Оё ҷанги Русияву Украина ба зудӣ хотима меёбад?
Хабарҳо: Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки раҳбарони чанд кишвари ғарбӣ бо Маскав тамос гирифтаанд, то нишастҳои муштарак барои баррасии бӯҳрони Украинаро баррасӣ кунанд.
Лавров дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои белорусиаш Сергей Алейник дар Маскав гуфт, ки «раҳбари хеле воломақоми як кишвари ғарбӣ борҳо тавассути каналҳои гуногун, ҳадди ақал се канали мухталиф дар бораи баррасии зарурии бӯҳрони Украина ишораҳо ирсол кардааст.»
«Русия ҳамеша барои муколамаи ҷиддӣ бо кишварҳое, ки омода ҳастанд то таъмини амнияти худро аз ҳисоби дигарон бас кунанд ва поймол кардани манфиатҳои қонунии Федератсияи Русия ва русҳои муқими кишварҳои мухталифи қитъаро қатъ намоянд, ҳозир аст», — таъкид кард Лавров.
Лавров аз қавли раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт: «Онҳое, ки мухолифи музокирот ҳастанд, бояд бифаҳманд, ки ҳар қадар онҳо раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленскийро ба ҷанг маҷбур кунанд, ҳамон қадар шароите, ки дар он музокирот оғоз мешавад, барои онҳо мушкилтар мешавад.» Лавров қайд кард, ки ҷониби Русия ҳеҷ гоҳ аз музокирот даст накашидааст, балки баръакс, омодагии худро барои вокуниш ба ҳама гуна ташаббусҳои гуфтушунид изҳор кардааст.
«Агар касе робитаҳои ояндаро бо Русия ба пирӯзии режими Киев бар Федератсияи Русия вобаста кунад, пас ин танҳо маънои онро дорад, ки чунин шахс сиёсат ва «мувозинати воқеии қувваҳо» -ро намефаҳмад ва бо ӯ сӯҳбат кардан ҳам маъное надорад», — гуфт Сергей Лавров.
Қобили зикр аст, ки вазири умури хориҷии Русия рӯзи 1-уми декабр гуфт, Маскав нишонаи омодагии Киев ва Ғарбро барои ҳалли низоъ дар Украина бо роҳи дипломатӣ ҳеҷ намебинад ва тавзеҳ дод: “Ва агар шумо гӯш кунед, ки ҳамаи дабирони кулли НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо чӣ мегӯянд, онҳо танҳо як чизро мегӯянд: Мо вазифадорем, ки Украинаро дастгирӣ кунем, зеро агар Украина мағлуб шавад, ин шикасти тамоми Ғарб хоҳад буд” (youm7.com, 15/12/2023).
Шарҳ: Изҳороти Вазири умури хориҷии Русия дар ҳоле садо медиҳад, ки тағйироти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ метавонанд ба ҷараёни ҷанги Русияву Украина таъсир расонанд. Ин бахусус ба воқеаҳои ахири Шарқи Наздик дахл дорад, ки дар он ҷо вуҷуди яҳудӣ ба муқобили сокинони навори Ғазза ҷанги бераҳмона мебарад. Ин низоъ таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб карда, ба як мавзӯъи умдаи хабарҳо табдил ёфта, рӯйдодҳои дигарро паси парда кардааст ва ин ба ҳассосият ва хатари минтақаи Ховари Миёна, бахусус, масъалаи Фаластин вобаста мебошад. Гузашта аз ин, кишварҳои аврупоӣ ноумед шудаанд, онҳо кайҳо боз аз ҷанги Украина норозигӣ оғоз кардаанд. Илова бар ин, соли 2024 соли интихоботи президентии ИМА мебошад, ки соли охир дар давраи президентӣ аст, дар он маъмурияти ИМА кӯшиш дорад, ки низоъҳоро ҳал намояд, на ин ки онҳоро шиддат бахшад.
Бо назардошти ин гуфтаҳо, ҷониби Русия умедвор аст, ки бо Ғарб сари мизи музокира нишинад, то ин мушкилиро, ки ҳамаро озор медиҳад, ҳал намояд. Аз ин рӯ, изҳороти раиси вазорати хориҷаи Русия тааҷҷубовар нест ва шояд нишон диҳад, ки иртибот ва гуфтугӯҳо дар ин замина вуҷуд дорад, ҳарчанд он қадар ҷиддӣ нестанд, ки вуҷуди онҳо ошкоро баррасӣ шуда, ба онҳо таваҷҷуҳ тамаркуз карда шавад.
Албатта, ин ҷанг дар сари мизи музокирот ҳал мешавад, ки Ғарб аз номи Украина бо Русия музокира мекунад. Ва албатта, манфиатҳои Украина дар нақши дуввумдараҷа гузошта шуда, нахуст манфиатҳои Ғарб ба инобат гирифта мешаванд.
Воқеият бошад, чунин баён мекунад:
Ҳамлаи ҷавобии Украина бо вуҷуди омодагии зиёд ноком шуд ва боиси аз Украина ноумедшавии Ғарб гардид. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вазъи дохилии Украина ноустувор ва таҳти таъсир қарор дорад.
Дар Иттиҳодияи Аврупо овозҳое афзоиш ёфтааст, ки ба манфиатҳои ин ҷанг ва манфиатҳои сиёсатҳои зидди Русия, ки ба коҳиши кӯмакҳои низомӣ ва молии Украина таъсир гузоштааст, шубҳа доранд. Бо вуҷуди ин, ин дастгирӣ идома дорад.
Аз сӯи дигар, Русия бо вуҷуди ҳамлаи муқобили Украина тавонист шаҳри Бахмути Украинаро таҳти назорат гирад ва пас аз он дар фронт таваққуфи тӯлонӣ оғоз шуд.
Русия ба далели талоши Пригожин барои барангехтани шӯриш бо мушкилот рӯбарӯ шуд, аммо ин бӯҳрон бидуни пайомадҳои ҷиддӣ таҳти назорат гирифта шуд.
Иқтисоди босуботи Русия, сарфи назар аз таҳримҳои Ғарб ва хароҷоти ҷанг, маънои онро дорад, ки Русия фурӯ намеравад.
Нокомии қӯшунҳои рус ва руқуди онҳо дар фронт аз заъифӣ ва дар ҳуҷум надоштани ҷиддияти онҳоро нишон медиҳад.
Бо вуҷуди бартарӣ ва нуқсонҳои дар боло зикршуда, барои Украина ва Русия, ҷанг қатъ нашудааст ва ҳарду ҷониб сари мизи гуфтушунид нанишастанд. Зеро масъалаи хатми ҷанги Украинаву Русия дар дасти Амрикост ва ӯ то ҳол мегӯяд: мо барои шикаст додани Русия талош мекунем.
Оё Амрико то тобистони оянда ба Украина як шонси охирин дод, то Русияро мағлуб кунад? Ё ҷанг пас аз интихоботи ИМА ба таври оддӣ инкишоф меёбад?
Махсусан барои радиои Дафтари марказии иттилоотии Ҳизб-ут-Таҳрир
Муҳаммад ат-Тамизий
9 Чумъа-дус-санӣ 1445 ҳиҷрӣ.