Омодагӣ ва ғалаба

Омодагӣ ва ғалаба

Аллоҳи мутаол дар сураи «Анфол» мефармояд:

إِنْ تَسْتَفْتِحُواْ فَقَدْ جَاءَكُمُ الْفَتْحُ وَإِنْ تَنتَهُواْ فَهُوَ خَيْرٌ لَّكُمْ وَإِنْ تَعُودُواْ نَعُدْ وَلَن تُغْنِيَ عَنكُمْ فِئَتُكُمْ شَيْئاً وَلَوْ كَثُرَتْ وَأَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُؤْمِنِينَ

«Агар шумо (кофирон) пирӯзӣ хоҳед, пирӯзиятон фаро расид ва агар аз куфр бозистед, бароятон беҳтар аст ва агар бозгардед, бозмегардем ва сипоҳи шумо ҳарчанд фаровон бошад, бароятон суде нахоҳад дошт, ки Худо бо мӯъминон аст». [8:19]

Маънои калимаҳои «агар пирӯзӣ хоҳед» чист?

Дар тафсири Қуръони Карим «Ат-тафсирул-муяссар» (Тафсири осонбаён) ояти мазкур чунин шарҳ дода шудааст: «Эй кофирон, агар аз Аллоҳ хостед, ки ҷинояткорон ва фосиқонро ҷазо диҳад, Аллоҳ ба шумо посух дод. Он гоҳ бар шумо ранҷе расид ва ин азобест барои шумо ва ибрат барои парҳезгорон. Эй кофирон, аз куфр варзидан ба Аллоҳ ва Расулаш (с) парҳез кунед ва аз ҷанг бо Расули Худо (с) худдорӣ кунед, ки ин барои шумо ҳам дар дунё ва ҳам дар охират беҳтар аст. Агар бар зидди паёмбар (с) ва мӯъминон бозгардед, пас Мо низ бозмегардем, то шуморо мағлуб кунем, чунон ки дар Бадр шуморо мағлуб кардаем. Ҷамоати шумо, бо шумораи зиёд ва бо беҳтарин таҷҳизоташ шуморо наҷот намедиҳад, ҳарчанд мӯъминон камшумор ва силоҳҳои ночиз дошта бошанд ҳам, чунон ки дар Бадр буд.  Бидонед, ки Аллоҳ бо мӯъминон аст, онҳоро дастгирӣ карда, нусраташон медиҳад.

Як бародар ба ман суол дод: «Кишвари бузурге чун Украина, ки замоне дар қаламрави худ ҳангоми пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ силоҳи ҳастаӣ дошт, бидуни дастгирӣ ва таъминоти доимии силоҳ аз берун оё ба таҷовузи Русия наметавонад муқобилат кунад. Дар бораи кишварҳои мо, ки дар онҳо саноат ва ҳатто аз ин ҳам зиёд мудофиа вуҷуд надорад.  Вақте, ки давлати Хилофат ташкил мешавад, тамоми кишварҳо шартнома баста, содироти силоҳро ба давлати навтаъсис манъ мекунанд, махсусан дар ибтидо, ки давлат ба по хеста, саноати худро ба роҳ мемонад. Аз ҷониби дигар, баъзе кишварҳо ба корҳои дохилии давлат дахолат карданӣ мешаванд, то ки ба рушд ва саноати он халал расонанд. Маълум аст, ки кишварҳои саноати вазнин дошта, аз қабили мошинсозӣ ё киштисозӣ, онро зуд аз истеҳсолоти шаҳрвандӣ ба истеҳсолоти низомӣ табдил дода метавонанд.  Кишварҳои мо бошад, саноат он сӯй истад, дар он ҳатто хоҷагии қишлоқ рушд накардааст. Назари шумо дар ин бора чӣ гуна аст? Ман медонам, ки Аллоҳ ба ҳар чиз қодир аст, аммо мехоҳам ҷавобашро аз шумо бишнавам, зеро Абубакри Сиддиқ (р) ба ҷанг чунон тайёрӣ медид, ки гуё ҳеҷ ба Аллоҳ таваккал надорад.

Имрӯз китоби Аллоҳро хондам ва ояти мазкур дар сураи Анфол диққатамро ба худ ҷалб кард.  Дар ин оят ба изтироб ва нигаронии бародар дар мавриди вазъи Хилофат ки чи гуна худро дифоъ кунад ва бо душманонаш муқовимат кунад, посух дода шудааст. Инчунин барои азхуд кардани донишҳои зарурии илмӣ, техникӣ ва низомӣ барои дафъи душманон, рушд ва бархостан мусоидат мекунад.

Ин ояти шариф изтироб ва тарсу ҳаросро, ки дар ҳар давру замон дар миёни муъминон пайдо мешавад, коҳиш медиҳад ё комилан аз байн мебарад.  Имрўз ин тарс бо сабаби таъсиси Хилофати дуюми Рошида вобаста аст, ки давлати ҷавон бо душманони Уммат, ки саноат ва корҳои низомиашон рушд кардааст, чӣ гуна бархӯрд карда метавонад. Аллоҳи бузург дар ин оят ба кофирон ҳақиқати талхро баён кардааст, ки бо вуҷуди теъдоди зиёди онҳо ва технологияҳои пешрафта дар саноат ва низомӣ, ин барои мағлуб кардани Уммати Муҳаммад (с) кофӣ нест.  Агар Амрикову Аврупо ва Русия ҷамъ шаванду бигзор шумораашон низ зиёд бошад, Аллоҳи Мутаол дар паҳлӯи мӯъминон аст, ки дар навбати худ тамоми қувваҳои худро барои ёрӣ додан ба дини худ омода мекунанд ва ҳатто агар шумораашон кам бошанд ҳам, танҳо Аллоҳ ғалаба медиҳад. Ин посухи равшан ва ваъдаи ҳақиқии Аллоҳ мебошад, бартарии кофирон дар шумора ва сифатнокии силоҳашон барои мағлуб кардани мӯъминон басанда нест.

Дар ин мавзӯъ оятҳои зиёд мавҷуданд, вале дар ин шакл мо худро бо овардани чанде аз ин оятҳо кифоят мекунем. Аллоҳи мутаол мефармояд:

إِنَّ الَّذِينَ يُبَايِعُونَكَ إِنَّمَا يُبَايِعُونَ اللهَ يَدُ اللَّهِ فَوْقَ أَيْدِيهِمْ

«Ҳаройна, онон, ки бо ту байъат (аҳд) мекунанд, ҷуз ин нест бо Худо байъат мекунанд. Дасти Худо болои дастҳояшон аст». [48:10]

Дасти Аллоҳ болои дастҳояшон аст, яъне Аллоҳ касонеро дастгири мекунад, ки сидқан ба дини хеш ва ба Умматаш кӯмак мекунанд.

Аммо ин маънои онро надорад, ки аз омодагӣ ба муқовимат бо душман беэътиноӣ кард ва танҳо бо таваккал ба Аллоҳ маҳдуд шуд. Аллоҳи мутаъол аз мусалмонон тақозо мекунад, ки нерӯ ва тавоноии дар ихтиёрашон бударо омода созанд, то дар баробари душманони Уммат устувор бошанд. Аллоҳи мутаол мефармояд:

وَأَعِدُّواْ لَهُم مَّا اسْتَطَعْتُم مِّنْ قُوَّةٍ وَمِنْ رِّبَاطِ الْخَيْلِ تُرْهِبُونَ بِهِ عَدُوَّ اللَّهِ وَعَدُوَّكُمْ وَآخَرِينَ مِن دُونِهِمْ لَا تَعْلَمُونَهُمُ اللهُ يَعْلَمُهُمْ وَمَا تُنفِقُواْ مِنْ شَيْءٍ فِي سَبِيلِ اللهِ يُوَفَّ إِلَيْكُمْ وَأَنتُمْ لَا تُظْلَمُونَ

«Ва дар баробари онҳо метавонед нерӯ ва аспони саворӣ омода кунед, то душманони Худо ва душманони худ ва ғайри онҳоро, ки шумо онҳоро намешиносед ва Худо мешиносад, битарсонед. Ва он чиро, ки дар роҳи Худо харҷ мекунед, ба тамомӣ ба шумо бозгардонда шавад ва ба шумо ситам нашавад. [8:60],

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِن تَنصُرُوا اللَّهَ يَنصُرْكُمْ وَيُثَبِّتْ أَقْدَامَكُمْ

«Эй касоне, ки имон овардаед, агар Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ хоҳад кард ва пойдорӣ хоҳад бахшид«. [47:7]

Имрўз дар доираи омодасозии қувва бар зидди душман вазифаи асосӣ ин аст, ки Уммат бояд барои барпокунии Хилофати Рошида ҷидду ҷаҳд кунад. Он гоҳ Уммати мо ба як давлат, як ҳоким, як артиш ва ба як сарқонун соҳиб мегардад. Ваҳдат дар атрофи дини Аллоҳ ва шариати Ӯ танҳо дар Хилофати Рошида имконпазир аст;  бо ин паёмбарамон (с) омад ва инро мо аз таърих ва мероси худ медонем. Уммат танҳо бо давлати ягона метавонад ба душманон муқовимат кунад, дар байни мардумони дигар пешво бошад, Исломро дар тамоми дунё паҳн кунад ва кишвару сарвати худро ҳифз намояд.

Бо душманон рӯ ба рӯ шудан ба ғайр аз ин дигар роҳе нест. Уммат бидуни давлате, ки онро муттаҳид месозад ва монеаи ҷудоӣ мегардад, чӣ гуна омода бошад? Омодагӣ дар кишварҳое, ки бар асоси созишномаи Сайкс-Пико пайдо шудаанд, чӣ гуна имконпазир аст?  Оё дар кишварҳои минтақавӣ, миллатгаро, таҳқиромез, ҷудоихоҳи мусулмонон омодагӣ гузаронидан мумкин аст? Агар ҳокимон дар кишварҳои мо тобеи Ғарб бошанд, сарвати Умматро ғорат карда, мехоҳанд хоҷагони худро розӣ  кунанд, оё дар онҷо омодагӣ имконпазир аст? Дар кишварҳое, ки фасод ҳама ҷоро фаро гирифтааст: дар байни доираҳои низомӣ, илмию техникӣ ва маъмурӣ омодагиро дар ин кишварҳо чӣ гуна бояд анҷом дод?

Аз ин рӯ, аввалин қадами омодагӣ ба муқобили душман ин барпокунии давлатест, ки сафҳои Уммат, нерӯ ва манобеъи молиявии онро барои ҳимоят аз дин, худи кишвар ва мардум муттаҳид месозад.  Хилофати дуюми Рошида бо хости Аллоҳ дар ояндаи наздик барпо мешавад ва ин беҳтарин омодагӣ алайҳи душманон аст.

وَأَطِيعُواْ اللهَ وَرَسُولَهُ وَلَا تَنَازَعُواْ فَتَفْشَلُواْ وَتَذْهَبَ رِيحُكُمْ وَاصْبِرُواْ إِنَّ اللهَ مَعَ الصَّابِرِينَ

«Аз Худову паёмбараш итоат кунед ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаън (шавкат) аз шумо биравад. Сабр пеша гиред, ки Худо ҳамроҳи собирон аст!» [8:46]

 

Махсус барои радиои Бахши марказии иттилоотии Ҳизби Тахрир

Фараҷ Мамдуҳ

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads