Он чиро, ки шумо мепарастед, ман намепарастам.
Ҳаёти уммат пур аз мартабаҳои бузургест, ки таърих ба онҳо бо ҳурмат ва эҳтиром сари таъзим фуруд меорад. Мавқеи Паёмбар (с) беҳтарин намунаи пайравӣ аст. Устувории ў дар назди пешвоёни Макка ва собитқадамӣ дар ҳақиқат то мартабаҳои баландтарин ҷўшида баромад.
Худованд Расули Худо (с.а.в.)-ро ба сӯи мардум ҳамчун паёмбари нек, панду насиҳаткунандаву огоҳкунанда фиристод, ки даъваташонро дар Макка оғоз карданд. Вақте ки оят нозил шуд:
وَأَنذِرْ عَشِيرَتَكَ الأَقْرَبِينَ
“Хешовандони наздикатро битарсон.” (26:214)
— Паёмбари Худо (с.а.с.) ба даъвати хешу табор ва ёру дӯстоне, ки ӯро иҳота карда буданд, ба Ислом, ба парастиши Офаридгори якто ва эътирофи рисолати паёмбарии Худ оғоз карданд. Аввалин касоне, ки имон оварданд ҳамсарашон Хадиҷа, писари амакашон Алӣ ибни Абӯтолиб, озодшуда Зайд ибни Собит ва дӯсташон Абӯбакр (Аллоҳ аз онҳо розӣ бод,) буданд.
Даъват дар ҷомеа паҳн шуд, аммо се соли аввал Паёмбар (с.а.с.) номи касонеро, ки имон оварда буданд, пинҳон карданд. Паёмбар (с.а.с) бо ашхоси алоҳида дар тамос шуда, онҳоро ба Ислом даъват менамуданд, пинҳонӣ дар атрофи худ муттаҳид мекарданд ва пайравони худро дар асоси дин гурӯҳбандӣ мекарданд. Тибқи ривоятҳои эътимоднок, дар ин давра дар Макка чил нафар Исломро пазируфта буданд, ки дар байни онҳо Усмон ибни Аффон, Зубайр ибни Аввом, Абдурраҳмон ибни Авф, Саъд ибни Абуваққос, Талҳа ибни Убайдуллоҳ низ буданд. Даъвати махфӣ то омадани ояти зерин идома ёфт:
فَاصْدَعْ بِمَا تُؤْمَرُ وَأَعْرِضْ عَنْ الْمُشْرِكِينَ
“Ба он чӣ амр шудаӣ, сареҳу баланд бигӯ ва аз мушрикон рӯй бигардон!” (15:94)
— ки дар он Паёмбар (с.а.в.) амр шудааст, ки гурӯҳбандии худро дар назди ҷомеаи Макка эълон кунад ва мушриконро ба набард бихонанд.
Паёмбари Худо (с.а.в.) идомаи даъвати Исломро ба набарди эътиқоди куфр нигарониданд. Эшон(с.а.в.) эътиқоди Қурайш ва пешвоёни онҳоро, ки бутҳоро аз санг канда, аз чӯб тарошида ва ҳатто аз хурмо шакл дода, сипас онҳоро ибодат мекарданд, беақл номиданд. Эшон(с.а.в.) ҳамчунин низоми муносибатҳои ҷомеаи Маккаро маҳкум карданд. Эшон(с.а.в.) бар мукобили мушрикони Макка муборизаи идеологӣ мебурданд.
Ягона аслиҳаи Он кас(с.а.в.) сухани ҳақ буд. Сарони Қурайш бо дидани он ки Расули Худо (с.а.в.) ва саҳобагон созиш ва оштӣ намекунанд, онҳо ба шахсият, тиҷорат ва мақоми худ дар миёни арабҳо таҳдидеро эҳсос карданд. Онҳо бо Расули Худо (с.а.в.) ҷанг эълон карданд ва бо ҳар василае, ки дар ихтиёр доштанд, бар зидди ақидаи Он Ҳазрат (с.а.в.) мубориза бурданд. Онҳо дар Макка ва берун аз он дар бораи Эшон(с.а.в.) дурӯғҳо паҳн мекарданд. Сипас хостанд, ки Паёмбар (с)-ро мутақоид созанд, ки даъватро тарк кунад ва баъзе аз даъвоҳоро тарк кунад ва гузашт кунад. Аммо Паёмбари Худо (с.а.с.) дар назди онҳо мавқеъи бузургеро ишғол кардаанд, ки то имрўз меваҳои онро мусалмонон мечинанд.
Қурайш ба заифон ҳамла карда, онҳоро шиканҷа медод ва маҷбур мекард, ки ба куфр баргарданд ва нисбати Паёмбари Худо (с.а.с.) таҳқир баён кунанд. Ҳамчунин бо суханҳои фаҳш ва аъмоли нописанд Паёмбар (с.а.в.)-ро таҳқир мекарданд. Онҳо чӣ қадаре, ки тавонистанд ба саҳобагон тамасхур ва зулм мекарданд. Ҳар як қабилаи Қурайш мусулмононро аз аҳли худ шиканҷа мекард ва мехост онҳоро аз Ислом бозгардонад. Аммо Расули Худо (с.а.в.) эълон карданд, ки даъват ба сўи ҳақ то замоне, ки Худо натиҷаи муборизаро ҳукм накунад, бознамеистад. Расули Худо (с.а.в.) фармудаанд: «Дар роҳи Аллоҳ маро азоб медоданд, дар ҳоле, ки ҳеҷ кас шиканҷа намешуд ва маро тарсониданд, дар ҳоле ки ҳеҷ касро тарсонда намешуд. Ва сӣ шабу рӯз буд, ки ману Билол таъоме надоштем, ки як мавҷуди зинда бихӯрад, магар миқдори андаке дар зери бағали Билол ниҳон буд» (Ибни Моҷа, Тирмизӣ).
Дар китоби «Сират»-и Ибни Ҳишом омадааст, ки Расули Худо (с.а.в.) Исломро ба қавми худ ошкор карданд ва ба он чӣ амр шуда буданд, ошкоро эълон карданд. Қурайшиён аз ӯ рӯй нагардонданд ва мухолифат намекарданд, то даме, ки сухан дар бораи худоҳои онҳо рафт. Дар ибтидои даъват онҳо ба Паёмбар (с.а.в.) аҳамият надоданд, зеро онҳо гумон доштанд, ки Ӯ(с.а.в.) ба мисли роҳибону ҳакимон танҳо қисса мекунад ва ба дини падарону бобоёнашон даъват мекунад. Ин то он даме, ки Эшон(с.а.в.) худоёни онҳоро маҳкум карданд, идома ёфт. Аммо вақте ки Ҳазрат(с.а.в.) ин корро карданд, онҳо ӯро ҷиддӣ қабул карданд ва мубориза бурданд. Мардум, ба ҷуз касоне, ки Исломро қабул кардаанд, розӣ шуданд, ки бояд ба Ӯ(с.а.в.) муқовимат кунанд. Ба дифои Расули Худо (с.а.в.) амакашон Абӯтолиб бархост.
Паёмбар (с.а.в.) даъваташонро идома медоданд. Вақте қурайшиён диданд, ки Расули Худо (с.а.в.) аз мазаммат кардани маъбудҳои онҳо даст намекашанд ва Абӯтолиб Эшон(с.а.в.)-ро ҳимоя мекунад, бузургоне аз онҳо назди Абӯтолиб рафтанд. Утба ибни Робиа, Шайба ибни Робиа, Абусуфён ибни Ҳарб, Асвад ибни Муталиб, Абуҷаҳл, Валид ибни Муғира ва Ос ибни Воил аз чумлаи онхо буданд. Онҳо гуфтанд: «Эй Абӯтолиб! Ҷияни шумо худоёни моро таҳқир кард, дини моро маҳкум кард, эътиқоди моро аблаҳона номид, падарони моро беобрӯ кард. Ё дашномҳои ӯро аз мо боздоред, ё бигзоред, ки бо ӯ худамон сарукор кунем! Шумо ҳам мисли мо бо ӯ розӣ нестед, биёед шуморо аз ӯ халос кунем.» Аммо Абӯтолиб бо радди қатъӣ ба онҳо ҷавоб дод ва аз дифоъи Расули Худо (с.а.в.) даст накашид.
Паёмбар (с.а.в.) ба таври ошкоро ба Ислом даъват мекарданд ва корашонро пеш мебурданд. Аммо вазъияти байни Эшон(с.а.в.) ва Макка тезу тунд шуд. Қурайшиён дар бораи Он кас(с.а.в.) бештар сухан мегуфтанд ва якдигарро ба душманӣ бармеангехтанд. Боз ба назди Абӯтолиб рафтанд ва гуфтанд: Эй Абутолиб, дар ҳақиқат ту ба синни муътабар расидаӣ ва дар миёни мо мақоми баландеро ишғол кардаӣ. Мо аз ту хоҳиш кардем, ки ҷиянатро боздорӣ, аммо ту сухани моро нагирифтӣ! Мо дигар тоқат карда наметавонем, ки ӯ падарони моро ранҷонад, эътиқоди моро беақл номида, худоёни моро бадном кунад. Аз ин рӯ, ё ӯро аз ин кор бозмедорӣ ё ҳам бо ӯ ва ҳам бо ту ошкоро ҷанг мекунем, то яке аз тарафҳо мемирад.» Онҳо инро гуфта, рафтанд. Барои Абӯтолиб сабр кардан ба интиқод ва душмании мардум сахт буд, вале намехост, ки Паёмбар (с.а.с)-ро ба онҳо бидиҳад.
Сипас, Абӯтолиб Расули Худо (с.а.в.)-ро ба наздаш хонд ва гуфт: «Эй писари бародарам! Мардуми шумо ба назди ман омада чунин суханҳоро гуфтанд. Дар бораи ман ва худ фикр кунед ва он чиро, ки аз тавони ман боло аст, бар ман вогузор накунед!» Расули Худо (с.а.в.) фикр карданд, ки амакашон мехоҳад Ӯро ба душманонаш таслим кунад, зеро дигар тавони ҳифз карданро надорад. Бо вуҷуди ин, Паёмбар (с.а.в.) гузашт накарданд ва розӣ нашуданд, то аз роҳе, ки Худованд ба он фармудааст, берун раванд. Расули Худо (с.а.в.) метавонистанд дар робита бо Қурайш нармӣ кунанд, дигар ба урф ва эътиқоди онҳо ошкоро ҳамла накунанд ва аз он чӣ ки ба даст оварда буданд, қаноатманд шаванд. Аммо Эшон(с.а.в.) ин тавр накарданд, балки баръакс, мавкеи идеологи бошуурро ишғол карданд, ки роҳи дигаргункуниҳои ҷомеаро дарк мекунад, роҳеро, ки Аллоҳи Таъоло ба он фармудааст. Пайғамбар (с.а.с) аз роҳ нагаштанд ва ҳамлаҳои идеологиро суст накарданд ва фармуданд: «Эй амакам! Ҳатто агар офтобро ба дасти ростам ва моҳро ба дасти чапам диҳанд, бо шарти тарки ин кор, ман онро тарк намекунам, то Худо онро ба пуррагӣ ошкор накунад ва ё дар ин роҳ бимирам!»
Сипас, якчанд нафар аз бузургони Қурайш пас аз ғуруби офтоб дар назди Каъба ҷамъ омаданд ва ба ҳамдигар гуфтанд: «Ба назди Муҳаммад одам бифиристед, мо бо ӯ сӯҳбат мекунем ва баҳс мекунем, то узре наёбад». Хабарро ба Муҳаммад(с.а.в.) расониданд: «Мӯҳтарамтарин мардуми қавми шумо барои сӯҳбат бо шумо ҷамъ омадаанд». Паёмбар (с.а.в.) дарҳол назди онҳо рафтанд ва гумон карданд, ки ақли онҳо ба ҷояш омадааст. Эшон(с.а.в.) нисбати онҳо ғамхор буданд ва мехостанд, ки онҳо якравии худро тарк кунанд.
Расули Аллоҳ(с.а.в.) паҳлӯи онҳо нишастанд ва онҳо гуфтанд: «Эй Муҳаммад! Мо туро барои сӯҳбат даъват кардем. Савганд ба Худо, марде аз арабро намешиносем, ки ба қавми худ ба мисли ту бадӣ оварда бошад. Гузаштагони худро дашном додӣ, динамонро мазаммат кардӣ, худоёнро таҳқир кардӣ, эътикоди моро тамасхур кардӣ, ҷомеаро аз ҳам ҷудо кардӣ — ягон кори баде нест, ки дар байни мо накарда бошӣ. Агар ин корро ба хотири ба даст овардани сарват карда истода бошӣ, аз моли худ ба ту он қадар ҳадя мекунем, ки сарватмандтарини мо мешавӣ; агар дар талаби иззат бошӣ, туро бар мо ҳукмрон мекунем; агар орзуи подшоҳӣ дорӣ, туро бар мо подшоҳ эълон мекунем. Агар рӯъёе ба ту биёяд, мо тамоми дороии худро сарф мекунем, то ба ту дармоне пайдо кунем».
Ҳазрати Расули Акрам (с.а.в.) ба суханони онҳо гӯш дода, ҳамчун посбони ҳақиқии Ислом ва муборизи тағйири ҷомеа гуфтанд: «Ман ба пешниҳодҳои шумо, ниёз надорам! Ман назди шумо барои талаби молу мулк, мансаби гиромӣ ва ё подшоҳи шумо шудан наомадам. Худованд маро ба сӯи шумо Паёмбар фиристод ва бар ман Китоб нозил кард ва амр кард, ки расонанда ва насиҳаткунандаи шумо бошам. Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо расонидам ва ба шумо панд додам. Агар овардаҳои маро аз ман бипазиред, дар дунёву охират аҷри худро мегиред. Агар инкор кунед, дар роҳи Аллоҳ сабр хоҳам кард, то Аллоҳ бар мо доварӣ кунад».
Худованд Паёмбараш (с.а.в.)-ро ба сифати раҳмате барои ҷаҳониён фиристод, то мардумро аз торикӣ ба рӯшноӣ барад, аммо кофирон инро намедонанд. Расули Худо (с.а.в.) аз қабули ҳамаи пешниҳодҳои онҳо сарпечӣ карданд ва даъватро идома доданд, то Худованд пирӯзиро насиб гардонид. Паёмбар (с.а.в.)-ро таҳдид ва тарсонидан бознадошт. Эшон(с.а.в.) ба дурустии роҳи худ зарре ҳам шубҳа намекарданд.
Мавқеее, ки Расули Худо (с.а.в.) дар назди пешвоёни Қурайш доштанд, бояд барои мавқеъи даъватчиён бар зидди ҳокимони кунунӣ намуна бошад. Онҳо бояд аз ҳама васвасаҳо даст кашанд ва ҳангоми таҳдидҳо ба тарс дода нашаванд. Зиндагии мусалмон пур аз набардҳо ва муборизаҳо дар роҳи паҳн кардани идеологияи Ислом аст. Аз ин рӯ, хар як душворӣ барояш осон аст ва ҳама васвасахо дар назди мақсади асосие, ки вай аз паи он аст ва аз рӯзи аввал роҳи онро муайян кардааст, майда-чуйда аст.
Ҳар як мусалмон бояд аз Паёмбари Худо (с.а.в.) намуна гирад ва барои худ, инчунин барои ҷомеаи худ ҳамин мавқеъро ишғол кунад. Вай бояд нақш ва максади худро дар хаёт муайян кунад. Ӯро Аллох офаридааст ва рисолаташ (вазифааш) ибодати Аллох ва расонидани ҳақ аст. Вақте, ки ин ҳама ба даст ояд, он гоҳ ӯ ва Умматро дар зер парчами «Ло илоҳа иллаллоҳ» зиндагии хушбахтонаву арзанда интизор аст. Аз ин рӯ, мусалмон новобаста аз ҳама аҳдофи дуюмдараҷа ва таҳдидҳое, ки ба сари ӯ меоянд, бояд зиндагии худро тибқи ҳамин нақш ва ҳадаф бунёд кунад.
Ҷомеа бо воситаи муборизаи ошкорои идеологӣ тағйир меёбад, то даме ки ҳақиқат бар ҳамаи ақидахои дигар ғалаба кунад. Ва дар ин мубориза, албатта, ҳақиқат ғалаба мекунад. Аммо барои ин мусулмон бояд дар муҳофиза кардани мабдаъ мавқеъи устувор ва шуҷоъ дошта бошад ва аз роҳи худ набарояд. Даъваткунанда наметавонад аввал ба ақидаи худ даъват кунад ва баъд гузашт кунад. Бинобар ин, барои шахсе, ки ба Ислом даъват мекунад, новобаста аз он ки вазъият душвор бошад, аз баъзе аз қонунҳои Ислом даст кашиданаш мумкин нест. Агар ин корро кунад, даъваташ аз байн меравад, мардум аз ў рў мегардонанд ва роҳи тағйирот ба рўяш кушода намешавад. Ҷомеа ба даъвати Ислом ва татбиқи қонунҳои Ислом ҳамчун идеали нав назар мекунад. Мардум ба шахсияте, ки дар ӯ идеология таҷассум намеёбад. пайравӣ намекунанд.
Агар чомеа бубинад, ки ин идеяро савдо кардан мумкин аст, пас зуд аз ӯ ва идеяҳои ӯ даст кашида, ба нафъи дигарон мешавад ва эҳтимол ба ақидаҳои кӯҳнаи худ бармегардад. Барандаи даъват бояд идеологияро ҳамеша аз ҳама бештар азизтарин ва қимматтарин чиз нигох дорад. Идеология ё эҳё мешавад ё тамоман аз байн меравад. Агар ӯ бо идеология ҳамин тавр муносибат кунад, дер ё зуд ҷомеа ӯро кабул мекунад ва дигаргунихо ба амал меоварад. Ин маҳз ҳамон чизест, ки Расули Худо (с.а.в.) дар Макка ва Мадина ноил гаштанд. Эшон(с.а.в.) саҳобагони худро дар атрофи Ақидаи Ислом муттаҳид карда, бо ҳама ақидаҳои дигар мухолифат меварзиданд. Паёмбар (с.а.в.) ин корро идома доданд, то он даме, ки Аллоҳ ба тағйирот иҷозат надод. Бори аввал Ислом дар Мадина, ки дар он ҷо аввалин ҷамъияти исломй ташкил ёфта буд, пурра татбик гардид. Расулуллоҳ (с.а.с) таклифҳои ҷолиб ва васвасаҳоро напазируфтанд ва ҳеҷ чиз Эшон(с.а.в.)-ро аз даъват боздошта натавонист.
Ин мавқеъи Расули Худо (с.а.в.) буд. Агар қатъиян рад кардани ҳама гуна савдо барои татбиқи пурраи Ислом намебуд, дин дар Мадина пурра татбиқ намешуд ва фатҳҳо оғоз намешуданд ва Ислом дар тамоми кишварҳои ҷаҳон паҳн намешуд ва ба мо омада намерасид. Расули Худо (с.а.в.) аз ҳама бештар бораи Уммат ғамхорӣ мекарданд ва дар роҳи даъват қурбониҳои зиёде менамуданд. Худованд мефармояд:
لَقَدْ جَاءَكُمْ رَسُولٌ مِنْ أَنفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُمْ بِالْمُؤْمِنِينَ رَءُوفٌ رَحِيمٌ ، فَإِنْ تَوَلَّوْا فَقُلْ حَسْبِي اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَهُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ
“Албатта паёмбаре аз худи шумо бар шумо фиристода шуд, ҳар он чӣ шуморо ранҷ медиҳад, бар ӯ гарон меояд. Сахт ба шумо дилбаста аст ва бо мӯъминон мушфиқу меҳрубон аст. Агар бозгарданд, бигӯ: «Худо барои ман кофист, худое ҷуз Ӯ нест, бар Ӯ таваккал кардам ва Ӯст Парвардигори арши бузург!” (9:128-129)
Расули Худо (с.а.в.) бисёр мубориза бурда, ба таҳқир сабр карданд, то Ислом ба мо омада бирасад. Аз мо хавотир буданд ва метарсиданд, ки дар Рӯзи Қиёмат ҷазо мегирем. Аммо оё мо онро қадр мекунем?!