз такбир сар карда, бо таслим итмом намуда. Аммо агар мусулмон натавонист, ки намози худро дар ҳоли истода адо кунад мувофиқи талаб, пас метавонад онро дар ҳолати нишаста адо кунад. Яъне агар мусалмон чизеро карда натавонад, бигзор он чи, ки аз он метавонад, бикунад.
Аммо тарафи баръакси ин қоида вуҷуд дорад:
— Он доимӣ нест ва ба ҳама муқаррарот дахл надорад. Масалан: касе, ки тамоми рӯз рӯза гирифта наметавонад, бахше аз рӯзро рӯза гирифтанаш ҷоиз нест. Ба ҷои рӯза гирифтани ин рӯз, Аллоҳ ба ӯ вазифаи дигаре вогузор кард. Мисоли зайл: агар мусалмон ба ғулом ҳаққи пурра надошта бошад, яъне ин ғулом ду хӯҷаин дошта бошад, ба ӯ иҷозат дода намешавад, ки ғуломро қисман озод кунад, ба ҷои он Аллоҳ ба ӯ дигар ҳал дод.
— Асоси қоидаи «он чиро, ки пурра иҷро карда наметавонӣ, қисман бикун» ин оят аст:
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ ما ٱسۡتَطَعۡتُمۡ
«То тавонед, аз Худо битарсед» (64:16)
Ва ҳадис:
ما نهيتكم عنه فاجتنبوه, وما أمرتكم به فاففلوا منه ما استططتم
«Аз он чиро, ки шуморо манъ кардам, бипарҳезед ва аз он чӣ ба шумо фармудаам, он чиро, ки тавонед, бикунед» (Бухорӣ,Муслим)
Ба қадри тавони худ он чиро, ки Аллоҳ тақозо кардааст, бояд анҷом дод, аммо дар ин ҳолат ҳам ба он чизе ки Ӯ ҳаром кардааст, гузаштан мумкин нест. Ба ибораи дигар, қоида ба ҳаром дахл надорад. Манъ кардан, маънои парҳез кардан аз анҷом додани амалро дорад ва он бо ба қадри тавони худ фармонро иҷро намудан баробар нест.
— Агар касе содир шудани ҳаром ва тарки фарзро бо ин ҳукм сафед кунад, бар фақеҳҳо тӯҳмат мекунад, зеро онҳо чунин сухане нагуфтаанд. Имом Молик бошад, бо пешниҳоди мафҳуми урфу одатҳои маҳаллӣ (урф), ки хилофи шариъат нест, урфу одатҳои сокинони Мадинаро дар он замон, яъне дар замони асҳобу тобиинро дар назар дошт. Аз ин рӯ, сухан дар бораи як навъ иттифоқ (иҷмоъ) меравад. Аммо ӯ ҳеҷ вақт урфу одатҳои ҳамаи халқҳоро дар назар надошт. Дар мавриди аш-Шотибӣ бояд гуфт, ки ӯ танҳо се намуди манфиатҳоро (масалиҳ) ҷудо кардааст:
1 – Манфиатҳое, ки Шариъат тасдиқ намуда фармудааст (масалиҳ-мӯътабара).
2 – Манфиатҳое, ки Шариат ботил ва манъ кардааст (масалиҳ-мулға).
3 – Манфиатҳое, ки оиди онҳо дар Шариъат мустақиман зикр нашудааст (масалиҳ-мурсала). Имом Шотибӣ ба унвони мисол далели ҷамъоварии Қуръонро аз ҷониби саҳобагон ёдовар шуд, ҳарчанд дар ин бора на фармон ва на мамнӯъ вуҷуд надошт. Аммо ин ҷо ҳам нагуфтааст, ки ҳангоми дунболи масалиҳ-мурсал метавон он чиро, ки Аллоҳ фармудааст, тарк кунад ва он чиро, ки наҳӣ кардааст, анҷом диҳад.
— Қоидаи «зарурат ҳаромро иҷозат медиҳад» ҳам аз ҷиҳати маъно ва ҳам аз ҷиҳати таркиб эътибор надорад. Вожаи «зарурат» умумист ва тамоми ниёзҳоро дар бар мегирад ва вожаи «ҳаром» низ умумист, пас агар тамоми заруратҳо ҳама мамнӯъҳоро иҷозат диханд, пас аз дин чӣ мемонад?!
- Маънидод кардан гуфтаҳои фуқаҳоро, ки онҳо дар назар надоштанд — ин дурӯғ ва фиреб аст ва танҳо қатрае виҷдон надоштагон ҳамин тавр мекунанд.
Гуфтаҳои одамон чи гуна каломи Аллоҳро ботил мекунанд?!
— Аҳкомҳои шаръӣ иҷтиҳоди ин ё он фақеҳ буда, онҳо танҳо пас аз қатъи Ваҳӣ ба вуҷуд омадаанд ва Ваҳӣ танҳо бо як матни шаръии дигар шабеҳи худаш метавонад лағв (насх) шавад.
-Агар ягон ҳукм бекор (насх) карда шуда бошад, пас аз рӯи ҳукми (мансух) лағвшуда амал намудан мумкин нест. Масалан, Шариъат масткунандаро (хамр) манъ кардааст, яъне ҷоиз будани онро лағв намудааст ва дар ин маврид, чӣ гуна ба лағвшуда пайрави шудан мумкин аст ва ҷоиз донистан он чиро, ки Аллоҳ ҳаром кардааст?!
- Қоидаи «он чиро, ки пурра иҷро карда наметавонӣ, қисман бикун» — ро ҳеҷ гоҳ ҳамчун баҳонае барои қисман татбиқ кардани Ислом дар ҳукумат, истифода намудан мумкин нест.
-Илова бар ин, ин қоида ба нотавонии шахси инфиродӣ дахл дорад, ки чизеро аз фармонҳои Аллоҳ ба ҷо оварада наметавонад, на ба ҳокиме, ки дар татбиқи Шариъат набояд чизе ба ӯ монеа шавад. Агар ҳоким, бо ягон сабаб Исломро пурра татбиқ карда натавонад, пас ӯ бояд аз мансабаш дур карда шавад ва на қисми Шариъат лағв карда шавад. Маълум мешавад, ки мусалмони фард ва ҳоким ду чизи дигаранд.
— Ин қоида на ба тамоми Шариъат, балки ба масъалаҳои алоҳида дахл дорад.
Ҳамин чиз ба узри шаръӣ (узр, рухса) низ дахл дорад, ки Аллоҳ дар баъзе масъалаҳо муқаррар кардааст. Ин далел ба дигар масъалаҳо дахл надорад (аҳкоми иллат ва қиёс ба он татбиқ карда намешавад), зеро он хусусист ва умумӣ нест.
— Исломро қисман татбиқ намудан, маънои интихоби баъзе ҳукмҳоро ва тарки баъзеи дигарро ба муддати номуайян дорад. Ғайр аз ин, дар бораи меъёрҳое, ки аз рӯи онҳо баъзе ҳукмҳо интихоб шуда дигарҳо тарк мешаванд, чизе гуфта нашудааст. Яъне дар ин раванд хоҳиши худи шахс нақши хоса дорад. Худованд мефармояд:
ولو ٱتبع ٱلحق أهوآءهم لفسدت ٱلسموت وٱلأرض ومن فيهن
«Агар ҳақ аз паи ҳавасҳояшон мерафт, осмонҳову замин ва ҳар кӣ дар онҳост, ҳалок мешуд» (23:71).
-Ғайр аз ин, дар миллатҳо фазои холии қонунгузорӣ вуҷуд дошта наметавонад. Яъне ба ҷойи қонунҳои таркшудаи Ислом қонунҳои ғайриисломӣ татбиқ мешаванд. Ин ҳам ба маънои ҳукм кардан ба он чи,ки Аллоҳ нозил накардааст, яъне куфр, фисқ ва зулм дониста мешавад. Аллоҳ бо ин ҳама суханҳо, як шахсро васф кардааст, яъне ҳукмронӣ накардан аз рӯи қонунҳои Аллоҳ ҷинояти бузург ва гуноҳ аст.
Ва барои мо кофист, ки суханони Аллоҳро бишнавем:
فلا وربك لا يؤمنون حتى يحكموك فيما شجر بينهم ثما يجدوا في أنفسهم حرجا ملميسما قضا
«На савганд ба Парвардигорат, ки имон наёваранд, магар он, ки дар низоъе, ки миёни онҳост, туро довар қарор диҳанд ва аз ҳукме, ки ту медиҳи, ҳеҷ дилтанг нашаванд ва саросар таслими он гарданд» (4:65).
إن ٱلذين ٱرتدوا على أدبرهم من بعد ما تبين لهم ٱلهدى ٱلشيطن سول لهم وأملى لهم 25 ذلك بأنهم قالوا للذين كرهوا ما نزل ٱلله سنطيعكم في بعض ٱلأمر وٱلله يعلم إسرارهم
«Шайтон аъмоли касонеро, ки баъд аз ошкор шудани роҳи ҳидоят ҳароӣна муртад шуданд (аз дин гаштанд) ва боз гаштанд (ба куфр, гумроҳияшон) дар назарашон биорост ва орзуяшонро дароз кард. Ва ин (аз дин баргаштанашон) ба он сабаб аст, ки ба он гурӯҳ, ки оёти Худоро нохуш медоштанд мегуфтанд: “Мо дар баъзе корҳо фармонбардори шумо ҳастем”. Ва Худо аз розашон огоҳ аст» (47:25,26).
Газетаи «Ар-Рая»
Шайх Саид Ридвон
16 Ҷумада ас-сони 1443 с.ҳ.
19.01.2022 с.