Оё Аврупо аз заифии худ дар назди тасмимҳои Амрико изҳор карда метавонад?
Хабар: Дар нишасти Мадрид НАТО ваъда дод, ки Украинаро дар барқарор кардани соҳибихтиёрии пуррааш дастгирӣ хоҳад намуд, айни замон Маскав тавсеаи минбаъдаи НАТО-ро дар Аврупо маҳкум кард.
«Хитой душмани мо нест, аммо мо бояд возеҳ бифаҳмем, ки он чӣ гуна чолишҳои ҷиддиро эҷод мекунад»-изҳор намуд дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг. (aljazeera.net)
Шарҳ: Дар нишасти рӯзи душанбе раҳбарони НАТО дар бораи тарҳи нави дифоъӣ ва рӯзномаи паймон барои даҳ соли оянда ба мувофиқа расиданд, то ба чолишҳое, ки дар дунё аз тарафи Хитой ва Русия бармеоянд муқовимат намоянд. Ин бо назардошти зерин аст: арсенали ҳастаии Хитой босуръат афзоиш меёбад, дар киберфазо Хитой ба НАТО наздик мешавад, инчунин нуфузи худро дар Африқо ва уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ густариш медиҳад. Вусъатёбии Хитой ба амнияти иттифоқ тахдид мекунад ва бинобар ин ҳамаи таҳдидҳо бояд бартараф карда шаванд.
Амрико ба ҷорӣ кардани нуфуз ва пойгоҳҳои низомии худ дар кишварҳои аврупоӣ, ки қаблан ба Русия ва дигар кишварҳо нигаронида шуда буданд, оғоз намуд. Президенти ИМА таъкид кард, ки блоки НАТО барои манфиатҳои Амрико хеле муҳим аст ва агар ин паймон вуҷуд намедошт, мо бояд онро ташкил мекардем. Байден ба зарурати ҳамоҳангсозии бештар миёни кишварҳои узви ин паймон ишора намуд ва НАТО-ро чун монеаи қавӣ тавсиф кард. Раисиҷумҳури Амрико дар ҷараёни нишаст изҳор намуд, ки кишвараш ҳузури низомии худро дар Испания, Лаҳистон, Руминия, кишварҳои соҳили Балтика ва Бритониё дар ҳама самтҳо таҳким мебахшад: ҳам дар замин, ҳам дар ҳаво ва ҳам дар баҳр.
Чунин тадбирҳо қувва ва чанголи Амрикоро дар Аврупо меафзоянд. Тибқи нақшаи Амрико, Аврупо ба наздикӣ заъифии худро эълон менамояд ва ин кор Аврупоро дар мустақилона қарор қабул намудан нотавон мегардонад; вай хар чиро, ки Америка мехоҳад, месозад ва мефурӯшад. Мо инчунин пай мебарем, ки Амрико пинҳонӣ барои барпо намудани паймони арабҳо кор мебарад; ӯ мехоҳад, ки тамоми минтақа дар сатҳи байналхалқӣ воситаи қонунии Амрико гардад.
Танҳо бозгашти Ислом ба арсаи байналхалқӣ инсониятро аз ғуломии капитализм наҷот медиҳад ва ба озодии ҳақиқӣ мебарорад ва ин – ибодат ба Аллоҳи Ягона ва риоя намудани қонунҳои Ӯст.
Эй соҳибони қувва ва ақли равшан! Бедор шавед ва ба сӯи шаъну шарафи ин дунё ва Ҳаёти ҷовидона бишитобед! Дини худро дастгирӣ намоед, мисли пешиниёни худ бошед! Онҳо аз маломати ситамкорон наметарсиданд, онҳо аз Аллоҳ розӣ буданд ва Ӯ низ аз онҳо розӣ буд!
إِن يَنصُرْكُمُ اللهُ فَلَا غَالِبَ لَكُمْ وَإِن يَخْذُلْكُمْ فَمَن ذَا الَّذِي يَنصُرُكُم مِّنْ بَعْدِهِ وَعَلَى اللهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ
«Агар Аллоҳ ба шумо ёрӣ диҳад, ҳеҷ кас шуморо мағлуб карда наметавонад. Агар Ӯ шуморо аз ёрӣ маҳрум созад, ба ҷои Ӯ кӣ шуморо ёрӣ хоҳад кард? Бигзор мӯъминҳо ба Аллоҳ таваккул кунанд» (3:160).
Махсус барои радиои Дафтари марказии иттилоотии Ҳизб ут-Таҳрир
Дарин Шанти
04.07.2022