ОЛИМОНИ ИХТИСОСНОК ВА ДАЪВАТБАРОН
Ба номи Аллоҳи Бахшоянда ва меҳрубон
Олимони тахассусӣ бо он фарқ мекунанд, ки онҳо дар уммат нақши бузург доранд, хоҳ фақеҳ бошанд, хоҳ муфассир, хоҳ аҳли ҳадис (муҳаддис), хоҳ забоншинос, хоҳ таърихшинос ва хоҳ дигарон.
Аллоҳ Таъоло дар Каломи худ онҳоро алоҳида таъкид кардааст:
«Аз бандагони Аллоҳ аз Ӯ танҳо олимон метарсанд» (35:28).
Онҳо меъёрҳои дини Исломро, ки мардум ба он ниёз доранд, равшан мекунанд ва аз тафсири нодурусти Ислом пешгирӣ мекунанд. Онҳо ба шарқшиносон, ки воқеаҳои таърихиро ба таври худ нақл мекунанд, муқобил мебароянд ва воқеаҳоро аз нуқтаи назари дурусти исломӣ таҳлил мекунанд.
Дар ин ҷо олимоне дар назар дошта шудаанд, ки мутахассисони соҳибихтисос дар соҳаи худ ҳастанд, на олимони дарбории ҳокимон ва на олимоне, ки пайрави нафсоният ҳастанд.
Бо вуҷуди бузургӣ ва аҳамияти нақши олимон, нақши даъватбар боз ҳам бузургтар ва муҳимтар аст. Бурдани даъват вазифаи доимӣ ва бефосилаи тамоми шахсони мукаллаф мебошад, хоҳ онҳо олим бошанд ва хоҳ оммӣ. Аллоҳи Мутаъол фармуд:
«Ин Қуръон бар ман ваҳй шудааст, то шуморо ва касонеро, ки ба онҳо ин китоб мерасад, битарсонам» (6:19).
Яъне барои огоҳ кардани касе, ки ин ваҳй ба ӯ расидааст. Ин ҳушдорест барои шумо, эй мардум ва барои касоне, ки шумо даъват мекунед. Яъне ин даъват ба онҳо низ нигаронида шудааст, зеро шояд онҳо Исломро беҳтар аз ононе, ки онҳоро даъват мекунанд, дарк кунанд, зеро Паёмбар (с) дар ин бора фармудаанд:
«Аллоҳ касеро, ки сухани маро шунида, онро ончунон, ки шунидааст, мерасонад, хушнуд гардонад. Зеро мумкин аст, ки каси расонанда худ фақеҳ набошад ва ё касе, ки чизе ба ӯ расонида мешавад, онро беҳтар аз касе, ки онро мерасонад, бифаҳмад» (Тирмизӣ).
Аллоҳи Мутаъол фармудааст:
«Дар миёни шумо бояд гурӯҳе бошад, ки ба некӣ даъват кунанд» (Оли Имрон, 104), яъне ба Ислом. Аллоҳи Мутаъол боз мефармояд:
«Кист хубтар дар сухангӯӣ аз касе дида, ки ба сӯи Аллоҳ даъват мекунад, кори шоиста мекунад ва мегӯяд: «Албатта, ман аз мусалмононам» (41:33),
яъне ба дини худ даъват мекунад. Даъват кардан фарзи афрод, гурӯҳҳо, аҳзоб ва давлат аст, ки вазифаи паҳн намудани даъватро тавассути ҷиҳод анҷом медиҳад, зеро Паёмбари Худо (с) дар ин бора фармудаанд:
«Ман амр шудаам, ки бо мардум биҷангам, то замоне ки онҳо нагӯянд: «Нест маъбуде ҷуз Аллоҳ» (Бухорӣ, Муслим).
Даъват кори бузург ва бардавом аст. Бисёриҳо дар ин бора бепарво ҳастанд ва ҳол он ки маҳз ба воситаи даъват Ислом дар уммат зинда шуда, дубора тавлид мешавад.
Дар миёни саҳобагоне, ки Исломро бардошта, онро амалӣ мекарданд, донишмандон набуданд, балки бештари онҳо даъватбар буданд. Мавзӯъ дар бораи олимони соҳибихтисос, аниқтараш, олимони тахассусӣ нест. Сухан дар бораи бурдани даъват меравад, ки онро метавонад ҳам олим ва ҳам дигарон пеш баранд. Эҳёи уммат ба ҳузури донишмандон, низомиён ва раҳбарон вобаста нест, балки ба теъдоди зиёди даъватбароне, ки дар уммат ҳастанд, вобаста аст.
Азнавсаркунии ҳаёти исломӣ, ҳукмронӣ тавассути нозилкардаҳои Аллоҳ ва ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ амалҳое мебошанд, ки ба даъватбарон ҳам пеш аз анҷомёбӣ, ҳам дар аснои анҷомёбӣ ва ҳам баъд аз анҷомёбӣ мӯҳтоҷ ҳастанд. Яъне ҳар вақте ки ба олимони соҳибихтисос, ҷанговарони ботаҷриба ё роҳбарони баландихтисос ниёз вуҷуд дорад, ба даъватбарон низ ниёз вуҷуд дорад.
Даъватбарон сиёсатмадорони ҷиддие ҳастанд, ки ба як қиёдати самимӣ ва бошуур пайравӣ мекунанд, дар дохили уммат ва бо уммат кор мебаранд, бори онро бар дӯш мегиранд, барои имрӯзу фардои уммат ғамхорӣ мекунанд ва тамоми корҳои онро мувофиқи дастуроти илоҳии Исломи бузургу фарогир идора мекунанд, ки дорои ақида ва дар фикрату тариқат дорои низоми ҳаёт мебошад. Рӯёби он бошад танҳо бо ташкили давлати исломӣ — Хилофат имконпазир асту халос.
Маънои ин он аст, ки бояд афрод, чи уламо ва чи дигарон, даъвати Исломро бардоранд ва дар ғами он бошанд. Олимон агар даъватбар бошанд, аз лағжидан ва хатокунӣ наметарсанд, зеро онҳо сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонанд. Аммо агар онҳо даъватбар набошанд ва ғами даъватро нахӯранд, мумкин аст лағжида, ба хатоҳои ҷиддӣ роҳ диҳанд, инчунин фатво ва аҳкоми бардурӯғ бароранд.
Барои исботи ин як мисол меорем. Сухан дар бораи муаррихи муосир Роғиб Сирҷонӣ, дурусттараш, дар бораи тафсири воқеияти таърихии марбут ба бархӯрди сиёсиву низомии давлати Усмонӣ алайҳи давлати мамлукҳо ва шикасту фурӯпошии давлати мамлукҳо меравад.
Сирҷонӣ давлати Усмониро ҳамчун таҷовузкор, ки ҷанги ӯ бо мамлукҳо иштибоҳи ҷиддӣ буд, тавсиф мекунад. Ӯ мегӯяд:
«Усмониҳо, ки дар он вақт таҳти роҳбарии султон Салими I буданд, маҷбур буданд, ки яке аз чаҳор самтро барои пешбурди сиёсати худ интихоб кунанд:
◆ аввал: ҳалли масъалаи давлати Сафавиён;
◆ дуюм: омодагӣ ба муқобила бо давлатҳои бузурге, ки дар Аврупои Ғарбӣ ба вуҷуд омадаанд, ба монанди Испания, Португалия ва Австрия;
◆ сеюм: ритсарҳои ордени Юҳанноро (воқеъ дар Родос) боздоштан;
◆ ва чорум: ғамхорӣ оиди шароити дохилии давлат».
Вай дар идома менависад: «Интизор мерафт, ки Салими I як ё чанде аз ин самтҳоро интихоб кунад, вале ӯ ҳар чаҳорро рад кард ва тасмим гирифт, ки бидуни ягон далели асоснок ва қонунӣ ба давлати мусулмони мамлукҳо ҳамла карда, онро ба салтанати худ дохил кунад. Ин як каҷравии бузург ва нафратангези сиёсати усмониҳо ва тирашавии ақли солим аст. Ҳамаи ин аз он сабаб рӯй дод, ки султон мехост, ки роҳбарӣ ва ҳукмронӣ бар Макка, Мадина ва Байтулмуқаддасро ба даст орад, ҳатто агар ин кор болои ҷасадҳои мусулмонони ҳарду ҷониб ба амал ояд ҳам».
Бетаваҷҷӯҳии Роғиби Сирҷонӣ дар мавриди даъват, нодуруст дарк намудани мафҳуми ваҳдати уммат дар атрофи як пешво ва як халифа ва гирифтор будан ба васваса оиди мафҳуми давлати миллӣ ӯро дар тафсири воқеоти таърихӣ, ки дар асл аз ҳақиқат дур мебошад, мутаассир ва ғаразнок сохт. Ҷавоби дуруст ба гуфтаҳои ӯ аз дидгоҳи фикри поки исломӣ ва ҳам аз нигоҳи ҳамли даъват ва аз дидгоҳи ба қудрат расидани Ислом ва татбиқи амалии он метавон бо нуктаҳои зерин баён кард:
1 — Он чизе, ки Салими I бо муттаҳид кардани Миср, Шом, Анадолу ва Фракия дар як давлат анҷом дод, кори бузург ва интихоби муҳимтар аз чаҳор самте мебошад, ки Сирҷонӣ зикр кардааст. Зеро бар хилофи пароканда ва заиф нигаҳ доштани мусулмонон, ин кор ба зарурати муттаҳид кардани онҳо дар як давлати пурқуввати ягона тааллуқ дорад.
2 — Ба давлати Хилофати ягона табдил додани ин сарзаминҳои беканори исломӣ, интиқоли халифаи расмии Аббосиён аз Қоҳира ба Истамбул ва савганди байъат ба Салими I ба унвони халифаи мусулмонон як кори бузурги хайр аст. Ҳамин тариқ, Салими I даврони Хилофати воқеиро баргардонд, ки дар он худи халифа, пас аз он ки ӯ танҳо як лӯхтак дар дасти мамлукҳо боқӣ монда буд, дубора ба ҳукмронӣ шурӯъ кард.
3 — Дар мавриди чанд сиёсате, ки Сирҷонӣ зикр карда гуфтааст, ки Салими I ҳеҷ яке аз инҳоро интихоб накард, бояд гуфт, ки чунин хулоса дуруст нест, зеро собит шудааст, ки Салими I давлати Сафавиҳоро шикаст дод ва пойтахти онҳоро ишғол кард. Ин коре буд, ки аз тарафи давлати мамлукҳо анҷом наёфта буд. Инчунин ӯ ба манотиқи шарқии Аврупо ҳуҷум кард ва роҳро барои писараш Сулаймон кушод, то ба Аврупои марказӣ ҳуҷум карда, Вена — пойтахти Австрияро муҳосира кунад.
Салими I ва баъди ӯ писараш бо флотҳои испанӣ ва португалӣ задухӯрд карданд ва ин корро низ мамлукҳо анҷом надодаанд. Салими I ва баъди ӯ писараш бо роҳзанҳои салибкаш ҷангида, баҳри Миёназаминро аз назорати онҳо пок карданд, ки ҳамлаҳои машҳури баҳрии Барбаросса ба ҷазираҳо ва бандарҳои кишварҳои Аврупо ба ин шаҳодат медиҳанд. Ин корро низ мамлукҳо накардаанд. Дар мавриди самти чорум бояд зикр кард, ки Салими I дар дохили давлат корро ба тартиб андохта, то ҳадди имкон суботро таъмин сохт ва барои писараш Сулаймони Қонунӣ роҳ кушод, то ӯ бузургтарин ислоҳотро дар давлати Усмонӣ анҷом дода, номи “Қонунӣ”-ро ба худ касб кунад, зеро вай нисбат ба ҳама гузаштагони худ барои ислоҳоти давлат бештар қонунҳо қабул кард ва ин ҳам он корест, ки мамлукҳо анҷом надодаанд.
Пас чаро ин таассуби ноҷо бар зидди як бузургворе чун Салими I, ки дар муттаҳид сохтани мусулмонон ва ҳифзи онҳо корҳои бузурге кардааст, сурат гирифт ва чаро муаллиф ин амали ӯро ҳамчун як каҷравии нафратангез ва тирашавии ақл тавсиф карда гуфтааст, ки ӯ хостори раҳбарӣ ва мақом шудааст, ҳатто агар ин кор болои ҷасадҳои мусулмонони ҳарду ҷониб ба амал ояд ҳам?!
Суханони Сирҷонӣ ва бо чунин гуфтаҳо алайҳи Салими I иттиҳомоти бардурӯғ намудан нишон медиҳад, ки тафсири таърихии кардаи ӯ воқеият надорад, балки он ба таассубу бадбинӣ бо ангезаҳои шабеҳи шарқшиносон далолат мекунад.
Сирҷонӣ, ки муҳаққиқи амиқи таърих аст, агар даъватбар мебуд, ба ин гуна хулосаҳои иштибоҳи зишт намеомад, зеро ҳамли даъват дониши олимро ба танзим ва шаффофият дароварда, ӯро аз афтодан ба ботлоқи ҳавову ҳавас наҷот медиҳад.
Аҳмад Хутувонӣ