Оё Амрикоро аз даруни худаш нест кардан мумкин аст?

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Оё Амрикоро аз даруни худаш нест кардан мумкин аст?

Сиёсатмадорон, шореҳон ва пешвоёни афкори умум дар Амрико тақрибан якдилона рӯйдодҳои 6-уми январи соли 2021 (забти Капитолии ИМА аз ҷониби тазоҳургарон) ҳамлаи ошкоро ба демократияро арзёбӣ карданд.

Дар нахустин суханронии худ ба ҳайси президенти Амрико, Байден гуфт: «Ҳоло, дар ин замини муқаддас, ки дар он ҷо чанд рӯз пеш зӯроварӣ мехост таҳкурсии Капитолийро ларзонад, мо ҳамчун як халқ таҳти  Худо – тақсимнашаванда – ҷамъ омадаем, то интиқоли осоиштаи ҳокимиятро иҷро намоем, чӣ тавр мо онро дар тӯли зиёда аз ду аср анҷом дода будем

Оё демократия дар амн аст ё матоъи ҷомеъаи Амрико, ки дар ду садсолаи ахир шакл гирифтааст, метавонад хароб шавад?

Барои посух додан ба ин савол мо бояд моҳияти демократияро дарк кунем ва ба таърихи пайдоиши он ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи идеологияе, ки пас аз шикасти Калисои насронӣ дар ҷараёни ҳаракати дурударози инқилобӣ дар Аврупои асримиёнагӣ пайдо шуд, ворид шавем.  Инқилоби Фаронса, раҳоии Аврупо аз ҳукмронии насронӣ ва тақсими ҳокимият байни Калисо ва давлат боиси қонунӣ шудани чаҳор озодии асосии инсон – озодии сухан, моликият, шахс ва дин гардид.  Озодии ҳаёти шахсӣ ва дин Калисоро маҷбур кард то шикастро қабул кунад ва танҳо бо онҳое, ки худашон ба калисо меоянд, қаноат намояд ва инчунин ба таъсиси «ҳаққи аъзоӣ» барои дастгирии фаъолияти рӯҳониён розӣ шаванд.

Дар робита ба озодии сухан ё баёни андеша, консепсияи демократияро ба вуҷуд овард, ки тибқи он мардум ҳуқуқ доранд намояндагони худро ба ҳокимият интихоб намоянд, то онҳо озодона қонунҳо бароранд, давлатро идора ва ҳимоя кунанд.  Ба ибораи дигар, озодии сухан боиси пайдоиши демократия ҳамчун низоми давлатдорӣ ва принсипҳои идоракунии ҷомеа гардид.  Ба ҳамин монанд, озодии моликият консепсияи капитализмро ба вуҷуд овард, ки дар ниҳоят системаи иқтисодӣ ва пулии ҷомеаро ташаккул дод.

Аммо парадокс (хориқа) дар он аст, ки демократия ва капитализм ба идеяҳои мухолиф ва зиддиятнок табдил ёфта, тухми ихтилофро мекоранд. Капитализми ба идеяи моликияти хусусӣ ва назарияи касрии нисбӣ асос ёфта, одамони бойтаринро ба вуҷуд меоварад, ки онҳо сарватҳои заминро назар ба дигарон тезтар, барвақттар ва ба миқдори зиёд аз худ карда метавонанд.  Ин боиси тафовути калонтарин дар таърих гардид байни 1% одамон беш аз 70%-и сарвати ҷаҳонро дар ихтиёр доранд ва 99% камбағалон ва гуруснагон, ки маҷбуранд барои як порча нон дар ширкатҳои капиталистон шабу рӯз кор кунанд.  Камтар аз 1% аҳолии ҷаҳон хеле сарватманданд ва соҳиби корпоратсияҳои калон мебошанд, ки ба онҳо имкон медиҳад то ба чунин ҷузъҳои муҳими ҷомеа, аз қабили ВАО, иттиҳодияҳои иҷтимоӣ, бахшҳои иқтисодӣ ва амсоли он таъсир расонанд ва назорат намоянд.

Якчанд капиталистон ҳамин хел асбобу воситаҳо доранд, ки   барои таъсир расондан, роҳбарӣ кардан ва баъзан озодии баёни 99% мардумро ба худ мутеъ кунонидан, имконият медиҳад.  Аз ин рӯ, консепсия озодии сухан душмани асосии озодии моликият ва душмани капиталистоне гардид, ки чӣ дар Амрико ва чӣ дар дигар кишварҳо, дар асоси принсипи ҷудо кардани дин аз ҳаёт ҳаёти ҷамъиятро зери назорат доранд.  Оммаи васеи ин мамлакатҳо аз ҳуқуқҳои нашъунамо ва озодӣ маҳрум карда шуданд, ки онро сохтори демократӣ-капиталистӣ ваъда намуда буд.  Дар баробари ин, консепсияи озодии моликият ва табақаи сарватмандтарин, ки аз он ба вуҷуд омадааст, душманони асосии озодии сухан гардиданд.

Дар асоси идеяҳои капиталистӣ ва демократӣ дар як ҷамъият қувваҳои ба ҳам зид ба вуҷуд омаданд.  Ин вазъият ба он чизе монанд аст, ки дар дохили ядрои атом мушоҳида мешавад. Дар он зарраҳои зарядҳои муқобил бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва онҳо танҳо ба шарофати қувваи бузурги беруна якҷоя мебошанд.  Ба ибораи дигар, дар ҳар лаҳза таркиши пурзӯре рӯй дода метавонад.

Ба ҳамин тариқ, демократия ва капитализм бо вуҷуди зиддиятҳои азими байни онҳо дар як чамъият бо ҳам знндагӣ мекунанд.  Аммо ин ҳамзистӣ ба нерӯи фавқуллода ниёз дорад, ки қодир аст ягонагии ҷомеа ва ягонагии кишварро ҳифз кунад, хусусан дар сурати мухолифати ошкори принсипҳои бунёдии ҷомеа.  Ҷустуҷӯи ин гуна қувваҳо моро ба давлати амиқ, доираҳои пуриқтидор, намояндагони корпоратсияҳои азим ё протестантҳои сафедпӯсти англосаксонӣ (WASP) мебарад, ки барои нигоҳ доштани ҷомеа ва ягонагии иёлотҳо, инчунин пешгирии таркише ба монанди ядроӣ, моҳирона амал менамоянд. Мисли кувваҳои пинҳонии ягонагӣ ва устувории атомро нигоҳ доранда, кувваҳое, ки яклухтӣ ва устувории чамъияти капиталистӣ-демократиро нигоҳ медоранд, низ тавоно, моҳир ва муттасил мебошанд.

Аз ҷиҳати илмӣ исбот карда шудааст, ки қувваи нигоҳ доштани ядро ​​ноустувор аст, бинобар ин таркишҳои ядроӣ ба амал меоянд.  Ба ҳамин тариқ, нерӯҳое, ки қаблан тавонистанд мухолифатро дар дохили ҷомеаи Амрико нигоҳ доранд, метавон рӯзе ноком шаванд.

Бале, бо зӯр ва макр «муқобилҳоро» дар як ҷой бо ҳам зистан водор намудан мумкин аст, вале он макон ҳамеша моилӣ ба тафриқа ва таркиш мешавад, бахусус дар ҳолатҳое, ки маводе дарёфт нашавад то минбаъд ҳам ваҳдатро нигоҳ дорад.  Нерӯи беруна бояд ҳамеша суботро дар дохили ҷомеае, ки аз идеяҳои мухолиф ташаккул ёфтааст, муҳофизат намояд ва нигоҳ дорад. Зеро, бидуни қувваи қавӣ тақсимот ва таркиш натиҷаи ногузир хоҳад буд, чи тавре Байден дар нахустин суханронии президентии худ ишора кард.

Амрико ҳамеша тавонист аз нерӯҳои беруна пуштибонӣ кунад, то ҷомеаеро нигоҳ дорад, ки бар идеяҳои мухолиф бунёд шудааст. Ин ба мисли демократия ва капитализме, ки дар воқеъ аз ғояҳои озодии сухан ва озодии моликият мутаносибан ба вуҷуд омадаанд.  Ҳифзи ваҳдати ИМА ба чанголи одамони тавоно ва ба он давлати амиқ вобаста аст, зеро маҳз онҳо воситаҳои мувофиқ доранд ва аз мавқеи низоми глобалӣ ва сиёсати глобалӣ самаранок истифода мебаранд.

Дар байни амрикоиҳои нуфузнок фикре реша давондааст, ки мубориза бо душмани беруна роҳи самароноктарин барои нигоҳ доштани иттифоқи устувор дар дохили Амрикост.  Муаррихон аксар вақт дар бораи истифодаи ҷангҳои беруна аз ҷониби Амрико ҳарф мезананд, хоҳ он ҷангҳои машҳур, аз қабили ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ, ҷанги Куриё, ҷанги Ветнам ва ҷанги Халиҷи Форс ва ё ҷанги сард, мисли Иттиҳоди Шӯравии собиқ мебошад.

Амрико доимо душманеро меҷӯяд, ки бо ӯ вай метавонад ду ё се даҳсола ё бештар аз он мубориза барад.  Вариантҳо маҳдуданд, аммо онҳо вуҷуд доранд – Ислом, Чин, Русия ва ё вариантҳои наве, ки мо қаблан дар бораи онҳо нашунидаем.  Имрӯз мо бори аввал дар тӯли 150 сол забонакҳои оташро мушоҳида мекунем. Он ба вайрон кардани ҷомеае таҳдид менамоянд, ки муддати дароз мухолифатро дар худ пинҳон медошт.  Ва ин таркиш на камтар аз таркиши ядроӣ хатарнок шуда метавонад, вақте ки протонҳо аз ядрои атом ҷудо мешаванд.  Ҷудошавӣ метавонад харобиовар ва ҳатто фалокатбор бошад, чи тавре президенти ИМА Байден гуфтааст.  Ва ҳоло, барои нигоҳ доштани таркиши эҳтимолӣ, назар ба пештара нерӯи бештаре лозим аст.

Оё Амрико бори дигар таҳдиди дар пешистодаро боздошта метавонад?  Мо бояд бодиққат мушоҳида намоем ва ҳамеша ба ҳама гуна гардишҳо омода бошем.

 

 Газетаи «Ар-Рая»

 Муҳаммад Ҷелонӣ

 1 Раҷаб 1443 ҳиҷрӣ

 02.02.2022 с.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads