Оё Амрико метавонад фронти Кавказро аланга занад?

Оё Амрико метавонад фронти Кавказро аланга занад?

Хабар:

Расонаҳо аз афзоиши ларзаҳо дар хатти марзи байни Арманистон ва Озарбойҷон ва ҳамчунин омодагии Эрон ба мудохилаи низомӣ аз ҷониби Арманистон хабар медиҳанд. Ин амалҳо омодагии ҷавобӣ ва таҳдидҳои Туркияро, ки ба муноқиша аз ҷониби Озарбойчон дахолат карда истодааст, эҷод мекунад.

Ин дар ҳолати номуваффақияти тавофуқи қаблӣ дар мавриди ифтитоҳи ду долон, яке Қарабоғи Кӯҳӣ бо Арманистон ва дигаре ду минтақаи дурдасти Озарбойҷонро мепайвандад, ки ба Туркия дастрасии мустақим ба Осиёи Марказиро фароҳам карда, ҳузури таърихии он дар минтақаро тақвият мебахшад, рух дода истодааст Аммо Эрон инро рад мекунад ва омода аст, ба ҷанг ворид шавад.

Шарҳ:

Далелҳои сиёсии таърихи муосир баён мекунанд, ки Амрико дар эҷоди бӯҳронҳо ва фоида аз онҳо бартарӣ дорад; сиёсати вай дар ин минтакаи Осиё низ истисно нест. Ҳар як назораткунанда метавонад  майли Амрикоро барои барангехтани ихтилофот ва эҷоди ташаннуҷ миёни Эрону Арманистон аз як тараф ва Туркияву Озарбойҷон аз тарафи дигар пай барад ва шаҳодат диҳад. Ба хусус баъд аз тамринҳои муштараки ИМА ва Арманистон, ки то андозае нигаронии чанд ҷониб дар минтақа, аз ҷумла нигаронии Русияро ба бор овард.

Тааҷҷубовар нест агар ИМА  барои аланга додан ё худ барои сар задани ҷанги байни ин тарафҳо мусоидат кунад. Ва он гоҳ, онҳо пас аз хаста кардани тарафҳои даргир барои ба даст овардани манфиатҳои худ дар соҳаҳои мухталиф лаҳзаи муносиби зарбаи сиёсӣ ва низомиро интизор мешаванд.

Ин далели он аст, ки ҳокимони кишварҳои мо ҳанӯз дар дасти душманон олот ва лӯхтак мебошанд. Онхо мувофиқи манфиатхои худ амал мекунанд, гарчанде ки  қарорҳои онҳо дар масъалахои ҷанг ва сулҳ шахсй буда, ба муҳофизати манфиатҳои маҳдуди миллии мамлакатҳои худ нигаронида шудаанд.

Чунин саволҳо ҷавобро мунтазиранд: то ба кай хун, амният ва сарвати мо дар дасти душманон боқӣ мемонад?! То ба кай кишварҳои мо пора-пора мешаванд ва ба душман ҷавоб дода наметавонем?! То ба кай оташҳои ҷанг танҳо дар сарзамини мо ба манфиати онҳое, ки ба ҷуз манфиати худашон парвое надоранд, фурӯзон мешаванд?!

 

Махсусан барои радиои Дафтари марказии иттилоотии Ҳизб-ут-Таҳрир

Узви дафтари марказии иттилоотии Ҳизб ут-Таҳрир Аднан Мазян

 

28 Сафар 1445 ҳиҷрӣ

13 сентябри соли 2023

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads