Олимони дарборӣ ва мубориза бо Ислом

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Олимони дарборӣ ва мубориза бо Ислом

12.01.2022

Ҳокимони кунунии мусалмонон, низомҳо, қонунҳо ва конститутсияҳо на орзуҳои уммат ва на эҳсосоти онро инъикос намекунанд. Баръакс, ҳамаи онҳо барои ҳамаи мардуми мусулмон як фалокатанд. Ҳокимон вакилони Ғарб ҳастанд,  Умматро бар асоси низом ва қонунҳои ғарбӣ, ки аз дидгоҳи Ғарб ба ҳаёт меоянд, идора мекунанд.

Уммат бо табиати худ инро дарк мекунад, аз ин рӯ бо онҳо кадам намемонад. Аз ин рӯ  ба афроде зарурат афтод, то дар симою либоси олим ба майдон баромада, мардумро бифиребанд, ба низому қонунҳои мавҷуда сояҳои исломӣ дода, даъво кунанд, ки маҳз онҳо  фаҳмиши дурусти исломӣ доранд, зеро онҳо намоянда ва мутахассисони ал-Азҳар ҳастанд. Дар баробари ин, ин гуна псевдоолимҳо ҳатто кӯшиш намекунанд, ки фатвоҳои худро ҳадди ақал бо далелҳои шаръӣ пайванд кунанд. Онҳо минбаъд ба халқ бо матнҳои Шаръӣ муроҷиат намекунанд, то тафсири онҳоро таҳриф кунанд. Ҳоло онҳо ошкоро ба матнҳои Шаръӣ, хоҳ қатъӣ бошанду хоҳ тахминӣ (заннӣ), мухолифанд.

Дар ин бора мисолҳои зиёд овардан мумкин аст: Шайхи Ал-Азҳар онҳоеро, ки  бо идҳояшон табрик кардани насрониҳоро манъ мекунанд, «исломро намефаҳманд» гуфта ном мегузоранд. Ба гуфтаи онҳо, табрикот — меҳрубонист. Ӯ мегӯяд, ки шаҳрвандони давлат дар ҳуқуқу ӯҳдадориҳо баробаранд ва насрониёнро зиммӣ номидан мумкин нест. Шайх ишора кард, ки мафҳуми «ақаллият» рӯҳ ва фалсафаи исломро ифода намекунад ва истилоҳи «шаҳрвандӣ» агар ягона фактори суботи ҷомеа набошад, он мувофиқтарин ва ҳам бузургтарин ифода мебошад. Вай тавзеҳ дод, ки шаҳрвандӣ маънои баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳамаи шаҳрвандони кишварро дорад («RT Arabic»,  30.12.2021). Аммо Шайхи Ал-Азҳар воқеияти ин идҳоро равшан ва аниқ накардааст, ки оё онҳо хилофи эътиқоди исломӣ ҳастанд ё на. Сипас дар идома гуфт, ки насрониёнро набояд «аҳли зимма» (мардуми зери васояти мусалмонон) номид, зеро онон дар зери васояти (зиммаи) Аллоҳ ва Расули Худо (с.а.в.) ҳастанд ва ҳадиси зеринро ҳамчун истинод овард:

أَلَا مَنْ قَتَلَ نَفْساً مُعَاهِداً لَهُ ذِمَّةُ اللَّهِ وَذِمَّةُ رَسُولِهِ، فَقَدْ أَخْفَرَ بِذِمَّةِ اللَّهِ، فَلَا يُرَحْ رَائِحَةَ الجَنَّةِ، وَإِنَّ رِيحَهَا لَيُوجَدُ مِنْ مَسِيرَةِ سَبْعِينَ خَرِيفاً

«Ҳар кӣ муоҳидеро, ки ба ҳимояи (зиммаи) Худо ва Паёмбараш (с.а.в.) ҳақ дорад, бикушад, ба ҳифзи (зимма)-и Худо таҷовуз кардааст ва ҳатто бӯи биҳиштро эҳсос намекунад, бо вуҷуди он ки ин бӯи он дар тӯли чиҳил сол роҳ паҳн мешавад» (Тирмизӣ).

Баъд аз ин Шайх хост, ки дигар вожаи “зиммӣ” истифода бурда нашавад, балки ба ҷои он вожаи “шаҳрванд”-ро истифода баранд. Аз ин рӯ, ӯ мехоҳад, ки мусулмонон танҳо бо касоне, ки бо онҳо дар ҳудуди ҳамон марзҳои мувофиқи созишномаи Сайкс-Пико ва тақсими уммати Муҳаммад (с) зиндагӣ мекунанд, вобаста бошанд. Ҳамин тариқ, насрониҳои Миср бояд ба мо аз мусулмонони Ҳинд, Чин, Фаластин, Сурия ва Ироқ наздиктар шаванд. Шайхи ал-Азҳар кӯшиш мекунад, ки дар миёни мо бар асоси шаҳрвандӣ робита барқарор кунад, чунон ки Ғарб ва мамолики он мехоҳанд, иртиботро бар асоси эътиқодҳои исломӣ (ақида), ки тамоми Умматро муттаҳид мекунад, аз байн барад.

Мисоли дигари уламои дарбори муосир Маҳдӣ Ашӯр, мушовири муфтии Миср аст, ки  ба  таҷлили “Мавлуди Исо”  фатво дода афзуд, “барои ҷашн савобе хоҳад буд”. Чуноне ки ӯ гуфтааст, “Ислом бо пайравони динҳои дигар мухолифат надорад ва ҳама динҳо як риштаи муштарак доранд”. Мушовир ҳамчунин таъкид кардааст, ки “таҷлили мавлуди Исо (а) ҷоиз аст, зеро ӯ фиристода ва паёмбари Худост ва ҳар касе, ки ин ҷашнро ба хотири наздик шудан ба Худо таҷлил кунад, савоб хоҳад гирифт” ( «TRT Arabi»,12/23/ 2021).

Ин изҳороти Маҳдӣ Ашӯр бо фатвои муфтии олии Миср ва Шайх-ул-Азҳар дар мавриди иҷозаи табрики насрониён ва изҳороти муфтӣ ба тарафдории худдорӣ аз истифода аз вожаи “зиммӣ” ҳамроҳ шуд. Бо ин изҳорот онҳо аз тамоми уламои муътабари гузашта ва имрӯз, ки ба далели мухолифати ошкор бо ақидаи исломӣ  таҷлил ва табрики насрониёнро бо ин ид манъ кардаанд, фарқ мекунанд. Исо (а) намурдааст ва  мехкӯб ҳам нашудааст, балки Худованд ӯро ба сӯи худ гирифт.  Насрониён бошанд, аз рӯи эътиқоди худ «таваллуди фарзанди Худо ё таваллуди худи Худо»-ро ҷашн мегиранд. Мусулмон чӣ тавр насрониро бо ин ид, ки «таваллуди фарзанди Худо» гӯён иддао мекунанд табрик карда метавонад?! Охир Аллоҳ Таоъло фармудааст:

قُلۡ هُوَ ٱللَّهُ أَحَدٌ ١ ٱللَّهُ ٱلصَّمَدُ ٢ لَمۡ يَلِدۡ وَلَمۡ يُولَدۡ

«Бигӯ: «Ӯст Худои якто ва бениёз. Ӯ таваллуд накардааст ва таваллуд нашудааст» (112:1-3).

Ибни Қайим дар китоби «Аҳкоми аҳли зимма» менависад: «Дар мавриди табрикот бо идҳои куфр, ин ба назари якдилии олимон ҳаром аст. Ба аъмоли мамнӯъ, масалан, табрик кардан ба ид ва рӯзаашон низ  дохил мешавад. Инчунин, гуфтани калимаҳо ба мисли: «ид муборак», «табрик» ва ғайра манъ аст. Агар шахсе,  ин суханонро гӯяд, аз беимонӣ (куфр) парҳез кунад ҳам, ҳадди ақалл ҳаромро анҷом медиҳад. Табрикоти кофирон дар идҳо, ба табрик кардани шахсе, ки ба салиб ибодат мекунад, баробар аст. Ин дар назди Аллоҳ гуноҳи бузургтар ва манфуртар аз он, ки майхорро барои арақ нӯшидан табрик кардан, котилро барои куштор табрик кардан, зинокорро барои зино табрик кардан ва гайрахо мебошад. Бисёр одамоне, ки ба қадри дини худ намерасанд, ба ин гуноҳ меафтанд, дар ҳоле ки ҳама зиштҳои кори кардаашонро дарк намекунанд, зеро касе, ки шахсеро бо гуноҳ, бидъат ва ё куфр табрик кунад, худро ба ғазаби Худо гирифтор мекунад.

Маҳдии Ашӯр бо фатвои шигифтовари худ таваққуф накарда, ба содир кардани фатвоҳои боз ҳам хатарноктар идома медиҳад. Дар яке аз пахши  шабакаи канали спутникӣ аз ӯ пурсидаанд, ки аз нигоҳи дин «муносибати дӯстонаи писару духтар»-ро чӣ гуна арзёбӣ кардан мумкин аст. Ашӯр дар дӯстии зану мард ҳеҷ бадие надид, ба шарте ки мард дӯстдухтари худро ҳифз кунад, масалан, чӣ тавре ки хоҳари худро ҳифз мекунад.

Ӯ гуфт: «Дӯстӣ чӣ гуна бояд бошад? Вай метавонад дӯсти ту бошад, аммо ту бояд ӯро мисли хохарат ҳифз кунӣ, эҳсоси ӯро озор надиҳӣ ва бо ӯ кори ҳаром накунӣ. Аммо агар муносибат дар чаҳорчӯби Шариат сурат бигирад, ҳеҷ чизи мамнӯъ нест.” Ашӯр боз афзуд: «Ба писару духтар иҷозат дода мешавад, ки якҷоя берун раванд ва дар ҷои ҷамъиятӣ нишинанд, ба шарте ки бо ӯ мисли хоҳари худ муносибат кунад.» («Al Jazeera Mubasher», 25.12.2021). Мо намедонем, ки ӯ ин фатворо аз куҷо гирифтааст, зеро дар ягон манбае зикр накардааст. Гузашта аз ин, андешаи ӯ хилофи матнҳои равшани шариат аст. Магар аз манъи муносибат ва дӯстии ду ҷинси муқобил хабар надорад?! Дар бораи суханони Аллоҳ чӣ мегӯяд:

…ва дӯстони номашрӯъ (бегона) ва пинҳонӣ барои худ ихтиёр накунанд…   (4:25)

Оё донишманди чунин сатҳ намедонад, ки ягона муносибате, ки шариат миёни зану мард иҷозат додааст, издивоҷ аст? Чаро манъи омехта шудан, хилват ва фармони поин фаровардани нигоҳашро ба ёд наовард? Магар ӯ ин қонунҳоро ҳам намедонад?!

Тарафдорони беадолатӣ миллат ва тамаддун намесозанд. Онхо пеш аз хама бо рохи паҳн кардани қафомонӣ дар ҷамъият ва ба қашшокӣ гирифтор кардани одамон қудрати худро нигоҳ медоранд, то ки тамоми вақти худро дар ҷустуҷӯи як пора нон сарф кунанд. Дар ин кор ба онҳо уламои дарбор бо истифода аз эҳсосоти мардум нисбат ба дин кӯмак мекунанд ва халқро дар назди ҳокимон бо зону мешинонанд. Маҳз ҳамин донишмандон яке аз сабабҳои ақиб мондани уммат, аз даст додани дину ҳуқуқ ва таҳкими ҳокимони феълӣ, ки ба Ғарб хидмат мекунанд, мебошанд. Аз ин рў, имрўз кишварҳои мо ба кофирон мутеъ гардида, низом ва қонунҳои онҳоро ба кор мебаранд. Чунин уламо аввалин шуда ба тарафи беадолатон меғеланд ва бо ин аз оташ ҷои гурез надоранд. Ибни Адий аз суханони Абу Ҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с.а.в.) фармуданд:

إِنَّ فِي جَهنَّمَ وَادياً تَستَعِيذُ مِنْهُ كُلِّ يَوم سَبْعِينَ مَرَّةً، أعَدَّهُ اللَّهُ لِلقُرَّاءِ المُرَائِينَ بِأعْمَالِهِمْ، وإِنَّ أبغَضَ الخَلقَ إِلى اللَّهِ عَالِمُ السُّلطانِ

«Дар дӯзах водие ҳаст, ки худи оташ ҳар рӯз ҳафтод бор аз он паноҳ мехоҳад. Аллоҳ ин ҷойро барои хонандагони Қуръон, ки аъмоли худро ба намоиш мегузоранд, омода кардааст. Дар ҳақиқат, барои Аллоҳ бадтарин шахс — инҳо олимони дарборӣ ҳастанд.

Олимон ва шайхҳо дар назди Худо масъуланд ва ворисони Паёмбари Худо (с.а.в.) маҳсуб мешаванд. Пас бигзор онҳо ба тарафи беадолатон нағеланд, ки зулмашон на танҳо ба Уммат, балки ба худи онҳо низ таъсир мерасонад. Вазифаи онҳо ин аст, ки рисолати Паёмбар (с.а.в.)-ро ба мардум расонида,  бо ҳокимон, низом ва қонунҳои хилофи Қуръону Суннатбуда дахолат накунанд. Онҳо бояд воизони ҳақиқии Ислом бошанд, то Умматро ба роҳи дуруст ва ба сўи таҷдиди тарзи ҳаёти исломӣ роҳнамоӣ намоянд.

Мардум бояд аз даҳони онҳо шунаванд, ки роҳи ягонаи эҳёи Ислом бунёди давлатест, ки Шариатро дар қаламраваш пурра татбиқ карда, дини Аллоҳро бо даъвату ҷиҳод дар саросари ҷаҳон паҳн мекунад. Уламоҳо бояд эълом кунанд, ки Ислом на танҳо барои мусалмонон, балки барои тамоми ҷаҳониён раҳмат аст. Танҳо баъд аз ин онҳо сазовори дараҷаи ворисони Расули Худо (с.а.в.) мегарданд. Бигзор онҳо  ба мардум бо даъват муроҷиат кунанд, то ки мардум барои таъсиси Хилофати Дуввуми Рошида тамоми кӯшишашонро ба харҷ диҳанд. Шояд Худо ҳамаи гуноҳони пешинашонро биомӯрзад.

 

 

Газетаи «Ар-рая»

Саид Фадл

Узви дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Миср

2 -юми Чумъад — ус-соний, 1443 ҳиҷрӣ

01/05/2022 м

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Дар чаҳорчӯби сарқонуни давлати Хилофат. Намудҳои моликият дар Ислом — қонунҳои беназир ва фарқкунанда

Дар чаҳорчӯби сарқонуни давлати Хилофат. Намудҳои моликият дар Ислом — қонунҳои беназир ва фарқкунанда Тамоми мулк аслан аз они Аллоҳ аст ва дар ин...
post-image Гуногун

Дар доираи чаҳорчӯби сарқонуни Давлати Хилофат. Дар Хилофат ба ҳеҷ кас барои истифода бурдан ва ё азхуд кардани моликияти умумӣ иҷозат дода намешавад

Дар доираи чаҳорчӯби сарқонуни Давлати Хилофат. Дар Хилофат ба ҳеҷ кас барои истифода бурдан ва ё азхуд кардани моликияти умумӣ иҷозат дода намешавад Моликияти...
post-image Матбуоти ҷаҳонӣ

Долон (коридор)-и ғаллаи Туркия ба кӣ хизмат мерасонад?

Долон (коридор)-и ғаллаи Туркия ба кӣ хизмат мерасонад? Хабар: Дар Истанбул миёни Русия ва Украина бо миёнаравии СММ ва Туркия оиди азнав давом додани содироти...
post-image Гуногун

Қарорҳои ноодилонаи режими Урдун нисбати Ҳизби Таҳрир ин кӯшиши тарсондан ва саркӯб кардани онҳост

Қарорҳои ноодилонаи режими Урдун нисбати Ҳизби Таҳрир ин кӯшиши тарсондан ва саркӯб кардани онҳост Додгоҳи шикоятӣ қарори суди амниятии давлатиро дар бораи ба мӯллати...
post-image Гуногун

Мақомоти Тунис ба далели қироати оятҳои дорои вожаи «табодулот» имомро барканор кард

Мақомоти Тунис ба далели қироати оятҳои дорои вожаи «табодулот» имомро барканор кард Мақомоти Тунис имом-хатиби масҷиде дар яке аз вилоятҳоро аз фаъолияташ боздошт, зеро...
Бештар
ads