Оё ҳокими мусалмон метавонад бо касоне, ки Расули Худо (с.а.в.)-ро таҳқир мекунад, ҳамкорӣ кунад?
Дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Бангладеш иқдомоти Шайхо Ҳасинаро барои имзои созишномаи ҳамкориҳои низомӣ бо Фаронса маҳкум кард.
Дар изҳороти Ҳизб саволҳо дода мешавад: «Чӣ гуна ҳокими мусалмон метавонад бо касоне, ки Расули Худо (с.а.в.)-ро ҳақорат медиҳанд, ҳамкорӣ кунад?! Агар мусулмон ба салибчиён содиқ бошад, чӣ гуна метавонад имони ростқавл дошта бошанд?!”
Баъдан навишта шудааст: «Наздик шудан бо Фаронса ва бастани муомилоти низомӣ бо ӯ маънии садоқати Ҳасина ба кофирон ва вобаста набудан ба Ислом ва мусулмононро дорад.»
Дар он инчунин гуфта мешавад: «Бангладеш ба маркази рақобати геополитикии байни давлатҳои мустамликадор табдил ёфтааст. Созишномаи дифоъӣ бо Фаронса ба манофеи Бритониё хидмат хоҳад кард, ки Ҳасинаро ба Фаронса ва Иттиҳодияи Аврупо наздиктар ва ӯро аз Амрико бегона ва муҳофизат мекунад. Ба ҳамин монанд, қаблан Бритониё Шӯрои низомии Мянмарро барои наздик шудан бо Чин тела дод ва аз он пештар — Муаммар Қаззофӣ ва Саддом Ҳусейнро ба сӯи Иттиҳоди Шӯравӣ такон дода буд. Ҳизби Таҳрир дар муроҷиат ба афсарони артиш таъкид мекунад: «Сукут ва беамалӣ гуноҳи бузург аст, бахусус бо назардошти он ки қудрати ҳақиқӣ дар дасти шумо мебошад. Пас аз хиёнаткорон рӯй гардонед барои барпои Хилофати дуввуми Рошида ғайрат кунед, он гоҳ ба зудӣ Фаронса дубора зону мезанад!»
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
12/01/2021